ФИРӮЗ БАҲРОМ БОБОЕВИЧ  (01.11.1939 – 25.09.1994), маъруф бо номи Баҳроми Фирӯз, дар шаҳраки тоҷикнишини Нурато, наздики шаҳри Самарқанди бостонӣ, дар хонаводаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми кӯдакиаш дар деҳа – зери сояи дарахтони осмонбӯси боғи мушаҷҷари бобояш, ки пеш аз инқилоби шуравӣӯро чун яке аз давлатмандони маъруфи шаҳри Самарқанд мешинохтанд, сипарӣ шудааст ва замоне ки синну солаш ба даврони мактабхонӣ расид, зарурате пеш меояд, то ба рустои кӯҳистонии падар – Устук ҳиҷрат намояд ва он ҷо таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи худро ҳосил кунад.

Дар деҳаи Устук, Баҳроми кӯчак – нависандаи оянда, дар симои рустоиёну пайвандони хеш азобу уқубатҳои ҳаёти сахту фақри аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон ва беҳуқуқии онон, муносибати фимобайни табақоти иҷтимоӣ ва суиистифода аз қудрату мансаб, фуқдони қонуну қавонини кишварӣ ва адами шинохти фард ба унвони инсонро дидаву чашида баъдан дар нигоштаҳояш чунин ёдовар шудааст: “...агар дар деҳа кони тилло набуд, дар солҳои ҷанг ва баъди ҷанг, кулли мардуми он атроф аз гуруснагӣ талаф гаштанашон як амри воқеӣ буд. Аммо мардуми бенаво баҳору тобистону тирамоҳҳуқуқи заршӯӣҳам надоштанд, ғуломони колхоз буданд. Онҳо фақат дар зимистони қаҳратун аз кори колхоз фориғ гашта заршӯӣ мекарданд”.

 Шавқи омӯзиши илму фарҳанг ва касби машғулият Баҳромро хеле зуд – баъди ба итмом расонидани мактаби ҳафтсолаи деҳа ба маркази куҳани илму фарҳанг – шаҳри Самарқанд овард. Он замон дар яке аз маконҳои хушманзару зебои таърихии Самарқанди бостонӣ – Даҳбед, таълимгоҳе бо номи “Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикӣ” фаъолият мекард. Дар он донишҷӯён аз шаҳри Самарқанд ва навоҳии гирду атрофи вилоят ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Устодону омӯзгорони ин даргоҳи мӯътабар шогирдонро тавассути имтиҳони хаттиву шафоҳӣ интихоб ва қабул мекарданд.

Якуми сентябри соли 1952 дар бинои рақами дуюми омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд, дар болои дари яке аз синфхонаҳои таълимӣ, ки курси 1, гурӯҳи “А” навишта шуда буд, дар сари мизи таҳсилии радифи аввал Баҳроми хурдсол бо Раҳмат ном писаре аз ноҳияи дигари наздики Самарқанд ҳамнишин буд, ки он рӯз расман айёми таҳсили ҷадиди нависандаи оянда ба шумор гирифта шуд. Ин ду навраси ҳамсабақу ҳаммизу ҳамхостаи мушобеҳ ба зудӣ ба ҳам унс гирифтанд, ки баъдан ин дустӣ ҳардуро ба як ҳуҷраи хобгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Сӯзангарони Самарқанд барои ҳамиқоматӣ овард. 

Дандонҳои резрези садафӣ зери табассуми бебоки бачагона, абрувони паҳни парқалоғӣ, мӯйҳои пурпушту парешону сиёҳ, пусти сафеди ҳануз офтобнахӯрда ва чашмони бодомии ҳамешахандони Баҳром аз кучактарин, яъне 13 сола будани шогирди омӯзишгоҳ далолат кунад ҳам, серғайративу чолокиву зиракиаш симои вайро аз ҷиддияту ҳадафмандиву пойдории дар ботинаш маҳфуз ошкор менамуданд. Одобу ахлоқ, рафтору гуфтораш аз мутолиаи зиёди ӯ дарак медоданд ва шавқи аз худ кардани мероси безаволи гузаштагон, таълифоти классикони барҷастаи адабиёти ҷаҳон ва осори шоирону нависандагони муосир дар дилу дидааш дар ҳадде ҷой доштанд, ки ӯ шабҳои донишҷӯиашро ба хондани онон рӯз мекард. Қудрати зеҳниаш ӯро то андозае ёварӣ менамуд, ки метавонист дар як шабонарӯз асари калонҳаҷмро бидуни мушкилӣ мутолеа намуда, аз ин суханварон барои хеш иродату эътиқод, бардоштҳои афзун ва натиҷае ҳосил созад. Ҳамзамон тамоми нерӯ ва тавоноиашро ба омӯзиши дарсҳои даврагии таълимгоҳ бахшида, аз сари садоқату ихлос ҳамаро ба коми дониш ҳавола менамуд. Натиҷаи ин дилбастагӣ ба адабиёт ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ буд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат дар омӯзишгоҳ Баҳроми шогирдро аз донишҷӯён то устодон ҳамчун фарди адабиётдӯст ва соҳибфазилат эътироф намуданд. 

Дар омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд тавассути дарсҳои устодони ҳирфаӣ Наимов (адабиёти тоҷик ва роҳбари курс), М.А.Хамперова (забон ва адабиёти рус), Валихӯҷаев (риёзӣ), Муллоқандов (физика), Қурбонов (биология), Мӯҳтарамов (ҷуғрофия) ва Солиев (забони модарӣ) ҷаҳонбинии донишҷӯён дар тӯли сол ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши устодони ин даргоҳ дар ташаккули шахсиятҳои комил ва таълими ҳаматарафа, мусоидат ба таҳаввулу тағйироти фикриву зеҳнии донишҷӯён муассир афтод ва метавон бо боварӣ изҳор дошт, ки маҳз дар ҳамин даргоҳ, Баҳром Фирӯз ва ҳамсабақони ӯ, аввалин дарси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва маънавиро омӯхтанд, то тавассути бардошту андӯхтаҳои хеш ба сӯи асолати инсонӣ, маънавӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Баҳроми навҷавон давоми чаҳор соли таҳсил зери раҳнамоии устоди худ Мария Аванесовна Хамперова – зани оқилу ҳалим ва ширинзабону хушмуомила, забони русиро комилан аз бар кард ва ин афзалияти дониши забонии ӯ боис ба фарох гаштани доираи мутолеот ва дилбастагии беҳад ба адабиёти рус гардид. Дар натиҷа он орзуву ҳавасе, ки дар айёми бачагиаш нисбат ба эҷодиёти адибони машҳури рус ва фарҳангу маорифи урупоӣ дар дил мепарварид, тавассути устодони дилсӯзу сахтгиру донишманд шарафёб гашт. Дар дарсҳои омӯзиши забону адабиёти рус, мутолеоти санъату фарҳанг ва таърихи маданият бо муаллимон баҳсу мунозираҳо ороста аз ин роҳ донишу маълумоти хешро роҷеъ ба фунуни мазкур такмил менамуд. Бо ҳидоят ва дастгирии устодони адабиётшинос Баҳроми ҷавон ба хондани асарҳои адибони шӯҳратманди рус ва ҷаҳон пардохта, аз ин роҳ ба шинохти афкори адабии суханварони олам роҳ кушод.

Дар муддати кӯтоҳи таҳсил бештари осори нависандагони муосири тоҷик, шоирони классики форс ва муҳаққиқон ва таърихнигоронро аз даврони куҳан мутолеа намуда дар маҳфилҳои шинохти осори адабӣ ва базму ҷамъомадҳои байтбаракгуӣ пайваста ширкат варзида ҳамчун донишҷӯи фаъол дар аксари мусобиқаҳои илмӣ-амалӣ пирӯз мегашт. Бешак, метавон гуфт, ки ҳамин марҳилаи мутолеотии зиндагонии Баҳроми ҷавон ба рӯи вай дунёи шоирӣ, нависандагӣ, эҷодкорӣ ва дар оинаи бадеият шинохтани ҳастии оламро боз намуд.  

Истеъдоди табиӣ, ҳуши халлоқона, санъат ва суръати тезу равони китобхонии Баҳромро устод Наимов зуд кашф намуда, ба дониши бадастовардаи он баҳои баланд дод. Ин маҳорати китобхонии ӯ боиси дӯстии самимии мустаҳкаме байни устод ва шогирд гардид. Баҳроми хайрхоҳу саховатманд ба устоди азизу дӯстдоштааш, ки он замон чашмонаш камқуввату хира шуда буданд ва мутолеаи зиёд метавонист вазъияти чашмони дардмандро муташанниҷ гардонад, ҳамчун рамзи икрому эҳтиром китобҳои бадеиро барояш дар манзилаш мехонд, то устодаш аз нотавониаш азият нашавад. Шаби аввали китобхонӣ устод Наимов китоби С.Айнӣ “Ғуломон”-ро интихоб намуд, ки хондани онро дар муддати кӯтоҳ ба итмом расониданд. Ин “маҳфили мутолеаи китоб” боис шуд, ки ҳар шом Баҳром бо дӯсташ Раҳматҷон дар андак фурсат китобҳои зиёдеро (достону романҳо) яке паси дигар қироат намуда, роҷеъ ба онҳо бо ҳамдигар баҳсу мунозираҳои адабиву бадеӣ ташкил намоянд. Баҳром, он замон, ба таъбири маъруф ба “касалӣ”-и китобхонӣ гирифтор шуд, ки ба қавле ин “маризӣ” то охири умраш ӯро раҳо накард.

Донишҷӯён дар он айём зиндагии сахти фақирона доштанд ва аз назари молӣ-иқтисодӣ мушкилоти фаровоне рӯи онон қарор дошт. Аз деҳа, аз хонаводаҳояшон, дар халтаҳо нони хушк меоварданд ва ғазоашон, асосан, ҳамин чойю нону қанд буд... Ҳар сол тирамоҳон ду моҳ ба пахтачинӣ мерафтанд ва аксаран то миёнаҳои моҳи декабр дар сармои шадид бидуни либоси гарму пойпӯши муносиб бо азобу уқубати таҳаммулнопазир пахта мечиданд. Пули ночизе, ки бар ивази музди кори донишҷӯ медоданд, танҳо ба хӯроки нокомил мерасиду тамом…

 

Дар поёни соли охирини таҳсили омӯзишгоҳӣ, қабл аз имтиҳони хотимавии давлатӣ, Баҳром бо як санҷиши ҷиддӣ – бо хурдагириву бюрократияи беинсофии он замон бархӯрд кард. Рӯзҳои таътилии иди май чор-панҷ нафар ҳамсабақон ба деҳотҳои худ рафта, дар роҳпаймоии 1-Май ширкат наварзиданд. Баъди бозгашт ҳамаи шарикон ба унвони дастовез ба мудири қисми илмӣ Орифӣ чор-панҷ килоӣғулингу мавизу биринҷ оварданд, вале Баҳром ин корро бар худ раво надид ва ин боиси мушкилот барои худаш гашт. Рӯзи панҷуми май мудир ӯро ба утоқи идориаш даъват намуда ба истинтоқ шурӯъ кард, ки чаро ӯ дар чунин як маъракаи сиёсиву якдилӣ ширкат накардааст. Мудир ин рафтори Баҳромро нишони нопойдории маънавӣ ва ихтилоф ба ғояҳои замон унвон намуд. Ҳамин гуна, пайваста дар иртибот ба ин мавзӯъ вайро таҳқиру таҳдид мекард.

Баҳром, ки падари маорифпарвараш аз бачагӣ ӯро дар рӯҳияи росткориву ростгуӣ ва ростқавлӣ тарбия намуда буд, дар рӯ ба рӯи чунин ҳуҷуми ноадолатона хомӯш монда натавонист ва иллати ин ҳамларо дар фароҳам наовардани дастовез аз деҳа шумурд. Падараш – шахсияти фарҳангӣ, дар идораи минтақавии омӯзишу парвариш кор мекард ва танҳо ӯ таъминкунадаи хонаводаашон буд, чун модараш се бародару хоҳарони Баҳромро ба воя мерасонид. Музде, ки модар аз кори колхоз ба даст меовард, хеле ночиз буд ва он бо дастмузди ҳамсараш ҳам барои зиндагонии оддии хонавода кофӣ набуд. Бояд гуфт, ки дар он солҳои пас аз ҷангӣ чунин серию пуриро касе барои худаш раво намедид, ба истиснои раиси колхоз ё дигар мансабдори ноҳия, ки аксаран аз ҳисоби дигарон чунин шароитро ба хештан муҳайё намуда, боз нисбати мардуми оддӣ ҷабрҳоеро раво медиданд. Дар натиҷа Баҳроми ҷавони бебок ҳақиқатро ошкор намуд ва ҳар чӣ дар андаруни қалби соддаи бачагонаи худ дошт, бемуҳобот бурун овард, то асрори ин ҳама мунофиқиву ҳасудиву тамаъкориҳо фош шавад.

 Орифӣ аз шунидани ошкоргӯиҳои Баҳром нороҳату асабонӣ шуда пас аз ду рӯз шӯрои омӯзгоронро даъват намуда масъалаи муҳокимаи Баҳроми донишҷӯро дар назди мудири омӯзишгоҳ Юнусӣ гузошт. Дар ниҳоят хулоса чунин буд, ки ӯ сазовори касби омӯзгорӣ нест ва бояд аз сафи донишҷӯён ихроҷ шавад... Ин дар ҳоле буд, ки Баҳром чаҳор сол дар таълимгоҳ бо баҳои аъло хонда, шогирди аввали омӯзишгоҳ буда аксаш дар сафи болоии тахтаи аълочиён қарор дошт ва фақат чанд рӯз то имтиҳони ниҳоии давлатӣ боқӣ монда буд... Мутаассифона он устодоне, ки дар тӯли чаҳор соли таҳсил аз дониши ӯ мамнуну сарфароз нисбаташ суханҳои хуб мегуфтанд ва ҳатто аз ҳузураш ифтихор доштанду ҳамеша таҳсинаш мекарданд – ҳама хомӯш ва сарафканда буданд… Албатта, ин ҳам гуноҳи онон набуд, чун бар асоси иттиҳом бар масоили сиёсӣ дар он айём ҳар кор шуданаш имкон дошт ва ҳатто дар ҳоли пуштибонӣ метавонистанд ҷонибдорон ё муаллимони тарафгирро ҳам муттаҳам ба ихтилоф дар низоми сиёсии давр кунанд. Ҳамчунин, дар он айём одат чунин буд, ки аз пешниҳоди сарвари идора сар печидан баробари тарки кори он идора буд… Ёдашон ба хайр, танҳо устодон – Хамперова ва Наимӣ, оҷизона аз Шӯро раҳму шафқат ва меҳрубонӣ барои ӯ талаб карданд.

Ана, аз ҳамон айём дар сиришти ӯ нафрат ба ноҳақиву ҳаромхӯрӣ, фасоду беадолатӣ, зулму ситам, дурӯғу дағо гӯё махлут гашта бошанд, дар ҳар як ҳикояву қиссааш алайҳи ин гуна хабисон қалам мекашид, симои манфури онҳоро ба мардум ошкор менамуд.

Новобаста ба чунин тазодҳо ва бархӯрдҳои маънавӣ соли 1957 Баҳром Фирӯз муваффақ бар он шуд, ки омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқандро хатм карда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанд роҳхат бигирад. Ҳамон сол мавсуф ба бахши таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи С.М.Кирови шаҳри Ленинобод – ИДПЛ қабул шуда, таҳсилашро идома дод. 

Дар айёми таҳсил  Баҳроми ҷавон ҳамчун донишҷӯи пурҳарорат, боғайрат, фошгӯ ва ҷасур шинохта шуда, баробари ин ҳаргиз зимоми фурӯтанӣ ва хоксориро аз даст намедод. Кам-кам, дер-дер табассум мекард, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ табассуми сохта, хандаи дилу-бедилон надошт. Суханашро – хоҳ талх бошаду хоҳ ширин – даставвал аз ғалбери ақлу ҳуш гузаронда, баъдан ба забон меовард. Аз гирумон, нишастухез ва ниҳоду хулқу атвораш яқин буд, ки аз бисёр баду неки ҷаҳон огаҳӣ дорад. Вақте ҳарф мезад, барои истинод бар воқеияти суханаш на фақат аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Хайёму Мавлонои Румӣ ва ё Айнию Лоҳутию Турсунзода, балки бештар аз осори файласуфон ва риёзидонҳои ҷаҳон қитъаву иқтибос, санад ва далел меовард. Китобҳои дар айёми таҳсил дар омӯзишгоҳ хондааш дар зеҳнаш амиқҷой гирифта ва барои таҳсил дар донишгоҳ хеле кӯмак мекарданд.

 

Замони таҳсил дар донишгоҳ барои Баҳроми навҷавон беҳтарин солҳои ҷавонӣ буд. Дарсу имтиҳонҳо барояш ба осонӣ ба даст меомад, чун таҳкурсии сангин бо пояҳои маҳками дониш дошт ва айёми фориғ аз мутолеа ва таҳсилро ба тамошои филмномаҳои мустанади пурмаънӣ ва пурбор ва дидани маконҳои таърихии вилоят масраф мекард. Ҷавонӣ барои Баҳром ҳамин гуна бо хушӣ мегузашт...

 

Аммо ҳаёти ширин дар пай гоҳе талхиву нокомиҳо низ дорад. Соли сеюми таҳсил – 1960, модари меҳрубонаш – Мусулмонова Ҳикматой нобаҳангом дунёро тарк кард, ки ин як зарбаи ногаҳонии қисмат ба сари ӯ буд. Марги модари бофарҳангаш, ки он солҳо дар Донишгоҳи Қазон унвони устодиро касб карда муаллимаи мактаби деҳот буд, барояш сангинтарин бадбахтӣ ва фоҷеаи хонаводагӣ гардид, ки Баҳроми бисту як соларо комилан аз пой афканд ва ӯ дар фикри бародару хоҳарони бесаробон монда қарор гирифт. Ин фоҷиаи сахти зиндагӣ ӯро ба сӯи он кашонид, ки дар ниҳодаш хоҳиши ба деҳа баргаштан бо мақсади кӯмак ба пайвандонаш ва қарор доштан дар канори падарашро бедор кард.

Баҳром мехост, барои ба камол расонидани хоҳаронаш Норбӣ, Рӯзигул ва бародараш Сафар саҳм гузорад, вале падари орифу фозил ӯро аз ин ният баргардонд ва бо қатъият хостори идомаи таҳсил ва талаби такмили дониши ӯ шуд. Падар кулли масъулияти тарбияи фарзандонро бар дӯши худ гирифт, то Баҳром шахсияти бомаърифат ва донишвар ба камол расида, оянда баробари асои пирии падар шудан, раҳнамову ҳидоятгари бародару хоҳарони хеш гардад.

Марги модар ба дили ҷавону ҳассоси Баҳром чунон ханҷар кашид, ки солҳо ӯро мариз намуд ва танҳо саргармии таҳсил каме ӯро аз даргирии фикриву маънавӣ наҷот медод. Баъдан, Баҳром Фирӯзи шоир, барои модараш шеъри пурэҳсосу пурдардро мегӯяд, ки дар он тамоми ҳиссу афкор, камбуди меҳру муҳаббати модарӣ, эҳсос ва замонҳои танҳоиашро равшан таҷассум намуда, хонандагонро аз бедавоии дарди худ огоҳ мекунад:

 Нигоҳи ростгӯю ростхоҳи ту маро ёд аст,

Нигоҳе, ки ба умри ман нумӯи ростӣ додаст.

Нигоҳе, ки нахустин раҳбару устоди ман буд он,

Нигоҳе, ки ба чашмонам аз онҳо меҳр афтодаст.

Ҳамин тавр, Баҳроми ҷавон шеъргӯиро солҳои донишҷӯӣ дар маҳфили “Адибони ҷавон”, ки пайваста ширкаткунандаи фаъоли он буд, шурӯъ мекунад. Дар он айём нахустин маҳсули эҷодашро барои баррасии умум муаррифӣ карда навиштаҳояшро аввалан аз ордбези маҳфил мегузаронд ва баъдан ба назди устоди маъруфаш, нависандаи барҷастаи тоҷик – Раҳим Ҷалил мебарад, то аз ӯ ҳусну қубҳи ашъори шогирдонаашро шунавад. Устод Р.Ҷалил шеъри нахустини Баҳромро бидуни ягон таҳрир, ҳатто ба таъбире нуқта-вергулашро нарасида мақбул медонад ва дере нагузашта он шеър дар саҳифаи “Ленинободи адабӣ”-и рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ба табъ мерасад.

 

Соли 1962 баъди хатми донишкада устодон қобилияту истеъдоди ӯро ба эътибор гирифта ҳамагон тавсия мекунанд, ки Баҳром Фирӯз дар кафедраи адабиёти донишкада ба кор оғоз намояд.

Ин боварӣ ва эътимоди устодон нисбати муаллими ҷавон буд, ки ӯ камари хидмат бештар ба таҳқиқи амиқи адабиёт ва адабиётшиносӣ ва ба тадриси шавқовару ҷазбноки забони тоҷикӣ мебандад. Илму маърифати назарии хешро дар таҷрибаи омӯзгорӣ ва эҷодиаш самаранок истифода мебарад ва дар муддати кӯтоҳи фаъолият дар кафедраи адабиёт ба каломи бадеъ бештар дил баста, бо арбобони илму санъату фарҳанг ва адибону нависандагони баркамоли ҳавзаи адабии Хуҷанди бостонӣ ба вижа Раҳим Ҷалил, касбомӯзӣ менамояд. Аз ин устоди сахтгиру меҳрубон дарсҳои зеҳниву сайри маънавӣ омӯхта, роҳи эҷодии хешро бо чароғи ҳидояти устод мунаввар месозад.

Бо ҳамин мавҷи сарнавишт, бидуни ягон тадбири ташкил, Баҳромро ба як самт мебурд, ки дар он боди адабиёту фарҳанг бо қудрати шадид мевазид ва шоири ҷавонро ба гирдоби худ мекашид.

Худи Баҳром Фирӯз он бодро чунин тафсир намуда буд: “Дар ҷавонӣ ҳар яке андаке шоир аст. Агар феълан шеър нагӯяд ҳам, эҳтирос ва шавқу завқи ҷӯшоне дорад. Ин эҳсоси сӯзон мубтадои ҳар як эҷодкорию бунёдкорӣ аст. Ман ҳам дар ҷавонӣ як ҷуволи пур-пур аз орзу будам. Он солҳо қариб нисфи донишҷӯёни факултети филологии дорулфунуни шаҳри Хуҷанд адибони ҳаваскор ба шумор мерафтанд. Вале дар дили ман нисбат ба шеъру шоирӣ орзуҳои дигар устувортар буданд. Ин қисса дароз аст ягон бори дигар, чун мавридаш ояд мегӯям. Хуллас, ман ба касби шеър машғул шудам. Сараввал устод Раҳим Ҷалил ва сониян устоди шодравон Боқӣ Раҳимзода ва инчунин дигар шоирони он давр дасти маро гирифта дар ин ҷода басо дилпуриам бахшиданд”.

Аз соли 1962 то 1964 ӯ дар донишкадаи шаҳри Ленинобод дар бахши филологияи тоҷик дарси адабиёт мегуфт. Баробари тадрис шавқи шеър гуфтан ва ҳисси сурудан ҳаргиз ӯро тарк намекард ва натиҷаи парвариши ҳамин эҳсос ва отифаи олии эҷод буд, ки маҳсули қалами Баҳроми ҷавон дар моҳномаву рӯзномаҳо интишор мешуданд.

Шоири тозагомгузор ишқу муҳаббати софу беғубореро дар дил мепарварид ва ҳамин гуна пайваста ишқро тараннум мекард. Меҳру муҳаббат ба оила, зиндагӣ ва халқу ватан барояш парвозҳои баланди эҷодӣ ато менамуданд.

Баҳром Фирӯз солҳои устоди донишгоҳ буданаш ба яке аз духтарони зеботарини шаҳри Хуҷанд ошиқи шайдо шуд. Нозанине, ки қалб ва ҳушу таҳаммулашро рабуда буд, донишҷӯи ҳамон донишкада, шогирди бевоситаи худи ӯ буд. Падару модар ва хешовандони духтар ба аҳду паймон ва висоли ин ду ҷавон монеъ шуданд ва ҳатто ба кӯча баромадани донишҷӯйро манъ карда буданд.

 

Баҳроми ошуфтадил як муддат мисли Маҷнун мушаввашу хотирпарешон гашт, вале дар яке аз рӯзҳои баҳор мошини боркашро киро намуда, ба он ҳамаи гулҳои тару тоза будаи шаҳрро харидорӣ карда, ба манзили маҳбубааш равон шуд. Аз шурӯи тангкӯчаи хиёбони аслӣ то остонаи дари ҳавлӣ як бордон мошин гулро ҳамчун пояндоз андохт ва замоне, ки нависандаи маҳбуб Раҳим Ҷалил, шахси баруманди шаҳри Хуҷанд, бо як гурӯҳ устодон, зиёиён, фарҳангиён ва хешу пайвандони Баҳром ба хостгории дилбараш омаданд, падару модар ҳеҷ чорае ғайр аз ризоят ба арӯсиро надоштанд.

Дар натиҷаи ба қисмат таслим шудани волидайни арӯс, 4-уми январи соли 1964 ин ду ҷавони дӯстдор ба висоли ҳамдигар расиданд, ки баъдан Баҳром Фирӯз инро ба шакли қиссаи ҷаззоб дар повести “Рухсора” ба шоистагӣ таҷассум намудааст.

Худи адиб бобати повести “Рухсора”, ки ҳанӯз ҳам маҳбубияти хосае хонандагонро дорост, чунин гуфта буд: “Баъзе адибон мегӯянд, ки саргузашти худро ҳаргиз навишста наметавонанд, воқеъаи ба он монандро менависанд. Баъзе баръакс, саргузашти худро хамеша бо иштиёқ менависанд ва аз фошофош баён кардани он намеҳаросанд. Ман бештар ба гурӯҳи дуюм тааллуқмандам. Аммо танҳо саргузашти як нафар инсон, бе обу ранги тахайюл ҳаргиз асари бадеъ нахоҳад шуд.

 

  Дар тӯли бештар аз бист соле, ки ба наср машғулам, достону ҳикояҳо навиштам, ва ҳамин чизро ҳис кардам, ҳар воқеъае, ҳар сюжете агар андаке ба саргузашти ман монанд бошад ё аз саргузашти худам бошад, дар он қалами ман бисёр озодтар аст. Яъне сухани навиштаи ман гиротар аст, самимитар мебарояд ва дар ниҳоят, дар ин нигошта муваффақият меёбам. Қиссаи “Рухсора” ҳам муҳаббати ҷавонии ман буд. Инро бисёр ҳамсолони ман медонанд ва шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ба ҷавонон писанд омад ва имрӯз ҳам ба шавқ мутолиа мекунанд”.

Дар заминаи амалӣ шудани орзуҳои руъёбори хеш Баҳроми болупар бадастоварда, гоми баъдиро барои тасхири кори дӯстдоштааш – адабиёт гузошт ва тасмим гирифт, ки ба шаҳри Душанбе кӯч бандад, чун имконоти омӯзиш ва таҳсил дар пойтахти кишвар густардатар ва доманаи анҷоми корҳои бузург фарохтар буд. Ҳамин гуна, қисмат 27 феврали соли 1964 ӯро аз шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба Душанбе барои идомаи фаъолиятҳои навин овард.  

 

Баробари ба Душанбе омадан, дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, ба ҳайси шоир-мушовир дар интихоби матни суруду операю кантатаҳо ба оҳангсозон, ба кор шурӯъ кард. Ҳамзамон, ба кори адабиёту рӯзноманигорӣ низ ҷиддан машғул шуда навиштани шеърҳо, мақолаву очеркҳоро идома дода дар нашри онон пайваста иқдом менамуд. Тақризҳояш ба китобҳо, тарҷумаҳояш аз намунаҳои адабиёти ҷаҳон пайваста дар матбуоти тоҷик ба чоп мерасиданд. Ба қавли маъруф, аз ҳеҷ як “кори сиёҳ”-и адабиёт сар намепечид. Бо киностудияи “Тоҷикфилм” низ ҳамкориҳо намуда матни комили филмҳои бадеиро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума мекард.

Баъди интишори ашъораш дар матбуоти ҷумҳуриявӣ, Баҳром Фирӯз дар доираҳои гуногуни адабии пойтахт муаррифӣ шуд. Ашъори ошиқонаи ӯро ҷавонони тоҷик хеле хуб истиқбол гирифтанд ва мавриди эҳтироми хоса қарор доданд, мисле ки ташнаи чунин шеъру рубоиҳое, ки мамлу аз чакомаҳои ишқу ошиқӣ, аҳду паймон, висолу фироқ, ки тапиши қалби онҳоро шунидаву мегуфта бошад дар дафтари дил навишта ҳифз мекарданду месуруданд.

 Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш “Розҳои маҳтобшаб”, ки он замон, соли 1967 ба табъ расид, дар кӯтоҳтарин фурсат мақбули ҳаводорони шеър афтода аз даст ба даст мегузашт. Ҳатто шеъри “Соя”-аш, дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Эрон (с.1965) мунташир шуд, ки ин он солҳо воқеаи ғайривоқеӣ буд.

     

 

...На варо бохт, на як бурде ҳаст,

  На варо ғуссаву на дарде ҳаст.

  Соя чун ҳайкали холист равон,

  Не дар он гармию не сардӣҳаст.

                           Дӯстам, соя машав!

 Муддате чанд пас аз сокини пойтахт шудан, шоири ҷавон муҳаррирӣ ва сардабирии бахши адабӣ ва намоишкории Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавониро бар ӯҳда дошт. Бо ин ҳама фаъолияти пурсамари корӣ аз домани шеър ва сурудани ашъори ноб раҳоӣ наёфта ва ҳамоно шеърҳои тоза ба тозае мегуфт. Соли 1969 кори телевизионро ба рӯзноманигорӣ иваз намуда раёсати яке аз бахшҳои рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (феълан “Ҷавонони Тоҷикистон”), вазифаи мудири шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботро ба ӯҳда гирифт. Вале ҳамкориро бо бахши адабӣ ва ҳунарии садо ва симои Тоҷикистонро низ дар канор нагузошт ва пайваста тавассути таҳияи барномаҳои адабӣ бо қироати шеър ё порчаҳои мансур ширкат мекард ва муаллифи фаъоли он идора маҳсуб мешуд.

Замоне, ки Баҳром Фирӯз чун шоир-мушовири Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон фаъолият мекард, шумораи зиёди ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ – “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ”, “Газетаи муаллимон” ба сурати сурудаҳои тоза ба нашр мерасиданд ва саҳифаҳои ин нашрияҳоро рангин мегардониданд. Шояд бо сабаби огоҳии зарурӣ аз ин нигоштаҳо буд, ки устод Мирзо Турсунзода – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо тавсияи шахсии худ, Баҳром Фирӯзро барои кор ҳамчун мудири шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ” – нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъват карданд ва баъдан соли 1969 ӯ дар ин нашрияи комилан адабӣ шурӯъ ба фаъолият намуд. Муҳити хуби эҷодӣ, наздикӣ баҳалқаҳои бузурги адабӣ, пайванди маҳкам бо аҳли сухан ӯро бештар ба кори эҷодӣ ташвиқ мекард ва Баҳром Фирӯз ҳама кӯшишу сайъи худро барои таълифи осори боз ҳам аз назари мазмун ва мӯҳтаво ғанитар ва таъсиргузортар равон менамуд. Бо вуҷуди он ки ҳамчун шоир ба узвияти Иттифоқи Нависандагони ИҶШС дар соли 1971 қабул шуд ва шеърҳояшро дӯстдорони назм аз бар мехонданду дар он айём чун шоири ашъори ғиноӣ маъруфият касб кард, дар идомаи фаъолиятҳои эҷодии хеш таълифи насри бадеӣ, аз ҷумла ҳикояҳоро низ ҷиддан пайгирӣ намуд.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни оғози кор дар маҷалла, Баҳром Фирӯзи шоир, ба наср рӯ овард ва аввалин ҳикояи худро бо номи “Бобо” (1971) дар моҳномаи “Садои Шарқ” ба табъ расонд. Ҳарчанд ин навиштаи нахустини мансури адиб дар назари аввал санҷиши қалам ва ҳаваси адабӣ менамуд, аммо баъдтар таҷрибаҳои ҳунарии ӯ боис шуданд, ки дар ин ҷода тавфиқ ба даст оварад. Чанде пас аз чопи нахустин ҳикояаш, “Бобо” ба забони русӣ дар маҷаллаи “Памир” низ интишор шуд. Бо гузашти замоне чанд тарҷумаҳои чехӣ, олмонӣ ва ҷопонии ин ҳикоя низ ба нашр расиданд ва гӯё ин навиштаи насрии адиб қариб нисфи ҷаҳони адабиро сайр кард...

Маҳбубияти нахустин ҳикоя ва тавфиқ дар таҷрибаи нигориши аввалини осори мансурӣ сабаб шуд, ки насри шоири ҷавон таваҷҷӯҳи адибони маъруфу мунаққидони нуқтасанҷ, аз қабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммадҷон Шакуриро ба худ кашад. Дар натиҷаи чунин истиқбол муҳаққиқон ва мунаққидон барояш маслиҳат доданд, ки “Баҳром, шеърат хуб аст, аммо насрат хубтар омад, домани ин шуғлро сидқан сахт бигир”. Худи нависанда ин таваҷҷӯҳ ва ҳидояти бузургонро чунин ба хотир меовард: “Овони ҷавониам, қабл аз шеъргӯиҳо, ман як-ду ҳикоя навишта будам. Мисле ки норасогии таҷрибаи зиндагӣ дар ҷавонӣ кори худро кард. Ҳикояи нахустини маро як муаллими ҷавони адабиёт хонду баъдан гуфт: “Шумо ҳанӯз аз қоидаҳои наср бехабар барин. Образи манфиро кӣ ин хел портрет додааст?”  

Сипас вай ҷумлаи маро хонд: “Ҷавони хушандом, лабонаш доиман ба табассум моил, дар ҳузури бузургсолон ҳамеша дасташ ба сина – боодоб…” Ин тавр намешавад, – ҳукм кард муаллим”. Ман оҳиста эътироз кардам: “Агар риёкориаш дар авзояш аён бошад, вай мардумро фирефта наметавонист...” Вале дар даъвои худ устувор набудам. Баъдан донистам, ки ингуна усул дар адабиёт маълум будаст ва онро “вобастагии акс” мегуфтаанд. Вале дар он айём, пас аз танқид, бо ситеза дастгоҳи нависандагиро бастам. Пас аз он ки ду китоби шеърам интишор шуд, шавқи ҳикояву достоннависӣ боз маро беқарор кард. Ин дафъа устодони мӯътабари ман, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Муҳаммадҷон Шукуров бо сабру таҳаммули зиёд нуқсонҳои маро ислоҳ мекарданд, ба ман дарси нависандагӣ медоданд. Ниҳоят, рӯзе Фазлиддин Муҳаммадиев баъди хондани дастнависи ҳикояи ман ба идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” омада, маро табрик карданд ва гуфтанд, ки бо ин ҳикоя ман расман ба сафи нависандагон даромадам. Ин воқеа соли 1971 буд ва он ҳикоя “Бобо” ном дошт”.


Баҳром Фирӯз аз суханони маслиҳатандеш ва мушовираи муфиди устод Фазлиддин Муҳаммадиев рӯҳи тоза бардошта бо ҷиддият ба насрнависӣ камар баст. Сабаби аз назм ба наср рӯ оварданро нависанда дар пешгуфтори яке аз китобҳояш чунин тафсир карда буд: “Чӣ шуд, ки ман ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гӯё аз шоирӣ истеъфо намудам ва рӯи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва ҳаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваҷҳи тангии чорчӯбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзӯъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барниҳодааст. Шеър – эҳсос аст, ҳақиқат аст. Шеър ҳикмат аст, сӯз аст, оҳанг аст, панди рӯзгор аст, хулосаест аз зиндагӣ, вале он ба ҳеҷ ваҷҳ тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Аммо наср зиндагист, ба зиндагӣ наздиктар аст. Агар хоҳед, ки симои одамони даврони моро тасвир кунеду ба авлодони оянда расонед, бояд ки наср нависед. Масалан, ҳазор сол пеш дар замони Сомониён насри реалистии имрӯза агар менавиштанд, мо имрӯз ҳаёту зиндагии тоҷикони асри даҳи мелодиро аз рӯйи онҳо равшан тасаввур карда метавонистем. Тасвири зиндагӣ дар наср комилтар аст, бинобар ин, ман хостам, ки ҳаёту зиндагии давронамонро аниқтар тасвир кунам...”

Баҳроми Фирӯз хати асили ниёгонро хуб медонисту ба он менавишт, чун аз айёми бачагиаш бобову падари донишпарвару фарҳангиаш барояш онро омӯзонда дар ҳофизаи кӯчаки вай амиқ ҷой намуда буданд. Меҳри хондани китобҳои кӯҳан боис гардиданд, ки вай бо илҳоми саршор аз каломи бузургон орифона сухан мегуфту олимона менавишт. Дарсҳои омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод, тадриси дарси адабиёт дониш ва таҷрибаи ӯро афзун гардонида дар амри таълифи осори мондагор ва асарҳои пурарзиш ӯро пуштибонӣ мекарданд.

Аз ин лиҳоз гузариш аз назм ба наср ба ӯ бо як ҷаҳиши сабук анҷом шуд, ки инро шоир Гулназар низ дар яке аз хотираҳояш чунин овардааст:

“...Дар як рӯзи боронии баҳор аз собиқ бинои Иттифоқи нависандагон баромада, ба куҷое рафтанӣ будем, ки аз пеш устод Мирсаид Миршакар омаданд. Баъди саломуалейк ба Баҳром гуфтанд:

– Аз “Садои Шарқ” ҳикояатро хондам. Гирумонат нағз. Агар ҷиддитар машғул шавӣ, комёб хоҳӣ шуд. Ба Турсунзода ҳам гуфтам”.

Суханони устод Мирсаид Миршакар пайғамбарона будаанд. Баҳром ҷиддӣ ба наср дил баст ва ҳикояҳои дилнишин, қиссаҳои “Рухсора”, “Тору пуд”, “Ту танҳо не”, “Ситораи думдор”, “Тарма”, “Агар вай мард мебуд...”, “Ғафлатзадагон” ва ғайраҳоро эҳдос намуд.

Аз соли 1978 то авоили соли 1980 Баҳром Фирӯз дар ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти бачагону наврасони нашриёти “Маориф” анҷоми вазифа кардааст, ки дар он ҷо бо шоирону нависандагони чирадаст – Гулчеҳра Сулаймонова, Бобо Ҳоҷӣ, Ӯктами Холиқназар ҳамкории мустаҳкам дошт. Дар ҳамон солҳо “Шоҳномаи Фирдавсӣ”-и устод Сотим Улуғзода, маҷмӯаи “Галаситора”, панҷ ҷилдаи “Тазкираи адабиёти бачагон” рӯйи чопро диданд, ки таҳияи китоби дуюми панҷилдаро Баҳроми Фирӯз ба ӯҳда гирифта буд, ки бо нуқтасанҷиву сахтгирии беҳтарин муаллифон ва тарҷумонон таҳия шуда буд. Вай аз он муҳаррирони дақиқу серталаб шинохта шуда буд, ки таҳрири асари муаллифро аз аввал то ба охир бо таваҷҷӯҳи амиқу хоса – нуқта ба нуқта мехонд, сарсарӣ ва беназмиро дар кори таҳриру нашр раво намедид, ба истилоҳи матбуотӣ “халтура”-ро аслан қабул надошту виҷдонаш ҳам иҷоза намедод. Ҷавоби рад ё “не”-ро намедонист. Ҳамагуна асари адабиро новобаста ба заъфу камбуди он, чӣ наср ё назм, бо диққати тамом мехонд, фикрҳояшро батафсил дар ҳошияи саҳифаҳои он навишта, муаллифро мутамоил мекард, ки маҳсули эҷодашро таҷдиди назар кунад, то пухтаву комил интишор шуда, хонанда аз он баҳра бардорад.

Шӯъбаи адабиёти бачагон дар натиҷаи навҷӯйиву навовариҳои муҳаррирони пухтакор корҳои шоистаро ба анҷом расонид, ки дар он саҳми назарраси қаламкаш Баҳром Фирӯзи заҳматкаш ба таври зарурӣ ҳамеша равшану ҳувайдо буд.

Дар нимаи дуввуми соли 1980 мудири шӯъбаи адабиёти бадеии рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” -ро ба ӯҳда гирифт, вале соли 1981 дубора ба нашриёти “Маориф” баргашт. Баҳром Фирӯз дарк намуд, ки фаъолияти рӯзноманигорӣ бештари фурсати барои таълифоти асарҳои бадеӣ ҷудонамудаашро талаф медиҳад ва тибқи тақозои вазифа бар ивази эҷоду офаридани асари ҷадид сафарҳои маъмуриятӣ баҳри навишти мақолаву нигоришоти ғайрибадеӣ банд менамояд.

Баҳром Фирӯз пас аз таъсиси нашриёти “Адиб”, ба ин фарҳангхонаи тозабунёд ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти муосир ба кор интиқол ёфт. Солҳое, ки ӯ мудириро бар дӯш дошт, дар паҳлӯи худ муҳаррирони ҳирфаиро фароҳам овард, ки дастаҷамъона барои боло бурдан ва беҳтар намудани мӯҳтаво ва сифати кутуб талошҳои шоистае аз худ нишон доданд. Бар хилофи он ки Баҳром Фирӯз дар кори интишорот нисбат ба худ ва дигарон серталаб буд, кормандон боз ҳам бо иштиёқ фаъолият мекарданд, чун ростгӯӣ, адолатталошӣ ва ҳақиқатшиносӣ, ҳақпарастӣ, поквиҷдонӣ пешаи ӯ дар зиндагӣ буд, ки онро низ дар муҳити корӣ пиёда карда буд. Мирзо Шукурзода – адиб ва мунаққид, ҳамкориро чунин ёдовар мешавад: “Рӯзҳои аввал бим аз он доштам, ки ӯ ҳам мисли аксар мудирони корфармо ба хислатҳои хурдагириву бюрократӣ ба асаби мо, ходимон, бозӣ хоҳад кард. Хушбахтона, ин гумони ман комилан ботил баромад: Баҳромако дар кори эҷодӣ ва таҳрири китоб моро комилан озод гузошт. Ба масоили чун ба кор дер омадан ё зуд рафтан ва дигар корҳои хурду реза аслан таваҷҷӯҳ надошт ва одамияту одоби мудир моро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба эшон вомедошт”.

Баҳром Фирӯз ба вақту замон ҳамеша эҳтиром мегузошт ва саъй мекард, то аз соату дақоиқ то ҳадди имкон бештар манфиат бибарад, онро барабас масраф накунад. Баръакс, пайваста фурсатро ба маврид, пурбору пурсамар истифода намояд. Аз ин сабаб ӯ ҳамеша дар пайи анҷоми кор, эҷод ё мутолиаи асаре мегузаронд. Шояд бо ин саргармиҳо мехост нобаробариҳову ноадолатиҳои рӯзгорро нодида ва бехабар гирад, ба ҳамаи он иҷборан чашм бипӯшад, чун дар танҳоӣҳеҷ аксуламале наметавонист нишон дод, вале бо дидани андаке рафтори нобаҷо ва қаллобиву ғиромӣ дилмонда мешуду аз пастфитратону ҳаромкорон нафраташ афзун мегашт ва чун ботинан шахси ҳассосу нозукдил буд, аз табиату тинати одам ба биму ҳарос меафтоду мехост бо истифодаи қудрати қалам вокуниш нишон диҳад. Натиҷаи ҳамин хушбиниҳои ӯст, ки ҳоло ҳикояву достонҳои безавол монда.

Дунёи ҳар як офаринанда олами сеҳри сухани ӯст, ки на ҳамаву на ҳамеша ба дарку фаҳмиши он қодир ҳастанд. Баҳром Фирӯз ҳам ҳамеша бо ёди айёми хуши кӯдакию хаёлҳои рангини бачагӣ мезисту меофарид. Аз кӯҳсорону оби равони он худро ҷудо тасаввур карда наметавонист. Ҳамин хаёлҳои ширину рангини даврони кӯдакӣ буд, ки ҳар субҳ ба канори дарё мерафт, варзиш мекард ва аз табиат қуввату қудрат мегирифт, мисле ки ӯро сабзаву об нерӯ мебахшиданд. Ҳар гоҳе ки фурсату имконият даст медод, бе ҳеҷ тааммулу андеша роҳи дараи Варзоб ё маҳаллаи Теппаи Самарқандро пеш мегирифт. Барояш тафовуте надошт, ки айёми гармои тобистон аст ё мавсими ҳукмронии сармои зимистон. Муҳим он буд, ки лаҳзае ба оби равону шаху санги кӯҳсорон рози дил гӯяд, сафҳаи хотираҳои гуворояшро варақгардон кунад ва аз обу ҳавои ҷангалу боғу роғ лаззат барад. Дар талу теппаҳои водии Ҳисор сайругашт кунад, майдонҳои киштро аз қаду бараш гузарад, аз растаниву буттаҳо ҳолу аҳвол пурсад, қад-қади дарёи Варзобу Кофарниҳон назар афканда аз оби равон чизеро пурсон шуда ҷавобе ҷӯяд.

Баҳром Фирӯз мафтуни зебоиҳо ва сиру рози табиат буда зиндагиро бидуни ишқ ба он тасаввурнопазир мешуморид. Сайру саёҳати ӯ бе ҳеҷ барномаи махсус анҷом мегирифту муддати он номушаххас буд.

Адиби роздони асрори табиат аз ҷилои сабзаву гул ва таровиши обшорону чашмасорон маъниҳо дарёфт мекард ва ин рангорангиҳои чаману боғу адирҳоро дар эҷодиёти хеш ба устодии тамом тасвир мекард. Ҷолиб он аст, ки адиби олиназар дар оғӯши табиат рӯзҳои фориғ аз кор машғули парвариши занбӯри асал низ буд. Дар ҳамоҳангии табиат будан барояш хеле муҳим ва шуғли парвариши занбӯри асал як баҳонае буд, ки бештар бо ин васила мехост пайваста дар иҳотаи табиат бошад.

Ӯ он гуна ба занбӯрпарварӣ рағбат пайдо кард, ки мисли асалпарвари пуртаҷрибаи ҳирфаӣ бо шавқу завқи бепоён дар бораи занбӯрҳо ҳикоя мекарду менавишт, ки кас гоҳо шоир ё нависанда будани ӯро зери шубҳа мегузоштанд. Навбаҳорон, аёми дамидани сабзаҳову шукуфтани гулҳои рангоранг бо кандуҳои занбӯри асалаш роҳи дараи сергулеро пеш мегирифт ва ба ҷамъоварии ҳосили занбӯрҳо зеҳн мемонд. “Аз гул ба гуле, аз бутта ба буттае нишастану шира гирифтан чӣ қадар заҳмат, таҳаммул ва ҳаракатро талаб мекунад. Аҷаб кайфияте, ҳикмате, панде дорад тамошои ин манзараҳо. Одамиро лозим аст, ки аз ҳар ҷонвараке ибрат гирад...” Аз муомилаву муносибати эҳтиёткорона ва нозук ба занбӯри асал чунин қисса мекард, ки ҳар нафарро шавқи асалпарварӣ боло мегирифт (ҳикояи “Бӯйгир”). Донишҳо ва нозукиҳои ин пешаро аз асалпарварони асил ва маҷаллаҳои тахассусии асалпарварии шӯравӣ омӯхт, то битавонад барои дӯстон ва хонаводааш асали тозаи кӯҳие фароҳам биоварад.

Ҳамсари меҳрубонаш дар ҳамаи шавқу завқи шавҳараш ӯро дастгиру кӯмакаш мекард, пайваста дар канораш буд, чӣ дар асалпарварӣ бошад ва ё чӣ кӯҳнавардиву фаъолиятҳои дигар ё шуғлҳои дӯстдоштае монанди дуредгарӣ, боғдорӣ ё ошпазӣ ва амсоли ин. Мавсуф дар ҳамаи зинаҳои камолоти зиндагӣ бо шавҳараш ҳамдаму ҳамқадам буд ва дар симои ҳамсар Баҳром Фирӯз ҳам на танҳо модари фарзандонашро медид, балки як ёри азизу ғамхор ва рафиқи мушфиқу самимиро мешинохт, ки дар ҳамаи фурсатҳои хуб ва мушкили зиндагиаш дар канораш қарори беқарор буд. Қадри ҳар лаҳзаи бо ҳам буданро хуб медонист ва барои азизаш шеъру таронаҳои саршор аз ишқу муҳаббат мегуфт. Намунае аз ин ашъори ошиқонаву самимонаи Баҳром Фирӯз сурудааст, ки ин гуна сатрҳо дар он ҷой дорад:

 

Ман ин бода нӯшам барои гуле,

Ки ӯ дар муҳаббат фидокор монд.

Ҳамеша ба рӯям нахандид ӯ,

Валекин ба меҳраш вафодор монд.

 

 Ҳамсари вафодори Баҳром Фирӯз – Саида Бобоева – касби пуршарафи омӯзгориро пешаи худ карда устоди шоёни пуртаҷриба ва шинохташудаи кишвар буда дар яке аз мактабҳои маъруфи пойтахт дарс мегӯяд. Дар тӯли зиндагӣ ва фаъолияти адабиву кории Баҳром Фирӯз, ҳамсари шафиқаш пуштибони нависанда буд, мисли муншии хусусӣ аввалин шуда дастхатҳои шавҳарашро тавассути мошинҳои чопкунӣ ҳуруфчинӣ мекард ва нахустин шуда фикру мулоҳизаҳояшро ҳамчун мунаққид мегуфту чун мушовир маслиҳат медод. Танқиди адабие, ки ҳамсараш пас аз чопи аввалияи асар ба Баҳром Фирӯз ироа менамуд, барои нависанда арзишманд буд ва пас аз баҳсу мунозираҳо он ихтилолот бартараф мегардид. Баъд аз таҳрирҳои мукаррари хеш, ки сарчашма дар таҳлилҳои ҳамсар доштанд, нависанда қиссаҳоро дар рӯзномае ба чоп мерасонид, ё ба сурати китобе медаровард.

Ин ҷуфти меҳрубон тамоми солҳои зиндагонии боҳам дӯстдори ҳамдигар буданд, бидуни якдигар ҷое намерафтанд, истироҳат намекарданд. Он замон равобити адабиву фарҳангии нависандагони шӯравӣ ва ҳавзаи кишварҳои сотсиалистӣ хеле қавӣ буд ва Баҳром Фирӯз ҳам чун маъмурияти корӣ хеле зиёд дошт, сайъ мекард дар ин мусофиратҳо бо ҳамроҳии Саидабону бошад. Ҳангоми мураххасӣ низ, ҳатман боҳам, ба хориҷ аз кишвар, ба мамлакатҳое чун Олмон, Югославия, Булғористон ва амсоли ин ё истироҳатгоҳҳои маъруфи замони шуравӣ чун Сочи, Питсунда, Юрмала, Коморова ва ғ. мерафтанд, ки ин албатта боиси сар задани ҳар гуна суханони ҳасудонаи афроди мухталиф мегашт.

Хонадоне, ки появу оҷураш аз ишқу муҳаббат, ҳамдиливу ҳамфикрӣ ва иззату дӯстдорӣ бунёд шудааст, бешубҳа фарзандони солиму шоистаи эҳтиром ва соҳибкасбу соҳибназареро ба воя мерасонад. Искандар, Парвона, Марворид ва Ифтихор нишонае аз Баҳроми Фирӯз ҳастанд, ки ҳар кадоме аз қиблагоҳи бузургворашон дарси одаму одамгарӣ, ростқавливу ростгуӣ, некбиниву дурустандешӣ, адолату савият ва меҳру вафо омӯхтанд ва имрӯз аксаран роҳи падар – садоқат ба суханро ҳар яке бо шеваи худ идома медиҳанд.

Фарзандони ин хонаводаи фарҳангӣ дар доираи адабӣ бузург шуданд ва аз рафту омади ҳамешагии дӯстон, шогирдон ва ҳаводорони шеъру адаб файзҳо бардоштаанд, чун дарҳои хонаи Баҳроми Фирӯз ҳамарӯза барои ёрон боз буд. Нишастҳои то поси шабӣ, ки бо сӯҳбату баҳсу мубоҳисаҳои муфиди ҷории адабӣ, сиёсӣ, фалсафӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва масоили марбут ба замону макон бо хондани шеъру тафсири достонҳои тозаэҷод ва муаррифии асари адабӣ дар сари дастархон – бо оши “палав”-и дастпухти нависанда ва қадаҳи шароби қирмизи дастсохти ӯ идома меёфтанд, ба фарзандони ӯ бетаъсир намонд ва онҳо сайъ мекарданд ба ҳарфҳои соҳибақлу соҳибсуханон гӯш дода аз ин ҳамнишинии муфид барои худашон бардоштҳое намуда дар маърифати ҳар яке аз ин суханони санҷида иқдом намоянд. Маҳз, ҳамин ҳамдамии равшандилон сабаб гардид, ки фарзандони таҳсилкардаву тарбиядидаи нависанда ба адабиёту забоншиносӣ бетавофут нашуданд ва дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иҷтимоии кишвар фаъолият карда, номбардори падари рушанфикрашон гардидаанд.

Баҳром Фирӯз бо вуҷуде, ки худ зодаи навоҳии Самарқанди бостонӣ (ҳоло ин шаҳри тоҷикнишин дар қаламрави кишвари Узбекистон аст) буд, худро сирфан тоҷик медонист ва аз ин лиҳоз барои зиндагӣ ва кору эҷод Душанбе – пойтахти тоҷиконро интихоб намуд. Ҳамеша аз маҳалгароиву маҳалбозӣ дурӣ ҷуста, аз нафароне, ки аз камидрокиву беистеъдодӣ, аз заифиву нотавонбинӣ фақат ба манфиати маҳдуди маҳалли худ ба ин гуна амал ва хислатҳои ношоён даст мезаданд, бо нафрат менигарист. Дар ҳар суханрониву баромадҳояш ба ин гуна ашхоси пастфитрат танаффурашро баён дошта таъкид менамуд, ки набояд барои ба мартабаву сари қудрат расидан, барои манфиати молӣ ва зиндагии роҳати худ аз чунин ҳисси бади маҳалгароӣ истифода намуд ва набояд маҳалпарастӣ, ки бар хилофу зарари манфиати миллӣ асту метавонад ҷомеаро бадбахт созад, фоҷеаҳое бар сари мардум биёрад ва ё имкони дар ниҳоят пора кардани якпорчагии кишвари тоҷикро дорад, роҳ дод.

Мутаассифона, баҳмани соли 1990, пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати шуравӣ ва ба истиқлолият расидани Тоҷикистон, дар Душанбе нооромиҳо шурӯъ шуданд. Ҳаводису таҳаввулоти он рӯзҳо ва воқеаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандӣ зуҳури нерӯҳои навро дар саҳнаи кишвар боис шуданд. Ин буд соли андӯҳовару ҳузнангези пур аз фоҷиаҳо, таҳаввулоту табаддулот, беназмиву бесаранҷомӣ, таъқибу таҳқир, қатлу ғорат ва муҳоҷират.

 Баҳроми Фирӯз ба масоили мубрами он рӯзи ҷомеа бетараф набуд, назари хоса дошт ва бо силоҳи худ – қалам – мақолаю нигоштаҳои мухталиф алайҳи ислоҳотталабони кӯтоҳназар, мансабталошону маҳалгароён муборизаи беамон мебурд, халқро ба ваҳдату ақли солим даъват мекард, ба дахолату дасисаҳои аҷнабиёни зиёнкор лаънат мехонд. Равшан буд, ки ин фаъолияти нависанда ба душманони миллати кӯчаки мо ба дурустӣ хуш намеомад...

Баъдан майдоннишиниҳои мутазод оғоз ёфтанду дигар оромиву осудагии мардум, сӯҳбату нишастҳои беғамона якбора барҳам хӯрданд. Ҷанги бародаркуш сар зад. Баҳроми Фирӯз мехост аз ин ҷанҷолҳо дуртар бошад, тавре мегӯянд, мехост набинаду насӯзад. Қалбаш аз ҳама ин низоъҳои бемаъниву бемантиқ озурда гашта буд. Баъд аз он ки ҷангу ҷидол, куштори рӯйирост шурӯъ шуд, сахт дилмондаву ноумед гардид. Таҳсили панҷсола дар бахши таъриху адабиёти донишкада барабас набуд, ӯ таърихи ҷангҳоро дақиқан медонист ва шояд аз ин сабаб пешгӯӣ мекард: “...дасту дилам ба кор намеравад, ҳайфи ин кишвари обод. Дар сарзамине, ки аз ҷаҳолату гумроҳӣ хуни ноҳақ рехт, мардум ҳадди ақал ҳафт-ҳашт сол оромиву осудагиро намебинанд...”

Кишвар ба коми ҷанги дохилӣ печид. Деҳ ба деҳ, ҳамсоя ба ҳамсоя, бародар ба бародар даст ба гиребону гулӯи ҳамдигар шуданд ва ниҳоят дару хонаву боғу роғи сӯхтаву тахриб шударо партофта ҷон ба каф гирифта ҳаросону гурезон рафтанд.

Ниҳоятан, нависанда низ маҷбур шуд, пойтахтро тарк кунад ва ба сурати муваққат ба Хуҷанд равад. Ин муҳоҷирати иҷборӣ барномаҳои кории ӯро вайрон ва руҳияро шикаста бошад ҳам, ақидаҳои ҳусни тафоҳум ва сулҳҷӯёнаи худро тавассути шабакаи радио, телевизион ва рӯзномаҳо дар Хуҷанд низ изҳор дошта таҳаввулоти сиёсиро қадам ба қадам дунбол мекард. Ба кори эҷодӣ ҳамвора машғул мешуд ва ба қавли худаш рӯзе набуд, ки қалам ба даст нагираду чизе нанависад...

Нахуст, пас аз ба Хуҷанд омадан, Баҳром Фирӯз дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Ленинобод фаъолияти хешро идома дод ва сипас ба унвони муҳаррир дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” анҷоми вазифа намуд. Сониян бо ибтикориаш таъсису нашри маҷаллаи ҷадиди “Сайҳун”-ро ба роҳ монд ва то охири умри худ, яъне то 25 сентябри соли 1994 сардабирии маҷаллаи мазкурро бар ӯҳда дошт.

Ғами номуттаҳидии миллат, ғофилии насли наврас, нотинҷии замона ва нооромии хиёбонҳо, табаддулоти қонуну қавоину бозиҳои сиёсӣ, тарси таъқиботу васвасаи дунболагириҳо, бераҳмиву зулму ситам, хонавайрониву бародаркушӣ, муҳоҷирату ғарибиҳо, дардҳои ватани азияткашидаву захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ асабҳои ҳассоси пайкари шоирро абгор карданд, бори дили нависандаро аз ҳад зиёд гарон сохтанд ва хеле зуд ба қалби нозуку фарогири Баҳром Фирӯзи меҳандӯст чангол кашиданд. Ин буд, ки аҷал аз пайи гусастани риштаи умри ӯ афтода, 25 сентябри соли 1994, марги беамон ин марди нексиришт ва адиби пурмаҳсулро бармаҳал аз миён бурд. Марги нобаҳангом нависандаи пурҷӯшу ифшогарро аз азобу азияти дидан ва оҷиз будан бар рӯ ба рӯи ноадолатии иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳукмфармоии ҷаҳлу фасод озод намуд ва чуноне ки Низомии Ганҷавӣ гуфта аст, адибони забардаст намемиранд, балки ба баҳри сухан ғӯта мехӯранд... Мутаассифона, хеле, хеле зуд ғӯта хӯрд...

Бояд зикр намуд, ки Баҳроми Фирӯз марди ҷисман солиму қавӣ, варзишгару гиёҳхор, ки зотан бояд умри тӯлонӣ медид, ҳамагӣ се сол пас аз фавти падараш – Мусулмонов Бобо, ки 16 июли соли 1991 дар синни 88 аз њассосият ба сўзандармони пениссилин (на аз маризӣ ва на аз солмандӣ!), реҳлат кард, нобаҳангом ин ҷаҳони пурталотумро тарк намуд.

Баҳром Фирӯз дар оромгоҳи “Гумбази Қошуқ”-и шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд. Чун марди табиатпарвар буд, парвардигор хонаи охираташро низ дар боғи серниҳолу сергул ва пурсабзаву чаман ҷой додааст. Болои санги мазораш дарахти сершохест бо гулҳои зард, ки бештари фасли сол сабзу гулафшон аст ва рӯи он чорбайтиаш ҳаккокӣ шуда, ки хулосаи зиндагию осори ин адиби некномро таҷассум мекунад:

 Аз марг амон кӣ ёфт, то ман ёбам,

Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам.

Шеърам ҳамагӣ паёми фардои ман аст,

3-ин беш ҷаҳон кӣ ёфт, то ман ёбам?

 

 Баҳром Фирӯз бо қалби пур аз умеду орзу, бо мақсаду нақшаҳои аҷибу наҷиб, бо тафаккури ормонгарову хостаҳои хушбинона умр ба сар мебурд, вале қисмат барномаи худро дошту рӯъёҳои тарроҳӣ ва танзимшударо иҷозаи татбиқшавӣ надод. Танҳо сурудаҳои дилнишин ва осори фаровоне аз он азиз боқӣ монда, ки андаке хисорати ҳасрату осеби ҷуброннопазирро мутаҳаммил мекунанд:

 

Баъд аз сари мо низ ҷаҳон хоҳад буд,

Ин гиряву ханда ҷовидон хоҳад буд.

Обе, ки ба ҷӯй меравад нолон аст,

З-ин ҷӯй гузаштан ормон хоҳад буд.

 

 Фалсафаи ашъори Баҳром Фирӯз моро ба ҷаҳоншиносии бузургони гузашта мекашонад ва ҳамоно дар меҳвари эҷоди адиб кӯтоҳ будани умру бебақоии олам ва муваффақу барқарор шудани инсонро дар маърифати он нишон медиҳад. Рубоиёти ҷаззоби суханвар афкори фалсафии пешиниёнро ба мо ёдовар мекунаду таълим медиҳад ва бар пояи мутолеаи ин сурудаҳо идомаи ҳаёту мамотро бознигарӣ мекунад.

Адиб дар мавриди дигар, бо такя бар таҷрибаи зиндагонии худ шоирона ба ҳамзамонону имрӯзиён ва фардоиён талқин мекунад, ки ҳамеша дар тайи пок будану пок зистану пок андешидан буд, чун ба қавли ӯ “дар тирамаҳи умр мусаффо будан”, натиҷаи муҳими умр аст.

 

Хоҳам ба мисоли оби дарё бошӣ,

Гаҳ гулшану гаҳ бодияпаймо бошӣ.

Ҷӯшиву хурӯшиву ситезӣ, аммо,

Дар тирамаҳи умр мусаффо бошӣ.

 

 Андешаҳои ҳассосу самимии ӯ мисли парвонаҳои рангоранг аз шохсори қалбаш ба ҳама сӯй – лонаҳои дили дигарон дар парвозанд ва ин дилнишинӣ боис шуда, ки мардум эътирофаш кардаву дӯсташ медоранд. Шеър дардҳои зиндагиро дармон мебахшад ва ба монанди чашмаи зулол тавассути орзуҳо инсонро шодоб месозад. Инсонҳои хайрхоҳу дурандеш, онҳое, ки пас аз сари худ дар маъбади дилҳо номи неку ёди нек боқӣ мегузоранд, барҳақ, аҳён-аҳён ба дунё меоянд. Худованд ба инсонҳои покзамиру покандеше, ки амсоли борони тозаи баҳорӣ ҳавои ҳастиро аз гарди ҳасад ва ғубори кинаву бухл пок месозад, сеҳри сухан ва мағзи пурандеша медиҳад. Ҳосили шинохти ин фалсафаи зиндагонӣ дар аксари сурудаҳову навиштаҷоти Баҳром Фирӯз таҷассум дорад.

 

Ба ҷуз шеърҳои ошиқона дар миёни сурудаҳои Баҳром Фирӯз ашъори муосир дар худшиносиву худогоҳии миллӣ, фарогирии мавзӯи забони модарӣ ва давлатӣ, ватандӯстӣ ва амсоли ин нақши муассир доранд. Аз ҷумла дар банди ниҳоии шеъри “Забони модарӣ” ҳастии забонро шаҳодати вуҷуд унвон намудааст, ки ба ҳастии таърихии миллати тоҷик бар асоси мероси бозмонда тавассути ин забон ишорат намуда, мутолеаи он ифтихор аз чунин соҳибзабониро дар ниҳоди хонанда бедор мекунад:

 

Ту аввалин суруди мо,

Қиссаи “Буд-набуд”-и мо.

Забони модарӣ, туӣ,

Шаҳодати вуҷуди мо.

 

 Ашъори ватандӯстонаи Баҳром Фирӯз низ саршори ғояҳои ватандорӣ ва муҳаббати самимӣ нисбати обу хоки диёр мебошанд. Шоир Ватанро ҳастии худ ва дидаи бино, қудрату тавон ва нуру зиёи хеш медонад. Аз ин рӯ, барои шоир Ватан ҳам модару ҳам фарзанд – ҳама аст. Бегумон ин сурудаи соддаву самимонаи шоир дар бораи Ватан як суруди беҳтарини меҳанпарварист, ки он дар вуҷуди ҳар хонанда муҳаббату дилтастбагӣ ба Ватанро бедор мекунад:

 

 Ватан модар, Ватан фарзанд,

Ватан чашмони биноям.

Ватан аз ман, ман аз ӯям,

Ватан – имрӯзу фардоям.

 Агар гӯяд Ватан: Рав ту,

Дигар ҷо подшоҳе шав.

Бигӯям дар барат монам,

Ту бар ман сарпаноҳе шав.

 

 Ин сурудаи шоир ҳамон қитъаи маъруфро ба хотир меоварад, ки бо шева ва тарзи нав гуфта шудааст ва ҳамоно талқини ватандорӣ ва дар Ватани худ ҳамеша будан ва садоқат доштан аст.

 

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон беҳтар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон беҳтар.

 

Шеъру рубоиёташ аз соли 1960 дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ пайдарпай мунташир мешуданду сониян се китоби ашъораш “Розҳои маҳтобшаб” (1967), “Силсила” (1973) ва “Тафти дил” (1984) ба табъ расиданд. Ӯ дар ашъораш кӯҳҳои сар ба фалак кашида, дарёҳои пурмавҷ, боғу бӯстон, дашту биёбонҳои бекасу кӯй ва манзараҳои фаслҳои сол, олами набототу ҳайвонот, сабзаи навхези кӯҳсорону гулу хорро тавассути истифодаи муваффақонаи саноеи бадеӣ, аз ҷумла ташбеҳу тавсиф, сифатчиниву истиора ва амсоли ин тараннум намудааст, ки ин пеш аз ҳама аз таваҷҷӯҳи амиқи суханвар ба олами атроф, хоса муъҷизаҳои табиати нотакрор дарак медиҳад. Баҳром Фирӯз бо назардошти он ки худ айёми кӯдакии хешро дар русто, дар доманаи кӯҳсорон сипарӣ намудааст, кӯҳҳоро ба гаҳвораи худ, нахустин муҳити зисташ шабеҳ мекунад, ки рӯзгори зебояш аз он ҷо оғоз меёбад:

 

Кӯҳҳо - гаҳвораи ман, аввалин ҷавлонгаҳам,

Аз ҳамин ҷо роҳи умру зиндагӣ сар кардаам.

Аз ҳамин ҷо бори аввал чашми ҳайрат дӯхта,

Ман ба паҳноии олам низ бовар кардаам...

 

Баҳром Фирӯз – адиби маъруфи тоҷик ба майдони адабиёт чун шоири умедбахш ворид шуд ва дар муддати кӯтоҳ чун шоири нуқтасанҷ эътироф гардид. Шеъру таронаҳояшро мардуми шеърдӯсту шоирпарвари тоҷик замзама мекарданд, ҳаводорони ашъораш баъзе аз онҳоро чун суруди дилангез дар маҳфилу шабнишиниҳо, тӯю сурҳо месароиданд, ошиқон дар гулгашту хиёбонҳо ба дилбастаҳояшон чун тафсиргари асрори дил қироат менамуданд.

Аз ин шоири ширинхаёлу адиби нуқтапардоз барои ҳамдиёрону ҳамзамонон ва ояндагон номи нек монда, ба унвони ёдгор сурудаҳову шеъру рубоиёт монда, чун нишона ҳикояту қисса монда, чун хотира андешаву мулоҳиза монда...

Академик Раҷаб Амонов, нависанда ва муҳаққиқи маъруфи тоҷик дар мавриди ашъор ва ҳунари шоирии Баҳроми Фирӯз дар маҷаллаи “Пайванд”(Номаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, № 8, саҳ 53-64, Теҳрон, Эрон, 2006) чунин навиштааст: “Нахустин маҷмӯаи шоири шодравон Баҳроми Фирӯз бо шеъри “Салом кӯҳсор” оғоз меёбад. Барои шоир кӯҳсор мисли модари дилсӯз ва ё маҳбубаи мушфиқ, маҳрами роз ва сарчашмаи суруду илҳом аст. Ӯро рӯди кӯҳӣ, рафиқи тундхӯи беқарори кӯҳсорон, насими гулафшон, парвози баланди уқобон ба ҷӯш меорад. Шоир бо сарбаландӣ ба ёд меорад, ки ҳаёт, эҳсосот ва фикру андешаҳои ӯ бо кӯҳсорон, бо ҳар чизе, ки дар оғӯши пурфайзи он ҳаракат ва нашъунамо мекунад, пайванд дорад:

 

 Ба истиқболи ман меояд оби рӯди пурғавғо,

Рафиқи тундхӯи беқарори кӯҳсоронам,

Ба сӯям мевазад боди баҳори гулфишон аз нав

Табассум мекунад бар ман замину осмон ин дам.

  

Ҳушамро мебарад кӯҳсор парвози уқобонат,

Аз он мурғи хаёли шӯхи ман парвоз мегирад,

Дилам гум мезанад ҳар бутта ин ҷо ошно бар ман,

Сурудам аз хурӯши чашмаҳо оғоз мегирад...

  

Зи нав дар фарқи кӯҳам медавад наҳр аз таҳи поям,

Дар ин ҷо бишнавӣ аз ҳар дара акси садои ман,

Сари ҳар тал намоён милаҳои чида бо дастам,

Дар ин ҷо рӯи барфи қулла монад нақши пои ман.

 

Осори манзуми солҳои охир вобаста ба мавзӯъ ва мазмуни шеър, манзараи баҳор ё зимистон, тирамоҳ ё тобистонро ба ҷилва меорад. Шоир аз мулоқоти ду дилдода сухан мегӯяд ва ба лаззат ва зебоии ин мулоқот натанҳо ба равшанӣ ишора мекунад, балки шукӯҳи ин фаслро чунин тасвир менамояд:

 

 Баҳорон буд

Вақти хандаи гулҳои наврӯзӣ

Замин аз ҷасту хези рӯдҳои кӯҳ меболид

Сабо чун дасти модар бо навозишиҳову дилсӯзӣ

Сари сабзи ниҳоли арчаро оҳиста мемолид.

Ману ту роз мегуфтем,

Дили ман ҳам баҳоре дошт.

Айёми шукуфтанҳо.

 

Шоир дигар лаҳзаи фаромушнашуданиро дар фасли дигаре бо манзараи дигар ба тасвир мекашад. Дар ин ҷо тасвири манзараҳои зебои табиат ба ҳунари шоирии Баҳром Фирӯз ва мушоҳидакориҳои шоиронаи вай таъкид мекунанд:

 

Нишаста зарраҳои барфи серун,

Ба гесуи ту чун алмос метофт,

Ту мисли наварӯси шоду мамнун

Табиат бар сари ту парда мебофт

(Баҳроми Фирӯз. Мулоқоти нахустин)

 

 Дар ин гуна шеърҳо ҳар калима дар ифодаи ҳодиса вазифаи муҳим дорад. Ва дар шеъри ёдшуда ишорае ба наварӯс ва зикри тӯри пардаи барфӣ ду лавҳа ба пеши назар меояд: рӯзи зимистон ва чеҳраи хуррами наварӯсе, ки аз рӯи одати мардуми тоҷик ба рӯяш тӯри ҳарири сафед андохтаанд”.

Хуршеди ҳамаафруз – султони осмону замин, ҳаётбахши инсону ҳайвонот, нерубахши набототу сабзаҷот, соҳибқудрати мутлақи табиат шоири борикбину нозуксанҷро бо рангорангии фаслҳои солу анвои дигаргуниҳои мавсимӣ ва падидаҳои табиат илҳом мебахшиду пиряхҳои махуфи солдида ва қуллаҳои рӯй ба фалак кашида болу пар ато мекард, дараҳои тангу пурсанги кӯҳсорӣ ва дарёҳои обсарду шӯхи пурмавҷ ба ҳаяҷон меоварду, боғу бӯстони сабзу хуррам ва сабзазорони беканору гулҳои хандон баргезандаи майлу хоҳишу тавоноӣ барои офариниш буд.

Таваҷҷӯҳи шоирро ҳаводиси ғалабаи инсон бар табиат ва тағйири муҳит бо истифодаи ақлу зеҳн низ ҷазб менамояд, чун сарзамини тоҷик – водиҳо, доманаҳои тангу тор ва фароху густардаи он, соҳили дарёҳои имрӯза намуд ва таровати дигаре доранд ва бо ободиву босафоии беназири таърихи гузашта тавофути кул доранд. Дар замони мо, инсон қувваи азими рӯдҳои пурталотумро тобеи худ карда, заминҳои хушкро зархез гардонида аз синаи кӯҳҳои баланд ганҷҳои пурбаҳо берун меоварад, ки инро Баҳром Фирӯз дар ашъораш мунъакис кардааст. Ӯ бо орзую умеди ояндаи неки диёру ҳамдиёронаш эҷод мекард ва тавассути навиштаҳояш башардӯстӣ, табиатдӯстӣ ва дар дили онҳо тухми некӣ мепошид, барояшон русуми накӯкорӣ меомӯхт.

Соли 1991, Баҳром Фирӯз, барандаи ҷоизаи тоза-таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ гардид. Ин матлабро Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар хотироташ, ҳангоми табрики нависанда чунин шарҳу тавзеҳ додааст (октябри соли 2009):

“Соли 1991, вақте ки ба ман ҷоизаи ба номи устод M.Турсунзода ва ба Баҳром ҷоизаи ба номи устод С.Айниро доданд, мо аввалин барандагони ин ҷоизаҳои навтаъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будем.

Баҳром дар хонааш зиёфат орост ва ман ҳам ба табрики ӯ рафтам. Азбаски таъхир карда будам, охирин меҳмони зиёфаташ ба назар меомадам.

– Ҳоло мукофотҳои болотару шоистатари Шумо дар пеш, – гуфтам ба ӯ ҳангоми муборакбод.

– Ман барои мукофот наменависам, – гуфт ӯ. – Муҳаббати хонандагон ҷоизаи бузурги ҳар адиб аст.

Ӯ ҳақ аст. Ин ҷоизаи асл, яъне муҳаббати хонанда, Баҳром Фирӯзро зинда нигоҳ хоҳад дошт”.

Мутаассифона хуршеди умри Баҳроми Фирӯз хеле зуд бар сари девор рафт, вале боз ҳам аз ӯ бар мо ин асарҳои пурқимат ҷовид монда:

 

“Розҳои маҳтобшаб” – Душанбе, “Ирфон”, 1967, (шеърҳо)

“Силсила” – Душанбе, “Ирфон”, 1973, (шеърҳо)

“Пайи ситора” – Душанбе, “Маориф”, 1975, (ҳикояҳо)

“Ганҷ аз вайрона” – Душанбе, “Маориф”, 1978, (повест ва ҳикояҳо)

“Рухсора” – Душанбе, “Ирфон”, 1978, (повест)

“Ту танҳо не” – Душанбе, “Маориф”, 1980, (повест ва ҳикояҳо)

“Ты не одинок “ – Москва, “Детская литература”, 1981, (повесть и рассказы)

“Ҳақиқати талх” – Душанбе, “Ирфон”, 1981, (ҳикояҳо)

“Аз арш то фарш” – Душанбе, “Маориф”,1983, (достон ва ҳикояҳо)

“Тафти дил” – Душанбе, “Ирфон”, 1984, (шеърҳо)

“Тору пуд” – Душанбе, “Маориф” ,1985, (достон ва ҳикояҳо)

“Агар вай мард мебуд…” – Душанбе, “Адиб”, 1987, (повестҳо)

“Пеш аз шаби арусӣ” – Душанбе, “Адиб”, 1989, (ҳикояҳо ва достонҳо)

“Была бы она мужчиной” – Душанбе, “Адиб”, 1990, (повесть и рассказы)

“Саҳнаи гардон” – Душанбе, “Адиб”, 1993, (мақола ва очеркҳо)

“Ғафлатзадагон” – Душанбе, “Адиб”, 1994, (роман).

 

Баҳром Фирӯз аз он такадибоне буд, ки метавонист дар ҳамаи унсурҳои адабиёт эҷоду бунёд кунад, чӣ шеъру рубоӣ бошад, чӣҳикояву достон! Беш аз панҷоҳ (!) ҳикояҳои мухталифи рӯзгор аз арафаи инқилоб то даврони муосирро офарида беш аз панҷоҳ (!) филмномаҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ду китоби достон ва ҳикояҳои ӯ ба забони русӣ низ мунташир шудаанд: Соли 1981 нашрияи “Детская литература” дар Маскав маҷмӯаи ҳикояҳо ва қиссаи “Ты не одинок”-ро, ки тарҷумаи “Ту танҳо не “ маҳсуб меёбад, ба нашр расонид ва китоби “Была бы она мужчиной”, тарҷумаи достони “Агар вай мард мебуд...” дар Душанбе соли 1990 муаррифӣ гардид.

Бархе аз ҳикояҳо ва силсила шеърҳои Баҳром Фирӯз дар матбуоти Русия, ки он замон матбуот ва интишороти марказӣ дар шаҳри Маскав дониста мешуданд, низ ба чоп расидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо иборатанд аз: “Таронаи октябр” (1967), “Наврӯзӣ” (1968), “Утренняя книга” (1971), “Млечный Путь” (1972), “Поклон земле родной” (нашриёти “Художественная литература”, Москва 1974), “Колосья одного снопа” (1976), “Восход” (Фрунзе, 1978), “У подножия голубых гор” (нашриёти «Художественная литература”, Москва 1979), “Фаввора” (1979), маҷмӯъи адабиёти бачагонаи тоҷик, “Ласточка” (1981).

Ҳамчунин бархе аз осораш ба забонҳои ҷумҳурияҳои ИҶШС тарҷума шудаанд. Баробари ин, дар кишварҳои берун аз Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҶИЭ, Булғористон, Чехия, Словакия ва Ҷопон низ интишор ёфтаанд.

Баҳром Фируз, чун забони русиро ҳамчун забони модарӣ медонист, силсилаи ашъор ва достонҳои адибони рус ва кишварҳои дигар – М.Лермонтов, А.Блок, Ҳ.Олимҷон, Д.Кугултинов, Ф.Алиева, шеърҳои шоирони булғор, осори насрии П.Свирки, А.Грин, “Бодбонҳои қирмизӣ” ва ғ. ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Дар матбуоти ҷумҳурӣ мақолот, тақриз ва очеркҳои мухталифро роҷеъ ба пешрафти шеъру шоириву маҳорати адабӣ, омӯзишу тадрис ва мушкилоти адабиёт, фарҳанг, иқтисод ва сиёсат пайваста ба нашр расонида, аз ин роҳ дар ташаккули фазои фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар нақши муассир гузоштааст.

 

Фишурдаи муаррифии осори Баҳром Фирӯз ва мӯҳтавои аслии онҳо ба тартиби зайл аст:

 

“РОЗҲОИ МАҲТОБШАБ” нахустин китоби шеърҳои шоири ҷавон – Баҳром Фирӯз мебошад, ки дар нашриёти “Ирфон” соли 1967 интишор шудааст. Шоир дар ашъори мунташиргардида манзараҳои зебои Тоҷикистон, заҳмати мардуми меҳнатқарин, дӯстиву рафоқат ва ишқу муҳаббати покро тараннум намудааст. Сурудаҳои шоир лабрези эҳсоси самимии инсонӣ ва баёнгари нидои қалби поки ошиқӣ мебошанд ва ин боиси зуд ба дилу дидаҳои хонандагон ҷойгирифтаниононгаштааст. 

  

 

Шоир Баҳром Фирӯз дар маҷмуаи ашъори “СИЛСИЛА”, ки соли 1973 тавассути нашриёти “Ирфон” чоп шуда буд, ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдод ва авлод шеърҳоеро фароҳам кардааст, ки саршори меҳру вафо ва сидқу сафои гӯяндаи он мебошанд. Шоир афкори кӯҳна ва нав, дирӯз ва имрӯзро бо назари тозае тафсир мекунад ва аз баландии онҳо ба оянда назар менамояд, то ки оҳанги силсилаҷунбони давраҳоро дарёбад ва ба дӯстон расонад. 

 

  

Нахустин китоби ҳикояҳои нависанда Баҳром Фирӯз “ПАЙИ СИТОРА” унвон дорад, ки соли 1975 тавассути нашриёти “Маориф” ба чоп расидааст. Дар ин маҷмӯа аз пайкори ҳаррӯзаи наврасону ҷавонон, орзую ҳавас, некию бадии кирдори онон сухан меравад. Адиби ҷавон хонандаро ба сайри кӯҳсор мебарад, аз дашти Ёвон то заминҳои навободи Мирзочӯл – кишвари худ, одамони сарбаланд ва меҳнатдӯстро бо хонанда ошно мекунад. 

 

  

 

Повест ва ҳикояҳое, ки дар китоби “ГАНҶ АЗ ВАЙРОНА” дар соли 1978 дар нашриёти “Маориф” чоп шудаанд, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ. Даврони навҷавонӣ барои ҳар инсон як ҳаёти тамомест, таҷрибаи минбаъдаи он ба ӯ имкон медиҳад неку бадро, сафеду сиёҳро дақиқан аз ҳамдигар фарқ кунад. Ин китоб нафақат барои ҷавонон аст, балки дар он масъалаҳои гуногуни ахлоқ, маърифат, одату анъана, муҳофизати муҳит ба муҳокимаи хонанда гузошта шудааст Қаҳрамонони Баҳром Фирӯз наврасони зираку заранг, бовиҷдон ва заҳматкашанд, ки аксар мисли ганҷ аз вайронаҳо берун омадаанд.” 

 

 

Достони “РУХСОРА”, ки соли 1978 аз чоп баромад, дар байни хонандагон маҳбубияти хоссае касб намуд. Муаллиф дар повести худ аз қадамҳои нахустини ҷавонони навкор дар муҳаббат, барору нобарориҳои он, аз муносибати ӯ ба атрофиёнаш ҳикоя мекунад. Қаҳрамони достон аз мардум ва ҳамзамонони хеш зиёда серталаб аст ва баъзан қатъиятро аз якравӣ фарқ намекунад. Адиб бе ҳеҷ талқину ташвиқ воқеаҳоеро тасвир намуда, ба хонанда имкон медиҳад, ки аз руйдодҳо хулосае бардорад. Чунон ки қаҳрамони он Вафодор мегӯяд: “…ин ҳақиқати оддиро ҳар кас бояд ба тарзе, ки худаш метавонад, кашф кунад”.

 

 

Маҷмӯаи ҳикояҳои “ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ” сирфан аз достонҳои кӯтоҳ иборат буда аз тарафи нашриёти “Ирфон” соли 1981 чоп шудааст. Баҳром Фирӯз бо истифода аз мушоҳидакории нависандагии худ дар китоби ҳикояҳояш симои маънавии одамони давронро бо муҳҳабат ва самимияти тамом, воқеӣ ва пур аз фикру мулоҳиза тасвир намудааст ва хонандагонро низ водор месозад, ки баробари ӯ фикр карда, ҳаматарафа ба мулоҳиза гиранд.

 

 

 

Повести “ТУ ТАНҲО НЕ” соли 1980 аввал дар шумораҳои 5-6-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳамон сол тариқи нашриёти “Маориф” интишор шуда буд, ки мавзӯъ ва маводу матолиби ин қиссаро хонандагон аз муаллиф интизор набуданд, зеро нависанда аз илми маъданшиносӣ ва кори маъданҷӯён иттилоъи кофӣ надошт. Ҷолиб аст, ки воқеоти повест дар миёни гурӯҳи маъданҷӯён иттифоқ афтода, қаҳрамони ӯ кӯҳкану геологҳоянд. Худи нависанда, Баҳром Фирӯз, дар бораи ин асараш чунин назар дошта: “Ин қисса ҳам саргузашти воқеӣ аст. Тирамоҳи соли 1975 ман ҳамроҳи як дастаи маъданҷӯён ба кӯҳҳои Тавилдара, соҳилҳои рӯди Оби Хингов, то наздикиҳои пиряхи Гармо рафта будем. Ба ман муяссар шуд, ҳамкоронам дар асл кию чӣ буданамро надонанд. Агар нависанда буданамро медонистанд, ман хеле чизро аз даст медодам. Ин қисса аз таъсироти ҳамин ҳамкорӣ. Албатта беомодагӣ, илми геологияро наомӯхта танҳо аз материали зиндагӣ образҳои каме беш мукаммал ва асари ҷиддӣ офаридан амри муҳол аст”. Нависанда тасвир ва васфи табиат, кӯҳсори тоҷик ва водиҳои он, дарёҳои кӯҳиву манзараҳои онро нафақат барои изҳори эҳсосот ва рӯҳи ватандӯстӣ, балки барои ифодаи андешаҳои худ дар бораи ҳаёт, ақидаҳои фалсафиву ҷаҳонбиниаш дар ин қисса нишон дода аст. Достони “Ту танҳо не” бо баррасии масъалаҳо муҳими ахлоқу одоб ва ташаккули шахсияти қаҳрамони ҷавон ҷолиб аст.

Тарҷумаи достони “Ту танҳо не” соли 1981 бо исми “ТЫ НЕ ОДИНОК” дар Москва, тариқи нашриёти “Детская литература” барои хонандагони русзабон пешниҳод гардид ва дар тамоми шуравӣ паҳн шуд.

“Есть в повести и рассказах, составивших эту книгу, дорогие автору мысли о человеке, о земле, о корнях, связывающих поколения. Писатель утверждает мысль об ответственности каждого перед землёй, на которой мы живём. К юношеству обращается он со своими раздумьями о том, что к жизни надо относиться серьёзно. Жить во имя добра – к этому зовёт писатель”, чунин навишта буд дар пешгуфтори ин китоб нависандаи шӯҳратманди тоҷик Сотим Улуғзода.

  Китоби “АЗ АРШ ТО ФАРШ” маҷмӯаи ҳикоя ва қиссаҳое мебошад, ки нашриёти “Маориф” соли 1983 нашр намудааст ва мухотаби ин китоб навҷавонону наврасон ҳастанд. Ҳикояву қиссаҳо аз хотироти бачагӣ то муҳаббати нахустин ва худшиносиҳо, чунон ки дар урф мегӯянд, аз арш то фаршро фароҳам овардааст, ки ин амр ба огоҳии комил ва дидгоҳҳои хосаи адиб ба зиндагӣ ва шинохтҳои инсон ишорат дорад.

 

 

 

Маҷмуаи шеърҳои “ТАФТИ ДИЛ” соли 1984 тавассути нашриёти “Ирфон” ба дасти хонандагон расид. Дар ин китоб ашъори дар тӯли бист сол сурудаи шоир ба тарзи гулчин фароҳам омадааст. Бештарин абёти дилчаспу дилнишини шоир аз муҳаббат ба Ватан, обу хоки сарзамини диловез, мардуми ҳунарпарвари он мебошад. Даҳ сол аз ин муқаддам китоби ашъори ҷаззоби шоир дастраси ҳаводорони шеър гашта буд. Дар тӯли ин даҳ сол Баҳром Фирӯз хеле кам шеър гуфт ва бештарин айёми худро сарфи нигориши қиссаву ҳикояҳо намуд ва дар ин миён агар фурсат даст медод, ашъори овони пешинашро дигарбора такмилу таҷдиди назар менамуд. Инак, ӯ боз омад ба сари шеър, ки машқи он ба нависанда заминаи устувори эҷодкорӣ мебахшид.

 

Повести “ТОРУ ПУД”, ки соли 1985 ба чоп расидааст, аз садоқат ва фидокории зани тоҷик ҳикоят мекунад. Инсони оддӣ, ки аз дигарон ҳеҷ тафовуте надорад, баробари дар зиндагиаш мушкиле ба вуҷуд омадан, чунон хислатҳои ҳайратангез, сифатҳои пинҳоншударо зоҳир мекунад, ки хонандаро ба андеша водор месозад, то муносибати худро ба атрофиён, махсусан ба аъзоёни хонавода боре амиқтар андешида тағйир диҳад.

Китоби “Тору пуд” иборат аз повест ва ҳикояҳои саршор аз масъалаҳои ахлоқиву ҳаётӣ буда, бо равоншиносии амиқ ва санъати болои нигорандагии муаллиф дили хонандаро тасхир мекунад. Дар достони “Тору пуд” масъалаи одамият ва муҳофизати он аз тааррӯзи ноодамон хеле тезу тунд мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор ёфтааст.

Китоби повестҳо “АГАР ВАЙ МАРД МЕБУД...” соли 1987 дар нашриёти “Адиб” мунташир шуд. Ин китоб, ки аз се повести нависанда фароҳам омада аст, масъалаҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷикро аз ҷиҳатҳои гуногун мавриди тасвир қарор дода аст: шикасти сарват дар муқобили муҳаббату садоқати инсонӣ, кору зиндагии ҳалол дар рӯ ба рӯи фиребу дасисаҷӯиҳои ҳаромкорону қаллобон, ишқу вафодорӣ дар ҳамоҳангии орзуҳои ҷавонӣ. Як хусусияти махсуси қиссаҳои адиб дар он ба зуҳур мерасад, ки бештарини воқеа ва қаҳрамонони асарҳои ӯ заминаи устувори ҳаётӣ доранд. Аз ин сабаб муаллиф дар пешгуфтор навишта аст: “Бунёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд. Ман саргузашти ононро ба тарзе ки мехостам, рангу бор ва равиши тоза додам, чунон ки вассаю болори иморати шикастаро барои бинои нав ба кор мебаранд. Ва ин бинои навбунёд ба он иморати кӯҳнаи воқеӣ ба ҷуз вассаю болор шабоҳате дигар надорад. Муродам аз таъкид ин аст, ки агар касе худро бишносад, маро домангир набошад”.

Китоби “Агар вай мард мебуд...” бо исми “БЫЛА БЫ ОНА МУЖЧИНОЙ” дар нашриёти “Адиб” соли 1990 барои хонандагони русзабон бо тарҷумаи достонҳои “Рухсора”, “Дорога в тумане”, “Лавина” ва худи достони “Была бы она мужчиной” пешниҳод гардидааст, ки дар он муаллиф мушкилоти мавҷудаи он замон, таъсири ахлоқӣ ва маънавии онро мавриди баррасӣ қарор дода аст.

 

 

 

Китоби “ПЕШ АЗ ШАБИ АРӮСӢ” тавассути нашриёти “Адиб” дар соли 1989 бо интишори повести ҳамноми китоб ва ҳикояҳо (беш аз 40!) ба хонандагон пешниҳод шуда аст. Повести ҷадиди адиб аз ишқи маъсуми духтари ҷавон ба нависанда – қаҳрамони достон, ҳикоят мекунад, ки аз зиндагии даврон ва қонуну қавоиди замон ошно мекунад. Муҳаббати ҳақиқии инсонӣ ин қабл аз ҳама дилбастагӣ ва дӯстдории аз ҳад зиёд, фидокорӣ ва қурбонӣ ба исми ишқ, пок аз гуноҳу ҳилаву найранг аст, ки ҳоло ин чун як падидаи азбайн рафта истода мебошад.

Ҳамчунин, маҷмӯи ҳикоёти адиб ва қиссаи “Ситораи думдор”, ки дар ин китоб фароҳам омадааст, аз паҳлӯҳои мухталифи рӯзгори мардуми тоҷик – аз арафаи инқилоб то рӯзҳои шикасти карахтию даврони бозсозӣ дар мисоли саргузашти одамон, муҳаббату нафрат ва заҳмату талошҳои онон нақл мекунад, ки ин нуқта ба гуногунрангии мавзӯии навиштаҳои адиб ишорат менамояд.

Маҷмӯаи мақола ва очеркҳо “САҲНАИ ГАРДОН” (соли 1993) намунаи маҳсули фаъолияти эҷодии наздик ба биступанҷсолаи нигорандагӣ дар чанд риштаи мухталифи адабиёт – тарғибу ташвиқ, тақризу таҳлил, мусоҳибаву мақолот дар мавзӯҳои доғи мухталифи рӯз навишташударо фароҳам овардааст, ки ҳама ба фаъолияту рӯзгори талху ширини мо марбутанд. Ба ҳамин истинод намуда Баҳром Фирӯз дар ин китоб шеъру ҳикоёту достонҳоро канор гузошта назари худро ба паҳлӯҳои гуногуни рӯзгору зиндагӣ, фарҳангу адабиёт, омузишу тарбия, рафтору кирдор, иқтисоду иҷтимо ифода карда диққатро ба зисту маишати мардум равон мекунад, то ҷамъият дар дарки маънои зиндагӣ ва маишати инсонӣ чашмро бинотару ақлро гиротар кунад.

“Кадоме аз фозилоне давр гуфта аст, ки инсон табиатан ба зеру нерумандии ҷисмонӣҷаҳд менамояд. Аммо ҳеҷ кас накӯкориро машқ намекунад. Ба фикрам, фарзанди инсонро накӯкорӣ бояд омӯхт. Ман дар ҳар як китоби деҳқонии худ ба дилҳо тухми накӯкорӣ мепошам”, – навиштааст муаллиф дар ин китоб.

Романи “ҒАФЛАТЗАДАГОН”, соли 1999 дар нашриёти “Адиб” пас аз марги муфоҷои нависанда бо фарогирии қисми аввали романи “Ғафлатзадагон”, интишор шуд. Китоби мазкур воқеоти солҳои сиюм то шастуми қарни гузаштаи навоҳии Самарқанди шӯравӣ – ҳаёти сахту фақри аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати фимобайни табақоти иҷтимоӣ, сӯиистифода аз қудрату мансаб, фуқдони қонуну қавонини шаҳрвандии кишвар ва адами шинохти фард ба унвони инсон бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихиро дарбар мегирад. Қаҳрамони асосии роман марде, ки бо нерӯи идроку дӯстиву муҳаббат ба муқобили ноҳақию ноинсофиву ноодилӣ мубориза бурда талошгари ҷойгоҳи лоиқу шоистаи худ дар ҷамъияту зиндагӣ аст, мебошад. Инчунин дар ин китоб хотироти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, шоирону нависандагон – Гулчеҳра Сулаймонова, Абдумалик Баҳорӣ, Кароматуллои Мирзо, Додоҷон Раҷабӣ, Саидалӣ Маъмур, Пайванди Гулмурод, Мирзо Саидзода (Мирзонасриддин) ва Тӯҳфа Расулӣ ва ёддоштҳои бархе аз ҳамкорону дӯстони нависандаи шодравон Баҳром Фирӯз нашр шудаанд.

 

Нависанда Баҳром Фирӯз пас аз офаридани чунин достонҳову ҳикояҳои ҷаззоб дар байни мардум ҳаводорони зиёде пайдо кард ва инчунин дар адабиёт низ ба дараҷаи устодӣ расида, дастгиру мададгори навқаламон низ буд. Андешаву мулоҳизаҳояшро бепардаву ошкоро роҷеъ ба эҷодиёти ҷавонон дар хусуси аслу моҳияти ҳикоя, шеваҳои аслии нигориши он, мафҳуми шеъри нав, равишҳои ҷадиди таснифу таълиф, сабку услуби тозаи достонсароӣ ва ғ. иброз мекард, ки на ҳамеша ва на ба ҳама писанд меомад. Албатта ин ҳақиқатгӯиву баёни фош боиси малули хотири бархе аз нафарони адами истеъдод мешуд. Ба сараш борони маломат мерехт, вале таҳаммули чоплусӣ ва тамаллуқкориро надошт ва чун ба таъбири шоир гуфта “фош мегуфту аз гуфтаи худ дилшод буд...”

Баҳром Фирӯз аз сӯйи дигар, устодони худро фаромӯш намекард ва ҳамеша дар бораи ҳар кадоме аз онҳо бо самимияту эҳтироми вижа сухан мегуфт, аз некиву сабақашон, ёриву дастгириашон ёдовар мешуд.

Устодони шодравонаш Мирзо Турсунзода, Мирсаиди Миршакар, Боқӣ Раҳим-зода, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, дӯсти соҳибҳунараш Ҷумъа Одинаро дар ҳар давраю маҳфил бо ҳарфи нек хотирагӯӣ мекард. Дар хусуси адибони забардаст С.Улуғзода ва А.Баҳорӣ, мунаққиди нуқтасанҷ – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дӯстони дигари ҳамқаламаш бо меҳри беандоза сухан мегуфт.

 

Муҳаммадҷон Шакурӣ, олими забардаст ва мунаққиди барҷастаи тоҷик, аксари эҷодиёти Баҳром Фирӯзро аз ғалбери адабӣ гузаронидааст ва ба бештари онҳо тақризи илмиву адабӣ ва нақди шеърӣ навиштааст. Ҳар сухан ва ҳар фикру андешаи гуфта ва навиштаи Устодро Баҳром Фирӯз бо таваҷҷӯҳ ва диққати тамом мутолеа намуда, нигоштаҳои хешро бар асоси мулоҳизоти ин донишманди беназир ва устоди раҳнамову ғамхор ислоҳу такмил мекард.

Шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ роҷеъ ба эҷодиёти Б.Фирӯз навиштааст: “...Пайванди ногусистании инсон ва табиат, бо чашми ҳайрат ва мафтунӣ ба сирру асрори табиат, аҷоибот ва ҳусни беолоиши он нигаристани инсон, хусусан хурдсолон дар ин ҳикояҳо на бо калимаҳои зебо ва суханороии зоҳирӣ, балки бо сухани оддӣ, бо қувваи тасвири мушаххас нишон дода шудааст. Б.Фирӯз аз рангу равғани романтикӣ худдорӣ мекунад. Шавқи пурзӯри инсон, ки аз мушоҳидаи манзараҳои табиат ва ё рафтори ҳайвоноти гуногун бедор шудааст, дилбастагӣ ва меҳри самимии одам нисбат ба боғу роғ, кӯҳу дара, чашмасорону обшорон ё ки нисбат ба ҷонварони дӯстрӯи содиқ ва монанди инҳо дар асарҳои Б.Фирӯз бо падидаҳои мушаххасашон намудор мегарданд. Чашми хонанда, хусусан хонандаи ҷавонро ба зебоиҳои зиндагӣ, ба ҳусни табиат ва дунё кушодан, диққати хонандаро ба дидани наҷобати дили инсон ва хулки неки ӯ равона кардан, ба ин восита барои устувории пояҳои инсоният дар ҷомеа кӯшидан як шакли ифодаи башардӯстӣ дар асарҳои Б.Фирӯз аст. Ин башардӯстии олӣ масъулиятшиносии шахсро низ дарбар дорад. Нависанда на фақат меҳри зиндагӣ ва инсонро дар дили шахс мустаҳкам мекунад, балки зимнан чунин фикреро ҳам талқин менамояд, ки шахс дар назди чунин инсони асил, дар назди зиндагӣ ва сарзамин ҷавобгар буда, хулқашро ба онҳо мувофиқ гардонад, барои муҳофизати онҳо тайёр бошад, нагузорад, ки ба ин ҳама ҳусну зебоӣ ва назокату наҷобат осебе расад. Б.Фирӯз ба таври хосе ҳисси масъулияти шахсро  дар назди ҷомеа қувват медиҳад. Ба забони халқ бо эҳтиёткории тамом наздик шудан ва аз ин ганҷина дурдонаҳо ҷустан аз давраҳои аввали таърихи адабиёти шӯравии тоҷикӣ, хусусан бо ҷаҳду ҷадали устод Айнӣ бисёр ривоҷ ёфта буд. Имрӯз ин корро нависандагони миёнсол ва ҷавон давом медиҳанд. Ин гурӯҳ сабки саҷияофаринии тоза ва назари амиқбин доранд, мактаби таҷрибаи адабиёти ҷаҳониро гузашта, имрӯз дар ин роҳ баъзан хеле эҳтиёткор буда, анъанаҳои Айнӣ, Икромӣ, Улуғзодаро бештар ба тарзи дигаре ва ҳар кадоме ба таври худ инкишоф медиҳанд. Баҳром Фирӯз ҳам дар ҳамин қатор аст.

Насри Баҳром Фирӯз аз дигар ҷиҳатҳо ҳам як ҳисса аз он ҷараёнест, ки бо номи Ф.Муҳаммадиев, С.Турсун, Кӯҳзод, А.Самадов ва монанди инҳо вобастагӣ дорад. Бо диққати тамом нигаристан ба симои ҳамзамонон, аз феълу атвори онҳо зарра-зарра ҷамъ овардани нишонаҳои одамият ва кӯшиши ҷиддӣ дар роҳи устувории пояҳои он ҳоло моҳияти эҷодиёти бисёр нависандагони тоҷикро ташкил мекунад ва Б.Фирӯз яке аз онҳост.

Арзишҳои маънавии ҷовид бунёди одамиятро ташкил менамоянд. Онҳоро бодиққат омӯхтан, дар рафти дигаргуниҳои пурсуръати замони тӯфонии мо муҳимтарин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият маҳфуз доштан вазифаи бузурги гуманистӣ мебошад. Адабиёт ҳам дар ин роҳ хизмат мекунад. Аҳамияти аксари асарҳои Баҳром Фирӯз низ дар ҳамин аст”.

Баҳром Фирӯз роҷеъ ба мазмуну мӯҳтавои китобҳояш аз хонандагон номаҳои зиёд мегирифт ва ҳатто аз мамлакатҳои хориҷӣ, аз китобхонаи конгресси ШМА ва ғ. аммо мактуби хонандагони оддӣ, деҳқону донишҷӯ, муаллиму коргар, муҳандису табибон барои ӯ аз ҳама азиз буд ва ният дошт рӯзе аз навиштаҳои онон китобе мураттаб созад. Китоб аз номаҳои хонандагон! Вале ҳайҳот умр боқӣ накарду ба ин орзуи деринаи хеш нарасид.

Ӯ вазифаи адабиёт ва масъалаи асосие, ки дар назди он дар замони муосир гузошта шудааст, дар пешниҳоди матолибе дар зовияи адабиёти пешқадами равшанфикрон дар ҳамаи давру замонҳо барои некӣ ва накӯкорӣ, барои тавфиқ ва такмил ёфтани инсон медид. Адабиёти мо ин анъанаи муқаддасро давом медиҳад. Ба фикри ӯ, “адабиёт беш аз ҳар вақт бояд барои тарбияи ҳисси-маънавии инсон, барои пойдории накӯкорӣ, ростию поктинатӣ, дӯстию рафоқат талош созад” ва ӯ аз навиштаҳои худ ҳамин талаботро дошт. Ҷаҳдаш бар он буд, ки дар ин мубориза сухани бурро ва таъсирбахше гӯяд, “зеро ҳар асаре, ки бо шавқу рағбат хонда намешавад, сарфи назар аз ғояи олӣ, фикри бикр, мавзӯи обнарасида ва ё фасоҳату назокату муҳиммияти мавзӯяш вазифаи худро адо карда наметавонад. Дар мусобиқа бо кино ва телевизион барин васоили пуртаъсир адабиёт бояд мақоми худро аз даст надиҳад”.

Дар мавриди нақшаҳои кориаш гуфта буд, ки “чунон ки адиби маъруф Расул Ғамзатов фармудааст, камон ба даст ба раҳи шикор баромада, кас намедонад чӣ сайде мегирад. Ман ҳам пайваста ҷустуҷӯ ва такопӯйҳо дорам, орзумандам монанди дӯстон ва ҳамқаламони пуркорам китобҳои дилписанд нависам. Ба ғайр аз ин, ман адиби ҳикоятнависам ва пайваста ҳикоя менависам. Ҳикоя дар насри солҳои охир мақоме хосае дорад. Дар назар чунин меояд, ки адабиёти тоҷик фақат аз рӯи ҳикоя бо адабиёти пешқадами дигар миллатҳо ҳамсарӣ кардан метавонад. Ҳайфо, ки муҳаққиқону мунаққидони тоҷик ҳанӯз аз ин равнақ ё огоҳӣ надоранд ва ё фурсати таҳқиқи онро наёфтаанд. Ҳаками мӯътабар боз ҳам айём аст ва хонандагони мӯътабар”.

 Осори адабии Баҳроми Фирӯз аз вижагиҳои хосе бархӯрдор мебошад. Ӯ чӣ дар назм ва чӣ дар наср адиби комёб ва муваффақ маҳсуб мешавад. Хидмати мондагори адиб бо нишону подоши давлатӣқадр гардида аст. Баҳроми Фирӯз “Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон” ва барандаи “Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ” мебошад. Суханвари соҳибном дар авҷи камолоти умр ҷаҳони моро падруд гуфт, аммо бо эҷоди ҷаҳони хеш – дунёи шеъру адаб дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ва дар қалби дӯстдорони китоб ва муҳибу мухлисони каломи бадеъ умри сармад ёфт.

 

БАРХЕ АЗ МУЛОҲИЗОТИ АҲЛИ ИЛМУ АДАБ БОБАТИ НАВИСАНДА БАҲРОМИ ФИРӮЗ

 

“Қалами ӯ чунин иқтидор пайдо кардааст, ки аз резапораҳои зиндагӣ маънои муҳимме бароварда, пеш аз ҳама одамиятро устувор мекунад”.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, академики Академия улуми Тоҷикистон, с.2009

 

“Баҳром Фирӯз мардуми худро хуб мешиносад, дар асарҳояш хусусиятҳои миллии зиндагӣ ва одатҳои тоҷикон ба таври ҳақиқӣ инъикос меёбанд. (Гӯштингирӣ – мусобиқаи паҳлавонон”). Дар ин росто насри Баҳром Фирӯз ба адабиёти бисёрмиллатии шӯравии солҳои охир мутобиқ мешавад, ки дар он мавзӯи ахлоқӣ аввалиндараҷа мебошад”.

Сотим Улуғзода, нависанда, узви вобастаи Академия улуми Тоҷикистон, с.1982

 

“Чӣ дар ҳикояҳои хурду чӣ дар қиссаҳояш, чӣ дар очеркҳояш, ки ҳар яке паҳлӯҳои гуногуни зиндагиро фаро гирифта буданд, вай шоир монд. Масъалаҳои нав ба навро ҷустуҷӯ мекард, баҳсҳои ӯ хонандаро ба фикру андешаҳо гирифта мебурд”.

Гулчеҳра Сулаймонова, шоир, с.1999

 

“Баҳром Фирӯз дар бораи қиссаю ҳикояҳоям мақолаҳо навишта буд, ҷонибдориям мекард, шахсе, ки борҳо дар зиндагӣ дастгирам гашта... Акнун аз ӯ бароям ёд монда, суратҳои бо ҳам гирифта, номаҳо, навиштаҳояш монда.

Кароматулло Мирзо, нависанда, с.1995

 

“Муболиға намешавад агар гӯям, ки Баҳром Фирӯз ҳар як достони нави худро барои мутолиаву машварат даставвал ба Муҳаммадҷон Шукуров ва камина месупорид. Ман дастнависи асарҳои ӯро бодиққат мехондам. Аз образҳои мукаммали офаридааш ва аз бозёфтҳои ҷолиби бадеияш ба завқ меомадам. Ман ба ин хотираҳои парешони худ бо се байти тозаи мувашшаҳ нуқта мегузорам:

 

Боз ёдат мекунам, эй дӯст, шабҳои дароз,

Аз вафоти нобаҳангоми ту бо сӯзу гудоз.

Ҳайфам ояд аз ғуруби моҳтоби мӯҳташам,

Рафтию бинҳоди андар қалби мо дарду алам.

Одати мо нест, аммо нолаю оҳу фиғон,

Монад осори наҷибу номи некат ҷовидон

                             Абдумалик Баҳорӣ,  с.1998

 

“Ман бисёр ҳикояву қиссаҳо ва романи “Ғафлатзадагон”-и ӯро хондаам. Ҳамин баҳои устод Шакурӣ ба тамоми эҷодиёти Баҳром хос аст. Вай адиби ҳақталош, дар кору зиндагӣҳам яксухану якрӯ буд ва чунин рафтор мекард”.

Гулназар, шоир, октябри 2009

 

“...Вақте ҳарф мезад, барои далели сухан на фақат аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Хайёму Мавлонои Румӣ ва ё Айнию Лоҳутию Турсунзода, балки бештар аз осори фалсафа ва кимиёгарону риёзидонҳои ҷаҳон мисолу иқтибосҳо меовард.”

Додоҷон Раҷабӣ, нависанда, с.1999

 

“Чунонки бузургон гуфтаанд, суханварон таваллуд доранду мурдан не. Баҳром Фирӯз суханвари асил буд ва номи ӯ бо беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ, яъне бо сухан зинда хоҳад монд”.

Саидалӣ Маъмур, шоир, с.1999

 

“Бо навиштаву эҷодаш меҳмони азизи ҳар хонадон аст. Маҳбубият дорад миёни хонандагони сершумораш. Ва як сухани нек ба сони чашмаи мусаффое бошад, ки умре замини эътиқод ва орзуҳои инсонро шодоб созад”.

Латофат, шоир, с.2009

 

“Баҳром Фирӯз симои сирф тоҷиконаву нуронӣ ва ботини зебо ҳам дошт...

...Хабари тарҷумаи намунаҳо аз осори нависанда ба забонҳои олмониву ҷопонӣ ва англисӣ моро ба ваҷҳ меовард. Дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи гузашта чунин рӯйдоде басо нодир буд ва маъниҳои баланди осори адабии Баҳром Фирӯзи сухангустар аз ёди мо ва ҳазорҳо тан хонандагони осори он фарзанди сарафрози Самарқанди шӯҳраи даҳр нарафтааст ва нахоҳад рафт”.

Мирзо Шакурзода, адиб, с.2009

 

“Ман фикр кардам, ки ҳикояҳои акаи Баҳром тахмин аз панҷоҳ бештаранду то ҳол дар бораашон мақолае нахондаам. Бетарафиву бетафовутии ҳамнишину ҳамсолон касро алам мекунад. Аммо акаи Баҳром аз шеър ё ҳикояи хуби дигарон хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки аз адибони насли мо ҳеч кадоме мисли Лоиқ забонро хуб намедонад. Ё аз ҷавонон Низом Қосим шеърҳои дилнишин менависад. Китоби Фарзонаро чоп кардем. Ман мудири шӯъба. Лекин як калимаро ҳам дигар накардам. Баъзан китоби шоирони номдорро сип-сиёҳ карда ба дасташон бармегардонем. Ана пас аз ақиб айб кофта мегарданд. Лекин ман аз онҳо наметарсам...”

Мирзо Саидзода (Мирзонасриддин), нависанда, с.1999

 

“Баҳром Фирӯз аз мутолиаи осори ҷавонони соҳибзавқу ҳунарманд меболид, бе ҳеҷ дудилагӣ дастгириашон мекард ва дигаронро даъват мекард, ки аз адибони соҳибистеъдод ибрат бигиранд.”

Пайванди Гулмуродзода, рӯзноманигор, с.1995

 

“Ғоибона аз рӯи ҳикояву очерк ва шеърҳои ҷаззоби Баҳром Фирӯз ба воситаи радиову телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо мешинохтам. Ва орзу доштам аз наздик бо ин марди хирад шинос шавам. Ман гумон доштам, ки Баҳром Фирӯз як марди солдидаи мӯйсафед ва хеле ботаҷрибае ҳаст, ки навиштаҷоташ пухтаю бо далелҳо силсилабандӣ шудаанд. Дидам, ки марди хеле ҷавони боқуввати мӯйсиёҳ, аммо соҳиби таҷрибаву пухтакор. Дар рафти ҳамкорӣ бо ин марди закию зиндадил ба ин бори дигар бовар ҳосил намудам”.

Тӯҳфа Расулӣ, рӯзноманигор, с. 1999

 

“Ҳамин тавр, дар муддати тӯлонӣ чандин китобҳо (достону романҳо) яке паси дигар хонда шуданд. Баҳромҷон ҳам ба “касалӣ”-и доимии китобхонӣ гирифтор шуд, ки то охири умраш давом кард. Яъне устод Наимов ӯро ба ин “касалӣ” гирифтор карда буданд”.

Раҳмат Давлатов, дӯст ва ҳамсабақ, с.2009

 

“Баҳром Фирӯз ҷӯяндаву ёбанда буд, ҳамеша дар ҷустуҷӯ буд. Осори тозаву нав меофарид. Забони асарҳояш тоза, мантиқаш баланд, қаҳрамони қиссаву ҳикояҳояш бофтаи хаёлӣ набуда, балки одамони ҳақиқии некному некбин мебошанд”.

Расул Шарифов, дӯст ва ҳамсабақ, с.2008