Гулназар: "ҶОИЗАИ АСЛ"

Гулназар: "ҶОИЗАИ АСЛ"

   Соли гузашта дар Теҳрон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он устод Ҷӯрабек Муродов, ҳофизи мумтоз Қурбоналӣ Раҳмон, шоирони номвари мо Ҳақназар Ғоиб, Нурмуҳамад Ниёзӣ ва чанд тан навозандаву корманди телевизиони тоҷик иштирок доштанд. Ман ҳам дар қатори онҳо будам.

Баъди анҷоми яке аз намоишҳои фарҳангии мо ҷавонзане бо фарзандаш бо дастагули тару тоза ба наздамон омад. Зан бо мо гарму ҷӯшон саломуаллайк кард, табрикоти худро иброз дошт.

- Ман Марворид ҳастам, духтари Баҳром Фирӯз,  - шиносонд ӯ худро ба мо.

Воқеан, ман чаро ӯро нашинохтаам? Мо солҳо бо ҳам ҳамсояем, вай дар пеши назари худамон ба камол расид, бо ҳамсояҳо дар тӯйи арӯсиаш иштирок доштем. Гузашти сол ҳамин. Баъзан чеҳраи кас ба андозае тағйир меёбад, ки шахсони ба ҳам бисёр наздик ҳам якдигарро ба душворӣ мешиносанд.

Ӯ солҳост, ки ҳамроҳи шавҳараш дар Эрон кор мекардааст. Фарзандонаш низ дар ҳамон ҷо мехондаанд.

Марворид аз ҷувздони дасташ чанд дона китоб берун овард:

- Ин китоби падарам – «Рухсора». Дар ҳамин ҷо, чоп кардем.

Духтари Баҳром Фирӯз китоби падарашро, ки бо сифати бисёр хуб ба табъ расида буд, ба ҳар кадоми мо тақдим кард.

Бегоҳӣ, вақте ки ба меҳмонхона баргаштем, ман аз нав қиссаи «Рухсора»-ро варақгардон кардам ва воқеаҳои чанд сол пеш дар пеши назарам ҷилвагар шуданд.

 

****

 Котиба кабинет ба кабинет гашта, ҳар кадоми моро таъҷилан ба ҳузури муҳаррири рӯзнома даъват кард.

Он вақт рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»-и имрӯза) дар як бинои якқабатаи дарозрӯя, дар муқобили «Чопхонаи аввалин» ҷойгир буд. Дар ин бинои дароз ҳамчунин рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана», «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» фаъолият доштанд.

Мувофиқи мушоҳидаҳо, ҳар вақте ки муҳаррир моро таъҷилан дар дафтари кориаш ҷамъ мекард, пай мебурдем, ки воқеае рӯй додааст: ё дар рӯзнома хато рафтааст, ё корманди рӯзнома гуноҳе кардааст, ё аз боло аз КМ, фармоише омадааст.

Дар чанд лаҳза ҳама ҷамъ омаданд, - аз ҷонишини муҳаррир то котиба. Муҳаррир ошуфта ва хашмгин менамуд. Вай оромона моро як-як аз назар гузарониду бо қаҳр пурсид:

- Баҳром Фирӯз куҷост?

Котиба аз ҷой бархосту «Як бори дигар мегӯям» гуфт ва аз дар берун рафт. Аммо дер накард, ҳамроҳи Баҳром баргашт.

- Чӣ, мо ҷаноби шуморо махсус интизор шавем? – теғ кашид муҳаррир.

- Бубахшед, гуфтугӯйӣ телефонӣ доштам, - ҷавоб дод Баҳром ва ба курсии холӣ нишаст.

Муҳаррир варақҳои рӯйи мизашро бори дигар аз назар гузарониду бо ҳамон оҳанги омирона маҷлисро оғоз бахшид.

- Масъала якто. Дар бораи омоли ношоистаи корманди мо Баҳром Фирӯз. Мактуби шикоятӣ омадааст. Аз КМ комсомол супориш шуд, ки онро бо ҷамъи ҳамкорон муҳокима кунем ва баҳои сазовор биҳем.

Мактуби шикоятӣ аз Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) омада буд. Муаллиф навишта буд, ки Баҳром Фирӯз чанде дар Институти педагогии шаҳри Ленинобод муаллимӣ кард, одобу ахлоқи муаллими советиро поймол намуд, ба як студенткааш ошиқ шуд. Чунин одам ҳақ надорад, ки дар рӯзномаи ҷавонон кор кунад.

Кабинети муҳарриро хомӯшӣ фаро гирифт. Мо медонистем, ки Баҳром баъди ба Душанбе омадан дар Иттифоқи оҳангсозон, дар радиои Тоҷикистон  кор мекард. Баъдан ба идораи «Комсомоли Тоҷикистон» омад. Номи шоириаш дар баробари Лоиқу Ёдгорию Ғоиб Саидзодаву Фабибулло Файзулло баромада буд. Шеърҳояшро махсусан ҷавонон меписандиданд ва аз ёд медонистанд. Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш «Розҳои маҳтобшаб», ки ҳамон шабу рӯз, яъне соли 1967 ба табъ расида буд, мақбули ошиқони шеър афтода, аз даст ба даст мегузашт.  Ҳатто шеъри «Соя»-и Баҳром дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Эрон чоп шуда буд, ки дар он солҳо чунин воқеа ба афсона баробарӣ мекард: «Дӯстам, соя машав!»

Аммо дар маҷлиси муҳокима касе лаб накушод. Муҳаррир хомӯширо шикаст:

- Касе, ки дар таълимгоҳи ҷавонон беадабӣ карда бошад, дар рӯзномаи  ҷавонҳо кор карда наметавонад.

Ногоҳ Баҳром ба шӯр омад:

- Кадом беадабӣ? Оё шумо медонед, ки адаб чист?

- Пӯшед даҳонатонро! – дод зад муҳаррир.

Ман, ки нав ба рӯзнома ба кор омада будам ва ҳанӯз рӯҳияи коргоҳро дуруст намедонистам, аз ҷо бархостаму гуфтам:

- Ошиқ шудан магар беабадист? Шоир гуфтааст: «Бадномии ишқ номдорист!»

Ба ваҷоҳати муҳаррир назар кардаму тарсидам: ду чашмаш аз косахона гӯё берун ҷаҳида буданд!

- Шин ба ҷоят! -- тоқат накард сардор. – Шоир чунин гуфтааст, чунон гуфтааст! Ба талаби КМ ҷавоб гӯед.

Баҳром аз ҷо бархост:

- Ҳа, дӯст доштам, бо ӯ хонадор шудам, соҳиби фарзанд ҳам ҳастем. Ин ҷо гуноҳ куҷост?

Муҳаррир паст наомад:

- Гуноҳ ҳамин, ки студенткаи худро дӯст доштаед.

- Чӣ бадӣ дорад? – ба баҳс ҳамроҳ шуд Бобо Расулзода.

Муҳаррир бо қаҳр гуфт:

- Бадӣ дар он аст, ки Баҳром Фирӯз бо мо кор мекунад, коллективро бадном мекунад.

Баҳром бори дигар аз ҷо бархост:

- Ман агар коллективро бадном карда бошам, як лаҳза ин ҷо намеистам.

Дарро кушоду берун шуд.

 

***

 Ҳамон солҳо дар ҳузури Иттифоқи нависандагон Шӯрои тарғиби адабиёт фаъолият дошт (ба гумонам, ҳоло ҳам ҳаст, аммо амалаш назаррас нест) ва зуд-зуд гурӯҳи шоиру нависандагонро ба ноҳияҳо равона мекард.

Дар яке аз сафарҳо ману Баҳром меҳмони донишҷӯёни омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа будем.

Духтаре аз ҷо бархосту ба Баҳром гуфт:

- Ман қиссаи «Рухсора»-и шуморо хондам. Оё воқеаҳои тасвиршуда ҳаётианд?

Баҳром гуфт:

-Оре. Ин саргузашти ошиқии худи ман аст. Ман дар ҷавонӣ бо духтаре ошиқ будам, ки имрӯз ҳамсари ман ва модари фарзандони ман аст.

Баҳром ба шавқ омада буд, чашмонаш медурахшиданд, мӯйҳои сиёҳи ғулӯяш ба болои абрӯвони ғафсаш парешон мешуданд. Гоҳ-гоҳ бо ангуштонаш мӯйҳояшро  ба тартиб меовард.

- Оё шумо номи рассоми гурҷӣ Нико Пиросманиро шунидаед? Не? Суруди машҳури Алла Пугачёва «Миллион-миллион аллых роз»-ро дар ёд доред?

Донишҷӯён ҳама бо як овоз «Ҳа!» гуфтанд.

Баҳром шод шуд.

- Ана ҳамон рассом камбағал будааст. Дар зодрӯзи маҳбубааш тӯҳфае харида натавонистааст, рангу мӯқаламашро гирифтаасту дар деворҳои кӯчаи ёраш гулҳои арғувонӣ кашидааст! Ана муҳаббат ба чӣ қодир аст!

- Шумо чӣ кардед?-ногоҳ пурсид духтаре.

- Ман дар зодрӯзи дилбарам гулдастаҳои зиёде харидам ва кӯчаашонро гулпӯш кардам. Ҳамчуноне ки дар «Рухсора» ҳаст!

 

***

Баҳром дар шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард ва маро пайваста ташвиқ менамуд, ки ба танқиди адабӣ машғул шавам. Тақризҳое, ки ман ба қиссаи Сорбон «Шинел», қиссаи Ибод Файзулло «Дур аз фронт» ва китоби тарҷумаи шеърҳои Адам Митскевич (тарҷумаи Қутбӣ Киром) навишта будам ва онҳо дар «Садои Шарқ» чоп шуданд, самараи ҳидояти Баҳром буданд.

Боре Баҳромро мушавваш дидам.

- Чӣ гап?

- Эҳ, ман! Қариб дар ноҳияи шумо шаҳид шуда будам.

Баъд, ӯ нақл кард, ки дар даромади деҳаи Такфон (ноҳияи Айнӣ) мошини «Москвич»-аш ба мошини боркаш бархӯрдааст. Хайрият, ки зану фарзандонаш осеби сахт надидаанд. Худаш каме зарб хӯрдааст. (Бояд зикр кунам, ки чанд сол баъд маҳз дар ҳамин ҷо «Волга»-и устод Лоиқ ҳам ба садама дучор гардид.)

- Кори шудагӣ шуд, - гуфт ӯ. – Аммо ман аз ҳаромкорӣ ва гурусначашмии нозирони роҳ сахт хафа шудам.

- Мавзӯи тайёр.

- Аз куҷо медонӣ, ки ман ҳоло чизаке навишта истодаам?

- Медонам. Чунки шумо мисли баъзе нависандаҳо сужетро зӯракӣ намебофед, балки онро аз ҳаёт гирифта, зинда, гиро ва равшан менависед.

Воқеан, баъди чанде қиссаи «Тору пуд»-и Баҳром ба миён омад ва аз байни нозирони роҳ бадхоҳон ҳам пайдо кард, ки ин ҳикояти дигар аст.

Дар бораи ин қисса устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ солҳо баъд навишта буданд:

«Масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷамъият дар «Тору пуд»… ранги дигар гирифт ва такмил ёфт. Нависанда акнун барои падидаҳои ҳаромкорӣ, бетамизӣ, худсарӣ, бемаънавиятӣ на фақат худи онҳоеро, ки ин хислатҳо аз онҳо сар задааст, на танҳо ҳар шахси ҷудогона ё як гурӯҳ мардумеро, ки расвоиҳоро дида, чашм мепӯшанд, гунаҳкор медонад, балки масъалаи ҷавобгарии махсуси масъулони расмиро пеш гирифтааст».

Ман бисёр ҳикояву қиссаҳо ва романи «Ғафлатзадагон»-и ӯро хондаам. Бисёр мақолаҳои амиқи публисистии ӯ дар ёдам ҳаст. Ҳамин баҳои устод Шакурӣ ба тамоми эҷодиёти Баҳром хос аст. Вай адиби яксухану якрӯ буд, дар зиндагӣ ва дар кор ҳам чунин рафтор мекард.

Боре телефонӣ маро ба хонааш даъват намуд. Дар рӯйи мизи ӯ мусаввадаи китоби бачагонаи ман «Се кулчаи танӯрӣ» мехобид. Баҳром ба ман эрод гирифт ва дар бораи чи гуна будани адабиёти бачагона сухан ронд, ки то ҳанӯз аз хотирам нарафтааст. Ман даставвал ранҷидахотир шудам. Ба хона омадаму чанд рӯз андеша кардам ва дарёфтам, ки эродҳои ӯ  дурустанд. Вай ҳамчун муҳаррири нашриёти «Адиб»  наметавонист, ки ба маҷмӯаи ман сарсарӣ назар кунад. Виҷдонаш ба ин роҳ намедод.

«Се кулчаи танӯрӣ»-и ман бо сифат ва мазмуни хуб ба чоп расид ва ман соли 1994 барои ин маҷмӯа сазовори ҷоизаи давлатии адабии Рӯдакӣ шудам.

 

***

 Дар як рӯзи боронии баҳор   аз собиқ бинои Иттифоқи нависандагон (ҳоло ин ҷо хадамоти раводид ва шиносномадиҳии Вазорати корҳои хориҷии  ҷумҳурӣ ҷойгир аст)  баромада, ба куҷое рафтанӣ будем, ки аз пеш устод Мирсаид Миршакар омаданд. Баъди саломуалейк ба Баҳром гуфтанд:

- Аз «Садои Шарқ» ҳикояатро хондам. Гирумонат нағз. Агар ҷиддитар машғул шавӣ, комёб хоҳӣ шуд. Ба Турсунзода ҳам гуфтам.

Баҳром ба устод изҳори сипос  кард ва вақте ки дуртар рафтем, гуфт:

- Ҳикояи «Бобо»-и ман ба бисёриҳо маъқул шудааст. Ба ман мегӯянд, ки ба насрнависӣ машғул шавам.

Ман бо шӯхӣ гуфтам:

- Чаҳорчӯбаи назм тангӣ кард, гӯед.

- Воқеан, наср чизи тамоман дигар аст. Ҳарчанд дилам ба шеър кашол аст, мехоҳам бештар ба наср машғул шавам, - гуфт Баҳром андешамандона.

Сухани устод Миршакар пайғамбарона будаанд. Баҳром ҷиддӣ ба наср дил баст ва ба мо ҳикояҳои дилнишин, қиссаҳои « Рухсора», «Тору пуд», «Ту танҳо не», «Ситораи думдор», «Тарма», «Агар вай мард мебуд» ва  ғайраҳоро эҳдо намуд.

Баъзе  ҳикоя ва қиссаҳои нависанда ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд ва  Баҳром аз ин хусус бо ифтихор сухан меронд.

Бояд зикр кунам, ки Баҳром ба шеър ҳам бевафоӣ накард, то поёни умри кӯтоҳаш пайваста шеър мегуфт ва хуб мегуфт. Аммо ҷою манзалати шоистаи адабии худро тавассути наср пайдо кард.

Соли 1991, вақте ки ба ман ҷоизаи ба номи устод Турсунзода ва ба Баҳром ҷоизаи ба номи устод Айниро доданд, мо аввалин барандагони ин ҷоизаҳои навтаъсиис Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будем.

Баҳром  дар хонааш зиёфат орост ва ман ҳам ба табрики ӯ рафтам. Азбаски таъхир карда будам, охирин меҳмони зиёфаташ ба назар меомадам.

- Ҳоло мукофотҳои болотару шоистатари Шумо дар пеш, - гуфтам ба ӯ ҳангоми муборакбод.

- Ман барои мукофот наменависам, - гуфт ӯ. – Муҳаббати  хонандагон ҷоизаи бузурги ҳар адиб аст.

Ӯ ҳақ аст. Ин ҷоизаи асл, яъне  муҳаббати хонанда, Баҳром Фирӯзро зинда нигоҳ хоҳад дошт.

ГУЛНАЗАР

Шоири халқии Тоҷикистон

Октябри  соли 2009