АГАР ВАЙ МАРД МЕБУД

Китоби повестҳо “АГАР ВАЙ МАРД МЕБУД...” соли 1987 дар нашриёти “Адиб” мунташир шуд. Ин китоб, ки аз се повести нависанда фароҳам омада аст, масъалаҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷикро аз ҷиҳатҳои гуногун мавриди тасвир қарор дода аст: шикасти сарват дар муқобили муҳаббату садоқати инсонӣ, кору зиндагии ҳалол дар рӯ ба рӯи фиребу дасисаҷӯиҳои ҳаромкорону қаллобон, ишқу вафодорӣ дар ҳамоҳангии орзуҳои ҷавонӣ. Як хусусияти махсуси қиссаҳои адиб дар он ба зуҳур мерасад, ки бештарини воқеа ва қаҳрамонони асарҳои ӯ заминаи устувори ҳаётӣ доранд. Аз ин сабаб муаллиф дар пешгуфтор навишта аст: “Бунёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд. Ман саргузашти ононро ба тарзе ки мехостам, рангу бор ва равиши тоза додам, чунон ки вассаю болори иморати шикастаро барои бинои нав ба кор мебаранд. Ва ин бинои навбунёд ба он иморати кӯҳнаи воқеӣ ба ҷуз вассаю болор шабоҳате дигар надорад. Муродам аз таъкид ин аст, ки агар касе худро бишносад, маро домангир набошад”.

Китоби мазкур соли 1987 дар шари Душанбе, дар нашрёти "Адиб" ба табъ расидааст. Иборат аз 384 саҳифа.

 

Download

Downloaded 290 times