ГАНҶ АЗ ВАЙРОНА

Повест ва ҳикояҳое, ки дар китоби “ГАНҶ АЗ ВАЙРОНА” дар соли 1978 дар нашриёти “Маориф” чоп шудаанд, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ. Даврони навҷавонӣ барои ҳар инсон як ҳаёти тамомест, таҷрибаи минбаъдаи он ба ӯ имкон медиҳад неку бадро, сафеду сиёҳро дақиқан аз ҳамдигар фарқ кунад. Ин китоб нафақат барои ҷавонон аст, балки дар он масъалаҳои гуногуни ахлоқ, маърифат, одату анъана, муҳофизати муҳит ба муҳокимаи хонанда гузошта шудааст Қаҳрамонони Баҳром Фирӯз наврасони зираку заранг, бовиҷдон ва заҳматкашанд, ки аксар мисли ганҷ аз вайронаҳо берун омадаанд.”