
Маҷмуаи шеърҳои “ТАФТИ ДИЛ” соли 1984 тавассути нашриёти “Ирфон” ба дасти хонандагон расид. Дар ин китоб ашъори дар тӯли бист сол сурудаи шоир ба тарзи гулчин фароҳам омадааст. Бештарин абёти дилчаспу дилнишини шоир аз муҳаббат ба Ватан, обу хоки сарзамини диловез, мардуми ҳунарпарвари он мебошад. Даҳсол аз ин муқаддам китоби ашъори ҷаззоби шоир дастраси ҳаводорони шеър гашта буд. Дар тӯли ин даҳсол Баҳром Фирӯз хеле кам шеър гуфт ва бештарин айёми худро сарфи нигориши қиссаву ҳикояҳо намуд ва дар ин миён агар фурсат даст медод, ашъори овони пешинашро дигарбора такмилу таҷдиди назар менамуд. Инак, ӯ боз омад ба сари шеър, ки машқи он ба нависанда заминаи устувори эҷодкорӣ мебахшид.
Download
Downloaded 269 times