ПЕШ АЗ ШАБИ АРӮСӢ

Китоби “ПЕШ АЗ ШАБИ АРӮСӢ” тавассути нашриёти “Адиб” дар соли 1989 бо интишори повести ҳамноми китоб ва ҳикояҳо (беш аз 40!) ба хонандагон пешниҳод шуда аст. Повести ҷадиди адиб аз ишқи маъсуми духтари ҷавон ба нависанда – қаҳрамони достон, ҳикоят мекунад, ки аз зиндагии даврон ва қонуну қавоиди замон ошно мекунад. Муҳаббати ҳақиқии инсонӣ ин қабл аз ҳама дилбастагӣ ва дӯстдории аз ҳад зиёд, фидокорӣ ва қурбонӣ ба исми ишқ, пок аз гуноҳу ҳилаву найранг аст, ки ҳоло ин чун як падидаи азбайн рафта истода мебошад.

Ҳамчунин, маҷмӯи ҳикоёти адиб ва қиссаи “Ситораи думдор”, ки дар ин китоб фароҳам омадааст, аз паҳлӯҳои мухталифи рӯзгори мардуми тоҷик – аз арафаи инқилоб то рӯзҳои шикасти карахтию даврони бозсозӣ дар мисоли саргузашти одамон, муҳаббату нафрат ва заҳмату талошҳои онон нақл мекунад, ки ин нуқта ба гуногунрангии мавзўии навиштаҳои адиб ишорат менамояд.

 

Download

Downloaded 1134 times