Шеъри Баҳром Фирӯз -"Тӯдакаш"-ба хотираи дӯсташ Маҳмуди Воҳид. Дар қироати муаллиф, 1977

Тӯдакаш

(Ба хотираи Маҳмуди Воҳид.)

Гуфта будӣ, ки ба Варзоб равем,

Қад-қади рӯдаки шӯхоб давем.

Боз таъзим намоӣ ту ба кӯҳ,

Боз дар рӯи шахаш хоб равем.


Дӯстам, қавли ту бишкаст, дареғ,

Доманат додаем аз даст, дареғ!

Бори дигар натавон дид туро,

Бо ту дидор ба хоб аст, дареғ.


Бе ту Варзоб кунун гирьён аст,

Рамзи Хайём ба мо пинҳон аст.

Шеър аз саҳнаи мо рафт кунун,

Бе ту Ҳамлет ба мо армон аст...


Мисли ту ҷӯраи дилҷӯй куҷост?!

Тӯдакаш, якдилу якрӯй куҷост?

Шоирозор басе маҳмуданд,

Лек Маҳмуди сухангӯй кyҷост?!

1977