Повести “ТУ ТАНҲО НЕ” соли 1980 аввал дар шумораҳои 5-6-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳамон сол тариқи нашриёти “Маориф” интишор шуда буд, ки мавзӯъ ва маводу матолиби ин қиссаро хонандагон аз муаллиф интизор набуданд, зеро нависанда аз илми маъданшиносӣ ва кори маъданҷўён иттилоъи кофӣ надошт. Ҷолиб аст, ки воқеоти повест дар миёни гурўҳи маъданҷўён иттифоқ афтода, қаҳрамони ӯ кўҳкану геологҳоянд. Худи нависанда, Баҳром Фирӯз, дар бораи ин асараш чунин назар дошта: “Ин қисса ҳам саргузашти воқеӣ аст. Тирамоҳи соли 1975 ман ҳамроҳи як дастаи маъданҷўён ба кўҳҳои Тавилдара, соҳилҳои рўди Оби Хингов, то наздикиҳои пиряхи Гармо рафта будем. Ба ман муяссар шуд, ҳамкоронам дар асл кию чӣ буданамро надонанд. Агар нависанда буданамро медонистанд, ман хеле чизро аз даст медодам. Ин қисса аз таъсироти ҳамин ҳамкорӣ. Албатта беомодагӣ, илми геологияро наомўхта танҳо аз материали зиндагӣ образҳои каме беш мукаммал ва асари ҷиддӣ офаридан амри муҳол аст”. Нависанда тасвир ва васфи табиат, кӯҳсори тоҷик ва водиҳои он, дарёҳои кӯҳиву манзараҳои онро нафақат барои изҳори эҳсосот ва рӯҳи ватандӯстӣ, балки барои ифодаи андешаҳои худ дар бораи ҳаёт, ақидаҳои фалсафиву ҷаҳонбиниаш дар ин қисса нишон дода аст. Достони “Ту танҳо не” бо баррасии масъалаҳо муҳими ахлоқу одоб ва ташаккули шахсияти қаҳрамони ҷавон ҷолиб аст.
Download
Downloaded 236 times