Гулчҳера Сулаймонӣ: "НЕКСИРИШТ"

 Гулчҳера Сулаймонӣ: "НЕКСИРИШТ"

   Баҳром бо феълу атвору хислатҳои наҷибаш Толисро ба ёд меовард: ҳамон хел марди меҳнаткашу хоксору фурӯтан. Сарфи назар аз ҷавониаш аз ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ бохабар буд ва бо дониши мукаммали хеш пирони барӯманди рӯзгордидаро ба ёд меовард. Ӯ ҳаргиз аз кор рӯ намегардонд, пайваста заҳмат мекашид, то офаридаҳояш ба талаботи замон ҷавоб гӯяд.

Ӯ бо шеърҳои пурошӯбу самимии хеш ба арсаи адабиёт омад, ки аз онҳо бӯйи зодгоҳаш Нурато, бӯйи талу теппаҳо, гулҳои худрӯ меомад. Вай ба касе тақлид намекард, оҳанги ба худ хосе дошт, бинобар ҳамин ҳам ба дили хонандагони хеш зуд роҳ ёфта тавонист. Баъди чанде дар наср қувваозмоӣ кард ва дар ин роҳ ба муваффақиятҳо ноил гардид. Дониши баланду дили ҳассоси шоиронаву дунёи беолоиши ошиқонааш ӯро ба қуллаҳои мурод ҳидоят мекарданд. Чӣ дар ҳикояҳои хурду чӣ дар қиссаҳояш, чӣ дар очеркҳояш, ки ҳар яке паҳлӯҳои гуногуни зиндагиро фаро гирифта буданд, вай шоир монд. Масъалаҳои нав ба навро ҷустуҷӯ мекард, баҳсҳои ӯ хонандаро ба фикру андешаҳо гирифта мебурд.

Ман ӯро додар мегуфтам, вай маро ойтӣ меномид. Дар чорсӯйи зиндагӣ чунин бародарони некхоҳу нексиришт мададгорам шуданд.

Махсусан, чанд соли корамонро дар нашриёти «Маориф» бо миннатдорӣ ба ёд меорам. Ман он вақт шӯъбаи адабиёти бачаҳоро ба ӯҳда доштам, кӯшиш мекардам ҳамкорони ман нисбат ба адабиёти кӯдак ва ҷавонон дилсӯзу меҳрубон бошанд. Баҳром хоҳиши маро рад накард ва аз дилу ҷон ба кор шурӯъ намуд. Вай аз он муҳаррироне набуд, ки аз таҳрири асари муаллиф рӯ гардонад, баҳона биҷӯяд. Ҳаргиз «не»-ро намедонист. Агар асар суст бошад, бодиққат мехонд, фикрҳояшро батафсил навишта, муаллифро водор мекард, ки асарашро аз сари нав дида барояд, аз рӯйи маслиҳатҳои муҳаррир ислоҳ  кунад.

Бисёр вақтҳо муаллиф аз хом будани асараш қоил шуда, дастнависашро гирифта мерафт. Баъди чанд вақт нусхаи  навро хонда мо ҳамроҳи муаллиф хурсандӣ мекардем.

Шӯъбаи адабиёти бачаҳо дар натиҷаи навҷӯйиву навовариҳои муҳаррирони пухтакор корҳои шоистаро ба анҷом мерасонид, ки бо Бобо Ҳоҷӣ, Ӯктами Холиқназар, бародарам Баҳроми Фирӯзи қаламкаш низ саҳми назаррас дошт.

Дар ҳамин солҳо бо мадади дӯстон «Шоҳномаи Фирдавсӣ»-и устод Сотим Улуғзода, панҷ ҷилди «Тазкираи  адабиёти бачагон» рӯйи чопро дид, ки ҷилди дуюми насрро Баҳром ба ӯҳда гирифта буд. Беҳтарин тарҷумонҳо, муаллифон ба кори мо дасти ёрӣ дароз мекарданд.

Ҳоло ман он китобҳоро варақ зада, он лаҳзаҳои хушро ба ёд меорам. Китоби «Галаситора»-ро варақ мезанам, ки онро бародарам Баҳроми нуқтасанчу сахтгир таҳия намуда.

Ҳаргиз бовар намекунам, ки бародари ман дар байни мо нестВай яке аз он ситораҳоест, ки дар осмони адабиёт ҳамеша нурпошӣ мекунад.

Бори охир дар толори Борбад ҳангоме, ки ба Баҳром Фирӯз Ҷоизаи адабии ба номи устод Айниро супориданд, дар паҳлӯи ӯ будам ва бовар доштам, ки ба мукофотҳои аз он баландтар сазовор мегардад. Сад афсӯс, ки аз байни мо хеле барвақт рафт, аммо асарҳояш, тарҷумаҳояш, суханҳои  самимиаш  бо мост ва дар онҳо таппиши дили беқарори бародари мо шунида мешавад.

 

Гулчҳера Сулаймонӣ

Шоираи халқии Тоҷикистон

с. 1999