"Такрор меоям" шеъри ҷавонии Баҳром Фирӯз дар қироати ровии радиои «Тоҷикистон»

Барномаҳои адабии радиои «Тоҷикистон» Душанбе, соли 1967.

ТАКРОР МЕОЯМ
Даруни синаам яхҳо шикаста,
Миёни ҳалқаҳои чашми ман хуршед
мерақсад,
Баҳорон боз меояд.
Ба cap хуршеду андар синаам умед
мерақсад,
Баҳорон боз меояд.
Ман акнун дар лаби дарьё,
Ман акнун дар канори чашмаҳо
Ба пазмонӣ лабони бӯсахоҳи ёр меҷӯям.
Ба мисли сабзаи навхез боз аз хок мерӯям.
Назар бинмуда чун кӯҳ,
аз паси дарьё
Нишони рӯзҳои рафтаам дар об мебинам,
Ман аз нав ҳар баҳори
умри худро ёд меорам,
Суруди тоза мехонам,
Ман акнун бо фазои лоҷувардӣ роз мегӯям,
Муҳаббатҳову улфатҳои дурам боз меҷӯям.

Зи ҳар пайроҳаи бигзоштаам
такрор меоям,
Наву такрор меоям.
Ман акнун аз ҳавасҳои парешон даст
мешӯям,
Нигоҳ аз ахтарони дур мебандам.
Ба таъзим аз замин гулҳои
рангоранг мечинам,
Заминро саҷда меорам,
Ба ёрон аз баҳори орзуҳо мужда меорам.
Агар гирьям,
чу абри навбаҳорон
Наву такрор мегирьям.
Агар хандам, чу гулҳои баҳорон
тоза механдам,
Басо такрор механдам.
1967