Асосӣ

Нахустнамоиши филми “Рамида”, филме дар бораи муҳоҷират

Рӯзи 5 март дар кохи Ҷомӣ, дар маркази шаҳри Душанбе, нахустнамоиши филми ҷадиди коргардони ҷавон Абдулҳай Зокиров бо номи "Рамида" бо мушорикати аҳли фарҳангу ҳунари Тоҷикистон баргузор шуд.
Абдулҳай Зокиров, коргардони ин филм, мегӯяд: "Ҳадафи аслии мо аз таҳияи ин филм он буд, ки таваҷҷуҳи мардумро ба мушкилоти муҳоҷират ва таъсири он дар зиндагии хонаводаҳо, бавижа занон ва кӯдаконе, ки дар ин миён ба масоили гуногуни иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ мешаванд, ҷалб намоем."


Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи ӯ, насли кӯдаконе имрӯз дар Тоҷикистон бузург шудаанд, ки соле як-ду моҳ падарро ва ё модарро дар хона мебинанду бас, онҳо аз муҳаббат ва навозиши падар ва дар баъзе авқот модар ни, маҳрум мондаанд.
Оқои Зокиров афзуд: "Албатта, ин раванд наметавонад дар зиндагии ин кӯдакон таъсири манфие ба бор наоварад."


Овезаи таблиӯотии филми "Рамида"

Филми "Рамида" аз рӯйи ҳикояи нависандаи шинохта Баҳром Фирӯз бо номи "Рамида" ба навор гирифта шудааст, ки дар даҳаи 1970-и қарни гузашта навишта шудааст.
Аммо коргардони филм мегӯяд, ки ӯ бо ҳамроҳии Холмаҳмад Мавлонов, муаллифи филмнома, каме дигаргунӣ дар ин ҳикоя ворид намудаанд ва як андоза онро мутобиқи замони имрӯз кардаанд, аммо номи қаҳрамонҳо ва мӯҳтавои ҳикояро тағйир надодаанд.
Филм аз достони як писарбачаи даҳсола қисса мекунад, ки нақши ӯро Ромиз Абдураҳмонов иҷро мекунад. Ромиз дар филм Мурод ном дорад ва падараш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераваду онҷо ба доми одамрабоён афтода, тӯли ҳашт сол аз ӯ ҳеҷ хабаре нест.
Дар ин миён, Мурод бо модараш зиндагии сахтеро аз сар мегузаронад ва модараш баночор бо марди дигаре издивоҷ мекунад. Писарбача, ки ҳамеша ӯро бо нопадар метарсонданд ва дар зеҳни ӯ нопадар як марди бераҳм ва золим буд, аз ин таҳаввул ошуфта мешавад.
Дар ҷараёни ин филм нопадари Мурод, ки нақши ӯро Баҳодур Миралибеков, коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи теотри дроми Лоҳутӣ бозӣ мекунад, хеле марди меҳрубон ва ғамхоре буд ва мехоҳад дили Муродро ба даст орад.


Абдулҳай Зокиров:"Ҳадафи аслии мо ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба мушкили муҳоҷират аст"

Пас аз чанд муддат, ки нопадар бо фарзандхондааш робитаи дӯстӣ пайдо мекунад, ногаҳон падари аслии Мурод пайдо мешавад ва достони филм барои бинанда боз ҳам ҷаззобтар мешавад ва тамошобин дар интизори чигуна бапоён расидани ин достон мемонад.
Мутахассисони арсаи теотр ва синемо мегӯянд, ки бандубасти филм ва ороиши мусиқии он дар сатҳи хеле хуб ва ҳирфаӣ иҷро шудааст.
Малика Ҷурабекова, фарҳангшинос, мегӯяд: "Дар чанд соли охир филмҳое, ки таҳия шудаанд, чандон муваффақ набуда ва натавонистаанд самимият ва садоқатро ба ҳадди филми "Рамида" ба бинанда расонанд."
Ба гуфтаи хонуми Ҷӯрабекова, аз ҷумла интихоб ва бозии ҳунарпешаҳое, ки дар ин филм коргардон гирдиҳам оварда, бисёр ҷаззоб ва хотирмон будааст.
Вай мегӯяд: "Филме буд, ки ман дар он ягон қаҳрамони манфиро надидам, ҳатто нақши модарарӯс, ки маъмулан онро бераҳм ва хашин нишон медиҳанд, дар ин филм хеле боъадолат ва як андоза меҳрубон буд."


Фарҳангшинос Малика Ҷурабекова: "Дар чанд соли охир филмҳое, ки таҳия шудаанд, натавонистаанд самимият ва садоқатро ба ҳадди филми "Рамида" ба бинанда расонанд"

Хуршед Ниёзӣ, оҳангсози ин филм, мегӯяд ин нахустин таҷрубае буд баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар филм аз уркестри симфунии теотри уперо ва болле истифода шудааст.
Вай гуфт: "Беш аз се моҳ ман бари ин филм мусиқӣ навиштам ва боз наздики як моҳи дигар дар теотри окодемии ба номи устод Садриддин Айнӣ бо ҳамроҳии уркестри симфунӣ мусиқиҳоро сабт намудем. Ин нахустин кори ман буд дар арсаи синемо."
Ба ҷуз аз қаҳрамони аслии филми "Рамида" Мурод, ки нақши ӯро Ромиз Абдураҳмонов бозӣ кард, бақияи бозигарон ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ будаанд, мисли Назирмат Мусоев, Мавлона Наҷмиддинова, Латофат Барзиева, Асалбек Назриев, Абдумуъмин Шарифов ва Ташриф Халилов.
Баъд аз филмҳои "Барачаи хаёлӣ", "Меҳроб", "Синон", ва "Хокпайванд" филми "Рамида" панҷумин филми ҳунарии Абдулҳай Зокиров аст, ки ба рӯи пардаи синемо меояд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120306_zm_film_premiere.shtml
 

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи шоир ва нависанда Баҳром Фирӯз гузошта мешавад.

Бо қарори ҳукумати ш.Хуҷанд аз 25.09.2014 № 285, яке аз кӯчаҳои навбунёди микроноҳияи 14-м ба номи шоир ва нависанда Баҳром Фирӯз гузошта мешавад.

Подробнее...

Нахустнамоиши филми “Рамида”, филме дар бораи муҳоҷират

Рӯзи 5 март дар кохи Ҷомӣ, дар маркази шаҳри Душанбе, нахустнамоиши филми ҷадиди коргардони ҷавон Абдулҳай Зокиров бо номи "Рамида" бо мушорикати аҳли фарҳангу ҳунари Тоҷикистон баргузор шуд.
Абдулҳай Зокиров, коргардони ин филм, мегӯяд: "Ҳадафи аслии мо аз таҳияи ин филм он буд, ки таваҷҷуҳи мардумро ба мушкилоти муҳоҷират ва таъсири он дар зиндагии хонаводаҳо, бавижа занон ва кӯдаконе, ки дар ин миён ба масоили гуногуни иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ мешаванд, ҷалб намоем."

Подробнее...

Баҳром Фирӯз (1939-1994)

Нависанда, шоир ва мунаққиди тоҷик.

Узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (СССР) аз соли 1971.

Муаллифи маҷмуаи ҳикояҳо, достонҳо ва шеърҳо мебошад.

Ҷоиза

Барандаи мукофоти ба номи С. Айнӣ

 

Корманди хизматнишондодаи фарҳанг

 

Меҳмонони мо

Free counters!

Кӣ дар сайт

Сейчас 12 гостей на сайте

Пайвандҳои муфид

Саҳифа бахшида ба Баҳром Фирӯз дар Википедия

Sex Hikayeleri