ПЕШ АЗ ШАБИ АРӮСӢ

Китоби «ПЕШ АЗ ШАБИ АРӮСӢ»  бахшида ба 80-солагии нависандаи шодравон Баҳром Фирӯз, барандаи ҷоизаи адабии устод Садриддин Айнӣ, интишор мегардад.

Дар ин маҷмӯа, бо интишори ҳикояи ҳамноми китоб, аз ишқи маъсуми духтари ҷавон ба нависанда – қаҳрамони достон ривоят мешавад, ки он бо зиндагии даврон ва қонуну қавоиди замон ошно мекунад.

Беш аз 35 ҳикоя, ки аз паҳлӯҳои мухталифи рӯзгори мардуми тоҷик – аз арафаи инқилоби шӯравӣ то рӯзҳои шикасти карахтию даврони бозсозӣ дар мисоли саргузашти одамони воқеӣ, ки дар он аз муҳаббату нафрат ва заҳмату талошҳои онон ҳикоят мешавад ва далолати мутанаввеъ будани нигоришоти адиб мебошад, дар китоби дуввум фароҳам омадааст. Китоби мазкур соли 2019 дар нашрияи «Хуросон», дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст. Иборат аз 484 саҳифа.

 

 

 

Download

Downloaded 1136 times