Тӯҳфа Расулӣ : "ЁДИ НЕК"

   Гӯё дирӯзакак буд, шодравон мудири шӯъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» нависандаи маҳбуби халқ Ҷумъа Одинаев маро ба наздашон хонда, бо як ҷавонмарди қошу абрӯсиёҳи чеҳракушод шинос намуда гуфтанд, ки ин кас шоир, нависандаи хушзавқу хушсалиқа Баҳром Фирӯз ва дастнависи достони «Рухсора»-ро ба ман дода, илова намуданд, ки ин китобашонро бояд чоп кунем, шумо ба он муҳаррир.

Ман якбора сурх шуда, сар хам намуда, дасту по хӯрдам. Ҳам шиносоӣ ва ҳам масъулияти тасодуфӣ маро ба ҳаяҷон овард. Як лаҳза хомӯш мондам. Хомӯширо Баҳром Фирӯз шикастанд:

— Ҳеҷ гап не, Тӯҳфахон, ба муҳарририи шумо ман шубҳа надорам, ба шумо бовар мекунам, не нагӯед, - гуфтанд...

Ғоибона аз рӯи ҳикояву очерк ва шеърҳои ҷаззоби Баҳром Фирӯз ба воситаи радиою телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо мешинохтам. Ва орзу доштам аз наздик бо ин марди хирад шинос шавам. Ман гумон доштам, ки Баҳром Фирӯз як марди солдидаи мӯйсафед ва хеле ботаҷрибае ҳаст, ки навиштаҷоташ пухтаю бо далелҳо силсилабандӣ шудаанд. Дидам, ки марди хеле ҷавони боқуввати мӯйсиёҳ, аммо соҳиби таҷрибаву пухтакор. Дар рафти ҳамкорӣ бо ин марди закию зиндадил ба ин бори дигар бовар ҳосил намудам.

Хотираҳои нек дар бораи ин марди закӣ чун лентаи кино аз пеши назарам мегузаранд. Мехоҳам ин ҷо рӯзҳои охирини дидорбиниямонро баён созам...

Ман дар шӯъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Адиб» муҳаррир будаму Баҳром Фирӯзро ба ин шӯъба мудир таъин намуданд. Нашриёти адабии навтаъсиси «Адиб»-ро дар ошёнаи якуми бинои ҳозираи факултаи филологияи Донишгоҳи педагогии ба номи Қандил Ҷӯраев ҷой дода буданд. Ҳуҷраҳои корӣ кам, зеро ба ғайр аз нашриёти мо дар ин бино дигар ташкилотҳо низ ҷой гирифта буданд. Бинобар ин, дар як ҳуҷра муҳаррирҳои шӯъба ҳамроҳи мудир менишстанд.

Ҳамроҳи мудир муҳаррирон Сироҷова, Ваҳҳоб Одина, муҳаррири хурд Раъно Атоева ва банда менишастем. Ҳар пагоҳӣ, чун одат баъди салому алейк ба баррасии воқеаю навигариҳои ҳаёти худу ҷомиа мепардохтем, ки аввал Баҳром, сипас ҳар яки мо  ибрози андеша мекардем. Ҳангоми кор ҳама хомӯш аз пайи машғулияти ҳаррӯзаамон мешудем. Мавзӯи сӯҳбати субҳонаамон бе ягон нақшаи пешакӣ худ аз худ ҷараён мегирифт. Масалан, яке аз сӯҳбатҳоямон оид ба доруворӣ ва табобати бемориҳои гуногун маҷро гирифт. Ва Баҳром дар бораи бемориашон ва оғози машғулияти парвариши занбӯри асал чунон бо шавқ ҳикоя намуданд, ки гумон доштем, дар назди Баҳроми шоир ё нависанда не, балки як асалпарвари пуртаҷриба нишаста. Аз  муомилаву муносибати эҳтиёткорона ва нозук ба занбӯри асал чунин қисса мекарданд, ки ҳар кадоми моро шавқи асалпарварӣ боло гирифт. Маълум шуд, ки нозукиҳои ин пешаро аз асалпарварони пуртаҷриба ва маҷаллаҳои махсуси асалпарварӣ омӯхтаанд. Дар баробари сӯҳбату гуфтугӯ аз маҳсули меҳнаташон борҳо кормандонро ширинком гардондаанд. Агар ягон ҳамкорамон барои табобат асали тоза наёфта, ба асалҳои бозор боварӣ нест гӯяд, ҳатман пагоҳаш асал меоварданд ва агар аз пулаш сухан оғоз кунад, ман барои фурӯш занбӯри асал парвариш намекунам, мегуфтанд. Ҳар сол вақти асалгирӣ ба  хешу табору дӯстон  асал тақсим мекарданд...

Ё худ ҳангоми баҳор, бо баромадани аввалин сабза бо зану фарзандонашон аз гирду атрофи шаҳр алафҳои шифоӣ чида самбӯса, тирамоҳ меваҳои тару тозаро барои зимистон захира мекарданд. Ё худ доир ба дарде мақолаву нигоштаи рӯзномаву маҷалларо бо ҳавсала мутолиа карда, назарашонро чун мутахассиси варзида иброз медоштанд, ки баъди ин гуна сӯҳбатҳои ширину гуворо ва лаззатбахш ҳар яки мо худро гӯё узви ҳамин як оилаи хурди идоравӣ ҳис ва бо қувваи дучанду масъулияти том кор мекардем...

Дар нашриёт баъзан мешавад, ки ягон китобро аз нақша пештар баровардан лозим ва барои ин муҳаррири ба ин кор қобилиятнокро меҷустанд, ки китоб сари вақт барояд. Аксаран ин қабил китобҳо маҷмӯаи шеърҳо буд, ки таҳрири онро Баҳром на ба ҳама бовар мекарданд. Қобилияту ҳунари ҳар кадоми моро хуб медонистанд…

Аҷаб  хуб фармуда шоире: 

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

В-арна нохуш гузара,д ними нафас бисёр аст... 

Баҳром Фирӯз зиндагии хушу хуррамона дошта,  аз ҳамаи неъматҳои Худодод ба ҳадди эътидол истифода менамуданд ва чун паймонаашон пур шуд, ин олами пуршарру шӯрро зуд падруд гуфтанд, ки китобҳои насриву назмӣ, маслиҳатҳои муфиду суханони ҳикматангез ва фарзандони неку солеҳашон чун ёдгори он зиндагии пурсаодат боқӣ монда...

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист

В-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро

Ёдатон ба хайр, Баҳроми азиз!

Тӯҳфа Расулӣ 

собиқ муҳаррири нашриёти «Адиб», 

узви Иттиҳоди рӯзноманигорони 

Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1999