Пайванди Гулмурод: "ПАЁМГАРИ ФАРДО БУДУ БИГЗАШТ..."

Пайванди Гулмурод: "ПАЁМГАРИ ФАРДО БУДУ БИГЗАШТ..."

   Баҳром Фирӯз - адиби маъруфи тоҷик ба майдони адабиёт чун шоири умедбахш ворид ва дар муддати кӯтоҳ чун шоири нуқтасанҷ эътироф гардид. Шеъру таронаҳояшро мардуми шеърдӯсту шоирпарвари тоҷик замзама мекарданд, ҳаводорони ашъораш баъзе аз шеърҳояшро чун суруди дилангез дар маҳфилу шабнишиниҳо, тӯю сурҳо месароиданд, ошиқон дар гулгашту хиёбонҳо ба маъшуқаҳояшон чун рози дил  қироат менамуданд.

Аз марг амон кӣ ёфт, то ман ёбам,

Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам.

Шеърам ҳамагӣ паёми фардои ман аст,

З-ин беш ҷаҳон кӣ ёфт, то ман ёбам?

Бале, дар зиндагӣ ҳар кас ба қадри ҳиммату тавоноӣ аз пайи кореву касбе меравад ва бо часпу талоши зиёде рӯзҳоро ба шаб, шабҳоро ба саҳар мебарад. Яке дар ғами имрӯз асту маишату истироҳат ва фароғати лаҳзаинаи худро аз ҳама чиз боло мегузорад ва маънии зиндагиро ҳам дар хӯрдану хуфтан мебинад. Дигаре заҳмат мекашад, шабҳоро бедор рӯз мекунад, бо умеди осоиши ҳамзамонону ҳамдиёронаш кору пайкор дорад.

Аҳли эҷод дунёи дигаре доранд, ки он дирӯзу имрӯзро ба оянда мепайвандад, ки бад-ин васила номи эҷодкор ҳам абадият пайдо мекунад.

Ду китоби ашъораш ба табъ расида, «Розҳои маҳтобшаб»-у «Силсила»-аш ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон саршори меҳру вафо ва сидқу сафо буданд. Устодони ғамхору серталаб Мирзои Турсунзода, Мирсаиди Миршакар, Боқии Раҳимзода фотиҳаи некаш доданд, ки ба шоири ҷавон қувваю илҳоми тоза бахшид. Ӯ дар ашъораш кӯҳистону оби равон, сабзаи навхези кӯҳсорону гулу хори онро тараннум мекард ва аз он ифтихор дошт, ки кӯҳҳо гаҳвораю аввалин ҷавлонгоҳ, ибтидои роҳи умру зиндагиашанд:

Кӯҳҳо - гаҳвораи ман, аввалин ҷавлонгаҳам,

Аз ҳамин ҷо роҳи умру зиндагӣ сар кардаам.

Аз ҳамин ҷо бори аввал чашми ҳайрат дӯхта,

Ман ба паҳноии олам низ бовар кардаам... 

Баҳром Фирӯз зодаи яке аз шаҳракҳои дурдасти тоҷикнишини Нуратои Самарқанди бостонӣ, айёми бачагиашро дар деҳаи кӯҳистони бобояш - Устук гузаронида, дар ҳамон ҷо мактаби ҳафтсоларо хатм намуд. Шавқи касбу ҳунар ӯро хеле барвақт - баъди ба итмом расонидани мактаби ҳафтсола ба маркази куҳани илму фарҳанг - Самарқанд бурд, дар омӯзишгоҳи тоҷикии омӯзгорӣ бо устодони дилсӯз Мария Аванесовна, Наимӣ рӯ ба рӯ карда, аз лутфу марҳамат ва ғамхориашон бархурдор намуд ва баъдтар тақдиру қисмат ба Хуҷанду Душанбе овард. Ӯ ба шоҳасарҳои адибони ҷаҳон ошно шуд, ба каломи бедеъ дил баст. Нахустин таронаҳояшро эҷод кард, аз устодони сахтгиру меҳрубон, аз қабили Раҳим Ҷалил ҳусну қубҳи ашъори шогирдонаашро шунид.

Ҳамешаву дар ҳама ҷо бо ёди айёми хуши кӯдакию хаёлҳои рангини бачагӣ мезист. Аз кӯҳсорону оби равони он худро ҷудо тасаввур карда наметавонист. ҳамин хаёлҳои ширину рангини даврони кӯдакию бачагӣ буд, ки ҳар саҳар ба лаби дарё мерафт. Ҳар гоҳе ки фурсату имконият даст медод, бе ҳеҷ тааммулу андеша роҳи дараи Варзоб ё Теппаи Самарқандро пеш мегирифт. Барояш тафовуте надошт, ки аёйми гармои тобистон аст ё ҳукмронии сармои зимистон. Муҳим он буд, ки даме, лаҳзае ба таллу теппаҳо баромада, бо оби равон, шаху санги кӯҳсорон рози дил мегуфт, сафҳаи хотираҳои гуворояшро варақгардон мекард.

Ба ҷаҳони орзуҳо мепайваст ва гумкардаҳои худро аз нав меёфт: 

Гузашта аз баланду пасти дунё

Ба оғӯши ту оям боз фардо.

Равам аз маҷлису ғавғои бисёр,

Бипечам дар ҷаҳони орзуҳо...

 Дилам бо орзу пур мекунӣ боз,

Чи гум кардам ту ҳозир мекунӣ боз.

Ду чашмам бор мебардорад аз бахт,

Маро, кӯҳсор, шоир мекунӣ боз. 

Навбаҳорон, вақти дамидани сабзаҳову шукуфтани гулҳои рангоранг бо қуттиҳои замбӯрҳои асалаш роҳи дараи сергулеро пеш мегирифт ва ба ҳосилҷамъкунии замбӯрҳо зеҳн мемонд. Аз  гул ба гуле, аз бутта ба буттае нишастану шира гирифтан чӣ қадар заҳмат, сабр ва ҳаракатро талаб мекунад.

Аҷаб кайфияте, ҳикмате, панде дорад тамошои ин манзараҳо. Одамиро лозим аст, ки аз ҳар ҷонвараке ибрат гирад...

Олами ҳар як эҷодкор олами афсунгарест, ки на ҳамаву на ҳамеша ба дарку фаҳмиданаш қодир мебошем, ба қадру қиматаш мерасем. Ҳар эҷодкор оламе дораду бо оламе моро тарк мегӯяд, ки мутаассифона, сирру асрори оламаш накшода мемонад. Мутаассифона, ҳангоми зиндагиаш кӯшише барои ифшояш намекунем...

Чӣ илоҷ, ки ҳама шири хом хӯрдаем ва гармию сардии зиндагӣ ҳам пухтаву суфтаамон накарда. Агар чунон набудӣ, ба таҳқиқу баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи эҷодиёти адибону олимон, ҳофизону оҳангсозони маъруфамон ҷиддитар машғул мешудем, ба қадри заҳматашон мерасидем ва қадрдониашон мекардем. Аз ҳама муҳимаш озорашон намедодем. Худбину кӯри дигарон намешудем...

Баҳром Фирӯзи  шоир  ба  наср рӯ овард ва аввалин ҳикояи худро бо номи «Бобо» соли 1972 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расонд,  ки дар назари бисёриҳо санҷиши қалам ва ҳаваси шоирона намуд. Вале насри шоир таваҷҷӯҳи адибони маъруфу мунаққидони нуқтасанҷро, аз қабили Мирзои Турсунзода, Мирсаиди Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалики Баҳорӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ба худ кашид ва маслиҳат доданд, ки «Баҳром, шеърат хуб аст, аммо насрат хубтар омад, домани ин шуғлро сидқан сахт бигир».

Аз маслиҳати дилсӯзонаю суханони ғамхорона адиб рӯҳ гирифт ва ба насрнависӣ ҷиддӣ машғул шуд.

Сабаби аз назм ба наср рӯ оварданашро ӯ дар пешгуфтори яке аз китобҳояш чунин маънидод карда буд:

«Чи шуд, ки ман ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гӯё аз шоирӣ истеъфо намудам ва рӯи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва ҳаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваҷҳи тангии чорчӯбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзӯъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барниҳодааст. Шеър ҳикмат аст, сӯз аст, оҳанг аст, панди рӯзгор аст, хулосаест аз зиндагӣ, вале он ба ҳеҷ ваҷҳ тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Агар дар замони Рӯдакӣ таълифу қиссаву романҳои воқеӣ расм мебуд, мо имрӯз ҳаёту зиндагӣ, андешаву омоли ниёгонамонро нисбат ба ахбори ҷамъи китобҳои дигар равшантар қиёс мекардем...»

Адиби маъруф Абдумалик Баҳорӣ  дар  охирсухани яке аз маҷмӯаҳои аввалини қиссаву ҳикояҳои ӯ навишта буд, ки «аз ҳама муҳимаш, қаҳрамонони достону ҳикояҳои Баҳроми Фирӯз бофтаи хаёли адиб не, балки одамони зиндаю заминианд. Муаллиф аз масъалаҳои сарпеч ва мушкили ҳаёт ҳаргиз рӯ натофтааст, ӯ хуб медонад, ки сӯҳон кардани теғаҳои сартези ҳаёт дар адабиёт худфиребӣ аст. Зеро инсон хоҳ-нохоҳ, бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад ва он гаҳ нохушии андаке ба сари ҷавони ширинхаёл фоҷиаи азиме хоҳад буд. Бинобар он ҳам, адиб қаҳрамонони худро ҳамеша дар умқи зиндагӣ тасвир мекунад ва бо ҷузъиёти ҳаёт қонеъ намемонад.

Баҳром Фирӯз ба ҷодаи адабиёт бо кӯлвори вазнину таассуроти рангин қадам ниҳодааст».

Мушаххасу саҳеҳии хулосаи адибро эҷоди солҳои минбаъдинаи Баҳром Фирӯз собит сохт. Ӯ хонандаро ба тасвирҳои дилангезу ҷаззоб ва сеҳри суханаш ҳам ба воситаи ҳикояҳояш, ҳам ба туфайли қиссаҳои «Рухсора», «Тарма», «Ситораи думдор», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд...» ба ишқу муҳаббати софу беолоиш, одаму одамгарӣ, накӯкориву хайрандешӣ даъват менамуд.

Бино ба таъкиди академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «арзишҳои маънавии ҷовид бунёди одамиятро ташкил менамояд. Онҳоро бодиққат омӯхтан, дар рафти дигаргуниҳои пурсуръати замони тӯфонии мо муҳимтарин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият маҳфуз доштан вазифаи бузурги гуманистӣ мебошад. Адабиёт ҳам дар ин роҳ хизмат мекунад. Аҳамияти аксарияти асарҳои Баҳром Фирӯз низ дар ҳамин аст».

Баҳром Фирӯз бо орзую умеди ояндаи неки ҳамдиёрону ҳаммилатонаш эҷод мекард, ба воситаи асарҳояш дар дили онҳо тухми некӣ мепошид, барояшон накӯкорӣ меомӯхт.

Ӯ дар эҷодиёт ба дараҷаи устодӣ расида, дастгиру мададгори ҷавонон буд. Андешаву мулоҳизаҳояшро дар хусуси чӣ будани ҳикояту чӣ тавр навишта шудани он, мафҳуми шеъри нав, дар бораи эҷоди адибони ҷавон бе пардаву ошкоро иброз медошт, ки на ҳамеша ва на ба ҳама писанд меомад, боиси малули хотири бархе мешуд. Ба сараш борони маломат мерехт, вале ӯ фош мегуфту аз гуфтаи худ дилшод буд...

Вақте ки эҷоди ҷавонони соҳибзавқу ҳунармандро мехонд, меболид, бе ҳеҷ дудилагӣ дастгириашон мекард, дигаронро даъват мекард, ки ибрат гаранд: «Ҳоло аз бепарвоӣ ё бевуқуфии баъзе роҳбарони матбуот тарғиби китоб хеле суст гаштааст. Агар ба китобе тақризе ба нашр расад ҳам, он холисона нест, ҷӯра ва ё аксар ҳамдиёрони адиб китоби ӯро зӯр мезананд то таъриф кунад. Баъд адиби камҳунар бо он ҳама чормағзи пуч доман пур мекунаду худро пайғамбар метарошад.

Борҳо хондаем, ки ҳамдиёрон аксаран халтураи ҳеҷу пучи якдигарро ситош мекунанду мардуми камхирад ва соддалавҳро бовар кунонданӣ мешаванд. Аммо ин навъ мунаққидон фақат адиби хушбоварро мефиребанду бас. Бо хеле адибони ҷавон ҳамин ҳолат рух дод. Фарзона аз ин миён истисност. Мусаввадаи китоби ашъори тозаи ӯро барои ба нақша гирифтан дар нашриёт ман хондам.

Шоире расидааст, ки бе муболиға бо Симину Фурӯғ паҳлӯ мезанад. Ба қавли шоира бовар накардан натвон: 

Ватан, рӯзи фирӯзи ту мерасад,

Ватанхоҳи дилсӯзи ту мерасад,

Ватан, офтоби ту мебишукуфад,

Ватан, боз наврӯзи ту мерасад. 

Ба гумонам, шеъри Фарзонаро аз ҳамдиёронаш касе ситоиш накардааст. Шеъри ӯ ҳамон мушкест, ки худ мебӯяду ба фарёди аттор эҳтиёҷ надорад.

Чаро дар ҳунар ва хоксорӣ аз ӯ ибрате намегиред, дӯстони ҷавон!»

Баҳром Фирӯз аз сӯйи дигар, устодони худро фаромӯш намекард ва ҳамеша дар бораи ҳар кадоме аз онҳо бо самимияту эҳтироми вижа сухан мегуфт, аз некиву сабақашон, ёриву дастгириашон ёдовар мешуд.

Устодони шодравонаш Мирзо Турсунзодаю Мирсаиди Миршакар, Боқӣ Раҳимзодаву Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзиву Фазлиддин Муҳаммадиев, дӯсти соҳиб­ҳунараш Ҷумъа Одинаро дар ҳар давраю маҳфил ба хотир меовард. Дар хусуси адибони забардаст Сотим Улуғзода, Абдумалики Баҳорӣ, мунаққиди нуктасанҷ Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дӯстони ҳамқаламаш бо меҳри беандоза сухан мегуфт.

Ростӣ, ба қадри дигарон расидану некии дигаронро пос доштан ҳам ҳунар аст, ҳунари волову ҳавасангез.

Баҳром Фирӯз бо дили пур аз орзуву умед, бо мақсадҳои аҷибу наҷиб умр ба сар мебурд, вале марги нобаҳангом нагузошт, ки он орзую умед ва мақсадҳояшро амалӣ созад...

Боиси тасаллӣ аст, ки аз шоири ширинхаёлу адиби нуктапардоз ёд монда, шеър монда, ҳикояту қисса монда, андешаву мулоҳиза монда. Барои ҳамдиёрону ҳамзамонон ва ояндагон номи нек монда: 

Хоҳам ба мисли оби дарё бошӣ,

Гаҳ гулшану гаҳ бодияпаймо бошӣ,

Ҷӯшиву хурӯшиву ситезӣ, аммо,

Дар тирамоҳи умр мусафо бошӣ.

 

Пайванди Гулмурод

с.  1995