Суруди ошикии “Ошиқам”, шеъри Бахром Фируз, сароянда Хуршед Иброҳимов

Баҳром Фирӯз

Ошиқам

Ман ба ҳар як парраи ин кӯҳсорон ошиқам,

Чун гиёҳи ташнае бар абри борон ошиқам.

Кӯҳбисоту сангболин мондаам, аммо чӣ бок,

Расми ин кӯҳпояро чун зиндадорон ошиқам.


Гар диламро мебарад Варзоб ё Кофарниҳон,

Обмондухтар, ба ту дар пахтазорон ошиқам.

Дида медӯзад саҳар аввал ба рӯи осмон,

Интизориҳои деҳқонро баҳорон ошиқам.


Чун китоби куҳнаро бӯсида бикшоянд халқ,

Дар ҷаҳон бар ҳурмати ин посдорон ошиқам.

Духтар аз шарму ҷавон аз ростӣ ёбад мурод,

Ман ба панди инчунин ҳикматшиорон ошиқам.


Кӯҳсори тангро доманфарохӣ аз шумост,

Бар шумо, эй пиру барно — хоксорон ошиқам.

Ошиқам, аз осмон бе ресмон афтодаам,

Рӯи гарми ҳар якеро дӯстдорон ошиқам.

 

1983