ЗИНДАГИНОМА

Фирўз Бањром Бобоевич  (01.11.1939 – 25.09.1994), маъруф бо номи Бањром Фирўз, якуми ноябри соли 1938 дар шаҳраки тољикнишини Нуратои тобеи шањри Самарқанди бостонї, дар хонаводаи зиёї чашм ба олами њастї кушодааст. Айёми кӯдакиаш дар рустои азизи ӯ, дар манзили падарї сипарї шудааст. Айёми кўдакињои Бањром дар сояи дарахтони осмонбўси боғи мушаљљари бобояш,  ки пеш аз инқилоби шуравӣ яке аз давлатмандони маъруфи шањри Самарќанд ба шумор мерафт, сипарӣ шудаанд.

Ваќте  ки синну солаш ба даврони мактабхонї расид, зарурате пеш омад, ки ба рустои кўњистонии падар – Устук њиљрат намояд ва он љо тањсилоти ибтидої ва миёнаи хешро њосил кунад.

Дар рустои Устук, нависандаи оянда  ҳаёти деҳқонон, зиндагии бенавоёнаи мардуми деҳот, поймол шудани њуќуќњои эшонро дар ҷони худаш таљриба намуда баъдан дар нигоштањояш ёдовар шудаааст, ки “...агар дар деҳа кони тилло набуд, дар солҳои ҷанг ва баъди ҷанг, кулли мардуми он атроф аз гушнагӣ талаф гаштанашон як амри воқеӣ буд. Аммо мардуми бенаво баҳору тобистону тирамоҳ  ҳуқуқи заршӯӣҳам надоштанд, ғуломони колхоз буданд. Онҳо фақат дар зимистони қаҳратун  аз кори колхоз фориғ гашта заршӯӣ мекарданд”.

Шавќи омўзиши илму њунар ва касби машѓулият ўро хеле барваќт -- баъди ба итмом расонидани мактаби њафтсолаи деҳа ба маркази куњани илму фарњанг -- шаҳри Самарќанд овард.  Он замон дар яке аз хиёбонњои хушманзару  зебои таърихии Самарќанди бостонї – Дањбед, таълимгоње бо номи “Омўзишгоњи педагогии тољикї” фаъолият мекард. Дар он донишљўён аз шањри Самарќанд ва ноњияњои гирду атрофи вилоят ба тањсил фаро гирифта мешуданд. Устодону омўзгорони ин даргоњи мӯътабар шогирдонро тавассути сӯҳбату имтиҳони хаттиву шафоҳӣ интихоб мекарданд.

Якуми сентябри соли 1952 дар бинои раќами дуюми омўзишгоњи педагогии шаҳри Самарќанд, дар болои дари яке аз синфхонањои таълимї, ки курси 1, гурўњи «А»  навишта шуда буд, дар мизи тањсилии аз њама пеш Баҳроми хурдсол, бо  Раҳмат ном   писаре аз ноҳияи дигари наздики Самарқанд нишаста буданд. Њамин гуна  айёми тањсили Бањром, нависандаи оянда, аз њамон ваќт оѓоз ёфт ва баробари ин бо ин навраси њамсабаќу њаммизу ҳамнишин ба зудӣ унс гирифтанд, ки баъдан ин дустӣ њардуро  ба як њуљраи хобгоњ, воќеъ дар кўчаи Сўзангарони Самарқанд  барои иќомат овард.

Баҳром њарчанд миёни шогирдони омўзишгоњ  аз њама хурд, яъне  14 сола буд,  вале  серѓайратї, чолоку зиракї,  табассуми зебову чашмони бодомӣ ва абрувони ѓафсу  сиёњ, мӯйҳои парешонаш  симои вайро аз ҷиддият ва самимияти дар ботинаш мањфуз нињон менамуданд. Одобу ахлоқ, рафтору гуфтораш аз  китобхонӣ ва мутолиаи зиёди ӯ дарак медод ва шавќи аз худ кардани мероси гузаштагон, шоирону нависандагони муосир ва таълифоти классикони адабиёти љањон дар дилу дидааш дар њадде љой дошт, ки  шабҳои донишљўии хешро бо мутолеаи онон рўз мекард. Ќудрати зењниаш ўро ба њадде ёварї менамуд, ки битавонад дар як шабонарўз як асари калонњаљмро бидуни мушкилӣ  мутолеа намуда, аз он барои хештан дониш ва бардоштњои афзуне њосил созад. Баробари ин тамоми нерў ва тавоноиашро ба омўзиши осори безаволи нависандагону шоирони барљастаи давру замон бахшида, аз сари садоќату ихлос ба ин суханварони њамзамони хеш низ иродату эътиќод њосил намуд. Натиљаи њамин дилбастагї ба адабиёт ва фарњанги милливу љањонї буд, ки дар кутоњтарин фурсат дар омўзишгоњ  Бањроми шогирдро аз донишљуён то устодон њамчун фарди адабиётдӯст ва соњибфазилату донишвар эътироф менамуданд.

 Дар омўзишгоњи омўзгории тољикӣ тавассути дарсњои устодони дилсўз Наимов (адабиёти тоҷик ва роњбари курс), М.А.  Хамперова (фанни забону адабиёти рус),   Валихўљаев (математика),  Муллоќандов (физика), Ќурбонов (биология), Мўњтарамов (љуѓрофия) ва Солиев (забони модарӣ) ҷаҳонбинии донишҷӯён дар кутоњтарин фурсат ба куллї таѓйир ёфт. Наќши устодони ин даргоњ дар ташаккули шахсиятњои комил ва  таълими њаматарафа,  мусоидат ба тањаввулу таѓйироти фикриву зењнии донишљўён муассир афтод ва метавон бо боварї изњор дошт, ки мањз дар њамин даргоњ, Бањром Фирўз ва њамсабаќони ў, аввалин дарси худшиносиву худогоњии миллї ва маънавиро омўхтанд, то тавассути бардошту андўхтањои хеш ба сўи асолати инсонї, маънавї ќадамњои устуворе гузоранд.

Баҳроми навҷавон давоми чор соли тањсил зери рањнамоии устоди худ Мария  Аванесовна Хамперова, зани мењрубону њалим ва ширинзабону хушмуомила, забони русиро комилан аз бар кард ва ин афзалияти дониши забонии ў боис ба фарох гаштани доираи мутолеот ва дилбастагии бењаддаш ба адабиёти рус гардид. Дар натиља он орзуву њавасе, ки дар айёми бачагиаш нисбат ба эљодиёти нависандагони машњур ва фарњангу маориф дар дил мепарварид, тавассути устодони донишманд, ба хусус муаллимони ѓамхору сахтгир Хамперова ва Наимов ба он шарафёб гардид. Дар дарсњои адабиёт, забон, санъату таърих бо муаллимон бањсу мунозирањо ороста аз ин роњ донишу маълумоти хешро рољеъ ба фунуни мазкур такмил менамуд. Дар мањфилњои  шинохти осори адабӣ ва базму љамъомадњои байтбаракгуӣ пайваста ширкат варзида, њамчун донишљўи фаъол дар аксари мусобиќањои илмї ва шеърї ѓолиб меомад.

Дар муддати кўтоњи тањсил бештари осори шоирону нависандагони тољикро аз даврони куњани таърихї то имрўз мутолеа  намуд. Бо њидоят ва дастгирии устодони адабиётшинос Бањроми љавон  ба хондани асарњои нависандагони машњури рус – Л.Толстой, Ф. Достоевский, А. Чехов, А.Пушкин, М. Лермонтов ва адибони шӯҳратманди ҷаҳон – В.Шекспир, О.Балзак, Байрон, Гёте, Р.Такур ва дигарон пардохта, аз ин роњ ба шинохти афкори адабии суханварони олам роњ кушод. Бешак, метавон гуфт, ки њамин марњилаи мутолеотии зиндагонии Бањроми љавон ба рўи вай дунёи нависандагї, эљод ва дар оинаи бадеият шинохтани њастии омадшуди оламро боз намуд.

Дониши ба дастоварда, истеъдоди табиї, санъат ва суръати тезу равони китобхонии Бањромро пеш аз њама устод Наимов кашф намуда, ба он бањои баланд дод. Ин мањорати китобхонии ў боиси дӯстии самимии мустаҳкаме миёни устод ва шогирд гардид.  Бањроми  хайрхоњу саховатманд ба устоди азизу дўстдоштааш, ки он замон  чашмонаш камќуввату хира шуда буданд ва бисёр мутолеа карда наметавонистанд, њамчун рамзи икрому эњтиром китобњои бадеиро дар хонаи устод Наимов мехонд, то муаллим аз мутолеа чашмони дардмандашро бештар азият накунад...  Шаби аввалини китобхонӣ, устод китоби  С. Айнї «Ѓуломон»- ро интихоб кард, ки хондани онро дар муддати кутоҳ ба итмом расониданд.  Њамин суръати мутолеаи китоб аз тарафи Бањром боис шуд, ки ҳар шом Баҳром бо дўсташ Раҳматҷон дар муддати кутоҳ чандин китобњоро (достону романњо) яке паси дигар ќироат намуда, рољеъ ба онњо миёни њамдигар бањсу мунозирањои адабиву бадеї ташкил намоянд. Бањром, он замон, ба таъбири маъруф ба «касалӣ»-и китобхонї гирифтор шуд, ки ба ќавле  ин “беморї” то охири умраш ӯро раҳо накард.

Донишҷӯён дар он айём зиндагии сахти фаќирона доштанд ва аз назари иќтисодї мушкилоти фаровоне рўё рўи эшон ќарор дошт. Аз деҳа дар халтаҳои зиёд нони хушк меоварданд ва  асосан, хурокашон њамин чойу нону қанд буд... Ҳар сол тирамоҳон ду моҳ ба пахтачинӣ мерафтанд ва аксар то миёнаҳои моҳи декабр дар сармои шадид бе либоси гарм, пойпӯши дуруст монда,  бо азобу уқубати тоқатфарсо пахта мечиданд.  Музди кори донишҷӯ ба пули хӯрок мерасиду бас…

Дар поёни охирин соли таҳсил дар омузишгоҳқабл аз супоридани имтиҳони давлатӣ Бањром бо як имтиҳони ҷиддӣбархўрд бо хурдагириву бюрократияи  беинсофии замон ќарор гирифт. Рӯзҳои истироҳати иди май (манзур иди 1 май, ки он замон њамчун рўзи байналмилалии коргарону дењќонон таљлил мегардид ва тибќи анъана намоиш ва рањнамоӣдоир мешуд)  чор-панҷ нафар ҳамсабақон ба деҳаҳои худ рафта,  дар намоиши 1-Май ширкат наварзиданд. Баъди бозгашт ҳамаи шарикон чун дастовез ба хонаи мудири қисми илмӣ Орифӣ – чор- панҷ килоӣғулинг, мавиз, биринҷ ба унвони њадя оварданд, аммо Баҳром ин корро бар худ раво надид. Рӯзи панҷуми май мудир ӯро ба идорааш даъват намуда, ба истинтоқ кардан сар кард, ки чаро вай дар чунин як маъракаи сиёсиву якдилӣ иштирок накардааст. Мудир ин рафтори Бањромро нишони нопойдории маънавӣ ва ихтилоф ба ѓояњои замон унвон намуд. Њамин гуна, пайваста дар иртибот ба ин мавзўъ вайро таҳқиру таҳдид мекард.

Баҳром, ки падари муаллими маорифпарвараш аз хурдӣ ўро дар рўњияи  росткориву ростгуї ва ростќавлї тарбия намуда буд, дар рӯ ба рӯи чунин ҳамлаи ноадолатона хомўш монда натавонист ва иллати ин ҳамларо дар наовардани дастовез аз деҳа шумурд. Дар хонаводаи ӯ танҳо падар кор мекард, ки вай њам шахсияти фарҳангӣ ба шумор рафта, модараш ғайр аз Баҳром боз се кӯдаки  дигарро ба воя мерасонд.  Музде, ки модар аз  кори колхоз ба даст меовард, хеле ночиз ба шумор рафта, барои зиндагонии оддии хонавода њам кофї набуд. Бояд гуфт, ки дар он солҳои пас аз ҷангӣ чунин серию пуриро касе барои худаш раво намедид, ба истиснои раиси колхоз ё дигар мансабдори ноњия, ки аксаран аз њисоби дигарон чунин шароитро ба хештан муњайё намуда, бар болои ин нисбати мардуми оддї љабрњоеро раво медиданд. Дар натиља Бањроми љавону ростќавл њаќиќатро ошкор намуд ва њар чї дар андаруни ќалби самимонаи хеш дошт, бурун овард, то асрори ин њама мунофиќиву њасудиву тамаъкорињо фош шавад.

Орифӣ аз шунидани ҳарфҳои Бањром асабонӣ шуда, баъди ду рӯз шӯрои омўзгориро даъват намуда, муҳокимаи масъалаи Баҳроми донишҷӯро дар назди  директори омузишгоҳ Юнусӣ гузошт. Дар натиља хулоса чунин  шуд, ки ӯ сазовори касби омўзгорї нест ва бояд аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шавад...  Ин дар ҳоле буд, ки Бањром чор сол дар таълимгоњ ба бањои аъло хонда, шогирди аввали омузишгоҳ ба шумор мерафт ва  сураташ дар сафи болоии тахтаи аълочиён ќарор дошт ва дар пеш фақат имтиҳони ниҳоии давлатӣбоќї монда буд.  Мутаассифона он муаллимоне, ки дар тўли чањор соли таҳсил аз дониши ӯ мамнуну сарфароз нисбаташ суханњои хуб мегуфтанд ва њатто аз њузураш ифтихор доштанд, њамеша  таҳсинаш мекарданд - ҳама хомӯш ва сарафканда буданд… Албатта, ин њам гуноњи эшон набуд, чун бар асоси иттињом бар масоили сиёсї дар он айём њар кор шуданаш имкон дошт ва њатто дар њоли пуштибонї метавонистанд љонибдорон ё муаллимони тарафгирро њам муттањам ба ихтилоф дар низоми сиёсати давр кунанд. Њамчунин, дар он айём одат чунин буд, ки аз пешниҳоди сарвари идора сар печидан баробари тарки кори он идора буд… Ёдашон ба хайр, фақат муаллимаи забони русӣ -- Мария Аванесовна Хамперова ва муаллими  адабиёт – Наимӣ, оҷизона аз Шӯро рањму шафќат ва мењрубонї барои ӯ талаб карданд. 

Ана, аз ҳамон айём дар сиришти ӯ нафрат ба ҳаромхӯрӣ, ноҳақӣ, дурӯғу дағо гӯё махлут гашта бошад, дар ҳар як ҳикояву қиссааш алайҳи ин гуна хабисон қалам мекашид, симои манфури онҳоро ба мардум ошкор менамуд.

Њаройина, новобаста ба чунин тазодњо ва бархўрдњои маънавї соли 1957 Бањром Фирўз муваффаќ бар он шуд, ки омузишгоҳи педагогии шаҳри Самарқандро хатм карда, барои идомаи тањсил ба шањри Хуљанд соњиби роњхат гардад. Худи ҳамон сол (соли 1957) мавсуф ба бахши таъриху филологияи  Институти  давлатии педагогии  ба номи С. М. Киров - и  шаҳри Ленинобод - ИДПЛ  (феълан Донишгоњи давлатии Хуљанд, ба номи академик Бобољон Ѓафуров аст)  дохил шуда, тањсилашро идома бахшид.

Дар айёми тањсил  Бањроми љавон њамчун донишљўи пурњарорат, боѓайрат, фошгў ва љасур шинохта шуда, баробари ин њаргиз зимоми фурўтанї ва хоксориро аз даст намедод. Кам-кам, дер-дер табассум мекард, аммо ба њељ ваљњ табассуми сохта, хандаи дилу бедилон надошт. Суханашро - хоњ талх бошаду хоњ ширин - даставвал аз ѓалбери аќлу њуш гузаронда, баъдан ба забон меовард. Аз гирумон, нишастухез ва нињоду хулќу атвораш яќин буд,  ки  аз бисёр баду неки љањон огањї дорад. Ваќте њарф мезад, барои истинод бар воќеияти суханаш на фаќат аз Рўдакию Фирдавсї, Њофизу Саъдї, Хайёму Мавлонои Румӣва ё Айнию Лоњутию Турсунзода, балки бештар аз осори файлсуфон ва риёзидонњои љањон порчаву ќитъа, мисолу иќтибосњо меовард. Ин аз он гувоњї медод, ки китобҳои дар айёми тањсил дар омўзишгоњ хондааш дар мағзи зеҳнаш хеле амиқҷой гирифта буданд ва имрўз њам барои тањсил дар донишгоњ хеле кўмак мекунанд.

Замони дарсхонӣ дар донишгоҳ барои Баҳроми навҷавон беҳтарин солҳои ҷавониаш ба шумор мерафт. Дарсу имтиҳонҳо барояш ба осонӣ ба даст меомад, чун таҳкурсии сангин бо пояҳои маҳками дониш дошт ва айёми фориѓ аз мутолеа ва тањсилро ба тамошои филмномањои пурмаънї ва пурбор ва дидани маконҳои таърихии вилоят масраф мекард. Ҷавонӣ барои Бањром њамин гуна бо хушї мегузашт... Аммо њаёти ширин дар пай       гоње талхиву нокомињо низ дорад.  Дар  соли сеюми таҳсил, яъне соли 1960, модари меҳрубонаш – Мусулмонова Ҳикматой нобаҳангом, дунёро тарк кард, ки бешак ин як зарбаи ногаҳонии қисмат ба сари  ӯ буд. Ин бадбахтӣ Баҳроми 21 соларо комилан аз пой афканд, вай дар фикри бародару хоҳарони бемодар монда ќарор гирифт. Ин фоҷиаи  сахти зиндагӣ  ўро ба сўи он кашонид, ки дар нињодаш хоњиши ба дења баргаштан барои кӯмак ба пайвандонаш ва ќарор доштан дар канори падараш бедор кард. Бањром мехост, барои  ба камол расонади бародару хоҳарони  кучакаш саҳм гузорад, вале падари орифу фозил ӯро аз ин ният баргардонд ва бо қатъият хостори идомаи тањсил ва  талаби такмили дониш шуд. Падар кулли масъулияти тарбияи фарзандонро бар дўши худ гирифт, то Бањром шахсияти бомаърифат ва донишвар ба камол расида, оянда баробари асои пирии падар шудан, рањнамову њидоятгари бародару хоњарони хеш гардад.

Марги модар ба дили ҷавону ҳассоси Баҳром чунон ханҷар кашид, ки солҳо ӯро мариз намуд ва танҳо саргармии таҳсил буданаш каме аз даргирии фикриву маънавӣ наҷот медод. Баъдан, Баҳром Фирӯзи шоир, барои модараш шеъри пурэҳсос ва пурдардро мегӯяд, ки дар он тамоми ҳиссу афкор, камбуди меҳру муҳаббати модарӣ ва фурсатњои танњої кашидан дар лањзањои эњсоси бемодарї равшан таҷассум шуда, ба дили хонандагон роњ ёфтаанд.

Њамин тавр, Бањроми љавон шеъргӯиро солҳои донишҷӯӣ дар  мањфили «Адибони љавон», ки пайваста дар он ширкат мекард, шуруъ кард. Дар он айём нахустин мањсули эљодашро барои баррасии умумӣ муаррифӣ кардааст. Навиштаҳояшро аввалан аз ордбези мањфил мегузаронд ва баъдан ба назди нависандаи маъруфи барљастаи тољик, устод Рањим Љалил мебурд ва аз ӯ њусну ќубњи ашъори шогирдонаашро мешунид. Устод Р.Љалил шеъри нахустини Бањромро бидуни ягон тањрир, њатто ба таъбире нуќта-вергулашро нарасида маќбул донист ва дере нагузашта он шеър дар сањифаи «Ленинободи адабї»-и рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ленинобод» ба табъ расид.

Соли 1962 баъди хатми донишкада  устодон ќобилияту истеъдоди ўро ба назари эътибор гирифта, тавсия карданд, ки дар кафедраи адабиёти донишкада ба кор оѓоз намояд. Ин боварї ва эътимоди устодон нисбати ў буд, ки њамчун муаллим ба омўзиш ва таҳқиқи  амиќи адабиёт ва адабиётшиносї камари њиммат  баст. Илму маърифати назарии хешро дар таљрибаи омўзгорї ва эљодиаш самаранок истифода мебурд.  Дар муддати кўтоњи фаъолият дар  кафедраи адабиёт  ба каломи бадеъ  бештар дил баста, бо арбобони илму санъату фарҳанг  ва адибону нависандагони баркамоли њавзаи адабии Хуҷанди бостонӣ, ба вижа, Рањим Љалил, њамкорї намуд. Аз ин устоди сахтгиру мењрубон  дарсњои фаровони маънавї  омӯхта, роњи эљодии хешро бо чароѓи њидояти устод мунаввар сохт.


Бо њамин мављи сарнавишт, бидуни ягон тадбири ташкил, Бањромро ба як самт мебурд, ки дар он боди адабиёту фар
ҳанг бо қудрати  шадид мевазид ва шоири ҷавонро ба гирдоби худ мекашид.

Худи Баҳром Фирӯз он бодро чунин тафсир намуда буд: “Дар љавонї њар яке аз мо андаке шоир аст. Агар феълан шеър нагўяд њам, эњтирос ва шавќу завќи љўшоне дорад. Ин эњсоси сўзон мубтадои њар як эљодкорию бунёдкорї аст. Ман њам дар љавонї як љуволи пур-пур аз орзу будам. Он солњо ќариб нисфи донишљўёни факултети филологии дорулфунини  шањри Хуљанд  адибони њаваскор ба шумор мерафтанд. Вале дар дили ман нисбат ба шеъру шоирї орзуњои дигар устувортар буданд. Ин ќисса дароз аст ягон бори дигар, чун мавридаш ояд мегўям. Хуллас, ман ба касби шеър сонитар машѓул шудам. Сараввал устод Рањим Љалил ва сонитар устоди шодравон Боќї Рањимзода ва инчунин дигар шоирони он давр дасти маро гирифта дар ин љода басо дилпуриам бахшиданд.

Аз соли  1962 то 1964 ӯ дар он донишкадаи Ленинобод дар бахши адабиёти тоҷикӣ дарси адабиёт гуфт. Баробари тадрис шавќи шеър гуфтан ва њисси сурудан њаргиз ўро тарк накард ва натиљаи парвариши њамин эњсос ва отифаи олии эљод буд, ки мањсули ќалами Бањроми љавон дар моҳномаҳову рӯзномаҳо интишор мешуданд.

Шоири ҷавон ишќу муњаббати софу беѓубореро дар дил мепарварид ва њамин гуна пайваста ишќро тараннум мекард. Мењру муњаббат ба оила, зиндагї ва халќу Ватан барояш парвозњои баланди эљодї ато намуданд. Солњои  устоди донишгоҳ буданаш ба яке аз духтарони зеботарини Хуљанд ошиќи шайдо шуд. Духтари дўстдоштааш донишҷӯи ҳамон донишкада, шогирди бевоситаи худи ӯ буд. Падару модар ва хешовандони духтар ба ањду паймон ва висоли ин ду љавон  монеа шуданд ва ҳатто ба кўча баромадани духтарро манъ карданд. Бањроми ошиқ як муддат мисли Маљнун мушаввашу хотирпарешон гашт. Яке аз рўзњои бањор мошини боркашро пайдо намуда, ба он гулњои бењтарини тару тозаеро бор карда, ба манзили мањбубааш равон шуд. Аз остонаи дари њавлии тангкўча то хиёбони асосӣ  як мошин гулро њамчун пояндоз пошида баромад ва замоне, ки Рањим Љалил,  нависандаи мањбуби халќи тољик, бо як гурўҳи устодон, зиёиён, фарҳангиёни шаҳри Хуҷанд ва хешу табори Баҳром ба хостагории дилбараш омаданд, падару модар  ҳеҷ чорае ғайр аз ризоят ба арусиро надоштанд.  Дар натиљаи ба қисмат таслим шудани волидони арўс, 4 – уми январи соли 1964  ин ду љавони хушбахт ба висоли њамдигар расиданд, ки баъдан ин ќиссаи љаззобро нависанда Баҳром Фирӯз дар повести “Рухсора” ба шоистагї таљассум намудааст.

Дар заминаи амалї шудани орзуњои руъёбори хеш  Баҳроми болупар ба дастоварда, гоми баъдиро барои  тасхири кори дўстдоштааш – адабиёт гузошт ва тасмим гирифт, ки ба шаҳри Душанбе кӯч бандад, чун имконоти омӯзиш ва таҳсил дар пойтахти кишвар густартадар ва доманаи анљоми корњои бузург фарохтар буд. Њамин гуна, ќисмат  27 феврали соли 1964 ӯро аз шањри Хуљанди бостонӣ ба Душанбе барои идомаи фаъолиятњои навин овард.

Баробари ба Душанбе омадан, дар соли  1964, дар Иттифоќи оњангсозони Тољикистон, ба ҳайси шоир-мушовир дар интихоби матни суруду операю кантатањо ба оњангсозон, ба кор шурӯъ кард. Баробари ин, ба кори адабиёту рўзноманигорӣ низ ҷиддан машғул шуда, навиштани шеърњои љаззоб, мақолаву очеркҳо давом дода, дар нашри онон пайваста иќдом менамуд.  Таќризњояш ба китобњо, тарљумањояш аз намунањои адабиёти љањон пайваста дар матбуоти тољик ба дасти чоп мерасиданд. Ба ќавли маъруф, аз ҳеҷ як «кори сиёҳи» адабиёт сар намепечид.  Бо киностудияи «Тоҷикфилм» низ ҳамкорињо  намуда, матни комили филмҳои бадеиро аз русӣ  ба тоҷикӣ тарҷума мекард.

Баъди  интишори ашъораш дар матбуоти ҷумҳуриявӣ  дар доираҳои гуногуни адабӣ муаррифӣ шуд ва махсусан љавонони тоҷик ўро бар асоси ашъори ошиќонааш шинохтаву мавриди эњтироми хоса ќарор доданд, чун шеърҳояш мисле, ки аз қалби онҳо садо медод ва мамлў аз чакомањои ошиќона буд.  Натиљаи чунин истиќболи ашъори ошиќонаи Бањром Фирўз буд, ки шеърҳояшро љавонони он солњо дар дафтари дил менавиштанду ҳифз мекарданд. Маљмўаи аввалини шеърњояш «Розњои мањтобшаб», ки он замон, яъне дар соли 1967 ба табъ расид, дар кутоњтарин фурсат маќбули ошиќони шеър афтода, аз даст ба даст мегузашт.Ҳатто шеъри «Соя»-аш,  дар яке аз маљаллањои бонуфузи Эрон  дар соли 1965 мунташир шуд, ки ин воқеа он солҳо ба афсона баробарї мекард.

...На варо бохт,на як бурде ҳаст,

На варо ғуссаву на дарде ҳаст.

Соя чун ҳайкали холист равон,

Не дар он гармию не сардӣҳаст.

Дӯстам, соя машав!

         Муддате чанд пас аз сокини пойтахт шудан, муҳаррир ва сардабирии бахши адабӣ ва намоишкории Кумитаи давлатии ЉШС Тољикистон оид ба телевизион ва радиошунавониро бар ўњда дошт. Бо ин њама фаъолияти пурсамари корї аз домани шеър ва сурудани ашъори ноб рањої наёфта ва њамоно шеърҳои тоза ба тозае мегуфт. Соли 1969  кори телевизионро ба рўзномагорӣ иваз намуда, раёсати яке аз бахшҳои рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (феълан «Љавонони Тољикистон»), вазифаи мудири шўъбаи ташвиқот ва тарѓиботи рўзномаро ба ўҳда гирифт. Вале ҳамкориро бо бахши адабї ва њунарии садо ва симои Тољикистонро низ дар канор нагузошт ва пайваста тавассути тањияи барномањои адабӣ бо ќироати шеър ё порчањои мансур ширкат мекард ва муаллифи фаъоли он  идора мањсуб мешуд.

Замоне, ки Бањром Фирўз њамчун шоир-мушовири Иттифоќи оњангсозони Тољикистон кор мекард  шумораи зиёди ашъораш дар сањифањои матбуоти ҷумҳурї  -- «Комсомоли Тољикистон», «Тољикистони советї», «Газетаи муаллимон»-ба сурати сурудањои тоза ба нашр мерасиданд ва гўё сањифањои ин нашрияњоро  рангин мегардониданд. Шояд бо сабаби огоњии зарурї аз ин нигоштањо буд, ки устод Мирзо Турсунзода баъдан бо тавсияи шахсии худ њамчун раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон, Бањром Фирўзро барои кор њамчун мудири шўъбаи танќиди адабии маљаллаи «Садои Шарќ» - нашрияи Иттифоќи нависандагони Тољикистон  даъват  карданд ва соли 1969 ӯ дар ин нашрияи комилан адабӣ шурӯъ ба кор кард. Муҳити хуби эљодї, наздикї ба  њалќањои бузурги адабї, пайванди муњкам бо ањли сухан ӯро бештар ба кори адабӣ ташвиқ мекард ва Бањром Фирўз  ҳама кӯшишу сайъи худро барои таълифи осори боз њам аз назари мазмун ва мўњтаво ѓанитар ва таъсиргузортар  равона менамуд.

  Бо вуҷуди  он ки ҳамчун шоир ба узвияти Иттифоқи Нависандагони СССР дар соли 1971 қабул шуд ва шеърҳояшро дӯстдорони назм аз бар мехонданду дар он айём чун шоири ашъори ѓиної маъруфият касб кард, дар идомаи фаъолиятњои эљодии хеш таълифи насри бадеї, аз љумла њикояњоро низ ҷиддан пайгирї намуд.

Њамин тавр, дар љараёни оѓози кор дар маҷалла, Бањром Фирўзи  шоир,  ба  наср рў овард ва аввалин њикояи худро бо номи «Бобо»  соли 1971 дар моҳномаи «Садои Шарќ» ба табъ расонд. Њарчанд ин навиштаи нахустини мансури адиб дар назари бисёрињо санљиши ќалам ва њаваси адабї менамуд, аммо баъдтар таљрибањои њунарии ў боис шуданд, ки дар ин љода ин тавфиќ ба даст оварад.  Чанде ќабл нахустин  ҳикояи ў  ба забони русї дар маљаллаи «Памир» низ тарљума ва чоп шуд. Бо гузашти замоне чанд тарљумањои чехї, немисї ва љопонии ин њикоя низ ба нашр расиданд ва гўё ин навиштаи насрии адиб ќариб ними љањонро сайр кард...  Мањбубияти нахустин њикоя ва тавфиќ дар таљрибаи аввалини нигориши осори насрї сабаб шуд, ки насри шоири ҷавон таваљљўњи адибони маъруфу мунаќќидони нуќтасанљ, аз ќабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муњаммадиев, Абдумалики Бањорї, Муњаммадљон Шакуриро ба худ кашад. Дар натиљаи ин истиќбол ин муњаќќиќон ва мунаќќидон барояш маслињат доданд, ки «Бањром, шеърат хуб аст, аммо насрат хубтар омад, домани ин шуѓлро сидќан сахт бигир».

Худи нависанда ин таваљљўњ ва њидояти бузургонро чунин ба хотир меовард: “Овони љавониам, ќабл аз шеъргўињо ман  як-ду њикоя навишта будам. Аз афти кор, норасогии таљрибаи зиндагї дар љавонї кори худро кард. Њикояи нахустини маро як нафар муаллими љавони адабиёт хонду баъдан гуфт: «Шумо њанўз аз ќоидањои наср бехабар барин. Образи манфиро кї ин хел портрет додааст?» Сипас вай љумлаи маро хонд: - «Љавони хушандом, лабонаш њамеша ба табассум моил, дар њузури калонсолон њамеша дасташ ба сина - боодоб…» Ин тавр намешавад, - њукм кард муаллим». Ман оњиста эътироз кардам: «Агар риёкориаш дар авзояш аён бошад, вай мардумро фирефта наметавонист». Вале дар даъвои худ устувор набудам. Сонитар донистам, ки ингуна усул дар адабиёт маълум будаст ва онро «вобастагии акс»  мегуфтаанд. Вале дар он айём бо ситеза дастгоњи нависандагиро бастам. Баъди он ки ду китоби шеърам чоп шуд, шавќи њикоянависиам боз маро беќарор кард. Ин дафъа устодони мўътабари ман, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Муњаммадљон Шукуров бо сабру тоќати зиёд нуќсонњои маро ислоњ мекарданд, ба ман дарси нависандагї медоданд. Оќибат, рўзе Фазлиддин Муҳаммадиев баъди хондани дастнависи як њикояи ман ба идораи маҷаллаи «Садои Шарќ» омада, маро табрик карданд ва гуфтанд, ки бо ин њикоя ман расман ба сафи нависандагон даромадам. Ин воќеа соли 1971 буд ва он њикоя «Бобо» ном дошт.

Баҳром Фируз аз маслињати дилсўзонаю суханони ѓамхоронаи устод Фазиллидин Муњаммадиев рўњи тоза гирифта, ба насрнависї бо љиддият  машѓул шуд. Сабаби аз назм ба наср рў оварданашро  дар пешгуфтори яке аз китобњояш худи нависанда чунин тафсир карда буд:

«Чи шуд, ки ман њамчун шоир ба арсаи адабиёт ќадам нињодаму ба ин тариќа зуд дастгоњи шеърро бастам ва гўё аз шоирї истеъфо намудам ва рўи ихлосу иродат ба љониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва њаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваљњи тангии чорчўбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва њаќиќати кори ман ин аст, ки мавзўъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барнињодааст. Шеър – эњсос аст,  њаќиќат аст. Шеър њикмат аст, сўз аст, оњанг аст, панди рўзгор аст, хулосаест аз зиндагї, вале он ба њељ ваљњ тасвири комил ва возењи зиндагї нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Аммо наср зиндагист, ба зиндагї наздиктар аст. Агар хоњед, ки симои одамони даврони моро тасвир кунеду ба авлодони оянда расонед, бояд ки наср нависед. Масалан, њазор сол пеш дар замони Сомониён насри реалистии имрўза агар менавиштанд, мо имрўз њаёту зиндагии тољикони асри даҳи мелодиро аз рўйи онњо равшан тасаввур карда метавонистем. Тасвири зиндагї дар наср комилтар аст, бинобар ин, ман хостам, ки њаёту зиндагии давронамонро аниќтар тасвир кунам...»

Бањроми Фирўз забони асили тољикиро хуб медонист, чун аз  айёми бачагиаш бо китобу дафтар  ошно буд ва ин меҳрро бобои донишпарвар ва  падари муаллимаш дар қалби кучаки бачагонаи вай амиќ ҷой намуда буданд. Њамин амр  боис гардид, ки вай бо илњоми саршор аз каломи бузургон орифона сухан мегуфту олимона менавишт. Дарсҳои дар Омузишгоҳи омўзгории шаҳри Самарқанд, Донишкадаи омўзгории шаҳри Ленинобод омўхта, тадриси дарси адабиёт дар он донишкада, дониш ва таҷрибаи ӯро афзун гардонида, дар амри таълифи осори мондагор ва асарњои пурарзиш ӯро пуштибонӣ мекарданд.

Аз ин лиҳоз гузариш аз назм ба наср ба ӯ бо як ҷаҳиши сабук анҷом шуд, ки инро шоир Гулназар низ дар яке аз хотираҳояш чунин овардааст:

“... Дар як рўзи боронии бањор  аз собиќ бинои Иттифоќи нависандагон (њоло ин љо хадамоти раводид ва шиносномадињии Вазорати корњои хориљии  љумњурї љойгир аст)  баромада, ба куљое рафтанї будем, ки аз пеш устод Мирсаид Миршакар омаданд. Баъди саломуалейк ба Бањром гуфтанд:

--  Аз «Садои Шарќ» њикояатро хондам. Гирумонат наѓз. Агар љиддитар машѓул шавї, комёб хоњї шуд. Ба Турсунзода њам гуфтам.

Суханони устод Мирсаид Миршакар пайѓамбарона будаанд. Бањром љиддї ба наср дил баст ва  њикояњои дилнишин, ќиссањои «Рухсора», «Тору пуд», «Ту танњо не», «Ситораи думдор», «Тарма», «Агар вай мард мебуд...» ва  ѓайрањоро эњдо намуд.

Аз соли 1978 то авоили соли 1980 Баҳром Фирӯз дар ҳайси  мудири идораи адабиёти бачагону наврасони нашриёти «Маориф» анҷоми вазифа кардааст, ки дар он  шӯъба  бо шоирону нависандагони чирадаст -- Гулчеҳра Сулаймонова, Бобо Њољї, Ўктами Холиќназар  ҳамкории мустањкам дошт. Дар њамон солњо «Шоњномаи Фирдавсї»-и устод Сотим Улуѓзода, маҷмӯаи «Галаситора», панљ љилди «Тазкираи  адабиёти бачагон» рўйи чопро диданд, ки тањияи љилди дуюми насрро Бањроми Фирӯз ба ўњда гирифта буд, ки бо  нуќтасанҷиву сахтгирии бењтарин муаллифон ва  тарљумонон  тањия шудааст. Вай аз он муњаррироне шинохта шуда буд, ки  тањрири асари муаллифро аз аввал то охир бо таваљљўњи амиќ хонда, ба кори тањриру нашр сарсарӣ назар намекард, ба истилоњи матбуотї “халтура” -ро аслан қабул надошт ва виҷдонаш ба ин роҳ намедод. Њаргиз «не»-ро намедонист. Њамагуна асари адабиро новобаста ба  заъфу камбуди он чӣ наср ё назм, бо диќќати тамом мехонд, фикрњояшро батафсил дар ҳошияи сањифањои он навишта, муаллифро водор мекард, ки мањсули эљодиёташро аз нав дида барояд, то асар пухтаву комил ба дасти хонанда бирасад ва аз он хонандагон бањрањои лозимї бардоранд.

Шўъбаи адабиёти бачагон дар натиљаи нављўйиву навоварињои муњаррирони пухтакор корњои шоистаро ба анљом мерасонид, ки дар он сањми назарраси ќаламкаши Бањром Фирўзи  заҳматкаш  ба таври зарурї њамеша равшану њувайдо буд.

Дар нимаи дуввуми соли 1980 мудири шўъбаи адабиёти бадеии рўзномаи «Маданияти Тољикистон»-ро ба ўҳда гирифт, вале дар соли 1981 дубора ба нашриёти «Маориф» баргашт. Бањром Фирўз дар худ дарк намуд, ки фаъолияти рузноманигорӣ метавонад бештари фурсати барои таълифи асарњои бадеї људонамудаи адибро талаф дињад ва аз рўи таќозои вазифа љои нишастану эљод намуданро сафарњо бањри таълифи маќолаву нигоришоти ѓайри бадеї банд намояд.

Бањром Фирӯз пас аз таъсиси   нашриёти «Адиб», аз нашриёти “Маориф”  ба ин фарҳангхонаи тозатаъсис ба ҳайси мудири шўъбаи адабиёти муосир ба кор интиќол ёфт. Солњое, ки ў мудири шўъбаи адабиёти муосири нашриёти «Адиб»-ро бар ўњда дошт, дар пањлўи худ муњаррирони ҳирфаиро фароњам овард ва барои боло бардоштан ва бењтар намудани мўњтаво ва сифати кутуб талошњои шоистае аз худ нишон дод. Нисбат ба худ ва дигарон њамеша серталабиро риоя менамуд. Ростгўї, адолатталошӣ ва њаќиќатшиносї, њаќпарастї, поквиљдонї пешаи ў дар зиндагї буд, ки дар муҳити корӣ низ онро пиёда карда буд. Мирзо Шукурзода, адиб ва мунаққид -  ҳамкори  Баҳром Фирӯз он замони ҳамкориро бо дўсти хеш чунин ёдовар мешавад: “Рўзњои аввал бим аз он доштам, ки ў њам мисли аксар мудирони корфармо ба хислатњои хурдагириву бюрократї ба асаби мо, ходимон бозї хоњад кард. Хушбахтона, ин гумони ман комилан ботил баромад: Бањром-ако дар кори эљодї ва тањрири китоб мо, ходимонашро комилан озод гузошт. Ба масоиле, чун кам омадан ба кор ё зуд рафтан ва дигар корњои хурду реза аслан таваљљўњ надошт ва одамияту одоби мудир моро ба њисси масъулиятшиносї ва эњтиром ба эшон вомедошт”.

Бањром Фирӯз ба ваќту фурсат  њамеша эҳтиром мегузошт ва саъй мекард, то  аз соату дақоиқ то ҳадди имкон бештар истифода кунад, онро беҳуда масраф накунад. Баръакс, пайваста замонро ба маврид ва пурбор истифода намояд. Аз ин сабаб ӯ њамеша дар  пайи иљрои кор, эљод ё мутолиаи асаре буда, ваќти азизи хешро пурсамар мегузаронид. Шояд бо ин саргармиҳо мехост нобаробариҳову ноадолатиҳои рўзгорро  набинад ва ба он њама чашм бипўшад , чун  ботинан шахси  нозукдил ба шумор мерафт.  Бо дидани андаке рафтори нобаљо ва ба таъбири мардумї њаромкориву ѓиромї дилмонда мешуду аз  пастфитратону дурўяњову дуруғгуйҳо нафраташ меомад. Нависанда зотан серѓайрату назарбаланд, дилсофу дилёб ба  орзуву њавасњои зиёд умр ба сар мебурд ва  табиату тинати одамиро меомўхт. 

Дунёи њар як офаринанда олами сеҳри сухани ўст, ки на њамаву на њамеша ба дарку фањмиши он ќодир ҳаст. Баҳром Фирӯз ҳам ҳамеша бо ёди айёми хуши кўдакию хаёлњои рангини бачагї мезисту меофарид. Аз кўњсорону оби равони он худро људо тасаввур карда наметавонист. Ҳамин хаёлњои ширину рангини даврони кўдакию бачагї буд, ки њар субњ ба канори дарё мерафт, варзиш мекард ва аз табиат қуввату қудрат мегирифт, мисле, ки ӯро сабзаву об неру мебахшиданд. Ҳар гоње ки фурсату имконият даст медод, бе њељ тааммулу андеша роњи дараи Варзоб ё Теппаи Самарќандро пеш мегирифт. Барояш тафовуте надошт, ки айёми гармои тобистон аст ё замони њукмронии сармои  зимистон. Муњим он буд, ки лањзае ба таллу теппањо баромада, бо оби равон, шаху санги кўњсорон рози дил гуяд, сафњаи хотирањои гуворояшро вараќгардон кунад ва  аз обу њавои љангалу боѓу роѓ лаззат барад. Дар талу теппањои водии Њисор сайругашт мекард, майдонњои киштро аз ќаду бараш мегузашт, аз  растаниву буттаҳо ҳолу аҳвол мепурсид, ќад-ќади дарёњои Варзобу Кофарнињон назар афканда гӯё аз об чизеро пурсон шуда ҷавобе меҷуст.

Бањром Фирўз бо ошиќињои фаровоне ба  табиат ва мафтуни зебоињои он зиндагонї мекард. Сайру саёњати ў бидуни барномаи махсус анҷом мегирифт. Адиби роздони асрори табиат аз љилои сабзаву гул ва таровиши  обшорону  чашмасорон маънињо дарёфт мекард ва ин рангорангињои чаману боѓу адирњоро дар осори хеш ба устодии тамом тасвир мекард. Љолиб он аст, ки адиби олиназар дар оѓўши табиат рўзњои фориѓ аз кор машѓули пешаи занбўри асалпарварї низ буд. Дар ҳамоҳангии табиат будан барояш хеле муҳим ва машѓулияти парвариши занбўри асал як баҳонае буд, ки бештар бо ин васила мехост, ки пайваста дар иҳотаи табиат бошад. Ӯ он гуна ба занбӯрпарварӣ рағбат пайдо кард, ки мисли асалпарвари пуртаљрибаи ҳирфаӣ бо шавќу завқи бепоён дар бораи занбӯрҳо њикоя мекарду менавишт, ки њамсўњбатони вай гоњо шоир ё нависанда буданашро зери шубња мегузоштанд.  Навбањорон, аёми дамидани сабзањову шукуфтани гулњои рангоранг бо ќуттињои замбўрњои асалаш роњи дараи сергулеро пеш мегирифт ва ба љамъоварии њосили занбўрњо зењн мемонд. Аз  гул ба гуле, аз бутта ба буттае нишастану шира гирифтан чї ќадар зањмат, тањаммул ва њаракатро талаб мекунад. Аљаб кайфияте, њикмате, панде дорад тамошои ин манзарањо. Одамиро лозим аст, ки аз њар љонвараке ибрат гирад... Аз  муомилаву муносибати эњтиёткорона ва нозук ба занбўри асал чунин ќисса мекард, ки њар нафарро  шавќи асалпарварї боло мегирифт. Донишҳо ва нозукињои ин пешаро аз асалпарварони асил ва маљаллањои тахассусии асалпарварї омўхт, то барои дӯстон ва хонаводааш асали тозаи кӯҳие битавонад фароҳам биоварад.

Ҳамсари меҳрубонаш дар ҳамаи шавқу завқи шавҳараш  ӯро дастгирӣ мекард, пайваста дар канораш  буд, чӣ дар фаъолиятњои асалпарварӣ бошад  ва ё чӣ кӯҳнавардиву  фаъолиятњои дигар ё шуѓлњои дўстдоштае амсоли дуредгарӣ, боғдорӣ ё ошпазӣва амсоли ин.  Мавсуф дар ҳамаи  зинаҳои камолоти зиндагӣ бо шавҳараш  ҳамќадам, дӯст ва маслиҳатгар буд ва дар симои ҳамсар  Баҳром Фирӯз натанҳо модари фарзандонашро медид, балки як рафиқи  самимии меҳрубонро  мешинохт, ки дар ҳамаи фурсатњои хуб ва мушкили зиндагиаш дар канораш ќарор дорад.  Қадри ҳар лаҳзаи бо ҳам буданро хуб медонист ва барои азизаш шеъру таронаҳои  саршор  аз ишқу муҳаббат мегуфт. Намунае аз ин ашъори ошиќонаву самимонаи Бањром Фирўз сурудаест, ки ин гуна сатрњо дар он љой дорад :

Ман ин бода нўшам барои гуле,

Ки ў дар муњаббат фидокор монд.

Њамеша ба рўям нахандид ў,

        Валекин ба мењраш вафодор монд.

Њамсари вафодори Бањром Фирўз -- Саида Бобоева -- касби пуршарафи омўзгориро пешаи худ кард ва то имрўз яке аз устодони пешќадам ва муҳтарами  кишвар буда дар яке аз мактабҳои маъруфи пойтахт дарс мегуяд.  Дар тули тамоми зиндагӣ ва фаъолияти адабиву кории Баҳром Фирӯз, ҳамсари азизаш пуштибони  нависанда буд, мисли муншии хусусӣ аввалин шуда дастхатҳои шавҳарашро тавассути мошинҳои чопкунӣ њуруфчинї мекард ва нахустин шуда фикру мулоҳизаҳояшро ҳамчун мунаққид ба ӯ мегуфт. Танқиди адабие, ки ҳамсараш пас аз чопи аввалияи асар ба Баҳром Фирӯз ироа менамуд, барои нависанда арзишманд  ба шумор мерафт ва пас аз баҳсу мунозираҳо он ихтилолот бартараф  мегардид. Баъд аз  таҳрирҳои мукаррари хеш, ки сарчашма дар андешањои њамсар доштанд, нависанда дар рӯзномае ба чоп мерасонид, ё ба сурати китобе медаровард.

Ин ҷуфти меҳрубон тамоми солҳои зиндагонї бо њам ба сар буданд, ошиќи њамдигар буданд, бидуни якдигар ҷое намерафтанд, истироҳат намекарданд. Агар Баҳром Фирӯз ба шаҳре ё кишваре маъмурияти корӣ дошта бошад, ки он замон хеле мусофират мекард, бе ҳамсари азизаш ба ҷое намерафт ва ин буд, ки  бештари мусофиратҳо бо ҳамроҳии Саидахонум ба шаҳрҳои Москва, Киев ва шањрњои дигар анҷом мешуд. Дар замони мураххасӣ низ, ҳатман, бо ҳам ба хориҷ аз кишвар, ба мамлакатњое чун  Олмон, Булғористон ва амсоли ин ё истироҳатгоҳҳои маъруфи замони шуравӣ чун  Сочи, Питсунда, Юрмала ва ғ. мерафтанд, ки ин албатта боиси сар задани њар гуна суханони ҳасудонаи афроди мухталиф мегашт... 

Хонадоне, ки появу хишташ аз ишқу муҳаббат, ҳамдиливу ҳамфикрӣ ва эҳтирому навозиш бунёд шудааст, бе шубҳа фарзандони солиму  шоистаи эњтиром ва соњибкасбу соњибназареро ба воя мерасонад. Искандар, Парвона, Марворид ва Ифтихор нишоне аз Баҳроми Фирӯз ҳастанд, ки ҳар кадоме аз ќиблагоњи бузургворашон дарси одаму одамгарӣ, ростқавливу ростгуӣ, некбиниву дурустандешӣ, адолату садоқат ва меҳру вафо омухтанд ва имрўз аксаран роњи падар- садоќат ба суханро бо шевањои худ идома медињанд.

Фарзандони ин  хонаводаи фарҳангӣ дар  доираи адабӣ бузург шуданд ва аз рафту омади ҳамешагии дӯстон ва ҳаводорони шеъру адаб файзњо бардоштаанд, чун дарњои  хона барои шогирдони Баҳроми Фирӯз њамеша  ва њамарўза боз буд. Нишастҳои то поси шабӣ, ки бо суҳбату баҳсу мубоҳисаҳои муфиди адабӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва масоили марбут ба рўзгори љории замона ва зиндагонї бо хондани шеъру достонҳои тозаэҷод ва муаррифии асари адабӣ дар сари дастархон, бо оши “палав”-и дастпухти нависанда ва қадаҳи шароби қирмизи дастсохти ў идома меёфт, ба фарзандони ӯ бе таъсир намонд ва онҳо сайъ мекарданд ба ҳарфҳои дӯстдорони адаб гӯш дода аз ин сўњбатњои муфид чизе барои худашон бардоштњое намуда, дар маърифати њар яке аз ин суханони санљида иќдом намоянд. Мањз, њамин сўњбати равшандилон сабаб гардид, ки фарзандони таҳсилкардаву тарбиядидаи нависанда ба адабиёту забоншиносӣ бетавофут нашуданд ва дар бахшҳои фарҳангиву иҷтимоии  гуногуни кишвар фаъолият карда, номбардори падари рушанфикрашон гарданд.

Баҳром Фирӯз бо вуҷуде, ки худ зодаи Самарқанди бостонӣ (ҳоло ин шаҳри тоҷикнишин дар қаламрави кишвари Узбакистон аст) буд, худро сирфан тоҷик медонист ва аз ин лиҳоз барои зиндагӣ ва кору эҷод Душанбе – пойтахти тоҷиконро интихоб намуд. Њамеша аз маҳалгароиву маҳалбозӣдурї љуста, аз нафароне, ки  аз камидрокиву беистеъдодӣ, аз заифиву нотавонӣ ба ин гуна амал ва хислатњои паст даст мезаданд, нафраташ меомад ва дар ҳар суханрониву баромадҳояш дар назди мардум, ба ин гуна ашхоси пастфитрат танаффури хешро баён дошта, таъкид менамуд, ки набояд барои пора кардани миллати тоҷик аз чунин њисси бади мањалгаройї истифода намоем ва нагузорем, ки бар асари ин фољеањое бар сари миллати мо ояд.

Мутассифона, баҳмани соли 1990, пас аз пош хурдани давлати  абадқудратии шуравӣ ва ба истиқлолият расидани Тоҷикистон, дар Душанбе, дар кулли љумњурї нооромиҳо шурўъ шуданд. Њаводису таҳаввулоти он рӯзҳо ба воќеањои нохуши љанги шањрвандї зуҳури неруҳои навро дар саҳнаи кишвар боис шуданд. Ин соле буд пур аз фољиањо, таҳаввулот, табаддулот, бесарусомонї, таъќибу тањќир, ќатлу ѓорат ва муњољират.

Бањроми Фирўз ба масоили мубрами он рӯзи ҷомеа бетараф набуд, назари хоса дошт ва бо силоҳи худ – қалам, маќолаю нигоштањои мухталиф мазмунаш алайњи ислоњталабони кўтоњназар, мансабталошону мањалгароён муборизаи беамон мебурд, халќро ба вањдату аќли солим даъват мекард, ба дахолату дасисањои аљнабиёни зиёнкор лаънат мехонд. Равшан буд, ки ин фаъолияти нависанда ба душманони миллати кўчаки мо ба дурусти намефорид...

Баъдан майдоннишинињои мутазод оѓоз ёфтанду дигар оромиву осудагии мардум, сўњбату нишастњои беѓамона якбора барњам хўрданд. Љанги бародаркуш сар зад. Бањроми Фирӯз мехост аз ин љанљолњо дуртар бошад, тавре мегўянд, мехост набинаду насўзад. Дилаш аз њама ин низоъњои бемаънї озурда гашта буд. Баъде, ки љангу љидол, куштори рўйирост сар шуд, сахт дилмондаву ноумед гардид. Таҳсили панҷсола  дар бахши таъриху адабиёт дар донишкада бефоида набуд, ӯ таърихи ҷангҳоро мисли даќиќан медонист  ва шояд аз ин сабаб пешгуӣ мекард: “... дасту дилам ба кор намеравад, њайфи ин кишвари обод. Дар замине, ки аз љањолату гумроњї хуни ноњаќ рехт, мардум њафт - њашт сол оромиву осудагиро намебинад...”.  Кишвар ба љанги бародаркушї печид. Дења ба дења, њамсоя ба њамсоя, бародар ба бародар даст ба гиребону гулўи њамдигар шуданд ва нињоят хонаву дарашонро партофта рафтанд.

Оќибат нависанда низ ҳам маљбур шуд, ба сурати муваққат ба Хуҷанд равад ва  пойтахтро тарк кунад. Ин муҳоҷирати иҷборӣ барномаҳои кории ўро вайрон ва руҳияро шикаста бошад ҳам,    дар Хуљанд низ  аќидањои њусни тафоњум ва сулњљуёнаи худро тавассути шабакаи радио, телевизион ва рўзномањо изњор дошта, таҳаввулоти сиёсиро қадам ба қадам дунбол мекард. Ба кори эљодї њамвора машѓул мешуд ва  ба ќавли худаш рўзе набуд, ки ќалам ба даст нагираду чизе нанависад...

Нахуст Баҳром Фирӯз дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Ленинобод фаъолияти хешро идома дод ва сипас ба унвони муҳаррир дар рӯзномаи  “Ҳақиқати Ленинобод” анҷоми вазифа намуд. Сипас бо ибтикории нависанда, таъсису нашри маљаллаи нави «Сайњун»-ро ба роњ монд ва то охири умри худ, яъне  25 сентябри соли 1994 сардабирии маљаллаи мазкурро бар ӯҳда дошт.

Ғами номуттањидии миллат ва насли наврас, нотинљии замона, захмњои љанги шањрвандї ва бародаркушӣ,  дардњои ватани азияткашида ва интиќол аз як љой ба љойи дигар, ѓарибињо  асабњои пайкари њассоси  шоирро  абгор карданд, бори дилашро аз њад зиёд гарон сохтанд ва барваќт ба қалби нозуку фуругири  Баҳром Фирӯзи меҳандӯст чангол кашиданд. Ин буд, ки  аљал аз пайи гусастани риштаи умри ӯ афтода,  дар 25 сентябри соли 1994,  марги беамон ин марди некном ва адиби пурмањсулро бармањал аз миён бурд. Марги нобаҳангом ин марди нексиришт ва пурҷӯшро аз азобу азияти дидан ва оҷиз будан бар рӯ ба рӯи ноадолатии иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳукмфармоии ҷаҳлу фасод озод намуд ва чуноне ки Низомии Ганљавї гуфта аст,  адибони забардаст намемиранд, балки ба бањри сухан ѓўта мехўранд.

Бояд зикр намуд, ки Баҳроми Фирӯз марди ҷисман солиму қавӣ, варзишгару гиёҳхор, ки зотан бояд умри тулонӣ медид, ҳамагӣ 3 сол пас аз фавти падараш – Мусулмонов Бобо, ки соли 16 июли 1991 дар синни 88 аз њассосият ба сўзандармони пениссилин (на аз маризӣ!), реҳлат кард, нобаҳангом ин ҷаҳони пурталотумро тарк намуд.

Баҳром Фирӯз дар ќабристони «Гумбази Ќошуќ»-и шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд. Чун марди табиатпарвару ошиќи муҳити табиӣ буд, парвардигор хонаи охираташро низ дар боғи сернињоли сергул  ва пурсабзаву чаман ҷой додааст. Болои санги мазораш дарахти сершохест бо гулњои зард, ки бештари фасли сол сабзу гулафшон аст ва рӯи  он чорбайтиаш тарошида шуда, ки хулосаи зиндагию осори ин адиби некномро таҷассум мекунад:

Аз марг амон кӣ ёфт, то ман ёбам,

Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам.

Шеърам ҳамагӣ паёми фардои ман аст,

3-ин беш ҷаҳон кӣ ёфт, то ман ёбам?

Бањром Фирўз бо қалби пур аз орзу ва умед, хостаҳо ва ормонҳо, бо маќсаду барномаҳои аљибу наљиб умр ба сар мебурд, вале марги ногаҳонӣ иҷоза надод, ки он руъёҳояш  комилан ба амал пайванданд. Танҳо осори фаровоне аз он азиз боқӣ монда ва ин намунае аз он сурудањои дилнишин гувоҳӣ медиҳад:

Баъд аз сари мо низ љањон хоњад буд,

Ин гиряву ханда љовидон хоњад буд.

Обе, ки ба љўй меравад нолон аст,

З-ин љўй гузаштан ормон хоњад буд.

Фалсафаи ашъори Бањром Фирўз моро ба љањоншиносии бузургони гузаштаи хеш мекашонад ва њамоно дар мењвари эљоди адиб кӯтоњ будани умр ва бебаќо будани олам, ки бояд инсон дар маърифати он муваффаќ бошад, ќарор мегирад. Рубоиёти љаззоби суханвар идомаи андешањои љањоншиносонаи гузаштагонро ба мо таълим медињанд ва мо бар пояи мутолеаи ин сурудањо боз њам дар худ меандешем, ки аз ин  шоири ширинхаёлу адиби нуқтапардоз њамин сурудањо ба унвони ёдгор монда, шеър, њикояту ќисса монда, андешаву мулоњиза монда. Барои њамдиёрону њамзамонон ва ояндагон номи нек монда. Мавриди дигар адиб шоирона бо такя бар таљрибаи зиндагонии худ ба њамзамонону имрўзиён ва фардоиён талќин мекунад, ки њамеша дар тайи пок будану пок зистан биандешанд, ки ба ќавли ў “дар тирамањи умр мусафо бошанд”.

Хоњам ба мисоли оби дарё бошї,

Гањ гулшану гањ бодияпаймо бошї.

Љўшиву хурўшиву ситезї, аммо,

Дар тирамањи умр мусафо бошї.

Шеърҳои ӯ мисли шабпаракњои андешањои самимона аз шохасори диле ба лонаи хонаи дили дигар дар парвозанд ва ин дилнишинї боис шуда, ки мардум эътирофаш кардаву дўсташ медоранд.  Шеър дардњои зиндагиро дармон мебахшад ва ба монанди чашмаи зулол тавассути орзуњо инсонро шодоб месозад. Инсонњои хайрхоњу дурандеш, онњое, ки барњаќ, пас аз сари худ дар маъбади дилњо номи неку ёди нек боќї мегузоранд, ањён-ањён ба дунё меоянд. Инсонњои покзамиру покандеше, ки амсоли борони тозаи бањорї њавои њастиро аз гарди њасад ва ѓубори кинаву бухл пок месозанд, Худованд ба онњо сењри сухан ва маѓзи андеша медиҳад. Њосили шинохти ин фалсафаи зиндагонї дар аксари сурудањои Бањром Фирўз таљассум дорад.

Ба љўз аз шеърњои ошиќона дар миёни сурудањои Бањром Фирўз ашъори муассир дар худшиносиву худогоњии миллї, фарогирии мавзўи забони миллї ва давлатї, ватандўстї ва амсоли ин наќши муассир доранд. Аз љумла дар банди нињоии шеъри “Забони модарї” њастии забонро шањодати вуљуд унвон намудааст, ки ба њастии таърихии миллати тољик бар асоси мероси бозмонда тавассути ин забон ишорат намуда, мутолеаи он ифтихор аз чунин соњибзабониро дар нињоди хонанда бедор мекунад:

    Ту аввалин суруди мо,

    Ќиссаи «Буд- набуд»-и мо.

    Забони модарї, туї,

    Шањодати вуљуди мо.

Ашъори ватандўстонаи Бањром Фирўз низ саршори ѓояњои олии ватандорї ва муњаббати поку самимї нисбати обу хоки диёр мебошанд. Шоир Ватанро њастии худ ва дидаи бино, ќудрату тавон ва нуру зиёи хеш медонад. Аз ин рў, барои шоир Ватан њам модару њам фарзанд ва њама чиз аст. Бегумон ин сурудаи соддаву самимонаи шоир дар бораи Ватан як суруди бењтарини ватандорист, ки мутолеаи он дар вуљуди њар хонанда муњаббату диластбагї ба Ватанро бедор мекунад:

Ватан модар, Ватан фарзанд,

Ватан чашмони биноям.

Ватан аз ман, ман аз ўям,

Ватан –имрўзу фардоям.

 

Агар гўяд Ватан: Рав ту,

Дигар љо подшоње шав.

Бигўям дар барат монам,

Ту бар ман сарпаноње шав.

 

Ин сурудаи шоир њамон ќитъаи маъруфро ба хотир меоварад, ки бо шева ва тарзи нав гуфта шудааст ва њамоно талќини ватандорї ва дар Ватани худ њамеша будан ва садоќат доштан аст.

    Хоки Ватан аз тахти Сулаймон бењтар,

    Хори Ватан аз лолаву райњон бењтар.

    Юсуф, ки ба Миср подшоњї мекард,

    Эй кош гадо будї ба Канъон бењтар.

Бањром Фирўз - адиби маъруфи тољик ба майдони адабиёт чун шоири умедбахш ворид шуд ва дар муддати кўтоњ чун шоири нуќтасанљ эътироф гардид. Шеъру таронањояшро мардуми шеърдўсту шоирпарвари тољик замзама мекарданд, њаводорони ашъораш баъзе аз онњоро чун суруди дилангез дар мањфилу шабнишинињо, тўю сурњо месароиданд, ошиќон дар гулгашту хиёбонњо ба маъшуќањояшон чун тафсиргари асрори дил  ќироат менамуданд. Шеърҳои нахустинаш дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ њанўз дар соли 1960 мунташир шуда буданд.

Се китоби ашъораш  бо номњои «Розњои мањтобшаб»(1967), «Силсила» (1973)  ва “Тафти дил” (1984) ба табъ расидаанд.  Ў дар ашъораш кӯҳҳои сар ба фалак кашида, дарёҳои пурмавҷ,  боғу бӯстон,  дашту биёбонҳои бекасу кӯй ва манзараҳои фаслҳои гуногуни сол, олами набототу ҳайвонот, сабзаи навхези кўњсорону гулу хорро   тавассути муваффаќона ба кор гирифтани саноеи бадеї, аз љумла ташбеҳу тавсиф, сифатчиниву истиора ва амсоли ин  тараннум намуда, ки ин пеш аз њама аз таваљљўњи амиќи суханвар ба олами атроф, хоса муъљизањои табиати нотакрор дарак медињанд. Бањром Фирўз бо назардошти он ки худ айёми кўдакии хешро дар русто, дар домани кўњсорон сипарї намудааст, кўњњоро ба гањвораи худ, нахустин љавлонгањаш шабењ мекунад, ки рўзгори зебояш аз он љо оѓоз меёбад:

Кўњњо - гањвораи ман, аввалин љавлонгањам,

Аз њамин љо роњи умру зиндагї сар кардаам.

Аз њамин љо бори аввал чашми њайрат дўхта,

Ман ба пањноии олам низ бовар кардаам...

Академик Раҷаб Амонов, нависанда ва  муњаќќиќи маъруфи тоҷик дар мавриди ашъор ва њунари шоирии Баҳроми Фирӯз дар маҷаллаи “Пайванд”( Номаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони    ҷаҳон,   № 8, саҳ 53-64,    Теҳрон, Эрон,  2006) чунин навиштааст: “Нахустин маҷмӯаи шоири шодравон Баҳроми Фирӯз бо шеъри “Салом кӯҳсор” оғоз меёбад. Барои шоир кӯҳсор мисли модари дилсӯз ва ё маҳбубаи мушфиқ, маҳрами роз ва сарчашмаи суруду илҳом аст. Ӯро рӯди кӯҳӣ, рафиқи тундхӯи беқарори кӯҳсорон, насими гулафшон, парвози баланди уқобон ба ҷӯш меорад. Шоир бо сарбаландӣ ба ёд меорад, ки ҳаёт, эҳсосот ва фикру андешаҳои ӯ бо кӯҳсорон, бо ҳар чизе, ки дар оғӯши пурфайзи он ҳаракат ва нашуънамо мекунад, пайванд дорад:

Ба истиқболи ман меояд оби рӯди пурғавғо,

Рафиқи тундхӯи беқарори кӯҳсоронам,

Ба сӯям мевазад боди баҳори гулфишон аз нав

Табассум мекунад бар ман замину осмон ин дам.

                              * * *

Ҳушамро мебарад кӯҳсор парвози уқобонат,

Аз он мурғи хаёли шӯхи ман парвоз мегирад,

Дилам гум мезанад ҳар бутта ин ҷо ошно бар ман,

Сурудам аз хурӯши чашмаҳо оғоз мегирад...

                               * * *

Зи нав дар фарқи кӯҳам медавад наҳр аз таҳи поям,

Дар ин ҷо бишнавӣ аз ҳар дара акси садои ман,

Сари ҳар тал намоён милаҳои чида бо дастам,

Дар ин ҷо рӯи барфи қулла монад нақши пои ман.

Осори манзуми солҳои охир вобаста ба мавзӯъ ва мазмуни шеър, манзараи баҳор ё зимистон, тирамоҳ ё тобистонро ба ҷилва меорад. Шоир аз мулоқоти ду дилдода сухан мегӯяд ва ба лаззат ва зебоии ин мулоқот натанҳо ба равшанӣ ишора мекунад, балки шукӯҳи ин фаслро чунин тасвир менамояд:

Баҳорон буд

Вақти хандаи гулҳои наврӯзӣ

Замин аз ҷасту хези рӯдҳои кӯҳ меболид

Сабо чун дасти модар бо навозишиҳову дилсӯзӣ

Сари сабзи ниҳоли арчаро оҳиста мемолид.

Ману ту роз мегуфтем,

Дили ман ҳам баҳоре дошт.

                                                Айёми шукуфтанҳо.

Шоир  дигар лаҳзаи фаромушнашуданиро дар фасли дигаре бо манзараи дигар ба тасвир мекашад. Дар ин љо тасвири манзарањои зебои табиат ба њунари шоирии Бањром Фирўз ва мушоњидакорињои шоиронаи вай таъкид мекунанд:

Нишаста зарраҳои барфи серун,

Ба гесуи ту чун алмос метофт,

Ту мисли наварӯси шоду мамнун

Табиат бар сари ту парда мебофт

                                 (Баҳроми Фирӯз. Мулоқоти нахустин)

Дар ин гуна шеърҳо ҳар калима дар ифодаи ҳодиса вазифаи муҳим дорад. Ва дар шеъри ёдшуда ишорае ба наварӯс ва зикри тӯри пардаи барфӣ ду лавҳа ба пеши назар меояд: рӯзи зимистон ва чеҳраи хуррами наварӯсе, ки аз рӯи одати мардуми тоҷик ба рӯяш тӯри ҳарири сафед андохтаанд.

Дара, кӯҳсор, обњои равону гулҳои хандон, боғҳо ва сабзазорон, дарёҳои шӯхи пурмавҷ, шоирро, ки аз ҷумлаи ашхоси борикбину нозуксанҷ аст, наметавонад илҳомбахш ва ҳаяҷоновар набошад ва ин ҷавонӣ ва зебоӣ илҳоми ӯро тавоноӣ ва болу пар мебахшад. Аз ин рӯ шоир ба ҳодисаҳое низ таваҷҷӯҳ мекунад, ки ғалабаи инсонро бар табиат ва тағйири манзараҳои табиӣ ба қуввати ақли инсонро мунъакис менамояд. Кӯҳсори тоҷик, дара ва доманаҳои тангу тор ва фароху густардаи он, водиҳо ва соҳили дарёҳои пурмавҷи имрӯза намуд ва таровати дигаре дорад ва бо ободиву хуррамиҳои беназири таърихи гузашта фарқ мекунад. Имрӯза мардум қувваи азими рӯдҳои пурталотумиро тобеи худ карда, заминҳои хушкро зархез гардонида аз синаи кӯҳои баланд ганҷҳои пурбаҳо берун меоваранд.

Бањром Фирўз бо орзую умеди ояндаи неки њамдиёрону њаммилатонаш эљод мекард ва тавассути осораш дар дили онњо тухми некї мепошид, барояшон русуми накўкорї меомўхт.

Соли 1991, Баҳром Фирӯз, нахустин барандаи љоизаи тозатаъсиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон -- љоизаи ба номи устод Айнӣ гардид. Ин матлабро Шоири халқии Тоҷикистон, Гулназар Келдӣ  дар хотироташ,  ҳангоми табрики нависанда чунин шарњу тавзењ додааст (октябри соли 2009):

“Соли 1991, ваќте ки ба ман љоизаи ба номи устод Турсунзода ва ба Бањром љоизаи ба номи устод Айниро доданд, мо аввалин барандагони ин љоизањои навтаъсиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон будем.

Бањром  дар хонааш зиёфат орост ва ман њам ба табрики ў рафтам. Азбаски таъхир карда будам, охирин мењмони зиёфаташ ба назар меомадам.

- Њоло мукофотњои болотару шоистатари Шумо дар пеш, - гуфтам ба ў њангоми муборакбод.

- Ман барои мукофот наменависам, - гуфт ў. – Муњаббати  хонандагон љоизаи бузурги њар адиб аст.

Ў њаќ аст. Ин љоизаи асл, яъне  муњаббати хонанда, Бањром Фирўзро зинда нигоњ хоњад дошт”.

Баҳроми Фирӯз муаллифи номгӯи маљмўањои зерин мебошад:

1.            “Розҳои маҳтобшаб” – Душанбе, “Ирфон”, 1967, 96 саҳ, (шеърҳо)

2.            Силсила-- Душанбе, “Ирфон”, 1973, 96 саҳ, (шеърҳо)

3.            “Пайи ситора” – Душанбе, “Маориф”, 1975 , 64 саҳ. (ҳикояҳо)

4.            “Ганљ аз вайрона” -- Душанбе, “Маориф”, 1978, 160 саҳ. (повест ва ҳикояҳо)

5.            Рухсора” --  Душанбе, “Ирфон”, 1978,  160 саҳ.  (повест)

6.            Ту танҳо не-- Душанбе, “Маориф”, 1980,240 саҳ. (повест ва ҳикояҳо)

7.            Ты не одинок ”--  Москва, “Детская литература”, 1981, 176 стр. (повесть и рассказы)

8.            “Њаќиќати талх” -- Душанбе, “Ирфон”, 1981, 288 саҳ. (ҳикояҳо)

9.            “Аз арш то фарш” – Душанбе, “Маориф” ,1983, 320 саҳ. (достон ва њикояњо)

10.       “Тафти дил” -- Душанбе, “Ирфон”, 1984, 208  саҳ. (шеърҳо)

11.       “Тору пуд” – Душанбе, “Маориф” ,1985, 208 саҳ. (достон ва њикояњо)

12.       Агар вай мард мебуд…-- Душанбе, “Адиб”, 1987, 384  саҳ(повестҳо)

13.       “Пеш аз шаби арусӣ” -- Душанбе, “Адиб”, 1989, 560 саҳ. (њикояњо ва достонњо)

14.       Была бы она мужчиной” -- Душанбе, “Адиб”, 1990, 447 стр. (повесть и рассказы)

15.       “Сањнаи гардон” -- Душанбе, “Адиб”, 1993, 350 саҳ. (маќола ва очеркњо)

16.       “Ѓафлатзадагон” -- Душанбе, “Адиб”, 1999, 376  саҳ. (роман).

Бањром Фирўз љашни 50-солагии хешро бо китобе пешвоз гирифт, ки дорои 50 номгўи њикояњои навэҷоду тозаэҳёшуда ба шумор мерафт.

Ду китоби достон ва њикояҳои ў ба забони русї низ мунташир шудаанд: Дар соли 1981 нашрияи “Детская литература” дар Маскав маҷмӯаиҳикояҳо ва қиссаи “Ты не одинок”-ро, ки тарҷумаи “Ту танҳо не ” мањсуб меёбад, ба нашр расонид ва њамроњ бо китоби «Была бы она мужчиной», тарҷумаи  достони “Агар вай мард мебуд...” дар Душанбе соли 1990 муаррифї гардид.

Бархе аз ҳикояҳо ва силсилаи шеърҳои Бањром Фирўз дар матбуоти Русия, ки он замон матбуот ва интишороти марказї дар шањри Маскав дониста мешуданд, низ ба чоп расидааст, ки аз љумлаи онњо иборатанд аз : “Таронаи октябр” (1967), «Наврӯзӣ» (1968), «Утренняя книга» (1971), «Млечный Путь» (1972), «Поклон земле родной» (нашриёти «Художественная литература», Москва 1974), «Колосья одного снопа» (1976), «Восход» (Фрунзе, 1978), «У подножия голубых гор» (нашриёти «Художественная литература», Москва 1979), «Фаввора» (1979), маҷмӯъи адабиёти бачагонаи тоҷик, «Ласточка» (1981).

Ҳамчунин бархе аз осораш ба забонҳои ҷумҳурияҳои ИЉШС тарҷума шудаанд. Баробари ин, дар кишварњои берун аз Иттињоди Шўравї, аз љумла Љумњурии Исломии Эрон, Булғористон, Чехия, Словакия ва Љопон низ интишор ёфтаанд.

Баҳром Фируз, чун забони русиро ҳамчун забони модарӣ хуб медонист,  силсилаи ашъор ва достонҳои адибони рус ва кишварњои дигаре чун М. Лермонтов, А. Блок, Ҳ. Олимҷон, Д. Кугултинов,  Ф. Алиева, шеърҳои шоирони булғор, осори насрии П. Свирки, А. Грин, “Бодбонҳои қирмизӣ” ва матни беш аз 50 филмномаҳоро  ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Дар матбуоти ҷумҳурӣ  бо мақолаҳо ва очеркҳои мухталиф рољеъ ба  мушкилоти адабиёт, фарҳанг, иқтисод  ва сиёсат пайваста ба нашр расонида, аз ин роњ дар ташаккули фазои фарњангии  кишвар наќши муассир гузоштаанд. Фишурдаи муаррифии осори Бањром Фирўз ва мўњтавои аслии онњо ба тартиби зайл аст:

 “Розҳои маҳтобшаб” нахустин китоби шеърҳои шоири ҷавон -- Баҳром Фирӯз мебошад, ки дар нашриёти "Ирфон" соли 1967 интишор шудааст. Шоир дар ашъори мунташиргардида дар он манзараҳои зебои Тоҷикистон,  зањматњои мардуми мењнатќарини тоҷик, дўстиву рафоқат ва ишқу муҳаббати покро тараннум намудааст. Сурудањои шоир лабрези эњсоси самимии инсонї ва баёнгари нидои ќалби покї инсонї мебошанд ва њамин чиз боис шудааст, ки зуд ба дилњои хонандагон роњ ёбанд.


         Шоир Ба
ҳром Фирӯз дар  маҷмуаи ашъори “Силсила”,  ки соли 1973  тавассути нашриёти “Ирфон”  чоп шуда буд, ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдод ва авлод шеърҳоеро фароҳам кардааст, ки саршори меҳру вафо ва  сидқу сафои гўяндаи он мебошанд. Шоир афкори кӯҳна ва нав, дирӯз ва имрӯзро бо назари тозае тафсир мекунад ва аз баландии онҳо ба фардо назар  менамояд, то ки оҳанги силсилаҷунбони давраҳоро дарёбад ва ба дӯстон расонад.


 Нахустин китоби
ҳикояҳои  нависанда Баҳром Фирӯз «Пайи ситора» унвон дорад, ки соли  1975 тавассути нашриёти “Маориф” ба чоп расидааст. Дар ин маҷмўа аз пайкори ҳаррузаи наврасону ҷавонон, орзую ҳавас, некию бадии кирдори онон сухан меравад. Адиби ҷавон хонандаро ба сайри кӯҳсор мебарад, аз дашти Ёвон то заминҳои навободи Мирзочӯл – кишвари худро, одамони сарбаланд ва меҳнатдӯстро  бо хонанда ошно мекунад.


Повест ва
ҳикояҳое, ки дар  китоби дигари «Ганљ  аз вайрона»  дар соли  1978 дар нашриёти “Маориф” чоп шудаанд, , саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ. Даврони навҷавонӣ барои ҳар инсон як ҳаёти тамомест, таҷрибаи минбаъдаи  он ба ӯ имкон медиҳад неку бадро, сафеду сиёҳро даќиќан аз њамдигар фарқ кунад. Қаҳрамонони Баҳром Фирӯз наврасони зираку заранг, бовиҷдон ва заҳматкашанд, ки аксар мисли ганҷ аз вайронаҳо берун омадаанд.


Достони “Рухсора”, ки соли 1978 аз чоп баромад, дар байни хонандагон ма
ҳбубияти хоссае касб намуд. Муаллиф дар повести худ аз қадамҳои нахустини ҷавонони навкор аз муҳаббат, барору нобарориҳои он, аз муносиботи ӯ ба атрофиёнаш  ҳикоя мекунад. Қаҳрамони достон аз мардум ва њамзамонони хеш зиёда серталаб аст ва баъзан қатъиятро аз якравӣ фарқ намекунад. Адиб бе ҳеҷ талқину ташвиқ воқеаҳоеро тасвир намуда, ба хонанда имкон медиҳад, ки аз руйдодҳо хулосае бардорад. Чунон ки қаҳрамони он Вафодор мегӯяд, “ин ҳақиқати оддиро ҳар кас бояд ба тарзе, ки худаш метавонад, кашф кунад”.

Баҳром Фирӯз худ дар мавриди ин асараш чунин изњори назар намуда буд: “Баъзе адибон мегўянд, ки саргузашти худро њаргиз навишта наметавонанд, воќеаи ба он монандро менависанд. Баъзе баръакс, саргузашти худро ҳамеша бо иштиёќ менависанд ва аз фошофош баён кардани он намењаросанд. Ман бештар ба гурўњи дуюм тааллуќмандам. Аммо танњо саргузашти як нафар инсон, бе обу ранги тахайюл њаргиз асари бадеъ нахоњад шуд.  Биёем ба сари ќиссаи «Рухсора». Он фаќат ќиссаи ошиќона нест, балки дар он масъалањои гуногуни ахлоќ, маърифат, коргузорї дар бобати усули таълим, одату анъана, муњофизати муњит ба муњокимаи хонанда гузошта шудааст.


 Повести «Ту танњо не»  соли 1980 аввал дар шуморањои 5-6-уми маљаллаи «Садои Шарќ» ва худи
ҳамон сол тариќи нашриёти “Маориф” чоп шуда буд, ки мавзӯъ ва маводу матолиби ин ќиссаро хонандагон аз муаллиф интизор набуданд. Зеро нависанда  аз илми маъданшиносї ва кори маъданљўён камтар иттилоъ дошт. Љолиб аст, ки воќеоти повест дар миёни гурўњи маъданљўён иттифоќ афтода, ќањрамони ӯ кўњкану геологњоянд. Худи нависанда Баҳром Фирӯз дар бораи ин асараш чунин назар дошта: “Ин ќисса њам саргузашти воќеї аст. Тирамоњи соли 1975 ман њамроњи як дастаи маъданљўён ба кўњњои Тавилдара, соњилњои рўди Оби Хингов, то наздикињои пирьяхи Гармо рафта будем. Ба ман муяссар шуд, њамкоронам дар асл кию чї буданамро надонанд. Агар нависанда буданамро медонистанд, ман хеле чизро бой медодам. Ин ќисса аз таъсироти њамин њамкорї. Албатта бе тайёрї, илми геологияро наомўхта танњо аз материали зиндагї образњои каме беш мукаммал ва асари љиддї офаридан амри муњол аст. Нависанда тасвир ва васфи табиат,  кӯҳсори тоҷик ва водиҳои он, дарёҳои кӯҳиву манзараҳои онро нафақат барои изҳори эҳсосот ва рӯҳи ватандӯстӣ, балки барои ифодаи андешҳои худ дар бораи ҳаёт, ақидаҳои фалсафиву ҷаҳонбиниаш дар ин қисса нишон дода аст.


Тар
ҷумаи ин достон соли 1981 бо исми Ты не одинок дар   Москва, тариќи нашриёти “Детская литература” барои хонандагони русзабон пешниҳод гардид ва дар тамоми шуравӣ паҳн шуд.

 

 

 

 


 Ма
ҷмӯаи ҳикояҳоиҲақиқати талх” сирфан аз достонҳои кӯтоҳ иборат буда аз тарафи нашриёти "Ирфон" соли 1981 чоп шудааст. Баҳром Фирӯз бо истифода аз  мушоҳидакории нависандагии худ  дар китоби ҳикояҳояш  симои маънавии одамони давронро бо муҳҳабат ва самимияти тамом, воқеӣ ва амиқ тасвир намудааст.

 

 

 

 Китоби “Аз арш то фарш” маҷмуаи  ҳикоя ва қиссаҳое мебошад, ки  нашриёти "Маориф" соли 1983 онро нашр намудааст ва мухотаби ин китоб  асосан навҷавонон ва наврасон ҳастанд. Дар ин маҷмуа, ки аз осори дар тӯли даҳ сол, яъне давоми солњои 1970 - 1980 ба ќалам овардаи адиб фароҳам шудааст, паҳлуҳои гуногуни рӯзгор аз назари наврасону ҷавонон тасвир ёфтааст. Ҳикояву қиссаҳо аз хотироти бачагию наврасӣ то муҳаббати нахустин ва худшиносиҳо, чунон ки дар урф мегӯянд, аз арш то фаршро фароњам овардааст, ки ин амр ба огоњии комил ва дидгоњњои хосаи адиб ба зиндагонї ва шинохтанњои инсон ишорат дорад.


 Ма
ҷмуаи шеърҳои “Тафти дил” соли 1984 тавассути нашриёти “Ирфон” ба дасти хонандагон расид. Дар ин китоб ашъори дар тӯли бист сол сурудаи шоир ба тарзи гулчин фароҳам омадааст. Бештарин абёти шоир аз муҳаббати Ватан, обу хоки сарзамини диловез, мардуми ҳунарпарвари он наќл мекунанд. Даҳ сол  аз ин муқаддамкитоби ашъори шоир дастраси ҳаводорони шеър гашта буд. Дар тӯли ин даҳ солБаҳром Фирӯз хеле кам шеър гуфт ва бештарин айёми худро сарфи нигориши қиссаву ҳикояњо намуд ва дар ин миён агар фурсат даст медод, ашъори овони навмашқиашро дигарбора таљдиду  такмил менамуд. Инак, ӯ боз омад ба сари шеър, ки машқи он ба нависанда заминаи устувори эҷодкорӣ бахшид. Чунон ки арз шуд, дар тӯли ин даҳ солБаҳроми Фирӯз њарчанд ашъори зиёде насурудааст, вале ашъори пешинашро таљдиди назар намуда, аз осори Михаил Лермонтов, Александр Блок, Нозим Ҳикмат, Давид Кугултинов, Ҳамид Олимҷон, Фазу Алиева ва як идда шоирони дигар шеъру достонҳоро тарҷума кард. Дар ин миён эњтимом бар он низ дошта, ки баробари каму беш нигориши ашъори љаззоб сурудањои ќаблии худро тањрир ва муљаддадан ба нашр расонад.

 

 Повести «Тору пуд», ки  соли 1985 ба чоп расидааст, аз садоќат ва фидокории зани тољик њикоят мекунад. Зани оддї, ки аз дигарон њељ тафовуте надорад, баробари дар зиндагиаш сахтие пеш омадан, чунон хислатњои њайратангез, сифатњои олиљанобе зоњир мекунад, ки њар яке аз хонандаро ба андеша водор месозад, то муносибати худро  ба атрофиён боре амиќтар биандешанд. Китоби «Тору пуд» повест ва ҳикояҳои адиби соҳибзавқ Баҳром Фирӯз саршори масъалаҳои ахлоқиву ҳаётӣ буда, бо равоншиносии амиқ ва санъати нигорандагии муаллиф дили хонандаро тасхир мекунанд.


 Китоби повест
ҳо “Агар вай мард мебуд...”  соли 1987 дар нашриёти “Адиб”  мунташир шуд. Дар ин китоб, ки аз се повести нависанда фароҳам омада аст, масъалаҳои гуногуни ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик аз ҷиҳатҳои гуногун мавриди тасвир қарор гирифта аст: шикасти сарват дар муқобили муҳаббат ва садоқати инсонӣ, кору зиндагии ҳалол дар рӯ ба рӯи фиребу дасисаҷӯҳои ҳаромкорон, ишқ, садоқат ва орзуҳои ҷавонӣ. Як хусусияти махсуси қиссаҳои адиб дар он ба зуњур мерасад,  ки бештарини воқеа ва қаҳрамонони асарҳои ӯ заминаи устувори ҳаётӣ доранд. Аз ин сабаб муаллиф дар пешгуфтор навишта аст:   “Бунёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд. Ман саргузашти ононро ба тарзе ки мехостам, рангу бор ва равиши тоза додам, чунон ки вассаю болори  иморати шикастаро барои бинои нав ба кор мебаранд. Ва ин бинои навбунёд ба он иморати кӯҳнаи воқеӣ ба ҷуз вассаю болор шабоҳате дигар надорад. Муродам аз таъкид ин аст, ки агар касе худро аз ин қисса бишносад, маро домангир набошад”. 


 Ин китоб бо исми “Была бы она мужчиной” дар нашриёти “Адиб” соли 1990 барои хонандагони русзабон бо тар
ҷумаи достонҳои “Рухсора”, “Дорога в тумане”, “Лавина” ва худи достони  “Была бы она мужчиной” пешниҳод гардидааст, ки дар онҳо муаллиф мушкилоти мављудаи замон,  таъсири ахлоқӣ  ва маънавии онро мавриди баррасї ќарор медињад.

 

 

 Китоби Баҳроми Фирӯз “Пеш аз шаби арӯсӣтавассути нашриёти "Адиб" дар соли  1989 бо интишори  повести ҳамноми китоб ва ҳикояҳои дигар ба хонандагон пешниҳод шуда буд.  Повести ҷадиди адиб, ки аз  ишқи поки духтари ҷавон ба нависанда-- қаҳрамони достон ҳикоят мекунад, аз зиндагии даврон ва қонуну қавоиди замон  қисса мекунад. Ҳамчунин, маҷмӯи ҳикоёти адиб ва қиссаи "Ситораи думдор", ки дар ин  китоб фароҳам омадааст, аз пањлуњои мухталифи рӯзгори мардуми тоҷик - аз арафаи инқилоб то рӯзҳои шикасти карахтию даврони бозсозӣ дар мисоли саргузашти одамон, муҳаббату нафрат ва заҳмату талошҳои онон наќл мекунад, ки ин нукта ба гуногунрангии мавзўии навиштањои адиб ишорат менамояд.


 Ма
ҷмуаи маќола ва очеркњо «Сањнаи гардон» ( соли 1993) намунаҳои маҳсули фаъолияти эљодии наздик ба биступанҷсолаи нигорандагӣ дар чандин риштаҳои  мухталифи адабиёт  - тарғибу ташвиқ, тақризу таҳлил, мусоҳиба, мақолоти дар мавзўҳои мухталиф навишташуда фароҳам омадааст, ки ҳама бо рӯзгори талху ширини мо марбутанд… Ба ҳамин истинод кардаӯ дар ин китоб на шеъру ҳикоя, балки мақолаву тақризҳо, мусоҳибаву очеркҳои худро фароҳам кардааст, ки назари ӯро ба зиндагӣ ва адабиёт ифода мекунанд. “Кадоме аз фозилоне давр гуфта аст, ки инсон табиатан ба зеру нерумандии ҷисмонӣҷаҳд менамояд. Аммо ҳеҷ кас накӯкориро машқ намекунад. Ба фикрам, фарзанди инсонро накӯкорӣ бояд омӯхт. Ман дар ҳар як китоби деҳқонии худ ба дилҳо тухми накӯкорӣ мепошам” – навиштааст муаллиф дар ин китоб.


 Романи нотамоми  «Ѓафлатзадагон», соли 1999 дар нашриёти “Адиб” пас аз марги нависанда  бо фарогирии
қисми аввали романи  «Ѓафлатзадагон», интишор шуд.  Сюжети роман солҳои баъдҷангии шўравиро дар худ таљассум намуда, дар бораи ҷавоне, ки ба муқобили ноҳақию беинсофиҳо бо нерӯи дӯстиву муҳаббату идрок мубориза бурда, талош дорад, ҷойгоҳи худро дар зиндагӣ  пайдо кунад,  наќл мекунад. Инчунин дар ин китоб хотироту ёддоштҳои бархе аз ҳамкорону дӯстони нависандаи шодравон Баҳром Фирӯз – Муҳаммадҷон Шакурӣ, Гулчеҳра Сулаймонова, Абдумалик Баҳорӣ, Кароматуллои Мирзо, Додоҷон Раҷабӣ, Саидалӣ Маъмур, Пайванди Гулмурод, Мирзо Насриддин ва Тӯҳфа Расулӣ  тањия ва нашр шудаанд.

Баҳром Фирӯз дар эљодиёт ба дараљаи устодї расида, дастгиру мададгори љавонон буд. Андешаву мулоњизањояшро дар хусуси аслу моњияти њикоят ва шевањои аслии нигориши он, мафњуми шеъри нав, дар бораи эљоди адибони љавон бе пардаву ошкоро иброз медошт, ки на њамеша ва на ба њама писанд меомад. Албатта ин ошкоргўиву баёни ошкоро  боиси малули хотири бархе мешуд. Ба сараш борони маломат мерехт, вале ў ба таъбири шоир «фош мегуфту аз гуфтаи худ дилшод буд»...


Бањром Фирўз аз сўйи дигар, устодони худро фаромўш намекард ва њамеша дар бораи њар кадоме аз онњо бо самимияту эњтироми вижа сухан мегуфт, аз некиву сабаќашон, ёриву дастгириашон ёдовар мешуд.

Устодони шодравонаш Мирзо Турсунзодаю Мирсаиди Миршакар, Боќї Рањимзодаву Рањим Љалил, Љалол Икромї, Сотим Улуғзода, Фотењ Ниёзиву Фазлиддин Муњаммадиев, дўсти соњиб­њунараш Љумъа Одинаро дар њар давраю мањфил ба хотир меовард. Дар хусуси адибони забардаст С. Улуѓзода ва А.Бањорї, мунаќќиди нуқтасанљ Муњаммадљон Шакурї ва дўстони њамќаламаш бо мењри беандоза сухан мегуфт.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, олими забардаст ва  мунақидди барҷастаи тоҷик, бештари эҷодиёти Баҳром Фирӯзро аз ғалбери адабӣ гузаронидааст ва ба бештари онҳо тақризу  наќдњои илмиву адабї навиштааст. Ҳар сухан ва ҳар фикру андешаи гуфта ва навиштаи Устодро Баҳром Фирӯз бо  таваљљўњ ва диќќати тамом мутолеа намуда, нигоштањои хешро бар асоси мулоњизоти ин донишманди беназир ва устоди рањнамову ѓамхор ислоҳу такмил мекард.

Шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ  рољеъ ба эҷодиёти Б. Фирӯз навиштааст: “...Пайванди ногусистании инсон ва табиат, бо чашми њайрат ва мафтунї ба сирру асрори табиат, аљоибот ва њусни беолоиши он нигаристани инсон, хусусан хурдсолон дар ин њикояњо на бо калимањои зебо ва суханороии зоњирї, балки бо сухани оддї, бо ќувваи тасвири мушаххас нишон дода шудааст. Б. Фирўз аз рангу равѓани романтикї худдорї мекунад. Шавќи пурзўри инсон, ки аз мушоњидаи манзарањои табиат ва ё рафтори њайвоноти гуногун бедор шудааст, дилбастагї ва мењри самимии одам нисбат ба боѓу роѓ, кўњу дара, чашмасорону обшорон ё ки нисбат ба љонварони дўстрўи содиќ ва монанди инњо дар асарњои Б.Фирўз бо падидањои мушаххасашон намудор мегарданд. Чашми хонанда, хусусан хонандаи љавонро ба зебоињои зиндагї, ба њусни табиат ва дунё кушодан, диќќати хонандаро ба дидани наљобати дили инсон ва хулки неки ў равона кардан, ба ин восита барои устувории пояњои инсоният дар љомиа кўшидан як шакли ифодаи башардўстї дар асарњои Б. Фирўз аст. Ин башардўстии олї масъулиятшиносии шахсро низ дар бар дорад. Нависанда на фаќат мењри зиндагї ва инсонро дар дили шахс мустањкам мекунад, балки зимнан чунин фикреро њам талќин менамояд, ки шахс дар назди чунин инсони асил, дар назди зиндагї ва сарзамин љавобгар буда, хулќашро ба онњо мувофиќ гардонад, барои муњофизати онњо тайёр бошад, нагузорад, ки ба ин њама њусну зебої ва назокату наљобат осебе расад. Б. Фирўз ба таври хосе њисси масъулияти шахсро  дар назди љомеа ќувват медињад. Ба забони халќ бо эњтиёткории тамом наздик шудан ва аз ин ганљина дурдонањо љустан аз даврањои аввали таърихи адабиёти шўравии тољикї, хусусан бо љањду љадали устод Айнї бисёр ривољ ёфта буд. Имрўз ин корро нависандагони миёнсол ва љавон давом медињанд. Ин гурўњ сабки саљияофаринии тоза ва назари амиќбин доранд, мактаби таљрибаи адабиёти љањониро гузашта, имрўз дар ин роњ баъзан хеле эњтиёткор буда, анъанањои Айнї, Икромї, Улуѓзодаро бештар ба тарзи дигаре ва њар кадоме ба таври худ инкишоф медињанд. Бањром Фирўз њам дар њамин ќатор аст.

Насри Бањром Фирўз аз дигар љињатњо њам як њисса аз он љараёнест, ки бо номи Ф. Муњаммадиев, С. Турсун, Кўњзод, А. Самадов ва монанди инњо вобастагї дорад. Бо диќќати тамом нигаристан ба симои њамзамонон, аз феълу атвори онњо зарра-зарра љамъ овардани нишонањои одамият ва кўшиши љиддї дар роњи устувории пояњои он њоло моњияти эљодиёти бисёр нависандагони тољикро ташкил мекунад ва Б. Фирўз яке аз онњост.

Арзишњои маънавии љовид бунёди одамиятро ташкил менамоянд. Онњоро бодиќќат омўхтан, дар рафти дигаргунињои пурсуръати замони тўфонии мо муњимтарин падидањои онњоро аз даст надода, бо худ эњтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият мањфуз доштан вазифаи бузурги гуманистї мебошад. Адабиёт њам дар ин роњ хизмат мекунад. Ањамияти аксари асарњои Бањром Фирўз низ дар њамин аст”.


Ба
ҳром Фирӯз рољеъ ба мазмуну мўњтавои китобҳояш аз хонандагон мактуби зиёд мегирифт. Аз мамлакатњои хориљї, њатто аз китобхонаи конгресси ШМА талабнома гирифта буд. Аммо мактуби хонандагони оддї, дењќону донишљў, муаллиму коргар, муњандису табибон барои ӯ аз њама азиз буд ва ният дошт ягон рўз аз навиштањои онон китобе мураттаб созад. Китоб аз номањои хонандагон! Вале ҳайҳот умр боқӣ накарду ба  ин орзуи деринаи хеш нарасид.

Ӯ вазифаи адабиёт ва масъалаи асосие, ки дар назди он дар замони муосир гузошта шудааст, дар пешнињоди матолибе дар зовияи адабиёти пешќадами равшанфикрон дар њамаи давру замонњо барои некї ва накўкорї, барои тавфиќ ва такмил ёфтани инсон медид. Адабиёти мо ин анъанаи муќаддасро давом медињад. Ба фикри ӯ, “адабиёт беш аз њар ваќт бояд барои тарбияи њиссї-маънавии инсон, барои пойдории накўкорї, ростию поктинатї, дўстию рафоќат талош созад» ва ӯ  аз навиштањои худ њамин талабро дошт. Љањдаш бар он буд, ки дар ин мубориза сухани бурро ва таъсирбахше гўяд, «зеро њар асаре, ки бо шавќу раѓбат хонда намешавад, сарфи назар аз ѓояи олї, фикри бикр, мавзўи обнарасида ва ё фасоњату назокату муњиммияти мавзўяш вазифаи худро адо карда наметавонад. Дар мусобиќа бо кино ва телевизион барин васоили пуртаъсир адабиёт бояд маќоми худро аз даст надињад.

Дар мавриди нақшаҳои кориаш гуфта буд, ки “чунон ки адиби маъруф Расул Ғамзатов  фармудааст, камон ба даст ба рањи шикор баромада, кас намедонад чї сайде мегирад. Ман њам пайваста љустуљў  ва такопўйњо дорам, орзумандам монанди дӯстон ва њамќаламони пуркорам китобњои дилписанд нависам.  Ба ѓайр аз ин, ман адиби њикоятнависам ва пайваста њикоя менависам. Њикоя дар насри солњои охир маќоме хосае дорад. Дар назар чунин меояд, ки адабиёти тољик фаќат аз рўи њикоя бо адабиёти пешќадами дигар миллатњо њамсарї кардан метавонад. Њайфо, ки муњаќќикќону мунаќќидони тољик њанўз аз ин равнаќ ё огоњї надоранд ва ё фурсати тањќиќи онро наёфтаанд. Њаками мўътабар боз њам айём аст ва хонандагони мўътабаранд.

Осори адабии Баҳроми Фирӯз аз вижагиҳои хоссе бархурдор мебошанд: ӯ чӣ дар назм ва чӣ дар наср адиби комёб ва муваффақ маҳсуб мешавад. Хидмати мондагори адиб бо нишону подоши давлатӣқадр гардида аст. Баҳроми Фирӯз “Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон” ва барандаи “Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ” мебошад. Суханвари соҳибном дар авҷи камолоти умр ҷаҳони моро падруд гуфт, аммо бо эҷоди ҷаҳони хеш – дунёи шеъру адаб дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ва дар дили ошиқони каломи бадеъ умри сармад ёфт.

 

Мулоњизоти аҳли илму адаб дар бораи Баҳроми Фирӯз

Қалами ӯ чунин иқтидор пайдо кардааст, ки аз резапораҳои зиндагӣ маънои муҳимме бароварда, пеш аз ҳама одамиятро устувор мекунад”. Муҳаммадҷон Шакурӣ, академики Академия улуми Тољикистон, с.2009

“Баҳром Фирӯз мардуми худро хуб мешиносад, дар асарҳояш хусусиятҳои миллии зиндагӣ ва одатҳои тоҷикон ба таври ҳақиқӣ инъикос меёбанд.( Гӯштингирӣ – мусобиқаи паҳлавонон” ). Дар ин росто насри Баҳром Фирӯз ба адабиёти бисёрмиллатии шӯравии солҳои охир мутобиқ мешавад, ки дар он мавзӯи ахлоқӣ аввалиндараҷа мебошад.” Сотим Улуғ-зода, нависанда, узви вобастаи Академия улуми Тољикистон, соли 1982

“Муболиѓа намешавад агар гўям, ки Бањром Фирўз њар як достони нави худро барои мутолиаву машварат даставвал ба Муњаммадљон Шукуров ва камина месупорид. Ман дастнависи асарњои ўро бодиќќат мехондам. Аз образњои мукаммали офаридааш ва аз бозёфтњои љолиби бадеияш ба завќ меомадам. Ман ба ин хотирањои парешони худ бо се байти тозаи мувашшањ нуќта мегузорам:

Боз ёдат мекунам, эй дўст, шабњои дароз,

Аз вафоти нобањангоми ту бо сўзу гудоз.

Њайфам ояд аз ѓуруби моњтоби мўњташам,

Рафтию бинњоди андар ќалби мо дарду алам.

Одати мо нест, аммо нолаю оњу фиѓон,

Монад осори наљибу номи некат љовидон.*

с.1998Абдумалик Баҳорӣ, нависанда.

“Чӣ дар њикояњои хурду чӣ дар ќиссањояш, чӣ дар очеркњояш, ки њар яке пањлўњои гуногуни зиндагиро фаро гирифта буданд, вай шоир монд. Масъалањои нав ба навро љустуљў мекард, бањсњои ў хонандаро ба фикру андешањо гирифта мебурд”. Гулчеҳра Сулаймонова, шоир, с.1999

 

“Баҳром Фирӯз дар бораи қиссаю ҳикояҳоям мақолаҳо навишта буд, ҷонибдориям мекард, шахсе, ки борҳо дар зиндагӣ дастгирам гашта... Акнун аз ӯ бароям ёд монда, суратҳои бо ҳам гирифта, номаҳо, навиштаҳояш монда. Кароматулло Мирзо, нависанда, с. 1995

“Ман бисёр њикояву ќиссањо ва романи «Ѓафлатзадагон»-и ўро хондаам. Њамин бањои устод Шакурї ба тамоми эљодиёти Бањром хос аст. Вай адиби ҳақталош, дар кору зиндаги  ҳам яксухану якрў буд ва  чунин рафтор мекард”. Гулназар, шоир.

“Чунонки бузургон гуфтаанд, суханварон таваллуд доранду мурдан не. Баҳром Фирӯз суханвари асил буд ва номи ӯ бо беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ, яъне бо сухан зинда хоҳад монд”. Саидалӣ Маъмур, шоир.

“Баҳром Фирӯз аз мутолиаи осори ҷавонони соҳибзавқу ҳунарманд меболид, бе ҳеҷ дудилагӣ дастгириашон мекард ва дигаронро даъват мекард, ки аз адибони соҳибистеъдод ибрат бигиранд.” Пайванди Гулмуродзода,  рӯзноманигор.

“...Ваќте њарф мезад, барои далели сухан на фаќат аз Рўдакию Фирдавсї, Њофизу Саъдї, Хайёму Мавлонои Румӣ ва ё Айнию Лоњутию Турсунзода, балки бештар аз осори фалсафа ва кимиёгарону риёзидонњои љањон мисолу иќтибосњо меовард.” Додоҷон Раҷабӣ, нависанда, с. 1999

“Бо навиштаву эљодаш мењмони азизи њар хонадон аст. Мањбубият дорад миёни хонандагони сершумораш. Ва як сухани нек ба сони чашмаи мусаффое бошад, ки умре замини эътиќод ва орзуњои инсонро шодоб созад”. Латофат, шоир, с. 2009

“Бањром Фирўз симои сирф тољиконаву нуронї ва ботини зебо њам дошт... ...Хабари тарљумаи намунањо аз осори нависанда ба забонњои олмониву љопонї ва англисї моро ба ваљд меовард. Дар солњои њафтодуму њаштодуми садаи гузашта чунин рўйдоде басо нодир буд ва маънињои баланди осори адабии Бањром Фирўзи сухангустар аз ёди мо ва њазорњо тан хонандагони осори он фарзанди сарафрози Самарќанди шўњраи дањр нарафтааст ва нахоњад рафт”. Мирзо Шакурзода, адиб, с.2009

“Ман фикр кардам, ки њикояњои акаи Бањром тахмин аз панљоњ бештаранду то њол дар бораашон маќолае нахондаам. Бетарафиву бетафовутии њамнишину њамсолон касро алам мекунад. Аммо акаи Бањром аз шеър ё њикояи хуби дигарон хурсандї мекарданд. Мегуфтанд, ки аз адибони насли мо њеч кадоме мисли Лоиќ забонро хуб намедонад. Ё аз љавонон Низом Ќосим шеърњои дилнишин менависад. «Китоби Фарзонаро чоп кардем. Ман мудири шўъба. Лекин як калимаро њам дигар накардам. Баъзан китоби шоирони номдорро сип-сиёњ карда ба дасташон бармегардонем. Ана пас аз аќиб айб кофта мегарданд. Лекин ман аз онњо наметарсам...”” Мирзо Насриддин, нависанда.

“Ѓоибона аз рўи њикояву очерк ва шеърњои љаззоби Бањром Фирўз ба воситаи радиову телевизион ва рўзномаю маљаллањо мешинохтам. Ва орзу доштам аз наздик бо ин марди хирад шинос шавам. Ман гумон доштам, ки Бањром Фирўз як марди солдидаи мўйсафед ва хеле ботаљрибае њаст, ки навиштаљоташ пухтаю бо далелњо силсилабандї шудаанд. Дидам, ки марди хеле љавони боќуввати мўйсиёњ, аммо соњиби таљрибаву пухтакор. Дар рафти њамкорї бо ин марди закию зиндадил ба ин бори дигар бовар њосил намудам. Тӯҳфа Расулӣ, рӯзноманигор.

“Њамин тавр, дар муддати тўлонї чандин китобњо (достону романњо) яке паси дигар хонда шуданд. Бањромљон њам ба «касалї»-и доимии китобхонї гирифтор шуд, ки то охири умраш давом кард. Яъне устод Наимов ўро ба ин «касалї» гирифтор карда буданд. Рањмат  Давлатов, дӯст ва ҳамсабақ.

“Бањром Фирўз љўяндаву ёбанда буд, њамеша дар љустуљў буд. Осори тозаву нав меофарид. Забони асарњояш тоза, мантиќаш баланд, ќањрамони ќиссаву њикояњояш бофтаи хаёлї набуда, балки одамони њаќиќии некному некбин мебошанд”. Расул Шарифов, дӯст ва ҳамсабақ.

 

 

 

 

 

Баҳром Фирӯз (1939-1994)

Нависанда, шоир ва мунаққиди тоҷик.

Узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (СССР) аз соли 1971.

Муаллифи маҷмуаи ҳикояҳо, достонҳо ва шеърҳо мебошад.

Ҷоиза

Барандаи мукофоти ба номи С. Айнӣ

 

Корманди хизматнишондодаи фарҳанг

 

Меҳмонони мо

Free counters!

Кӣ дар сайт

Сейчас 10 гостей на сайте

Пайвандҳои муфид

Саҳифа бахшида ба Баҳром Фирӯз дар Википедия

Sex Hikayeleri