"ЧИНАР" – стих Бахром Фируза. Читает автор, 1987 г.

Ч И Н О Р

Дар лаби домони саҳро дар сари роҳи саҳар,
Дар дами хуршед, дар оромгоҳи гармсел,
Дар раҳи фарзандҳои дар сафар,
Интизорӣ мекашад, танҳо чиноре чун падар.
Навбаҳорон барг бикшояд чинор,
Барги худ бо ёди дастони ҷавоне во кунад.
Тарҳ бахшад барги худро чун кафи дасти чавон
Баҳри ӯ ҳар барги миннатдори худ пайдо кунад.
Ҳар насиме, ки расад аз кӯҳу дашт,
Ин чанори пир ояд бар калом
Бо забони баргҳои сабзи худ з-oн раҳгузар,
Мекунад ҳар дам суроғи он ҷавони некном.
Ӯ ба роҳи он ки биншонд об доду сабз кард,
Интизор истодаву нашъунамое мекунад,
Баҳри омин дастҳо бикшода бо ҳар барги сабз,
Зери лаб бар номи неки ӯ дуое мекунад.
1967