Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ: "ЗАРРАҲОИ ОДАМИЯТ"

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ: "ЗАРРАҲОИ ОДАМИЯТ"

   Адабиёти форсии тоҷикӣ аз солҳои шасти қарни бист масъалаи одамият, масъалаи инро, ки инсон чӣ гуна бояд бошад ва муомилаи байни мардум бояд ба чӣ усуле асос ёбад, мавриди баррасӣ қарор дод.

Баҳром Фирӯз (1939-1994)  яке аз ҳамон нависандагоне буд, ки дар сари ин масъала бисёр фикр мекунанд. Асарҳои Баҳром Фирӯз пур аз фикру мулоҳизаҳост ва мо, хонандагонро низ водор месозад, ки баробари ӯ фикр кунем, масъалаҳои муҳимеро, аз қабили ин, ки одам кист ва одамгарӣ чист, ҳаматарафа ба мулоҳиза гирем.

Лекин Баҳром Фирӯз мулоҳизаҳои худро ба тафсил баён намекунад. Дар асарҳои ӯ андешаву мулоҳизаҳои дуру дароз ба назар намерасанд. Вай ба мақсади худ бо қувваи тасвир мерасад: дидаву шунидаҳояшро як-як нишон медиҳад ва мо аз ин тасвирҳои ӯ ба фикр меравем, хулосаҳо мебарорем.

Ҳар як асари бадеӣ, хусусан асарҳоеро аз қабили ҳикояҳо (повестҳои кӯчак)-и Баҳром Фирӯз хеле бо диққат хондан лозим меояд. Назари ӯ дар мушоҳидакорӣ баъзан нозук меравад ва хислатҳои инсонии қаҳрамон ё ноодамии ӯро нозук ба мушоҳида гирифта, ба назари мо намоён мекунад.

Инак, ҳикояи «Омаду рафт» (1979). Дар ин ҳикоя, чунонки ҳоло дар бисёр асарҳои нависандагони тоҷик мебинем, қаҳрамон дар дами марг нишон дода шудааст. Усто Равшан дар бистари марг баъзе лаҳзаҳои зиндагии худро аз назар мегузаронад, феълу атвори баъзе касонро фикр мекунад. Аз ин мулоҳизаҳо мебинем, ки тамоми зиндагии ӯ бо заҳмати ҳалол, бо некӯкорӣ гузаштааст. Лекин барои фаҳмидани ин, ки усто Равшан чӣ касест, чанд гуфтаи вай, хусусан охирин сухани ӯ муҳим аст. Охирин сухани ӯ ин буд, ки канда-канда гуфт: «Хоб дидам... асп маро гирифта... андохт... аз қисмат ҷойи гурез нест... Афсӯс, ҳаво носоз омад»... Чунонки  мебинем, қаҳрамони нависанда дар дами вопасин афсӯс мехӯрад, ки «ҳаво носоз омад». Вай аз поён ёфтани умри худ афсӯс намехӯрад, аз ин ки умраш бо заҳмат гузашт ва чунонки занаш гуфт, ҳанӯз аз фарзандон роҳат надидааст - аз ин дар ҳасрат нест, балки дар ташвиш аст, ки «ҳаво носоз омад» ва мардум барои гӯронидани ӯ азоб хоҳанд кашид. Усто Равшан дар дами марг ҳам ғами дигаронро мехӯрад.

Чунин аст услуби Баҳром Фирӯз. Вай ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни фикру ҳисси қаҳрамон чашми диққат медӯзад, гоҳ нозуктарин нишонаҳои феълу атвори инсонро аз назар мегузаронад, аз ҳар кадоми онҳо як маънӣ мекашад. Мо ҳам аз асарҳои ӯ беҳтар фаҳмидани маънои рафтору гуфтори одамонро ёд мегирем. Ба рӯйдодҳои оддӣ, ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни феълу атвори инсон бодиққат нигоҳ кардани нависанда боис мегардад, ки мо, хонандагон низ ба муҳит, ба мардумони атрофи худ бодиққат нигоҳ кунем, дар фаҳмидани маънои зиндагӣ ва одамию ноодамӣ чашми мо бинотар, ақли мо гиротар шавад.

Баҳром Фирӯз аввалҳо шеър мегуфт ва фақат аз оғози солҳои ҳафтод ба наср гузашт. Ман ӯро ба сифати насрнавис аз ҳикояи «Бобо», ки соли 1970 навишта ва соли 1972 чоп карда буд, мешиносам. Ин ҳикоя зуд диққати хонандагон ва нависандагону мунаққидонро ба худ кашид. Мушоҳидакорӣ ва нозукбинии ӯ аз ҳамин ҳикоя маълум буд.

Нависанда дар ин ҷо як кӯдак ва падарбузурги пирсоли ӯро тасвир кардааст, ки ҳар ду ба деҳа равонанд. Сӯҳбати бобову набера дар роҳ, манзараҳои кӯҳсор ва ғайра, ки дар ин ҳикоя тасвир шудааст, бештар гӯё чизи оддист: гуфтугузори одатӣ мебошад. Лекин дар ҳақиқат як порча аз зиндагии бисёр аҷиби мардуми мо дар ин ҳикоят тасвир шудааст. Кӯдак дар ҳар қадам чизе аз аҷоиботи зиндагии одамон ва ҳайвонотро мебинад ё мешунавад. Гоҳ медид, ки «қуллахо чун сутун ба китфи худ осмонро бардошта истодаанд» ва «дилашро ваҳм зер мекард», гоҳ аз бобо ҳикоятҳои аҷибе дар бораи гургон мешунавид. Кӯдак бо ҳайрату тааҷҷуб барои худ аҷоиботи табиатро кашф мекунад ва мо ба кунҷковӣ, ҳайрату тааҷҷуб ва ҳиссиёти баланди ин кӯдаки хурдсол мафтун мешавем. Нависанда ҷараёни мураккабе - раванди аз тарафи як кӯдаки зираку ҳассос кам-кам кашф шудани асрори зиндагиро ба таҳқиқ гирифтааст ва бо ҷузъиёти аҷиби руҳиву равониаш ба мо нишон додааст. Бобо - пиракии пурдидаву пурдон ва коркӯфта низ ҳар лаҳза дар пеши чашми мо намоён мегардад.

Баҳром Фирӯзро  нависандаи маишатнигор ва услуби ӯро услуби маишатнигории иҷтимоӣ гӯем, шояд саҳв нашавад. Диққати ӯ ба зисту маишати мардум равона гардидааст ва гоҳ онро бо кӯчактарин падидаҳояш мебинад, бо дақиқназарӣ ба мулоҳиза мегирад. Аз хондани ҳикояҳои ӯ чашми мо ҳам ба хурдабинӣ одат мекунад, фикри мо ҳам дар сари моҳияти он ҷузъиёти ночизи маишат ба ҷавлон меояд ва дар роҳи дарки маънои ҳодисаҳои зиндагӣ фаъол мешавад. Хурдатасвирӣ дар аксари ҳикояҳои маҷмӯаи «Ҳақиқати талх» (1981) шакли асосии ифодаи нозукбинии ҳассосонаи Баҳром Фирӯз буда, барои инкишофи қобилияти мӯшикофии хонанда, барои такони фаъолиятмандии иҷтимоии вай иқтидор дорад.

Тасвирҳои Баҳром Фирӯз дар ҳикоя аксаран вусъат надоранд. Вай бештар воқеаҳои хурдеро мегирад, ки аз талотум маҳрум буда, як гӯшаи зиндагиро андак равшан мекунанду бас. Вале ин гап чунин маънӣ надорад, ки ҳикояҳои ӯ каммазмун мебошанд. Қалами ӯ чунин иқтидор пайдо кардааст, ки аз резапораҳои зиндагӣ маънои муҳимме бароварда, пеш аз ҳама, одамиятро устувор мекунад. Ҳам пирамарди нотавони ҳикояи «Бобо» ва Усто Равшане, ки дар бистари марг аст, ҳам Комил-полвони ҳикояи «Гӯштигирӣ» (1974), ки номардии шогирдаш Сангин-полвонро боиси сархамии худ донист, ҳам сарнавишти Сабои ҳикояи «Оғоз» (1979), ки бо вуҷуди номуродиҳо ҳиссиёти олии инсониро аз даст надодааст ва дигарҳо аз худ сифатҳои баланди инсонӣ зоҳир намуда, моро водор месозанд, ки дар сари баъзе масъалаҳои зиндагӣ, дар хусуси одаму одамият ба андеша равем. Қаҳрамони хурдсоли ҳикояи «Ҳақиқати талх» (1976)  сагчаи дӯстдори худро ба чӯпоне фурӯхт, то ки саги калони чӯпонӣ шавад, аммо чун падар ӯро сахт коҳиш кард, ки фақат «нокас дӯсташро мефурӯшад», ин ҳасрат якумр дар дилаш монд ва ин сухан дар гӯши хонанда ҳам садо дода сахт менишинад.

Ҳамин тариқ, нависанда одамияти баланди қаҳрамонон, адлу инсоф ва виҷдони поки онҳоро на бо тасвирҳои пурвусъат ва лавҳаҳои бузург, балки гӯё ҷузъиёти алоҳидаи зисту маишатро реза-реза гирд оварда, як манзараи мукаммалро пеши чашм ҷилва медиҳад. Ҳар қадар ки нависанда воқеаҳои зиндагиро нозуктар ба мушоҳида гирифта, моро бештар ба андеша мебарад, ба ҳамон дараҷа хислатҳои неки инсониро устувор менамояд.

Оре, одамият зарра-зарра гирд меояд. Ҳар инсони асил бо ягон хислати мардумии худ, ҳатто бо хислатҳои хурду ноаён сифатҳои одамии дигаронро заррае зиёд мекунад. Ҳар кадоми мо бояд қобилияте дошта бошем, ки ин зарраҳои инсониятро дида тавонем, ҳарисона аз худ намоем, аз онҳо дар зиндагӣ дастури амал ҷӯем. Нависандагон бо нигоҳи заррабини худ ин қобилияти моро равнақ медиҳанд. Нигоҳи нависандагон ҳар чӣ нозукбинтар бошад, биноии мо ҳам тезтар хоҳад буд.

Ин ҷо муҳимтар аз ҳама он мебошад, ки ба сифатҳои хурду ноаён нишон додани бузургии халқ аст. Ба назари мо, Баҳром Фирӯз ҳамин равияро пеш гирифтааст. Ин ҳам барои худшиносии маънавию ахлоқии шахс ва ҷомеа дорои аҳамияти бузургест. Дар ин сурат шахс вазифаи инсонии худро боз ҳам нозуктар дарк месозад, зеро рӯҳи поки инсонӣ, хулқи неки мардумӣ, дили софи беолоиш ва монанди инҳо зарра-зарра дар назари ӯ намоён шуда, бо падидаҳои хурде аҳамияти калони худро намудор меоранд.

Дар баъзе ҳикояҳои Баҳром Фирӯз инсон дар оғӯши табиат нишон дода шудааст, инсон ва ҳайвоноти гуногуни дастию ёбоӣ як ҷо амал кардаанд («Бобо», «Бузғола ва писарак», «Омаду рафт» ва ғайра). Чунин ҳикояҳо монанди бисёр ҳикояҳои дигари ӯ асосан барои кӯдакон ва ҷавонон навишта шудаанд, вале муаллиф дар ин асарҳояш хонандаи калонсолро низ дар назар дорад. Ҳар кадоми ин ҳикояҳо як ҳикмати ҳаётро ифода менамоянд ва ин ҳикмат чунон ифода шудааст, ки барои хурду калон баробар аҳамият доранд.

Пайванди ногусистании инсон ва табиат, бо чашми ҳайрат ва мафтунӣ ба сирру асрори табиат, аҷоибот ва ҳусни беолоиши он нигаристани инсон, хусусан хурдсолон дар ин ҳикояҳо на бо калимаҳои зебо ва суханороии зоҳирӣ, балки бо сухани оддӣ, бо қувваи тасвири мушаххас нишон дода шудааст. Б. Фирӯз аз рангу равғани романтикӣ худдорӣ мекунад. Шавқи пурзӯри инсон, ки аз мушоҳидаи манзараҳои табиат ва ё рафтори ҳайвоноти гуногун бедор шудааст, дилбастагӣ ва меҳри самимии одам нисбат ба боғу роғ, кӯҳу дара, чашмасорону обшорон ё ки нисбат ба ҷонварони дӯстрӯи содиқ ва монанди инҳо дар асарҳои Б.Фирӯз бо падидаҳои мушаххасашон намудор мегарданд.

Чашми хонанда, хусусан хонандаи ҷавонро ба зебоиҳои зиндагӣ, ба ҳусни табиат ва дунё кушодан, диққати хонандаро ба дидани наҷобати дили инсон ва хулки неки ӯ равона кардан, ба ин восита барои устувории пояҳои инсоният дар ҷомиа кӯшидан як шакли ифодаи башардӯстӣ дар асарҳои Б. Фирӯз аст. Ин башардӯстии олӣ масъулиятшиносии шахсро низ дар бар дорад. Нависанда на фақат меҳри зиндагӣ ва инсонро дар дили шахс мустаҳкам мекунад, балки зимнан чунин фикреро ҳам талқин менамояд, ки шахс дар назди чунин инсони асил, дар назди зиндагӣ ва сарзамин ҷавобгар буда, хулқашро ба онҳо мувофиқ гардонад, барои муҳофизати онҳо тайёр бошад, нагузорад, ки ба ин ҳама ҳусну зебоӣ ва назокату наҷобат осебе расад. Б. Фирӯз ба таври хосе ҳисси масъулияти шахсро  дар назди ҷомиа қувват медиҳад.

Ғояи масъулиятшиносӣ аксаран аз маънои таҳтуллафзи матн ҳосил шуда, гоҳ дар мулоҳизарониҳо андаке бевосита ифода меёбад. Чунончӣ, Комил-полвон (ҳикояи «Гӯштигирӣ») рафтори норавои шогирдаш Сангинро дида буд, ки аз дилаш чунин фикр гузашт: «Усули гӯштиро ёд додан кам аст, одамию одамгарӣ, ҷавонмардию тандеҳиро ҳам ёд додан даркор...»

Дар айбҳову гуноҳҳои каси дигаре худро низ айбдор донистан, аз ин бобат виҷдонан азоб кашидан, дар роҳи тақвияти одамият ва пешгирии ноодамӣ ҷидду ҷаҳд кардан, ки дар зиндагии баъзе қаҳрамонони Баҳром Фирӯз мебинем, падидаҳои гуногуни масъулиятшиносии шахс дар назди ҷомиа аст.

Хислатҳои бади инсон ҳам дар ҳикояҳои Баҳром Фирӯз бо диққаткорию резабинӣ нишон дода шудаанд. Вай ба ҳар яке аз падидаҳои ноодамию ноинсофӣ, беақлию бетамизӣ, ки муносиби шаъни инсон нест, низ бодиққат нигариста, сабабҳои онро меҷӯяд ва мардумро аз сабуксарию беандешагӣ бар ҳазар медорад. Ҳикояҳои «Чинор-кампир» (1977), «Товуси маст» (1977), «Камгап» (1979) ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.

Агарчи дар ҳикояҳои Баҳром Фирӯз тасвири мушаххас, мӯҷаз ва оромона мавқеи асосӣ дошта, мулоҳизарониҳои доманадору пурҳиссиёти муаллиф ё персонажҳо ба назар намерасад, дар баъзе мавридҳо, хусусан он гоҳ ки аз хулқи нораво ва гумроҳии инсон сухан меравад, фикру ҳисси таҳиягар ногоҳ ба ҷӯш омада, овози ӯ баланд шунида мешавад. Аз ҷумла дар ҳикояи «Муаллими сахтгир» (1981) аз сабаби раҳмдилии модар ва саҳлгириҳои ӯ аз кӯдакӣ кам-кам аз роҳи дуруст баромадани ҷавоне тасвир ёфта, яке аз персонажҳо сабаби ин ҳодисаро чунин эзоҳ додааст, ки «агар худи кас одам шудан нахоҳад, ҳеч кас ӯро одам карда наметвонад». ҳикояпардоз ба ҳаққонияти ин сухан шубҳа надорад. Бо вуҷуди ин аз забони ӯ чунин андешаҳо ҳам омадааст: «Ҳар ду дақиқае чанд хомӯш мондем. Ман ботинан ин гуфтугӯро давом медодам: Ба фикри ман, дар ин бадбахтӣ танҳо худи Шодӣ гунаҳкор не, - мегуфтам худ ба худ. - Фақат як худи модараш гунаҳкор не, ҳамаи аҳли деҳа гунаҳкорем. Бале, хурду калон - ҳама. Дар пеши назарамон дузду авбош, коҳилу кӯрнамак ба воя расид, ҳеч кас ба таври қатъӣ ба вай монеъ нашуд».

Ин ҷо, чунонки дар эҷодиёти бисёр нависандагон мебинем, ба як ҷиҳати дигари масъалаи «шахс ва ҷомеа» дахл шудааст: нависанда андаке ба масъалаи масъулияти ҷомеа дар назди шахс наздик омадааст.

Чунонки шахс дар назди ҷомеа ҷавобгар аст, ҷомеа ҳам барои ҳар як фард ва сарнавишти ӯ масъулият дорад. Чигунагии ташаккули шахсияти инсон, чӣ хусусиятҳо пайдо кардани роҳи ҳаётии одам на фақат ба худи ӯ, балки ба муҳити иҷтимоӣ ҳам вобаста аст ва агар инсон ба роҳи бад дарояд, як қисми гунох ба гардани ҷомеа ҳам мефарояд, ҳатто гоҳ мумкин аст, ки гуноҳ тамоман ба гардани ҷомиа бошад. Ин масъалаи бузурги мураккаб паҳлӯҳои бисёре дошта, Баҳром Фирӯз дар ҳикояи «Муаллими сахтгир» фақат як ҷиҳати онро аз назар гузаронидааст, ки муносибати мардуми атроф ба неку бади зиндагӣ мебошад. Мардум ба рӯйдодҳои атрофи худ бояд муносибати фаъолона дошта бошанд. Муносибати бетарафона ва ғайрифаъолона, бепарвоӣ, бедахолатӣ, оромонаю хунсардона нигоҳ кардани баъзеҳо ба рӯйдодҳои нохуш, ба ғами дигарон, ба нокасӣ ё каҷрафтории атрофиён боиси вусъат ёфтани бадиҳо мешавад. Як кас аз роҳи рост барояд, чанд кас гунаҳкор аст. Нависанда ҳамин ҳақиқатро хотиррасон намудааст.

Духтури ҷавон Даврон - қаҳрамони асосии повести Баҳром Фирӯз «Тору пуд» (1983) ба ҳиллаву найранги бадкирдорон гирифтор шуда ва рафтори онҳоро хеле аз назар гузаронида охир чанд хулосаи муҳим баровард, ки яке аз онҳо ин аст: «Ба ҳамаи ин пасту баландиҳо худамон гунаҳкор... Нуқсонро, ҷиноятро мебинему «ба ман чӣ» гуфта чашм пӯшида мегузарем».

Ин ҷо қаҳрамон «худамон» гуфта худро ва касонеро, ки монанди ӯ ҳалолкору ростқавл мебошанд, дар назар дорад. Яъне ҳам шахси алоҳида ва ҳам мардуми бисёреро баробар ба назар гирифтааст. Маълум нест, ки сухан аз масъулиятшиносии шахсони алоҳида меравад ё тамоми ҷомеа. Ин номуайянӣ чунин маънӣ дорад, ки нависанда барои ҳодисаҳои манфие, ки дар зиндагии мо ҳастанд, барои амали бемамониати «мардуми ба ҳарому ҳалол бефарқ» ҳам шахсҳои алоҳида ва ҳам тамоми ҷомеаро баробар ҷавобгар медонад. Ҷавобгарии шаҳрвандии шахс ва вазифашиносии башардӯстонаи ҷомеа сахт ба ҳам марбутанд. На фақат шахс дар назди ҷомеа ва ҷомеа нисбат ба шахс ҷавобгар аст, балки ҳам шахси ҷудогона, ҳам гурӯҳҳои хурду калон ва ҳам тамоми ҷомеа вазифадоранд, ки ба муқобили бадиҳои иҷтимоӣ муттаҳид бошанд, аз як гиребон сар бароранд. Модом, ки зиштиҳои иҷтимоӣ қувват гирифтаанд, бояд ҳамаи қувваҳои зидди онҳо ба дараҷаи баробар фаъолияти қатъии якҷоя дошта бошанд.

Чунин ҷамъбастҳои вусъатноки бадеӣ дар ҳикояҳои Б. Фирӯз каманд. Вай дар ҳикояҳо хислатҳои қаҳрамон ва симои инсонии ӯро бо нишонаҳои хурд ва падидаҳои мушаххас ба тасвир гирифта, аз ҷамъбастҳои вусъатнок худдорӣ мекунад. Инро норасоии биниши бадеии ӯ донистан лозим нест. Он ҳама резатасвириҳои мушаххаси ӯ барои дунёфаҳмию зиндагидонии васеи мо хидмат карда, бо таъсири отифии худ водор месозад, ки хулосаҳои муҳим барорем.

Фақат баъзан худи нависанда аз тасвирҳои на чандон калон, аз ҳодисаҳои маҳдуд, ки зоҳиран ночиз менамоянд, баъзе хулосаҳои муҳими умумӣ мебарорад. Дар як маврид чунин хулосаи ӯ хеле вусъат ёфта, ба ҳодисаҳои умумии ҷаҳон дахл намудааст. Дар охири ҳикояи «Кабкҷанг» (1976) таассуроти таҳиягар чунин баён шудааст:

«Агар аз кабкҷанги аввал дилтанг будам, аз ин ҷанги нобаробар нафратам ва ғазабам ҷӯшид. Умуман, ду ҷонвари бегуноҳро ба ин тариқ ҷанг андохта, парканию чашмкании онҳоро тамошо кардан ва гарав бастан бераҳмӣ, беақлӣ. Аз дилам гузашт, ки башариятро ҳам ана ҳамин хелҳо ба ҷанги бародаркушӣ меандохтагистанд».

Ин тарз аз тасвири як воқеаи хурди маъмулӣ ба ҳодисаҳои калони ҷаҳонӣ гузаштани нависанда ғайри чашмдошт аст. Вале шояд маҳз ҳамин гардиши ғайричашмдошт бо таъсири пурзӯре моҳияти даҳшатангези ҷангҳоеро, ки сангдилони одамбезор ва дунёхур сар мекунанд, равшан менамояд.

Ҷамъбастҳои калонтари бадеӣ дар повести Баҳром Фирӯз «Ту танҳо не», хусусан дар «Тору пуд» бештаранд.

Повести «Ту танҳо не» бо баррасии масъалаҳои муҳими ахлоқу одоб ва ташаккули шахсияти қаҳрамони ҷавон ҷолиб аст. Дар повести «Тору пуд» масъалаи одамият ва муҳофизати он аз тааррузи ноодамон хеле тезу тунд мавриди тадқиқи бадеӣ қарор ёфтааст. Нависандае, ки то ҳол ҳатталимкон аз ифшои ҳиссиёти худ худдорӣ мекард, дар повести «Тору пуд» гоҳ ӯро ончунон ҳаяҷон фаро гирифтааст, ки суханаш ба фарёд монанд аст. Инак, порае аз монологи ботинии қаҳрамони асар, ки садои муаллифро ҳам аз он мешунавем:

«Духтур бисёр шуду беморӣ ҳам афзуд мегӯянд, гӯё сабабгори беморӣ духтурҳо бошанд. Ана, ин хел маразҳо бисёранд, инҳо одамонро касал мекунанд. Стресси рӯҳу эҳсос... Ғалатӣ, чаро барои дурӯягӣ, турачигӣ ҳеҷ касро ҷазо намедиҳанд?... Аслан ин мараз ҳам, торафт меафзояд. Яъне марази ҳамагир аст. Кай пеши роҳашро мегирем, ҳой мардум?! Ин ҳам грипп барин, дарди зарпарвин барин, балки аз ин маразҳо бадтар аст...»

Нависанда дар повести «Тору пуд» ноодамии ҳаромхурону пулмастони бетамиз ва ҳомиёни маснаднишини онҳоро бо хашми тамом тасвир кардааст. Баъзан сухани ӯ тири заҳролудест, ки бехато ба ҳадаф, ба ҷигаргоҳи кӯрдилони ваҳшисимо мерасад. Сӯзи дили нависанда бисёр баланд буда, виҷдони хонандаро ба ҷӯш меорад, ҳиссиёти масъулиятшиносӣ ва фаъолиятгарии иҷтимоии ӯро сахт такон медиҳад. Бар хилофи бештари ҳикояҳои Б. Фирӯз дар ин повест оҳанги ҳиссиётомези рӯзноманигорӣ қувват гирифта, боиси ин шуд, ки мавқеи ҷомеаии фаъолонаи ӯ буррову гӯё ифода гардид. Сухани бадеии Баҳром Фирӯз дар «Тору пуд» сухани асили гуманистӣ мебошад ва бо ҷидду ҷаҳди бештаре пояҳои одамиятро устувор ва ноодамиро маҳкум менамояд.

Масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷомиа дар «Тору пуд» андак ранги дигар гирифт ва такмил ёфт. Нависанда акнун барои ҳар чӣ ҳодисаи баде, ки дар атрофи мо рӯй медиҳад, барои падидаҳои ҳаромкорӣ, бетамизӣ, худсарӣ, бемаънавиятӣ на фақат худи онҳоеро, ки ин хислатҳо аз онҳо сар задааст, на танҳо ҳар шахси ҷудогона ё як гурӯҳ мардумеро, ки расвоиҳоро дида, чашм пӯшидаанд, гунаҳкор медонад, балки масъалаи ҷавобгарии махсуси масъулони расмиро пеш гузоштааст. Кормандони масъули идораҳо, намояндагони ҳокимияти иҷрокор вазифадоранд, ки барои пешгирии ноинсофиҳо, барои аз роҳи хато нигоҳ доштани шахсони алоҳида мубориза кунанд ва дар ин роҳ ҳама ҳуқуқу имкониятҳои худро пурра истифода баранд. Саргузашти қаҳрамони повест бо қувваи азиме нишон дод, ки вазифаи худро фаромӯш кардани кормандони масъул, ба роҳи беинсофӣ даромадани онҳо ба сари мардумони поквиҷдон чӣ даҳшатҳое метавонад орад.

Фикри бадеии нависанда дар повести «Тору пуд» бо ин байти олиҷаноби Фирдавсӣ хулоса шудааст:

 

Нигар то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,

Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.

 

Ин гӯё хулосаи бадеии ҳамаи воқеаҳои повест ва тамоми саргузашти  қаҳрамонон,  хулосаи  таҳқиқи  гуногунҷиҳати  масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷомиа мебошад, хулосаи амиқест, ки моҳияти масъаларо ба хубӣ равшан мекунад. Нависанда бо мантиқи ҳамаи воқеаҳо ва сарнавишти қаҳрамонон, аз забони шоири бузурги моҳиятбин моро огоҳ месозад, ки ҷавобгарию вазифашиносиро бояд як лаҳза фаромӯш накунем. Инсон барои ҳар қадам ва ҳар суханаш дар назди дигарон ҷавобгар аст ва ҳеч кору ҳеч гуфтори ӯ беоқибат намемонад. Аз ҳамаи ин рафтору гуфтори шахсони алоҳида симои умумии ҷомеа ҳосил мегардад ва ин ҷомиа ҳам дар пеши ҳар як узви худ, дар пеши мардумони имрӯз ва фардо, дар назди таърих масъулият дорад. Шахс ва ҷомеа ҷудо нест ва ҷомеа аз шахсони ҷудогона. Муносибати шахс ва ҷомеа, масъулияти ҷомеа ва шахс дар назди якдигар робитаи диалектикӣ дорад ва ҳар чӣ неку баде, ки дар ин миён ҳаст, инчунин оқибатҳои он ба дараҷаи баробар чӣ сарнавишти шахс ва чӣ вазъи ҷомеаро муайян мекунад.

Даврон - қаҳрамони «Тору пуд» дар беморхона саргузашти даҳшатноки худ ва беинсофию ноодамиҳоеро, ки дар андак муддат дид, фикр карда, дар охир чунин хулоса баровард: «Зиндагӣ худаш ислоҳ мекунад, гузашти замон мусаҳҳеҳи забардаст аст. Ҷомеа агар солим аст, монанди оби баҳр худашро аз ҳар олоише покиза месозад».

Аз ин андешаҳои Даврон ва аз ҳама муборизаҳои ӯ дида мешавад, ки моҳияти замони худро дуруст фаҳмидааст, ки дар зиндагӣ бо дилпурӣ қадам мезанад. Ҷомеаи мо баҳри пурмавҷест, ки ҳамеша худро «аз олоишҳо покиза месозад». Афкори иҷтимоӣ барои ба соҳили нестӣ бароварда партофтани бетартибию бенизомӣ, худсарию худбинӣ, бюрократизм ва дигар рӯйдодҳои манфӣ бояд ҳамеша дар ҷавлон бошад.

Ин аст, ки Баҳром Фирӯз, ки ҳикоянависиро аз ҷузъиёти хурди зисту маишат, аз таҳқиқи батаании оромона оғоз карда буд, имрӯз аз гуфтори халқ ва тасаввуроти вай нағз огоҳӣ пайдо кард.

Ба забони халқ бо эҳтиёткории тамом наздик шудан ва аз ин ганҷина дурдонаҳо ҷустан аз давраҳои аввали таърихи адабиёти шӯравии тоҷикӣ, хусусан бо ҷаҳду ҷадали устод Айнӣ бисёр ривоҷ ёфта буд. Имрӯз ин корро нависандагони миёнсол ва ҷавон давом медиҳанд. Ин гурӯҳ сабки саҷияофаринии тоза ва назари амиқбин доранд, мактаби таҷрибаи адабиёти ҷаҳониро гузашта, имрӯз дар ин роҳ баъзан хеле эҳтиёткор буда, анъанаҳои Айнӣ, Икромӣ, Улуғзодаро бештар ба тарзи дигаре ва ҳар кадоме ба таври худ инкишоф медиҳанд. Баҳром Фирӯз ҳам дар ҳамин қатор аст.

Насри Баҳром Фирӯз аз дигар ҷиҳатҳо ҳам як ҳисса аз он ҷараёнест, ки бо номи Ф. Муҳаммадиев, С. Турсун, Кӯҳзод, А. Самадов ва монанди инҳо вобастагӣ дорад. Бо диққати тамом нигаристан ба симои ҳамзамонон, аз феълу атвори онҳо зарра-зарра ҷамъ овардани нишонаҳои одамият ва кӯшиши ҷиддӣ дар роҳи устувории пояҳои он ҳоло моҳияти эҷодиёти бисёр нависандагони тоҷикро ташкил мекунад ва Б. Фирӯз яке аз онҳост.

Ғайр аз ин, Баҳром Фирӯз чун дар повести «Тору пуд» ба масъалаҳои ҷиддии ахлоқи иҷтимоӣ, ба масъалаи инсону инсоният нисбатан пурвусъат ва амиқтар назар кардан хост, низ монанди баъзе аз нависандагони номбурда, чунончи мисли Ф. Муҳаммадиев ва С. Турсун ба таҷрибаи чандин насли мардум - ба тасаввуроту эътиқодот ва ҳикмати халқ, ба адабиёти классикӣ ва таърих  рӯй овард. Аз боби якуми ин асар дар фикру андешаҳои  қаҳрамон гоҳ ёде аз гузашта - аз солҳои наврасию навҷавонии худ, гоҳ шеъри Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ё ривояте аз ҳаёти онҳо, гоҳ латифае ё гуфтаҳои ҳикматомези падару бобо ва ғайра бисёр ба назар мерасад. Инҳо як ҷузъи муҳими шуури маънавии Даврон-пизишки ҷавони хушмулоҳизае мебошанд ва ҳар замон барои ҳалли масъалае даркор мешаванд.

Ҳоло  аҳамияти бузурги ҳамаи навъҳои таҷрибаи таърихии дуру наздик ҳар чӣ бештар маълум мешавад. Имрӯз тамоми инсонияти тараққихоҳ сабақҳои таърих, таҷрибаи рӯзгори мардум, падидаҳои маънавияти халқ - устураҳо, афсонаҳо, ривояту латифаҳо на монанди инҳоро ба андеша гирифтааст. Гузашта дар тафаккури ҳамзамонони мо бештар роҳ меёбад ва мавқеъ мегирад. Аз ин рӯ, дар адабиёт ҳам муроҷиат ба дирӯз, ба андӯхтаҳои маънавии гузаштагон яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти қаҳрамони ҳамзамони мо, шарти муҳиме дар тадқиқи масъалаҳои ахлоқи иҷтимоии имрӯз ва нигоҳ ба фардо мебошад. Таҷрибаи таърихӣ санги маҳак қарор ёфтааст ва инсони замони мо,  инчунин қаҳрамони адабиёти муосир барои ин, ки моҳияти ҳастии худро дуруст фаҳмад, хатти ҳаракати худро дар шароити мураккабу тундпечи дунёи имрӯзӣ бо санҷишкорӣ муайян созад, дар ҳалли муаммоҳои воқеияти иҷтимоӣ ва ахлоқу одоби худ саҳв накунад, вазъияти худ ва рӯйдодҳои атрофро кам ё беш алоқамандона бо гузашта аз назар мегузаронад. Вай дар роҳи ҷӯяндагиҳо, дар роҳи сарфаҳм рафтан ба маънои рӯйдодҳои имрӯзӣ машъали таърих ба даст гирифтааст. Албатта, таърих ягона воситаи равшан кардани роҳ ба сӯйи оянда нест. Воситаи асосӣ таҳлили ҳамаҷонибаи вазъияти воқеӣ ва рӯйдодҳои имрӯзист. Таърих як ҷузъи муҳимми ин таҳлил мебошад.

Ҳангоме ки қаҳрамони Баҳром Фирӯз дар повести «Тору пуд» порчаеро аз «Шоҳнома», ривоятеро аз зиндагии Ҷомӣ, байтеро аз Саъдӣ ё Ҳофиз, латифаеро ё як гуфтаи ҳикматомези падарашро ба хотир меорад, дар олами маънавияти ӯ ҷилое пайдо мешавад. Ҳофизаи таърихӣ ҷавлони фикру ҳисро қувват дода, инсонро ба дарки маънои рӯйдодҳои мушаххаси атроф, моҳияти ҳастии худ ва ҳақиқати замони хеш наздик меорад. Даврон дар сари андешаҳои мураккаби худ бештар ҷозиба дорад, фикри ҷӯянда ва назари моҳиятҷӯи вай, ки имрӯз ва дирӯзро баробар фаро гирифтан мехоҳад, ба ӯ як навъ ҳусни ботинӣ мебахшад. Фикру ҳисси вай болу паре дорад ва гоҳ суханаш шоирона аст. Чун мошин ронда ба сари ағба расид, ба ин тарз аз мушоҳидаи баландии кӯҳ табъаш болид ва ба қавли ҳамсараш, ба «хаёлтарошӣ» сар кард: «Вақте ки кас ба ин хел баландӣ мебарояд, вусъати нигоҳаш ҳам, парвози хаёлаш ҳам, уфуқи пеши назараш ҳам доманадор мегардад».

Яке аз ҷузъҳои гуногуни таҷрибаи асрҳо, ки Баҳром Фирӯз дар ин повесташ дахл намудааст, масъалаи шукр аст. Чунонки медонем, шукр дар асарҳои адабиёти ахлоқиву фалсафии асрҳои гузашта  яке аз муҳимтарин усули ахлоқ буд. Тасаввури халқ  ҳам ҳамин буд, ки агар шукр нагӯем, файзу баракат мепарад. Дар ин маврид маънои шукру шукрона асосан донистани қадри неъмат - қадри нон ва фаровонӣ, рӯзи хуш ва бахту саодат, қадри андак чиз ва ё камтар шодие, ки муяссар шудааст, зарур аст. Агар қадри онро надонем, онро пешпо занем, аз ин нодонӣ рӯзҳои нохуш ба сарамон хоҳад омад. Ин яке аз тасаввуроти халқ аст, ки аз таҷрибаи рӯзгораш ҳосил шудааст.

Баҳром Фирӯз аз байни нависандагони ҳозираи тоҷик ҳоло қариб ягона касест, ки қаҳрамонони ӯ гоҳ-гоҳ ин асли муҳимми ахлоқи халқ ва ахлоқномаҳои классикиро ба ёд меоранд.

Дар дами марги қаҳрамони ҳикояи «Омаду рафт» байни ӯ ва ҳамсараш аз ҷумла чунин гуфтугузоре ба вуқӯъ пайваст:

— «Парво накун, оча, - гуфт усто бо нимтабассум ва лаҳзае ба рӯйи ҳамсараш зеҳн монда, дуру дароз нигарист. - Ман умрамро дидам, ҳар чӣ насибам буд, гирифтам...

— Э, ин қадар... чӣ дидед? - даст афшонд пиразан. - Меҳнати дунё катӣ гузаштагӣ умр ҳам умр аст чӣ? Хуни ҷигар катӣ фарзанд калон кардед, акнун роҳаташонро бинед-дия...

— Шукр кун, оча, шукр гӯй».

Ин ҷо гуфтугӯйи онҳо қатъ шуд ва ҳар ду ба андеша рафтанд. Ҳам ҳасрати ин пиразан, ки дар зиндагӣ роҳате надида имрӯз аз дунё чашм пӯшидани шавҳараш дили ӯро фишор медиҳад, ҳам шукри оқилонаи пирамард, ки бо вуҷуди меҳнату машаққат ва номуродиҳо дар зиндагӣ дарнамонданаш, фарзандҳо калон карданаш, андаке бошад ҳам, ба хизмати мардум расиданашро давлати бузург медонад, маънои амиқе дорад. Ин шукрона идеалҳои мардуми меҳнатӣ, мақсаду маром ва фалсафаи зиндагии онҳоро ифода мекунад. Ин фалсафаи ҳаёт бо сухани маъмулии мардуми одӣ ба забон омадааст.

Масъалаи шукр дар ҳикояи «Омаду рафт» андак дахл шудааст, аммо дар повести «Тору пуд» аввал дар андешаҳои қаҳрамони асосӣ Даврон аз зарурати шукрона андак ёдоварӣ шудааст. Вай боре бо ҳамсараш Азиза чунин гуфтугӯ дошт: «Падару бобоёнамон сари ҳар гап «шукр кун» мегуфтанд, - гуфт Даврон оқибат аз дур сухан сар карда. - Ту ҳам ягон бор шукр гӯй, аз ин фалокат саломат мондем». Баъд Даврон ба андеша рафт: «Аз дили Даврон гузашт, ки ибораи «шукр кун» ба Азиза ҳамеша сеҳру ҷоду барин асар мекунад...  Ҳоло фикр мекард, ки чаро ин сухан ба ҳамсараш чунин таъсир дорад. Аз хурдӣ дар хонавода падару модар ҳамаи моро ба шукр гуфтан водор мекунанд. Худашон ҳам дар сари ҳар кор - хоҳӣ бад ояд, хоҳӣ нек, шукр мегӯянд. Падари Азиза ҳатто ҳангоми ҳалокати писари ягонааш ҳам «шукр» мегуфтаанд. Ҳамаи ин беасар намегузарад. Аз як тараф, барои таскини дили одам, барои тасаллӣ шукр кардан хуб аст, вале аз тарафи дигар, касро ба қаноатмандӣ талқин мекунад. Фалсафаи хоси мардуми мусулмон...  Ҳатто агар нобарорие пеш ояд, баъзан сабаби онро ба ношукрӣ ҳамл мекунанд».

Ин ҷо аз забони қаҳрамон шукру қаноатро фақат ба «мардуми мусулмон», фақат ба Ислом нисбат додани қаҳрамон эҳтимол чандон дуруст набошад. Шукр ва қаноат дар байни усули ахлоқи динии ҳама халқҳо мавқеи калон дошт, решаҳои онро аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаҳмишу дониши халқ, аз идеалҳои вай, аз ҷустуҷӯйҳои маънавии фарзандони бузурги ӯ ҷӯем, шояд наздикӣ ба ҳақиқат осонтар шавад.

Чунонки  мебинем, андешаҳои Даврон хеле доманадор буда, тасаввуроти ҳаётии мардум, таҷрибаи халқро ҳамаҷониба фикр мекунад ва маънои ҳикматҳои халқро фаҳмидан, ба таҷрибаи чандин насли мардум шарик шудан мехоҳад. Даврон, ки ҷавони  равшанфикр  ва пизишки ҷӯянда аст, худро як ҷузъи халқаш медонад ва ҳар чиро, ки хоси ин халқ аст, аз ҷумла маънои он хулосаҳои аҷибу ғарибро, ки халқ аз рӯйдодҳои зиндагӣ мебарорад, пай бурдан яке аз мақсадҳои ӯст. Дар ин маврид ҳам ҳофизаи таърихӣ қувваи фаъол буда, барои ҳалли масъалаҳои имрӯзии ахлоқи иҷтимоӣ, барои муайян шудани хатти ҳаракати ҳозираи инсон хизмат мекунад. Ҳофизаи таърихӣ, пайванди наслҳо ва меросбарии маънавӣ аз муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки дар ҷустуҷӯйҳои маънавию ахлоқии ин қаҳрамони ҷавон, дар ташаккули шахсияти ӯ нақши калон доранд.

Нависанда бо рафти воқеаҳо ва бо мантиқи инкишофи саҷияи қаҳрамонҳо таъкид кардааст, ки пайванди наслҳо ва меросбарии маънавӣ, фаъол шудани ҳофизаи таърихӣ дар ҷиддитарин лаҳзаҳои зиндагии инсон бештар натиҷа медиҳад, ҳалли масъалаҳои мураккаб ва куллӣ, кӯшиши бартараф кардани душвориҳо, чунин лаҳзаҳое, ки инсон дар назди худ вазифаҳои ҷиддӣ гузошт ё чунин вазифаҳо пеш омад, ҳофизаи таърихӣ бештар фаъол мешавад, ба маънои амиқи таҷрибаи ҳаётию маънавии наслҳои гузашта даст ёфтани инсон бештар муяссар мегардад. Ҳеҷ чиз бе ҷидду ҷаҳди махсус ба даст намеояд. Фақат ҷаҳду ҷадали ҷиддӣ дар роҳи ҳалли умдатарин масъалаҳои ҳаёт боиси рушду камоли маънавӣ мешавад. Аз ҷумла ба ҷустуҷӯйҳои маънавии гузаштагон ҳамроҳ шудан, ба қадри таҷрибаи онҳо расидан ва онро давом додан ҳам дар айни фаъолӣ, дар айни шиддати қувваҳои рӯҳии шахс бештар рӯй медиҳад.

Инро дар повести «Тору пуд» аз саргузашти Даврону Азиза ба хубӣ дидан мумкин аст. Чунонки умуман дар душвортарин лаҳзаҳо фаъолияти фикрии инсон қувват мегирад, қаҳрамонони ин повест низ чун ба сарашон фалокате омад, бошиддат фикр кардан гирифтанд ва таҳлилу худтаҳлилӣ дар фикри онҳо зиёд шуд. Муҳим ин аст, ки фикру андешаҳои онҳо дар ин лаҳзаҳо бештар мазмуни маънавӣ мегирад ва хулосаҳояшон аз афзудани ғанои маънавии шахсияташон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин маврид боз ҳам масъалаи шукру қаноат пеш омадааст. Инак, як қисми андешаҳои Азиза:

«Ман маст будам, ҳушёр шудам, - мегуфт ҳоло Азиза бо дард. - Хоб будам, бедор шудам. Як бор сарам ба обу поям ба гирдоб афтоду сонӣ маънии бисёр гапу корро фаҳмидам. Даврон ҳамеша як байт шеъри Хоҷа ҳофизро такрор мекард: «Замони хушдилӣ дарёб, дарёб, ки доим дар садаф гавҳар набошад». Вай понздаҳ сол боз ин байтро гуфта мегашт, вале ман маънии онро дуруст наандешидаам ё худ барои андешаи чуқур фурсат надоштам. Акнун фаҳмидам... Одамизод чӣ махлуқи ношукр будааст! Ана, расо се моҳ боз шабу рӯзамон бо парешонӣ мегузарад. Се моҳ боз ба лабам табассум надавидааст. Дар ҳақиқат, ба монанди садафе, ки гавҳар надорад, ҳаёту зиндагӣ холӣ, пуч, бекора шуд. Се моҳ боз ақрабакҳои ин соати ба ман харида додагиаш беҳуда мегарданд, рӯзу шабҳои ба ман нодаркорро ҳисоб мекунанд... Даврон доим мегуфт: «Ман на аз он қаноатмандам, ки хушбахтам, балки хушбахтиам аз он, ки ҳамеша қаноатмандам ва шукр мекунам». Маънии ин суханбозиашро намефаҳмидам, ақаллан бифаҳмам гӯён ақламро намедавондам. Баръакс, аз ин хел суханон дилтанг будам. Ӯ ба рӯйи ман маҳзун менигаристу хомӯш механдид. Ҳа, Даврон аз кору бори худ, аз хонавода, умуман аз ҳаёт қаноатманд буд. Кӯдак барин баъзан ягон ҳодисаи оддӣ ва ё муколамаи лутфомезро гуфта, соат-соат механдид. Боре як воқеаро гуфта, Испанд катӣ ҳар ду қариб то ними шаб хандиданд. Дар саҳни хона ғел зада, шикамашонро дошта механдиданд. Ана, акнун ба лабони писарам табассум намедавад».

Ҳам воқеаҳои ҷории рӯзмарра, ҳам хулосаҳои ҷиддие аз онҳо, ҳам байти Ҳофиз, ҳам суханбозии ҳикматомезе дар бораи шукру қаноат ва бахту саодат як ҷо шудааст, ки ҳама ҳастии ӯ мазмуни баланди маънавӣ дорад. Вай дар айни шиддати фикру ҳиссаш рафти воқеаҳои зиндагии худ ва хонаводаашро, зоҳири воқеаҳоро не, балки моҳияти онҳоро аз назар гузаронидан мехоҳад. Мақсади ӯ ба маънии ботинии рӯйдодҳо сарфаҳм рафтан, аз онҳо сабақ омӯхтан, барои оянда хулосаи ҷиддӣ баровардан аст. Қаҳрамон дар ин лаҳза дар сари ҷустуҷӯйҳои маънавӣ, дар сари худшиносӣ мебошад, мақсади вай зиндагӣ ва маънои ҳаёти худро ба андеша гирифтан аст.

Арзишҳои маънавии ҷовид бунёди одамиятро ташкил менамоянд. Онҳоро бодиққат омӯхтан, дар рафти дигаргуниҳои пурсуръати замони тӯфонии мо муҳимтарин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият маҳфуз доштан вазифаи бузурги гуманистӣ мебошад. Адабиёт ҳам дар ин роҳ хизмат мекунад. Аҳамияти аксари асарҳои Баҳром Фирӯз низ дар ҳамин аст.

 

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

академики А.У. Тоҷикистон,

узви Фарҳангистони адаби форсии

Ҷумҳурии Исломии Эрон,
барандаи ҷоизаҳои давлатии ба номи

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва

Абӯалӣ ибни Сино

с. 1989-2009