“Девони сабзи ёдҳо” - маҳфили ёдбуди нависанда Баҳром Фирӯз дар ИНТ

Барномаи радиоӣ “Девони сабзи ёдҳо”аз радиои Фарҳанг аз гиромидошти 80 сол аз зодрӯзи нависанда ва шоири зиндаёд Баҳром Фирӯз дар Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон, ки маҳфили ёдбуд бо иштироки аҳли илму адаб ва пайвандони нависанда баргузор карда буд, пешниҳод мешавад. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бобати зиндагиномаи Баҳром Фирӯз равшанӣ андохт, меҳрнома ва ёдномаи хеле ҷолиб аз тарафи шоира Гулрухсор нақл шуд, шоир Гулназар саҳифаҳои хотироташро варақгардон намуд, устоди донишгоҳ профессор Умар Сафар эҷодиёти Баҳром Фирӯзро таҳлил намуд, шоир Аскар Ҳаким аз осори манзуми Баҳром Фирӯз ҳарф зад, шоир Ҳотам аз ҳамкорӣ дар нашриёти “Адиб”ёдовар гашт, нависанда Кароматулло Мирзоев аз ҳамкориаш дар “Комсомоли Тоҷикистон” қисса кард, қироати шеърҳои “Дӯст дориам агар..” ва “Рози маҳтобшаб” аз тарафи донишҷӯёни ДМТ Алиҷон ва Манижахонда шуда нависанда Мирзонасриддин аз мусофираташ бо Баҳром Фирӯз ёдоварӣ карда ёдбуди хотирмонро баргузор карданд. Дунёи ҳар як офаринанда олами сеҳри сухани ӯст, ки на ҳамаву на ҳамеша ба дарку фаҳмиши он қодир ҳастанд. Баҳром Фирӯз ҳам ҳамеша бо ёди айёми хуши кӯдакию хаёлҳои рангини бачагӣ мезисту меофарид. Аз кӯҳсорону оби равони он худро ҷудо тасаввур карда наметавонист. Ҳамин хаёлҳои ширину рангини даврони кӯдакӣ буд, ки ҳар субҳ ба канори дарё мерафт, варзиш мекард ва аз табиат қуввату қудрат мегирифт, мисле ки ӯро сабзаву об нерӯ мебахшиданд. Ҳар гоҳе ки фурсату имконият даст медод, бе ҳеҷ тааммулу андеша роҳи дараи Варзоб ё маҳаллаи Теппаи Самарқандро пеш мегирифт. Барояш тафовуте надошт, ки айёми гармои тобистон аст ё мавсими ҳукмронии сармои зимистон. Муҳим он буд, ки лаҳзае ба оби равону шаху санги кӯҳсорон рози дил гӯяд, сафҳаи хотираҳои гуворояшро варақгардон кунад ва аз обу ҳавои ҷангалу боѓу роѓ лаззат барад. Дар талу теппаҳои водии Ҳисор сайругашт кунад, майдонҳои киштро аз қаду бараш гузарад, аз растаниву буттаҳо ҳолу аҳвол пурсад, қад-қади дарёи Варзобу Кофарниҳон назар афканда аз оби равон чизеро пурсон шуда ҷавобе ҷӯяд. Кӯҳҳо — гаҳвораи ман, аввалин ҷавлонгаҳам, Аз ҳамин ҷо роҳи умру зиндагӣ cap кардаам. Аз ҳамин ҷо бори аввал чашми ҳайрат дӯхта, Ман ба паҳноии олам низ бовар кардаам. Баҳром Фирӯз мафтуни зебоиҳо ва сиру рози табиат буда зиндагиро бидуни ишқ ба он тасаввурнопазир мешуморид. Сайру саёҳати ӯ бе ҳеҷ барномаи махсус анҷом мегирифту муддати он номушаххас буд. Адиби роздони асрори табиат аз ҷилои сабзаву гул ва таровиши обшорону чашмасорон маъниҳо дарёфт мекард ва ин рангорангиҳои чаману боѓу адирҳоро дар эҷодиёти хеш ба устодии тамом тасвир мекард.