Додоҷон Раҷабӣ: "ҚАЛАМКАШИ СЕҲРНИГОР"

   Ин қаламкаши сеҳрнигорро ман ҳанӯз аз айёми таҳсил  дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С. М. Киров (феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) мешиносам, ҳурмат мекунам ва то зинда ҳастам, ёди некашро пос медорам.

Вай ҷавони он вақт хеле пурҳарорат, боғайрат, фошгӯ ва ҷасур буд, аммо зимоми фурӯтанӣ ва фақириро  ҳаргиз аз даст намедод. Ба тори нозуки дилаш нохун назанед, ҳамеша омода буд, ки ҷонашро бароятон қурбон кунад. Овозаш ҳалим ба гӯш мерасид. Кам-кам, дер-дер табассум мекард, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ табассуми сохта, хандаи дилу бедилон карда наметавонист. Суханашро - хоҳ талх бошаду хоҳ ширин - даставвал аз ғалбери ақлу ҳуш гузаронда, сонӣ ба забон меовард. Аз гирумон, нишастухез ва ниҳоду хӯяш яқин буд, ки ҳам дари мадраса дидаасту ҳам кӯйи майкада, яъне аз бисёр баду неки ҷаҳон огаҳӣ дошт. Вақте ҳарф мезад, барои далели сухан на фақат аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Хайёму Мавлоноии Рум ва ё Айнию Лоҳутию Турсунзода, балки бештар аз осори фалсафа ва кимиёгарону риёзидонҳои ҷаҳон мисолу иқтибосҳо меовард. Ин далели он буд, ки ҷӯраи ҷонии ман Баҳром Фирӯз он гуна китоб хонда, маънияшро ҳазм кардааст, ки асло монед.

Дар факултаи таъриху филологӣ ман дар  соли чорум ва Баҳром дар соли сеюм таҳсил мекардем, ки  ба ҳам дар  маҳфили «Адибони ҷавон» дасти дӯстӣ дароз кардаем. Баҳром он вақт шеър менавишту банда ҳикоя. Ҳамин ки навиштаҳоямон аз ордбези маҳфил мегузашт, ҳамроҳ назди устод Раҳим Ҷалил мерафтем. Устод шеъри нахустини Баҳромро бидуни ягон таҳрир, ҳатто нуқта-вергулашро нарасида мақбул донистанд. Дере нагузашта он шеър дар саҳифаи «Ленинободи адабӣ»-и рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» дар шафати ҳикояи банда «Моҳинисо шумоед?» ба табъ расид. Бо ҳамин мавҷи сарнавишт, бидуни ягон тадбири ташкил, ману Баҳромро ба як самт мекашид. Баъди хатми Донишкада банда ба тариқи соатбайъ ба ҳайси омӯзгори забони адабии тоҷик, Баҳром баъди як соли хатм ба вазифаи омӯзгори адабиёти классикӣ дар ҳамон таълимгоҳ ба кор мондем (аз соли 1961 то соли 1963-64).

Моҳи августи соли 1963 маро барои кор ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (мудири шӯъбаи агитатсия ва пропаганда) даъват карданд (шахсан худи муҳаррири онвақтаи «Комсомоли Тоҷикистон» устод Мутеъуллоҳ Наҷмиддинов), Баҳром Фирӯз баъди як сол (1964) аз пайи кор ба Душанбе омад. Худи ҳамон  рӯз, ду соат пеш аз омадани Баҳром Фирӯз  бо раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, дӯсти якумриам Шарофиддин-ака Сайфиддинов вохӯрда будам, ки ба Иттифоқи онҳо як шоир-мушовир лозим буд аст, то дар интихоби матни суруду операю кантатаҳо ба композиторон дасти мадад дароз кунад. Агар шоири хуб бошад, композиторон ба шеъри шоир-мушовир ҳам оҳанг бастан мегиранд. Баҳром ин хоҳиши раиси Иттифоқи композиторонро аз ман шунида, аз ҷо озод бархост:

— Дадоҷон, ба акаи Шарофиддин Сайфиддинов занг занед. Агар ҳанӯз одам нагирифта бошанд, ман тайёрам, ки дар он ҷо кор  кунам.

Баҳром Фирӯз чун шоир-мушовири Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон кор мекарду даста-даста шеърҳояш саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Газетаи муаллимон»-ро гул мекунониданд. Аз он шеърҳо магар устод Мирзо Турсунзода огаҳӣ пайдо кардаанд, ки бо тавсияи шахсии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дере нагузашта Баҳром Фирӯз барои кор ҳамчун мудири шӯъбаи маҷаллаи «Садои Шарқ» - нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  даъват  шуд..

Ҳангоми кор дар маҷалла  дар риштаи наср низ қувва озмуд. Нахустин ҳикояи Баҳром Фирӯз «Бобо» аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ», сонӣ ба забони русӣ дар журнали «Памир» чоп шуд. Дертар ба забони чехӣ, немисӣ ва ҷопонӣ тарҷума гардид ва  қариб ними ҷаҳонро сайр кард...

Барои тасаввури комил аз шарҳи ҳол ва фаъолияти пурбаракати адабии Баҳром Фирӯз ба донишномаи миллати мо «Энсиклопедияи советии тоҷик» назар меандозем, ки он ҷо дар ҷилди 7, саҳифаи 1661 ба қарори зайл овардаанд:

«Фирӯз Баҳром Бобоевич (тав. I.ХI.1939, райони Нуратои вилояти Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи муаллим. Баъди хатми ИДПЛ дар ҳамин институт муаллими кафедраи адабиёти тоҷик буд. Солҳои 1964-68, 71-78 дар Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ кор карда  мудири шӯъбаи журнали «Садои Шарқ» (1969), мудири редаксияи адабиёти бачагону наврасони Нашриёти «Мориф» (1978-80), мудири шӯъбаи адабиёти бадеии газетаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980) буд. Аз соли 1981 муҳаррири нашриёти «Маориф». Фаъолияти адабиаш соли 1960 бо шеър оғоз шуда, бо номи «Розҳои маҳтобшаб» (1967) ва «Силсила» (1973) маҷмӯаи ашъораш ба табъ расид. Дар шеърҳояш ба масъалаҳои ахлоқи иҷтимоӣ, симои маънавии инсон аҳамият додааст. Соли 1972 ба наср гузашт. Масъалаи асосии насраш ташаккули шахсияти ҷавонон ва омилҳои иҷтимоии он мебошад. Муаллифи маҷмӯаҳои «Пайи ситора» (1976), «Ганҷ дар вайрона» (1977), достони «Рухсора» (1978), китоби достону ҳикояҳои «Ту танҳо не» (1980), маҷмӯаи ҳикоёти «Ҳақиқати талх» (1981).

Баъзе шеъру ҳикояҳояш ба забони халқҳои бародар - русӣ, арманӣ, литвонӣ, молдавӣ, ӯзбекӣ ва ғайраҳо, инчунин дар Эрон ва Чехословакия чоп шудааст. Ду китоби достон ва ҳикояи ӯ ба забони русӣ аз чоп баромад. («Ты не одинок», Москва, 1982, «Если бы она была мужчиной», Душанбе, 1991). Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони СССР».

Дар ин шарҳи ҳоли мухтасари Б. Фирӯз «Аз арш то фарш» (1983, достон ва ҳикояҳо), «Тафти дил» (шеърҳо, 1984), «Пеш аз шаби арӯсӣ» (ҳикояҳо ва достонҳо, 1989), «Агар вай мард мебуд» (китоби достонҳо, 1987), «Саҳнаи гардон» (мақола ва очеркҳо, 1993) барин китобҳои ӯ номбар нашудаанд.

Баҳром Фирӯз ҷашни 50-солагии хешро бо китобе пешвоз гирифт, ки дорои 50 номгӯй ҳикояҳои наву тоза буд.

Дар бойгонии шахсии ӯ ҳанӯз он қадар шеър, он қадар ҳикоя, он қадар достону романҳое маҳфузанд, ки рӯйи чопро надидаанд. Ва романи «Ғафлатзадагон» яке аз онҳо мебошад.

Мо асарҳои Баҳром Фирӯзро ҳар чӣ бештар чоп кунему ба муштариёнаш дастрас намоем, рӯҳи ӯ ҳамон қадар шод мегардад.

 

Додоҷон   Раҷабӣ

нависанда

с. 1999