Кароматуллоҳи Мирзо: "НОМАҲО, НАВИШТАҲОЯШ МОНДА…"

Кароматуллоҳи Мирзо: "НОМАҲО, НАВИШТАҲОЯШ МОНДА…"

   Аввалҳои тобистони соли 1969 буд, яъне беш аз 25 сол пеш аз ин. Муҳаррири ҳамонрӯзаи  рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»  (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») Абдулло Зокиров маро ба наздаш хонда буд. Аз деҳа (он вақт муаллим будам) ба шаҳр омадам. Дар ҳуҷраи муҳаррир бо ҳам менишастем. Ӯ бо телефон ҳарф мезад. Назарам ба китобҳои ҷевон, ба сақфу фарши ҳуҷраи тозаю озода.

Муҳаррир бо касе дар гуфтугӯ буд. Ӯ баҳри чӣ маро ҷеғ зада? Ба дараҷае аз мақсадаш огоҳ будам: ба рӯзнома ба кор хонданиам буданд.

Дари хуҷра кушода шуду Баҳром Фирӯз назди муҳаррир даромад. Вазифаи мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи рӯзномаро адо менамуд ӯ. Як-ду ҳикояам аз ҳамин шӯъба дар рӯзнома нашр шуда буд.

— Салом, Кароматулло, - гуфт Баҳром бо ҳамон овози боқуввату бардамонааш, ки хоси ӯ буд.

— Салом.

Даст дода бо ҳам вохӯрдем. Дар ин мобайн Абдулло Зокиров гӯшаки телефонро ба ҷояш монда буд.

— Мулло Баҳром, Кароматуллоро ба кор гирем, мегӯем. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед? Саҳв намекунем, - пурсид аз ӯ Зокиров.

— Нағз мешавад, дар шӯъбаи мо ҷой ҳаст.

— Якбора ба шӯъбаи шумо?

— Ҳа, боз аз куҷо одам меҷӯем? Аз Шумо хоҳиш мекунам, рафиқ Зокиров, Кароматуллоро ба шӯъбаи мо гузаронед, корамон бисёр аст, медонед.

— Хайр, агар ин қадар бовар дошта бошед ба ин кас, ман розӣ. - Муҳаррир, аз афташ ягон фикри дигар дошт, ки ноилоҷ монд, аз ноилоҷӣ ба талаби Баҳром сар фаровард. Хурсанд  гаштам.  Дар  дил  ба Баҳром ташаккур мехондам. Худам ҳам орзуи дар ин шӯъба кор кардан доштам.

Дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар шӯъбаи пропоганда ва агитатсия ба кор шурӯъ намудам.

Баҳром ва чанд нафар ходимони рӯзнома дар як ҳуҷраи калону васеъ ҳамроҳ менишастем. Рӯзҳои хуш ва ширини зиндагиам буданд он рӯзҳо. Рӯзнома ба назарам даргоҳи муқаддас менамуд. Он ҷо заҳмат мекашидам. Ҳар рӯз хело бармаҳал ба идора меомадам, аз роҳи дур, аз деҳа меомадам, пеш аз ҳамкорон, пеш аз онҳое, ки дар шаҳр мезистанд, дар наздикиҳои идора иқомат доштанд.

Бо Баҳром кор мекардам. Вале ҳамон рӯзҳои аввали корам дар рӯзнома воқеае рух дод, ки Баҳромро дар назди муҳаррири серталабу сахтгирамон Абдулло Зокиров забонкӯтоҳ кардам. Ба шумораи якшанбегии рӯзнома бо Баҳром навбатдор будам. Ӯ ба ҷойи муҳаррир рӯзномаи онрӯзаро мехонду ман ёрдамчиаш.

Офтоб ғуруб намуд, дар осмони Душанбе ситораҳо падид омаданд. Ҳанӯз кор зиёд. Саҳифахонӣ анҷом намеёфт. Кадом як мақолаи нав аз Кумитаи марказии комсомол омадаро аз забони русӣ ба тоҷикӣ мегардонданд. Маълум, ки саҳифахонӣ хело давом меёфт. Ҳушу хаёлам ба деҳа, ба хона. Дер шуда буд. Автобус дигар ба деҳа намерафт. Мошинҳои роҳ ҳам кам монда буданд, ноумед гашта будам. Нигоҳам аз тиреза ба берун. Ториктар мешуд. Чӣ бояд кард? Кай саҳифахонӣ анҷом мегирад! Тарҷумаи мақола тӯл мекашид. Парешонию беқарориамонро ҳама ҳис мекарданд.

— Кароматулло, шумо равед. Хонаатон дур. Ман худам мехонам, - таъкид намуд Баҳром.

Хоҳиши Баҳромро рад намудам. Ҳамроҳаш саҳифа хондам. Вале хаёлам осуда набуд.

Ба хаёли парешон ба ҳамон шумораи рӯзнома имзо мондам. Яъне, иҷозат ба чоп додам. Мошинҳо ба кор даромаданд, шумораҳои рӯзнома яке паси дигар аз зери онҳо мебаромаданд. Рӯзнома чоп мешуд, вале аз куҷо медонистам, ки ба саҳву хатоҳо онро ба чоп имзо мондаам, аз хатоям бехабар будам.

Рӯзи душанбе дар идораи рӯзнома шӯру қиёме ба амал омад. Аз Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ паси ҳам сим зада мегуфтанд, ки чаро дар сарлавҳа аз калимаи съезд ними як ҳарф шикаста, чанд сатри дигар миёни матн пешу қафо ва боз кадом як нуқтаю вергул ба ҷояш наомада... Хуллас, шумораи пурсаҳву хато, ҷавоб гуфтан лозим.

Муҳаррирро мепурсанд. Ӯ омад. Маҷлиси ғайринавбатӣ ва ғайричашмдошт даъват шуд. Бо айби ман, корманди нави рӯзнома, нооромӣ ба амал омад. Кумитаи марказии комсомол аз муҳаррир баёнот хоста буд. Гӯё саҳв саҳл набуда, саҳви сиёсӣ, аз ғараз ва боз аз ким-чӣ гуна афкор ба амал омада.

Мани гунаҳгор бо сари ҳам менишастам. Пас аз чанд лаҳза маҷлис. Чӣ ҷавоб бигӯям? Ба рӯйи аҳли рӯзнома, ки ба ҳуҷраи муҳаррир ғун меоянд, чӣ гуна менигарам?  Ҳанӯз маро ба онҳо нашиносондаанд. Аз афташ, маълуми ҳамагон менамояндам, ки корманди нави рӯзнома ҳастам, бо айби ман хато гузашта, барои ин муҳокимаам мекунанд. Баҳром ҳам аз туфайли ман гапшунав.

Баҳром наздам омад. Болои сарам меистод ӯ.

— Бо вуҷуди ин қадар ҷонкоҳӣ  хато шудааст-а?

— Ҳа, бо айби ман.

— Ин тавр нагӯед, хафа нашавед, минбаъд ҳушёр мешавед, баъд одат кардан лозим, аз ҳар корманди рӯзнома хато мегузарад, аз муҳаррир ҳам, - гуфт Баҳром ва чеҳраи зебояш аз табассум пурнуртар гашт.

Маҷлис сар шуд.

— Дидед, Баҳром, гуфта будам, ки Кароматулло ҳоло камтаҷриба, мо дигар фикр доштем. Вале Шумо ба миён даромадед, ба шӯъбаи худатон гирифтед, кафил шудед. Ана акнун ҳамаамон ҷавоб мегӯем, ҷазо мегирем, - муҳаррир бо димоғи сӯхта ба сари Баҳром ғурбат намуд.

— Кароматулло  гуноҳ надоранд, - гуфт бо қатъият Баҳром.

— Ман гунаҳгорам? Айби ман! Ба Кумитаи марказии комсомол ҳамин тавр ҷавоб гӯем? - муҳаррир оташин гашта буд.

— Ин саҳифаро Кароматулло нахондаанд. Худам гуфта будам нахонанд. Айби ман.

— Кӣ хонд?

— Худам хондам, хато гузаштааст, - гуноҳи азими маро Баҳром ба гардан гирифт. Азбаски Баҳром миёни ҳамкорон, назди муҳаррир обрӯи баланд дошт, аҳли маҷлис ҳама сокит монданд. Муҳаррир ҳам ҳарфе нагуфт, танҳо як нигоҳе ҷониби Баҳром афканд.

Ҳама аз ҳуҷраи муҳаррир мебаромаданд. Ман низ дар ҳолате, ки аз рафтори олиҳимматонаи Баҳром дар ҳайрат монда, чӣ гуфтанамро намедонистам, аз паҳлӯи ӯ бархостам.

— Шинед, - шунидам овози муҳаррирро. Баҳромро ҳам нигоҳ дошт ӯ. Сукунате ба амал омад. Аз афташ, аз як муҳокима халос ва ба муҳокимаи дигар дучор шуда будам. Чӣ мегуфта бошад муҳаррир?

— Мулло Баҳром, медонам, айби Кароматулло аст, ба ман гуфтанд. Шумо ин касро боз дастгирӣ намудед. Минбаъд ҳушёр шаванд, хуб кор кунанд, ба қадри некӣ расанд. Ман, Баҳром, ба шумо қоил, аз шумо омӯхтан лозим. - Абдулло Зокиров ба Баҳром таҳният хонд. Хурсанд буд ва ба ман нигарист: - Ба шумо ҷавоб, аз пайи кор шавед. Ба ҷои шумо Баҳром ҷазо мегиранд, - гуфт бо ханда муҳаррир.

Баъди ин воқеа назди Баҳром худро қарздор барин ҳис менамудам. Кӯшиш мекардам, ки хабару мақолаҳои мухбирон, очерку лавҳа ва ҳикоятҳои ба шӯъба омадаро бесаҳву хато ба чоп ҳозир орам, худам нависам, Баҳромро шод гардонам.

То он рӯзҳо бо Баҳром Фирӯз хуб шинос набудам, асарҳояшро хонда будам, гоҳе вомехӯрдам бо ӯ. Сӯҳбат мекардем.  Аммо дар давоми ҳамкорӣ чӣ гуна шахсияти неку хайрхоҳ будани вай маълум мегашт.

Ӯ ба ҷойи худашро сафед кардан, ки одати гӯё модарзодии аксари мардумон аст, гуноҳи маро ба дӯш гирифт. Дар давоми солҳои зиёди минбаъдаи дар рӯзномаҳо заҳмат бурданҳо, бо ҳамқаламон ҳамнишинӣ намуданҳо кам одамонеро дучор омадам, ки дар мавридҳои зарурӣ, душвор дӯстону наздиконашонро одилона дастгирӣ намуда бошанд. Баръакс, дӯстонеро медидам, ки гуноҳи нокардаро ба дӯши якдигар мемонданд, худро сафед ва дар чашми калоншавандаҳо ширин мекарданд.

Баъди чанд муддати ҳамкориамон Баҳром Фирӯзро ба идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор даъват намуданд. Бо тавсияи ӯ вазифааш дар рӯзнома ба ӯҳдаи ман гузошта шуд. Хело солҳо баъди Баҳром дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсия будам.

Бо Баҳром боз дар нашриёти «Маориф» ҳамкор шудам. Ба ин  ҷо  маро ба вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти бачаҳо  ва  наврасон оварда буданд. Баҳром яке аз муҳаррирони шӯъба. Дар нашриёт - дар ҷои кори нав ӯ бароям шахси наздик, шинос. Бо гардиши айёму тасодуф баъди 15 сол мо боз бо Баҳром ҳамкор.

Хурсанд набудам, ки аз рӯзнома ба нашриёт ба кор омадам. Боре ғарқи хаёл дар долони нашриёт қадам мемондам, Баҳром аз пешорӯ меомад.

— Аҳволҳо чӣ тавр, Кароматулло? - гап андохт ӯ.

Ба Баҳром дари дил кушодам. Гуфтам, аз он ки ба нашриёт ба кор омадам, пушаймонам. «Рӯзнома нағз», - ҳасрат намудам. Баҳром хандид.

— Одат мекунед, - гуфт ӯ ва бо ханда афзуд. - Шахсан маро акнун ба вазифаи сармуҳаррири рӯзнома ҳам гӯянд, намеравам. Андаке кор кунед, баъд мефаҳмед.

Ин суханони  Баҳром аз ёдам намераванд, гӯё дирӯз ӯ ба ман таъкид карда буд. Рост гуфта будааст, Баҳром.

Баъди таъсиси нашриёти «Адиб» мо боз бо ҳам кор кардем. Баҳром мудири шӯъбаи адабиёти муосир буд.

Ҳаёт дар Душанбе, дар ҷумҳурӣ ноором шуд. Кушторҳо сар заданд. Баҳром мехост аз ин ҷанҷолҳо дуртар бошад, чи хеле мегӯянд, мехост на бинаду на сӯзад. Дилаш аз ҳама ин низоъҳои бемаънӣ озурда гашта.

Ба рухсатӣ баромад, баъд чанде дар рухсатии бемузд гашт. Минбаъда рӯзҳояш дар шаҳри Хуҷанд, пеши азизону наздикон мегузашт, он ҷо зиндагӣ ихтиёр намуд.

Гоҳе ба Душанбе меомад, ба нашриёт медаромад. Ӯ занбӯри асалпарвар буд, ҳунаре дошт. Аз асал май мегирифт, майи болаззату боқудрат. Боре ба хабаргириамон омада пас аз хело ҳолу аҳвол пурсиданҳо шишае аз майи асалӣ болои миз монд. Сайидалӣ, Қутбӣ, Ҳайрат, Раҷаб Мардон, Ҳоҷӣ ва дигару дигаронро суроғ намуд. Ҳама ҷамъ омаданд. Гӯё дар он лаҳзаҳо Баҳром моҳ буду мо ситорагон дар атрофаш. Аз Хуҷанд, аз кору бори эҷодии адибони хуҷандӣ нақлҳо менамуд, ҳоли моро мепурсид.

— Биёед як лаҳза ҳамин дунёи пурғавғоро аз хотир барорем, - гуфт. Бо хоҳишаш даҳони шишаро кушодем ва газакҳои овардаашро ҳам пешамон овард. Сӯҳбатамон гарму нарм, ширину асалин мегашт.

Дар сафари охиринаш ҳам  ба Душанбе Баҳром ба нашриёт омада буд. Дар ҳуҷраи ман бо ҳам хеле нишаста будем. Сӯҳбат доштем бо Баҳром. Сӯҳбати ширину гуворо, сӯҳбати вопасину охирин.

Ӯ дар Хуҷанд буд. Аз мо дур, лекин диламон пур, ки имрӯз-пагоҳ ӯ боз ба Душанбе бармегардад, ҳамроҳамон мешавад, бо ҳам кор мекунем.

Вале ҳайҳот, умедамон хато будааст. Аҷал аз пайи гусастани риштаи умри Баҳром Фирӯз афтодаю мо бепарво. Аҷал ва ё чӣ тавре гӯянд, фалаки каҷрафторро чӣ парвое.

Ҳамон рӯзи душанбеи 26-уми сентябри соли 1994 бармаҳал ба идора омада будам. Дари ҳуҷраамро кушода пеши тиреза истодам. Рӯ ба кӯча, рӯ ба шоху навдаҳои дарахтон, рӯ ба офтоб. Рангҳои сурхчатоби офтоб болои баргҳои заъфаронии дарахтон медавиданд. Манзараи тирамоҳ. Баргҳо, нурҳои офтоб ранги дигар гирифта. Қутбӣ Киром, ҳамкорам Фарҳод Каримов вориди ҳуҷраам шуданд. Аз рӯзҳои истироҳат, ки шанбею якшанбе дам гирифта будем, аз рӯйдодҳои хушу нохуш, аз шунидаҳоямон ба ҳам нақл менамудем. Ҳамин хел рӯзҳо омада буданд, ки хабарҳои нохуш беш мешунидем, ошуфта мегаштем...

Сайидалӣ дарро кушод. Танҳо набуд, шоир Нарзулло Тиллозода ҳамроҳаш.

— Хабар доред? - бо дили пурандӯҳ давом намуд  Сайидалӣ. - Баҳром Фирӯз аз олам гузаштааст.

— Баҳром Фирӯз фавтидааст?! - Аз шунидани ин хабар ҳамаамон гӯё карахт гашта будем. Ёрои лабкушоиамон намонд. Чӣ хабаре буд, ки он пагоҳ шунидем. Садои занги телефон баланд шуд. Гӯшакро бардоштам. Аз Иттифоқи нависандагон Абдураҳмон Абдуманнонов маро мепурсид:

— Баҳром гузаштааст, - бо ҳасрат тасдиқ намуд хабари марги ӯро ва фармуд, ки барои рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» мақолае нависам. Охир Баҳром ҳамкорамон буд.

Розӣ шудам ва гӯшаки телефонро гузоштам.

Баҳром Фирӯз дар бораи қиссаю ҳикояҳоям мақолаҳо навишта буд, ҷонибдориам мекард, шахсе, ки борҳо дар зиндагӣ дастгирам гашта. Акнун рӯзе омада, ки ман аз маргаш нависам? Наход қарзамро дар рӯзҳои мотами вай ба ҷо меорам? Ба хотир меовардам Баҳромро, акнун аз ӯ бароям ёд монда, суратҳои бо ҳам гирифта, номаҳо, навиштаҳояш монда...

ЯК ҲИКОЯ

 Чанд рӯз боз Баҳром дастнависеро дар хона мехонд. Мӯҳлати ба чопхона супурданаш гузашта. Муҳаррирони техникӣ норизоӣ доштанд. Гапу ҳарф то ба сарвари нашриёт мӯҳтарам Собир Хоҷаев расид. Он кас маро наздашон хонданд. Супориш шуд, ки дастнавис ба дераш то баъди зуҳр ба чопхона фиристода шавад.

Ба хонаи Баҳром сим задам. Ӯро пайдо намудам. Гуфт, ки ҳамин лаҳза ба роҳ мебарояд. Вале рӯзи кӯтоҳи тирамоҳ бегоҳ мешуду аз Баҳром дараке набуд. Ба хонааш боз сим задам. Ким-кайҳо баромада будааст, пиёда не- савори мошинаш.

Чӣ гап шуда бошад? Дар ташвиш афтода будам.

Баҳром, вақте, ки ҳама аз кор мебаромад, ба нашриёт омад. Чеҳрааш пуртабассум.

— Кароматулло, ба деҳаҳои шумо рафта будам, аз Теппаи Самарқанд омадам. Бовар намекунед?

 

* * *

 Аз рӯйи нақли Баҳром воқеа ин тавр рух дода будааст.

Сари роҳ ба бозори Шоҳмансур даромаданӣ буд  Баҳром. Мошинашро назди дарвоза монд. Аз растаи нонфурӯшон гузашт. Мева гирифтанӣ буд. Ноку биҳӣ ва ангур харид. Халтаи пури меваҳо дар даст аз бозор баромад. Назди мошинаш омад. Пирамарде пеши он меистод. Як писараку духтаре ҳамроҳаш. Зане ҳам бо вай истода. Харидҳои зиёде доштанд. Аз афташ, интизори мошин буданд.

Баҳром дари мошинашро кушод. Нигоҳаш ба назари пирамарди нуронӣ дармонд.

— Салом, - гуфт Баҳром.

— Салом, писар. Чӣ хел шумо? - чеҳраи Баҳром ба ӯ шинос намуд, ки бо вай ҳамгап шуд. Ба Баҳроми нависанда ин хел ҳолатҳо бисёр рӯй дода. Қарибе сари ҳар қадам дар роҳҳо, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам мардум вайро мешиносанд, салом медиҳанд. Мухлисон, одамоне, ки ӯро дидаанд ва ё дар борааш шунидаанд...

— Куҷо меравед? - пурсид Баҳром.

— Мо, писар, ҷониби километри нӯҳум. Шумо-ку ба ҳамон тарафҳо равона нестед?

— Биёед савор шавед, то комбинати полиграфӣ мебарам.

— Кошкӣ, ҳамин тавр кунед,  худоё барака ёбед. Занак, - пирамард халтаҳои калон-калон наздаш гузошташударо бардошта ба ҳамсараш муроҷиат намуд: - Чӣ истодӣ? Магар нафаҳмидӣ?  Додарам, - Баҳромро боз додар гуфт ӯ, - ҷеғ доранд, ба мошинам савор шавед, мегӯянд. Ҷунб, зуд бош, аз Худо барака ёбанд. - Пирамард Баҳромро дуои нек карда бору бунашро ба мошин ҷой кунонд. Ҳама ба мошин савор шуданд.

— Оббо, писаре, ба ҳафт пуштатон раҳмате, барака ёбед, - пирамард ба мошин нишаста худ ба худ ҳарф мегуфт: - Хело интизор шудем, мошин нест, автобус намегардад. Хайрият шуд. Писар, пурсидан айб нест, шумо дар полиграфкомбинат кор мекунед? - Барои он ки мусоҳибаш сухани ӯро шунавад, болои сари Баҳром хам шуд.

— Не, амак, ман дар нашриёт кор мекунам.

— Шумо нависандаед? - ғайричашмдошт суол дод пирамард ба Баҳром ва давом намуд: - Исми шарифатон чӣ?  Чеҳраатон шинос. Агар саҳв накунам, шуморо дар ким-куҷо дидаам.

— Дар телевизор, - духтараки пирамард, ки дар паҳлӯи модараш ҷафс шуда нишаста буд, пичиррос зад.

— Ҳа, дар телевизор дида будем. Шумо ҳам китоб менависед? - гӯё даҳони пирамард гарм шуда буд.

— Ҳа, амак.

Пирамард лаҳзае хомӯш монд, ба фикр афтод.

— Шумо Баҳром Фирӯз ном надоред? - ногоҳ номи Баҳромро ба забон овард ӯ.

Баҳром ба ақиб, ба рӯйи мусоҳибаш назар андохт. Пирамарди нуроние, дар сараш тӯпии чортаркаи фарғонадӯхт, риши сафедаш батартиб бо тариқи зебо қайчӣ зада, чашмонаш медурахшиданд.

— Шумо китоб мехонед? - нависандаро пирамард гӯё ба ҳайрат оварда буд.

— Ҳа, Баҳромҷон, китоб ҳамсӯҳбати беминнати одам, ҳамсӯҳбати нағз, ба дил, - пирамард номи ӯро ба забон оварда бо вай ҳарф мегуфт.

Пирамард худашро ба Баҳром шинос намуд: бобои Довуд, аз деҳаи Теппаи Самарқанд, деҳаашон ба шаҳр наздик.

— Номи деҳаатон Теппаи Самарқанд? Ба чӣ муносибат ин тавр номидаанд. Теппаи Самарқанд гуфтааанд?

— Шумо Баҳромҷон, худатон аслан куҷоӣ, - пурсид бобои Довуд.

— Аз Самарқанд.

— Ягон  рӯз, агар насиб бошад, ба тарафи мо биёед, дар хона ман ба шумо аз таърихи деҳа ҳикоят мекунам, мӯйсафедҳоро ғун меорам, ба муаллимон мегӯям, - баъд, бобои Довуд чанд китоби Баҳромро ба забон овард. Алалхусус достони «Ту танҳо не»-и ӯ ба пирамард хело маъқул гашта буд.

Бобои Довуд, пирамарди хайрхоҳи дилсоф, дар чанд лаҳза дар бораи худаш, ба дараҷае аз тарҷумаи ҳол, аз давраҳои  сағирӣ, аз замони шӯравӣ, аз рӯзҳои хушу нохуши аз сар гузарондааш ба Баҳроми нависанда ҳикоятҳо гуфт.

Ҳамин тариқ, ҳам Баҳроми Фирӯз ва ҳам мусоҳиби ӯ нафаҳмида монданд, ки ба истгоҳи комбинати полиграфӣ чӣ тавр расиданд.

— Баҳромҷон, хайр, мо ҳамин ҷо мефароем. Ҳо, ана деҳаи мо - аз тирезаи мошин бобои Довуд ба ҷониби кӯҳ, ба деҳае, ки намоён буд, бо ангушт ишора кард ва ба суханаш давом намуд: - Ягон рӯз биёед, хонаи бобои Довуд канӣ гӯед, ҳама медонанд, нишон медиҳанд. Биёед, Баҳром, - мӯйсафед хоҳиш намуд, ки мошинро нигоҳ дорад. Аммо Баҳром ба ӯ гӯш намедод, суръати мошин суст намегашт.

— Чӣ кор мекунед, Баҳромҷон, истед,- бобои Довуд аз мошин фаромадан мехост.

— Не, амак, ман шуморо мебарам, то хонаатон мебарам, - гуфт бо қатъият Баҳром.

— Ин тавр накунед, Баҳромҷон, дар истгоҳ мефароем, мошин бисёр. Хуб нашуд. Шуморо саргардон кардем, беодобӣ шуд, истед, - бобои Довуд ва ҳамсараш дар хиҷолат монда буданд.

— Ҳеҷ гап намешавад, амакҷон, хонаатон дур набудаст-ку, мошин аз роҳи калон берун шуда рӯ ба дохили дара мерафт. Ҳар қадар мусофирони ӯ узрхоҳӣ намуда, илтиҷо доштанд, ки саргардон нашавад, мошинро нигоҳ дорад, онҳо мефароянд, вале Баҳром бобои Довуд, аҳли байташро дар роҳ нафаровард...

Соат аз се гузашт. Аз чопхона боз дастнависро пурсиданд.

Аз Баҳром дараке набуд. Аз хонаашон ҳам як хел ҷавоб мегуфтанд: «Баҳром ким-кайҳо аз хона баромада...».

 

* * *

 Баҳром ҷузвдони калони дастнавис дар зери бағал, бо чеҳраи хандон дари ҳуҷраамро кушод.

— Дер кардам, Кароматулло?

— Бахудо, алахон шудем, чӣ воқеа рӯй дод? Куҷо рафта будед?

— Ҷониби қишлоқҳои шумо. Теппаи Самарқанд рафта омадам. Хонаи бобои Довуд, мешиносед?

— Ҳа, он кас аз шиносони наздикам.

— Худашон ҳам гуфтанд. Бисёр одами нағз, фарзандонашон ҳам бамаънӣ, ҳамаашон китоб мехондаанд. Мо аз мардум дур, ин хел мӯйсафедон ҳам будаанд. Ин одам як асар. Шумо чаро дар бораи ҳамин хел одамон наменависед? Одамони меҳнатӣ... - Баҳром ҷузвдонро аз даст нагузошта шодона бобои Довудро таъриф мекарду дар ҳаққи ӯ аҳсант мехонд. Аз шиносиаш бо бобои Довуд ҳикоя намуд.

Пири равшанзамир бобо Довудро мешисонам. Хонааш ҳам равуо дорам. Ба як мард чил ҳунар кам аст гуфтагӣ барин, ӯ соҳиби бисёр касбҳост. Усто аст, дар хонааш ҷувози барқӣ бунёд намудааст, осиёдор. Фарзандонаш ҳам боҳунар, зиндагии хуш ва осуда доранд. Бобои Довуд марди дастархондор, дасткушод. Албатта, ӯ одами маълумоти олидор нест. Вале, чи хеле мегӯянд, агар хоҳад, самолёт месозад. Дар рӯзҳои камсаводии мардум ҳамин марди боҳунар дар колхоз солҳои сол сармуҳандис будааст, баъд ӯ дар деҳа бригадир ҳам буда. Ҳама баҳри ҳалли бисьёр мушкилҳо дар ҳолатҳои дармондагӣ наздаш меоянд, маслиҳату машварат мехоҳанд аз вай. Боғҳо бунёд карда, дарахтҳои беҳисоб сабзондааст ин мард. Дар бораи ҳамаи ин ба Баҳром ҳикоя намудам. Вай аз зиндагӣ ва кору бори бобои Довуд бештар фаҳмидану донистан мехост.

Хонаҳои зебо, ҳавлии сердарахти калону васеашро таъриф мекард. Ҳавлиаш дар лаби дарёча, баҳорон пуроб мешавад.

— Ман қоил, ин қадар ҳавлиашон зебо аст. Ниҳолҳо, дарахту гулу буттаҳо чунон ҷо ба ҷо, чунон бо низому тартиб шинонда шудаанд, ки аз зебишашон кас ангушти ҳайрат мегазад, - мегуфт Баҳром ва гӯё як оламе баҳраш тадқиқ намуда буд.

Минбаъд омаду рафти Баҳром ба деҳаи Теппаи Самарқанд, ба хонаи бобои Довуд давом меёфт. Маълуми ҳамагон аст, ки Баҳром пешаи занбӯри асалпарварӣ ҳам дошт. Қуттиҳои занбӯри асалашро дар канори ҳавлии бобои Довуд, зери дарахтони себу анорҳо гузошта буд. Алалхусус, Баҳром баҳорон, вақти гулу сабзиши гиёҳо, вақти ҷомаи сабзгун ба бар кардани талу теппаҳо бештар ба Теппаи Самарқанд, ба хонаи бобои Довуд равуо менамуд.

Аксар вақти аз деҳа ба шаҳр ба кор омадан ва ё аз кор баргаштан дар роҳ ба Баҳром дучор меомадам. Рӯ ба рӯям меомад, ба ронанда мефармудам мошинро нигоҳ дорад. Аз мошин мефаромадем, аз канори киштзорон ё юнучқазори сари роҳ қадам мемондем. Ғуруби офтоб ё тулӯи хуршеди оламороро тамошо мекардем. Ӯ ба хонаи бобои Довуд  мерафт  ё бармегашт.

Чанд рӯз пеш аз деҳа ба шаҳр меомадем, шиноси деринам бобои Довудро дидам. Вай аз масҷиди деҳа баромада ҷониби хонааш мерафт. Бегоҳирӯзӣ, ки буд, аз афташ, дар масҷид намози асрашро хонда буд. Оғӯш ба оғӯш бо ҳам вохӯрдем.

— Камнамоед, додарам. Ин вақтҳо дар қишлоқ зиндагӣ намекунед-чӣ? - пурсид бобои Довуд.

— Ҳа, - сар ҷунбондам.

— Оббое, додаре. Аҷаб замонҳое шуда. - гуфт ва баъд суолам дод: - Як хабари ганда шунидам, рост аст? Бовар намекунам, ба Худо. Мулло Баҳром қазо кардааст?

— Баҳром аз олам гузашт, - ба ҳасрат тасдиқ намудам.

— Ҷони одам буд Баҳром, тилло буд, ҳайф шуд, сад ҳайф... Бачаҳо хона хабар оварданд... Рост будааст, Вой, вое,  ҳайф шуд. Кӯдаконам гиря карданд, «акаи Баҳром»... гуфтанд. Нағз нашуд, вай ёш буд...

Мо дар канори роҳ Баҳромро ёд меовардему ёд меовардем.

Тарафи мошин гаштам. Хаёлам ба Баҳром ва бобои Довуд. Аҷаб не, ҳанӯз қуттиҳои занбӯрҳои асали Баҳром дар хонаи бобои Довуд бошад. Дигар Баҳром ба суроғи онҳо намеояд... Боз баҳор меояд, гулҳо мерӯянд... Ман дар роҳи деҳа бо Баҳром Фирӯз дучор намеоям.

Гузаштанд рӯзҳое, ки вай дар ин олами зебо ҳамроҳамон буд...

 

Кароматуллоҳи Мирзо

Нависандаи халқии Тоҷикистон

с. 1995