ТОРУ ПУД

Повести “ТОРУ ПУД”, ки соли 1985 ба чоп расидааст, аз садоқат ва фидокории зани тоҷик ҳикоят мекунад. Инсони оддӣ, ки аз дигарон ҳеҷ тафовуте надорад, баробари дар зиндагиаш мушкиле ба вуҷуд омадан, чунон хислатҳои ҳайратангез, сифатҳои пинҳоншударо зоҳир мекунад, ки хонандаро ба андеша водор месозад, то муносибати худро ба атрофиён, махсусан ба аъзоёни хонавода боре амиқтар андешида тағйир диҳад.

Китоби “Тору пуд” иборат аз повест ва ҳикояҳои саршор аз масъалаҳои ахлоқиву ҳаётӣ буда, бо равоншиносии амиқ ва санъати болои нигорандагии муаллиф дили хонандаро тасхир мекунад. Дар достони “Тору пуд” масъалаи одамият ва муҳофизати он аз тааррўзи ноодамон хеле тезу тунд мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор ёфтааст.

 

Download

Downloaded 249 times