АЗ АРШ ТО ФАРШ

Китоби “АЗ АРШ ТО ФАРШ” маҷмӯаи ҳикоя ва қиссаҳое мебошад, ки нашриёти “Маориф” соли 1983 нашр намудааст ва мухотаби ин китоб навҷавонону наврасон ҳастанд. Ҳикояву қиссаҳо аз хотироти бачагӣ то муҳаббати нахустин ва худшиносиҳо, чунон ки дар урф мегӯянд, аз арш то фаршро фароҳам овардааст, ки ин амр ба огоҳии комил ва дидгоҳҳои хосаи адиб ба зиндагӣ ва шинохтҳои инсон ишорат дорад.