Гиромидошти хотираи Б. Фирӯз дар барномаи «Аз дидаҳо…», ТВ «Сафина» 1.11.2019

  Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ёдбуди шоир ва нависанда Баҳром Фирӯз таҷлил гардид. Бахшида ба 80 солагии адиби тоҷик Баҳром Фирӯз 1 ноябри соли ҷорӣ дар толори иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ фарҳангӣ баргузор гардид. Дар хонаи адибон нависандагону шоирон, муҳаққиқону пажуҳишгарон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори ин нависандаи зиндаёд ҷамъ омада аз фаъолият ва хизматҳои арзандааш ёд карданд. Ҳангоми ифтитоҳия аз тарафи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) шоир Низом Қосим фаъолияти эҷодии ин адиби пурмаҳсул зикр шуда, таъкид гашт, ки Баҳром Фирӯз дар тӯли фаъолияти на он қадар тӯлониаш дар ҳамаи унсурҳои адабиёт муваффақ буда дар рушду равнақи забону адабиёт нақши муассире гузоштааст. Тибқи барномаи таҳрезӣ шудаи ин маҳфил ҳамқаламон доир ба мероси адабии Баҳром Фирӯз маърӯзаҳо намудаанд, ки муҳтавои он доир ба вижигиҳои кори эҷодии ӯ дар адабиёт маънидод мешавад. Илова бар он доир ба нигоҳ ба зиндагӣ ва масири эҷодии Баҳром Фирӯз аз ҷониби профессор Умар Сафар маҷмӯаи “Торикравшани шинохт” пешниҳод гардид, ки хонанда доир ба фарогирии андеша ва перомуни зиндагии ӯ ошно мешавад. Дар идомаи кори маҳфили адабӣ мутрибону овозхонон сурудҳои хешро бар ашъори Баҳром Фирӯз манзури ширкаткунандагон гардониданда аҳли ҷамъомадагонро масрур гардониданд. Аз рӯи ҳикояти ӯ чанд филмномаҳои ҳунарӣ ба навор гирифта шудааст, ки намунаи ӯро дар филмҳои “Баррачаи хаёлӣ” ва “Рамида” бо коргардонии Абулҳай Зокиров ёдовар шудан ба маврид аст. Филмҳои таҳиягардида дорои хусусиятҳои тарбиявӣ дошта он дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор мебошанд.

www.firuz.tj