РУХСОРА

Достони “РУХСОРА”, ки соли 1978 аз чоп баромад, дар байни хонандагон маҳбубияти хоссае касб намуд. Муаллиф дар повести худ аз қадамҳои нахустини ҷавонони навкор дар муҳаббат, барору нобарориҳои он, аз муносибати ӯ ба атрофиёнаш ҳикоя мекунад. Қаҳрамони достон аз мардум ва ҳамзамонони хеш зиёда серталаб аст ва баъзан қатъиятро аз якравӣ фарқ намекунад. Адиб бе ҳеҷ талқину ташвиқ воқеаҳоеро тасвир намуда, ба хонанда имкон медиҳад, ки аз руйдодҳо хулосае бардорад. Чунон ки қаҳрамони он Вафодор мегӯяд: “…ин ҳақиқати оддиро ҳар кас бояд ба тарзе, ки худаш метавонад, кашф кунад”.

 

Download

Downloaded 190 times