ҒАФЛАТЗАДАГОН

Романи “ҒАФЛАТЗАДАГОН”, соли 1999 дар нашриёти “Адиб” пас аз марги муфоҷои нависанда бо фарогирии қисми аввали романи “Ғафлатзадагон”, интишор шуд. Китоби мазкур воқеоти солҳои сиюм то шастуми қарни гузаштаи навоҳии Самарқанди шўравӣ – ҳаёти сахту фақри аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати фимобайни табақоти иҷтимоӣ, сӯиистифода аз қудрату мансаб, фуқдони қонуну қавонини шаҳрвандии кишвар ва адами шинохти фард ба унвони инсон бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихиро дарбар мегирад. Қаҳрамони асосии роман марде, ки бо нерӯи идроку дӯстиву муҳаббат ба муқобили ноҳақию ноинсофиву ноодилӣ мубориза бурда талошгари ҷойгоҳи лоиқу шоистаи худ дар ҷамъияту зиндагӣ аст, мебошад. Инчунин дар ин китоб хотироти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, шоирону нависандагон – Гулчеҳра Сулаймонова, Абдумалик Баҳорӣ, Кароматуллои Мирзо, Додоҷон Раҷабӣ, Саидалӣ Маъмур, Пайванди Гулмурод, Мирзо Саидзода (Мирзонасриддин) ва Тӯҳфа Расулӣ ва ёддоштҳои бархе аз ҳамкорону дӯстони нависандаи шодравон Баҳром Фирӯз нашр шудаанд.

Download

Downloaded 90 times