Ба назарам гӯё дирӯзакак буд, ки мо панҷоҳсолагии дӯстамон Баҳроми Фирӯзро ҷашн мегирифтем. Дар хонаи ӯ ҷамъ омада будему мизбони хушҳолу саховатмандро бо синни муборакаш табрик мегуфтем. Соҳибҷашн дар пешгаҳ не, балки дар дамгаҳи дар нишаст, хизмати меҳмонҳои қадршиносашро баҷо меовард, чун ҳарвақта хоксору хандон буд.
Мо хулоса мебаровардем, ки Баҳроми само сайёраи наздиктарини Замин асту Баҳроми замин наздиктарин рафиқи ҳамқалами мост, асарҳояш писанди умум гардидааст, назму насраш ба дилҳо зуд роҳ меёбад, ба рушду нумӯи адабиёти муосир саҳми арзанда мегузорад...
Баҳром Фирӯз аз нӯшбоди нотиқони сархуш сахт ба хиҷолат монда, ҷилави сӯҳбатро зуд ба дигар тараф мекашид. Дӯст намедошт, дар ҳузураш ӯро таърифу тавсиф кунанд, адиби маъруфу машҳур ва баркамолаш хонанд.
Рӯзи дигар ман бо Баҳром Фирӯз дар долони Қасри адибон дучор омадаму гуфтам:
— Бори дигар шуморо табрику таҳсин, додарам. Дина меҳмондориҳоятон нағз гузашт, зиёфату сӯҳбат айни муддао буд. Акнун ҷашни таваллудатонро бо аҳли ҷамоат кай ва дар куҷо мегузаронем? Дар толори кадом қасри маданият ё театр ҷамъ меоем? Даъватномаҳо ҳам тайёр будагист?
— Толор? Даъватнома? - писханд зада пурсид Баҳром ва баъди фосилае илова кард. - Чӣ? Чорсад-панҷсад касро аз кору бораш мононда ҷамъ оварем? Онҳо тарҷумаи ҳолу корҳои эҷодии маро ёд оварда кафкӯбӣ кунанду ман дар саҳна рост истода шунавам? Мамнун шуда ташаккур гӯям? Не-не! Ин хел нағмаю тантанаҳои сохтаю зӯракӣ ба хулқу атвори ман рост намеояд, иззати нафси маро таҳқир мекунад. Кифоя аст, ки воситаҳои ахбори умум ин зодрӯзро каму беш табрик карданд. Ташаккур ба онҳо! Муаллиф ҳамон вақт шоду қаноатманд мешавад, ки мухлисонаш асарҳои ӯро кофтаю ёфта, хонанд, баҳра баранд, таълим гиранд. Мушк он аст, ки фармудааст Саъдии бузург, худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд.
Аз ин мулоқоту сӯҳбатҳои мо бо Баҳром Фирӯз даҳ сол сипарӣ шуд. Ин даҳ соле буд пур аз фоҷиаҳо, табаддулот, бесарусомонӣ, таъқибу таҳқир, қатлу ғорат, муҳоҷират ба манзилу маконҳои дигар. Баҳром Фирӯз дар ибтидои ин даҳсола бо мақолаю публисистикаи худ алайҳи реформаторҳои кӯтоҳназар, мансабталошону маҳалгароён муборизаи беамон мебурд, халқро ба ваҳдату ақли солим даъват мекард, ба дахолату дасисаҳои аҷнабиёни зиёнкор лаънат мехонд. Ин фаъолияти ӯ маълум, ки ба душманони миллат ва мулки кӯчаки мо намефорид... Оқибат ӯ маҷбур шуд, ки кӯчашро бандаду пойтахтамонро тарк кунад. Дар Хуҷанд ҳам вай ақидаҳои ҳусни тафоҳум ва сулҳҷуёнаи худро тавассути радио ва рӯзномаҳо давом медод, дар вилоят таъсису нашри маҷаллаи нави «Сайҳун»-ро ба роҳ мемонд. Аз ҳама муҳиммаш, ба кори эҷодӣ ҳамвора машғул мешуд. Ба қавли худаш рӯзе набуд, ки қалам ба даст нагираду чизе нанависад.
Муболиға намешавад агар гӯям, ки Баҳром Фирӯз ҳар як достони нави худро барои мутолиаю машварат даставвал ба Муҳаммадҷон Шукуров ва камина месупорид. Ман дастнависи асарҳои ӯро бодиққат мехондам. Аз образҳои мукаммали офаридааш ва аз бозёфтҳои ҷолиби бадеияш ба завқ меомадам. Нуқсонҳои ҷузъии забону тарзи баён ва пайвасти сусти баъзе лавҳаҳои тасвири ӯро нишон медодам. Вай мулоҳизаи рафиқонашро ҳатман ба ҳисоб мегирифт, ба ислоҳу такмили навиштаҳои худ ба таври ҷиддӣ миён мебаст. Ёдам меояд, баъди хондани қиссаи шавқангезу хотирнишини «Ту танҳо не» ба мушоҳидаҳои борикбинона ва маҳорати рӯзафзуни ӯ қоил шуда, дасташро сахт фишурдаму аз самими дил табрикаш кардам. Вай чашмонашро калон кушода, бо тааҷҷуб ба ман нигаристу илтимос кард: «Устод, камбудиҳояшро гӯед, ки боз кор кунам».
— Баъзе нуқсонҳои чашмрас, - гуфтам ман, - дар поварақу ҳошияҳо ишора шуд. - Баъд, маро ба устод номида шарм доронданаш ҷавобан афзудам. - Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро!
Ҳусну кубҳи навиштаҳои худро низ ман аз забони Баҳром Фирӯз шунидан мехостам. «Меҳри аввал» сентименталист, «Ҷуръати доктор Мансур»-атон даҳшатнок, изҳор мекард ӯ ҳазломез. Шунидам, ки вай аз Хуҷанд якчандрӯза ба Душанбе омадааст, бо илтимос мусаввадаи «Қиссаи Нодир»-ро ба ӯ хонондам.
— Воқеаҳои калонро дар гармогармияш навиштан аз як ҷиҳат хуб аст, - гуфт ӯ баъди хондан. - Чунки таассурот тозаю ҷузъиёт равшан аст. Вале хулосаи мӯътамад аз он рӯйдодҳо ба назари ман бармаҳал метобад. Мефаҳмам, ки шумо ҳамафти (двойники) президентро ҳамчун меҳвари суҷету озодии андеша аз худатон сохтаед. Забон ҳам боз андак сайқал металабад. Чунончи, дар назм бо тақозои вазн «кош» гуфтан мумкин бошад ҳам, дар наср шакли пурраи онро «кошкӣ» навиштан беҳтар будагист...
Баҳром эродҳои худро дар саҳифаҳои даркорӣ бо қалам беозор нишон дода буд, ки баъди ислоҳ пок карданаш осон бошад. Ман аз рӯйи қайду маслиҳатҳои ӯ қиссаи мазкурро бори дигар таҳрир карда, ба маҷаллаи «Садои Шарқ» супурдам.
Дар тӯйи Абдуқайюм ном шиносамон боре ману Баҳром тасодуфан паҳлӯи ҳам нишастем. Вай чобуку чаққон гӯшти ошро пора карду «гарчи худ бебаҳраам, шодам зи айши дигарон» гуфт.
— Барои чӣ бебаҳра? - ба ҳайрат мондам ман.
— Мо узви маҳфили йогҳо шудаем. Яке аз таълимоти онҳо парҳез аз гӯшту равғани ҳайвонот аст, - ҷавоб дод ӯ.
Баҳром Фирӯз на танҳо нависандаи баркамол ва ҷамоатчии фаъол, балки марди даҳ ангушташ ҳунар буд. Ӯро ҳама чун намунаи ибрати ҳифзи саломатӣ, гигиенаи ҳаёт, мошиндорӣ, таомпазӣ, сохтану таъмири асбобҳои рӯзгор, сарфаю сариштакорӣ ва ӯҳдабароӣ эъзоз мекарданд. Номи кулли доруҳо ва усули табобати дардҳоро хуб медонист. Вай бояд умри дароз медид, асарҳои нав менавишт, ба мардум хизмати шоиста мекард, сарвари хонадони сернуфусаш мешуд. Вале харҷу марҷи солҳои охир, нотинҷии замона, ғами насли наврас, инқирози илму фарҳанг, вайронии ахлоқу одоб, ҷангҳои бародаркуш ва кӯчокӯчу ғарибиҳо асабҳои пайкари ҳассоси ӯро абгор карданд, бори дилашро аз ҳад зиёд гарон сохтанд. Марги беамон ин марди некном ва адиби пурмаҳсулро бармаҳал аз байни мо бурд.
Мо имрӯз худро бо суханони Низомии Ганҷавӣ таскин дода мегӯем, ки адибони забардаст намемиранд, балки ба баҳри сухан ғӯта мехӯранд. Ҳар гоҳ китобҳояшонро варақ занӣ, чунонки моҳӣ аз қаъри об мебарояд, симои гармашон пеши назар зоҳир мегардаду бо ту боз мусоҳиб мешаванд, пандат медиҳанд, эҳсоси дилу майнаашонро иброз медоранд. Ман худро боз бо он тасалло мебахшам, ки зану фарзандони тарбиятдида ва инсондӯсти Баҳроми шодравон хотираи дурахшони ӯро пос медоранд, хислатҳои беҳтарини сарвари оилаи худро такмил медиҳанд.
Ман ба ин хотираҳои парешони худ бо се байти тозаи мувашшаҳ нуқта мегузорам:
Боз ёдат мекунам, эй дӯст, шабҳои дароз,
Аз вафоти нобаҳангоми ту бо сӯзу гудоз.
Ҳайфам ояд аз ғуруби моҳтоби мӯҳташам,
Рафтию бинҳоди андар қалби мо дарду алам.
Одати мо нест, аммо нолаю оҳу фиғон,
Монад осори наҷибу номи некат ҷовидон.
Абдумалик Баҳорӣ
Нависандаи халқии Тоҷикистон
с. 1998