Cуруди "Ватан", шеъри Баҳром Фирӯз, сароянда Маъмура Кобилова

Бахром Фируз

ДИЁРАМ

Диёрам, каъбаи ман ту,
Ба ҳар сангат тавоф орам.
Ба ҳар неку бадам наздат
Чу фарзанд эътироф орам.

Ба бӯи сабзаи навхез,
Ба бӯи меҳр мастам ман.
Гулу хори туро умре
Диёрам, мепарастам ман.

Гуле аз навбаҳорат ман,
Ватан, як мушти хокат ман,
Сари сабзи чинорат ман,
Парешон атри покат ман.

Ватан — модар, ватан — фарзанд,
Ватан — чашмони биноям.
Ватан аз ман, ман аз ӯям,
Ватан — имрӯзу фаpдoям.

Агар гӯяд ватан, рав ту
Дигар ҷо подшоҳе шав.
Бигӯям, дар барат монам,
Ту бар ман сарпаноҳе шав.

Маро бигзор дар кӯҳат
Чу абри даргузар бошам,
Маро бигзор дар кӯят
Насими дар ба дар бошам.

1970