ПАИ СИТОРА

Нахустин китоби ҳикояҳои нависанда Баҳром Фирӯз “ПАИ СИТОРА” унвон дорад, ки соли 1975 тавассути нашриёти “Маориф” ба чоп расидааст. Дар ин маҷмўа аз пайкори ҳаррӯзаи наврасону ҷавонон, орзую ҳавас, некию бадии кирдори онон сухан меравад. Адиби ҷавон хонандаро ба сайри кӯҳсор мебарад, аз дашти Ёвон то заминҳои навободи Мирзочӯл – кишвари худ, одамони сарбаланд ва меҳнатдӯстро бо хонанда ошно мекунад.

 

 

 

 

Download

Downloaded 195 times