Зан
Баҳром Фирӯз
Шохи лутфу назокатӣ, эй зан,
Рангу бӯи баҳор кори туст.
Дар фалак офтоби оламтоб
Нусха аз рӯи шӯълабори туст.
Офаридат табиат афсунгар,
Бас ба ту нозпарварӣ омӯхт.
Баъд бечора устод аз ту
Дилнавозию дилбарӣ омӯхт.
Меҳр дар ту, муҳаббат андар ту,
Сеҳр аз туст, соҳирӣ аз туст.
Офаридгори орзуҳоӣ,
Шеър аз туст, шоирӣ аз туст.
Ишқ дар туст, зиндагӣ дар ту,
Рашк аз туст, фитна ҳам аз туст.
Заҳри ту расида позаҳр аст,
Ҳар гуноҳу савоби ту некӯст.
Чашми меҳру шафоати олам,
Дасти гарми навозиши инсон,
Ҳалқаи дарду изтироби даҳр,
Домани хайру шафқату эҳсон!
Бе ту дар умри ман сафое нест,
Бе ту дар сози ман садое нест,
Сӯзаму рози зиндагӣ гӯям,
Ҷуз ризои ту муддаое нест.
1966