Песня “ Ин кадар ноз макун…” на стихи Бахром Фируза в исполнении студентки Национального университета Шариповой Мукаддас

ИН ҚАДАР НОЗ МАКУН...
Ин қадар ноз макун, миннати ту тоҷи сарам,
Бар қаду басти ту бо меҳр агар менигарам,
Сӯи ту менигарам лек ба фикри дигарам.
Аз ту, эй шӯх, нишони дигаре меҷӯям.

Гар ба чашмони сиёҳи ту назар месозам,
Лек бо чанбари мижгони дигар анбозам.
Ту мапиндор, ки аз баҳри ту бошад розам,
Дар дилам ҳасрати худ бо дигаре мегӯям.

Заҳрханде манамо ғусса маро афзуда,
Беҳаё, гуфта марав қаҳру итоболуда.
Меравам бо ту пасопеш наям осуда.
Дар хаёлам раҳи бигзаштаи худ мепӯям.

Як нишони рухи ёрам зи рухат дидам ман,
Шеваи лафзи диловехта бишнидам ман.
Ёд аз фасли гулам омаду болидам ман,
Машунав дасту дил аз дилбари худ мешӯям.

Меҳр аз ман маталаб, бар дили ман чанг мазан,
Ба гумонҳои ғалат бар дили ман санг мазан,
Бесабаб байни ду абрӯи худ оҷанг мазан,
Чашм бар рӯи туву ҳуш ба дигар сӯям.