ҒАФЛАТЗАДАГОН

Китоби «ҒАФЛАТЗАДАГОН»  бахшида ба 80-солагии нависандаи шодравон Баҳром Фирӯз, барандаи ҷоизаи адабии устод Садриддин Айнӣ, интишор мегардад.
Китоби мазкур воқеоти солҳои сиюм то шастуми қарни гузаштаи навоҳии Самарқанди шӯравӣ – ҳаёти сахту фақри аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати фимобайни табақоти иҷтимоӣ, сӯиистифода аз қудрату мансаб, фуқдони қонуну қавонини шаҳрвандии кишвар ва адами шинохти фард ба унвони инсонро бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихӣ, ки нависанда дар романи “Ғафлатзадагон” таҷассум намудааст, дарбар мегирад.  Китоби мазкур соли 2019 дар нашрияи «Хуросон», дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст.

Иборат аз 448 саҳифа.

Китоби савтӣ

  

 

Download

Downloaded 601 times