Песня "Офтоб” на стихи Бахром Фируза в исполнении студентки Национального университета, Шариповой Мукаддас

Песня "Офтоб” на стихи Бахром Фируза в исполнении студентки Национального университета Таджикистана Шариповой Мукаддас

ТИФЛИ ОФТОБ
Ханҷари барқ абрро аз ҳам дарид,
Сар бурун овард хуршеди баҳор.
Ҳамчу пирони кӯҳистонӣ банур,
Тори ришаш паҳн карда ҳар канор.

Ман, ки тифли офтобам, ҳар саҳар.
Панҷаи хуршед бошад бар сарам.
Хоназоди офтобам дар замин,
Нури он бар cap чу дасти модарам.

Ташнаам ман чашмаи хуршедро,
Ман ба роҳи офтоб истодаам.
Бе шуояш сабзаи пажмурдаам,
Бе нигоҳаш соғари бебодаам.

Гаҳ ба мисли мавҷи нури офтоб
Мезанам фаввора аз девору дар,
Рӯи саҳроҳо парешон мешавам,
Тори кӯҳҳо медурахшам ҳар саҳар.

Ман фурӯ резам ба қаъри чоҳҳо,
Тангнои тираро равшан кунам,
Ман сукути рӯдҳоро бишканам,
Бо забони қатраҳо шеван кунам.

Шӯълаи хуршедро бар дашту дар
Ҳалқаи чашмони ман бар мекашанд,
Аз кафи дастони ман фасли баҳор
Лолаҳо бишкуфта соғар мекашанд.

Ғунчаҳо во гашта дар оғӯши ман.
Рангу бӯи гул зи эъҷози ман аст.
Аз қудумам даштҳо гул мекунанд,
Ҳусни хок аз сӯзу аз сози ман аст.
1967