Маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дӯстдорони эҷодиёти нависандаи шодравон Баҳром Фирӯз, барандаи ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, ки имсол 80-сол аз зодрӯзро пур кард, мизбон гашт, ки дӯстону ҳамкорон, пайвандону мухлисони ин адиби пурмаҳсулро дар “Маркази фарҳанг” -и шаҳри Хуҷанд дар таърихи 10 декабр ба ҳам пайваст. Маҳфил бо ширкати шоири беназири тоҷик устод Фарзона, профессор Матлубаи Мирзоюнус, профессор Хайрулло Сабуров, профессор Умар Сафар, нависанда Аюб Кенҷа, дотсент Нуралӣ Нурзод ва роҳбари “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов баргузор гашта ин нишастро ғаниву нотакрор гардониданд.