Мо бо Баҳромҷон (ёдаш ба хайр!) бори аввал дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд вохӯрдем, ҳамсабақ ва ниҳоят додару бародар шудем.
Мехоҳам аз нахуствохӯриам чанд лаҳзаеро ба рӯйи қоғаз биёрам.
Рӯзи якуми сентябри соли 1952. Дар бинои рақами дуюми омӯзишгоҳи педагогии ш. Самарқанд, дар болои дари яке аз синфхонаҳои таълимӣ, ки курси 1, гурӯҳи «А» навишта шуда буд, як гурӯҳ писарону духтарон ҷамъ омада интизори занги аввал буданд, ки донишҷӯ шуда буданд. Гурӯҳ – гурӯҳ бо шавқу завқ сӯҳбат мекарданд. Ниҳоят занги аввал моро ба синфхона хонд. Бачаҳо ҳар кас мувофиқи хост бо шахси ба худ наздикаш дар курсиҳо нишастанд. Пас аз чанд лаҳза дар кушода шуду ба синф шахси тануманде даромад. Ҳама аз ҷо хестанд. Баъди салому алейк аҳли синфро ба нишастан даъват ва худро муаррифӣ кард, ки ман роҳбари курси шумо, Наимов. Аз фанни адабиёт дарс мегӯям. Ҳоло мехоҳам бо шумо шинос шавам гӯён журнали гурӯҳи моро аз партфелаш бароварда саҳифаи фанни адабиётро кушода, ҳозиринро як-як ном гирифта, чуноне, ки мегӯянд ҳозиру ғойиб кард. Давомот 100 фоиз. Устод ба мо рӯ оварда гуфт, ки давомотатон хеле хуб, аммо тарзи нишастатон тамоман бад. Ман ҳоло шуморо тарзе ҷо ба ҷо мекунам, ки минбаъд ҳамин хел мешинед. Пас тамоми гурӯҳро мувофиқи қаду баст ду кас-ду кас дар паси мизҳо ҷо нишон дод. Ману Баҳромҷонро (қадамон, ки нисбати дигарон пасттар буд) дар партаи аз ҳама пеш шинонд. Аз ҳамон вақт ману Баҳромҷон ҳамсабақу ҳампарта шудем.
Чи тавр Баҳромҷон ба устод Наимов маъқул шуд?
Рӯзҳо мегузаштанд, устодон ҳар кадом худро муаррифӣ карда аз фанне ба мо сабақ медоданд «Шаҳриҳо» (онҳое, ки аз дохили шаҳри Самарқанд буданд) фаъол ва худро хело доно мепиндоштанд. Мо - рустоиҳо (онҳое, ки аз ноҳияҳои гирду атрофи Самарқанд) то андозае шармгин, ботамкин ва ором будем… «Шаҳриҳо» ба мо назарногирона муомила мекарданд.
Дар яке аз рӯзҳои аввали сабақомӯзӣ устоди фанни адабиёт Наимов доир ба «Давраҳои адабиёт» сухан карданд. Дар рафти такрори мавзӯи дарс устод бо аҳли синф саволу ҷавоб мекарданд ва саволҳо медоданд, ки.дар саволу ҷавоб «шаҳриҳо» фаъол буданд…
Дарси навбатиро устод аз пурсидани вазифаи хонагӣ «Давраҳои адабиёт» оғоз карданд. Ҳама хомӯш. «Шаҳриҳо»-и фаъол ҳам сархам менишастанд… Ин вазъияти ногувор хеле тӯл кашид… Пас устод бо ангушташ ба Баҳромҷон ишора карда: - Канӣ, ту писар, хез ва оид ба давраҳои адабиёт чизи медонистаатро нақл кун гуфтанд.
Баҳромҷон хест, ба назди тахтаи синф баромад ва давраҳои адабиётро чунон бо шавқу завқ нақл кард, ки ҳама дар ҳайрат монданд. Аҷибаш он ки ҳар як давраи адабиётро номбар карда, бо ангушти ишоравиаш гӯё он давраҳоро махсус ҷудо мекард…
Устод Наимов аз ин ҷавоби шогирд дар ғояти хурсандӣ ба Баҳромҷон офарин гуфтанд ва ба аҳли нишаст муроҷиат карданд: «Ҳақ ба ҷониби он бузурге, ки гуфтааст: «Шутурро қаду бузро ришу булбулро сухан…». Аз ҳамон рӯз фикру муносибати устод ва муомилаи «шаҳриҳо» нисбати қадпастони рустоӣ, аз ҷумла Баҳромҷон дигар шуд…
«Касал»-и китобхонии Баҳромҷон
Баҳромҷон асарҳои бадеиро бисёр ва буррову бо суръат мехонд. Ин хислати Баҳромҷон ба устод Наимов бештар хуш омад ва байни Баҳромҷону устод Наимов риштаҳои дӯстӣ мустаҳкамтар шуд. Ин ҳолат як навъ рашки дигарон, махсусан «шаҳриён»-ро меовард…
Рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанд.… «Рустоиён»-и ботамкину шармгин аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар саволу ҷавоб нисбати «шаҳриён» фаъолтар мешуданд. Санҷишу имтиҳонҳои нимсолаи аввали таҳсил наздик меомад. Устодон гаштаю баргашта таъкид мекарданд, ки ба санҷишу имтиҳонҳо хуб тайёр шавем. Ҷараёни тайёрӣ ба санҷишу имтиҳонҳо шаҳриҳоро ба рустоиҳо бештар наздик мекард. Акнун бараъло ҳис мешуд, ки бачаҳои рустоӣ назар ба бачаҳои шаҳрӣ дарсҳоро беҳтар аз худ мекунанд ва донишашон аз ҳамаи фанҳо хуб аст, ки Баҳромҷон яке аз пешқадамон ба ҳисоб мерафт… Ниҳоят давраи санҷишу имтиҳонҳо фаро расид, ба иборае давраи «ғалберро аз об бардоштан» омад, ки баъди нимсолаи аввал баъзеҳо (аксаран бачаҳои шаҳрӣ) омӯзишгоҳро тарк карданд…
Рӯзе бегоҳӣ Баҳромҷон (мо ҳарду дар як ҳуҷраи хобгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Сӯзангарон иқомат мекардем) маро даъват кард, ки бояд ба хонаи устод равем. Ман ҳайрон сабаб пурсидам, ки барои чӣ ба хонаи устод меравем?
Баҳромҷон кӯтоҳ ҷавоб дод, ки китоб мехонем.Мани дар ҳайрат боз пурсидам, ки чаро китобро дар хонаи устод мехонем? Баҳромҷон дар ҷавоб гуфт, ки дер шуда истодааст, рафтем, ҳамаашро дар роҳ мефаҳмонам. Мо ҳар ду сӯйи хонаи устод Наимов равона шудем. Дар роҳ Баҳромҷон ба ман гуфт, ки чашмони устод дардманд, бисёр китоб хонда наметавонанд. Аз ман хоҳиш карданд, ки шаб каме китоб хонаму он кас гӯш кунанд. Гуфтам, ки дар вақти бозгашт дер мешавад ва ман худам танҳо метарсам. Устод гуфтанд, ки чаро танҳо? Рафиқат Раҳматҷонро ҳамроҳ гир, дар вақти китоб хондан монда, ки шудӣ, вай мехонад. Ана барои ҳамин туро ҳамроҳ мебарам…
Мо ба хонаи устод расидем. Баҳромҷон дарвозаро кӯфт, ки устод ба пешвози мо бароманд ва ба хоначае, ки дараш боз буд, таклиф карданд. Дар ҳуҷра як мизи хурди дар ду тарафаш ду кӯрпачаи «як об шустагӣ» партофтагӣ. Болои мизи пастакак як чойники сурхи «қирмизӣ» ва ду пиёла. Устод моро ба нишастан таклиф намуданд. Мо ҳар ду ҳампаҳлӯ аз қисми поён ва худи устод рӯ ба рӯйи мо нишаста «хуш омадетон» гӯён аз мо ҳолпурсӣ карданд. Мо бо изҳори ташаккур ба устод саволомез нигаристем. Устод он чӣ ки дар роҳ Баҳромҷон ба ман дар бораи чашмони дардмандашон гуфта буд, мухтасар нақл карданд ва хандаомез гуфтанд, ки акнун шумоён чашмони ман шавед… Мо чун пионер доимо тайёр будани худро изҳор кардем.
Устод аз чойники «қиромизӣ» як пиёлагӣ чой рехтанду аз рафъе, ки китобҳои бисёре чида шуда буд, як китобро гирифта назди мо монданд ва гуфтанд:
— Ана аввалин китобе, ки шумоён бояд хонед ва мо якҷоя аз мазмуну мундариҷаи он хабардор шавем. Ин китоби устод С. Айнӣ «Ғуломон» буд. Ин шаби аввалини китобхонии мо буд. Баҳромҷон китобро гирифта ин тараф он тарафашро аз назар гузаронида пас ба хондан сар кард. Ӯ чунон бурро ва босуръат мехонд, ки кас роҳат мекард. Ман аз зери чашм дуздона ба устод нигоҳ мекардам. Он кас бодиққат хондани бофасоҳати Баҳромҷонро гӯш мекарданд. Вобаста ба рафти тасвири ҳодисаю воқеаҳои матн симояшон гоҳ ҷиддӣ мешуду гоҳ табассум дар лабонашон гул мекард…
Вақте ки Баҳромҷон аз хондан монда ё берун рафтанӣ мешуд, ӯро иваз мекардам…
Ҳамин тавр, дар муддати тӯлонӣ чандин китобҳо (достону романҳо) яке паси дигар хонда шуданд. Баҳромҷон ҳам ба «касалӣ»-и доимии китобхонӣ гирифтор шуд, ки то охири умраш давом кард. Яъне устод Наимов ӯро ба ин «касалӣ» гирифтор карда буданд.
Одати дигари аҷиби шодравон Баҳромҷон (ҷояш ҷаннат боду арвоҳаш шоду мададгори пайвандон) ин буд, ки ягон достон ва ё романи нави хондаашро хеле ба тафсил, бо ҳиссиёти аҷиби ба худ хос нақл мекард ва аз нақли басе ширадораш лаззат мебурдем. Боз таъкид мекард, ки мазмуни ин китобро шунидан кам, онро хондан даркор, хондан…
Солҳо мегузаштанд бо шитоб,
Бо қаламу дафтару бо китоб.
Се соли таҳсил ба охир расида мо донишҷӯи соли чор гардидем. Дар ин солҳо тавассути дарсҳои устодону худомӯзӣ ҳамсабақони мо хеле тағйир ёфта, ба камолот расиданд. Ҳамаи рустоиҳои дирӯзакак ба омӯзишгоҳ омада, чи аз ҷиҳати ҷисмонӣ, чи аз ҷиҳати ақлонӣ ба куллӣ тағйир ёфта буданд. Дар ин таҳаввулу тағйирот заҳмати устодони соҳибэҳтирому икроми мо кам набуд. Устод Валихӯҷаев аз фанни математика, Муллоқандов аз фанни физика, Қурбонов аз фанни биология, Мӯҳтарамов аз фанни ҷуғрофия, Солиев аз фанни забону Наимов аз адабиёти тоҷик, М.А Хамперова аз фанни забону адабиёти рус (рӯҳашон шод бод онҳое, ки дар қайди ҳаёт нестанд) дарс мегуфтанд, ки ҳар кадомашон шахсиятҳои комил буданд. Ва ба ғайр аз таълими ҳаматарафаи фанни худ онҳо ба мо дарси одаму одамгариро меомӯзониданд…
Дар халқият мегӯянд, ки то фарзандор нашавӣ, ба қадри падару модар намерасӣ, ки ҳақ асту рост. Ба фикри ман, то муаллим, омӯзгор нашавӣ ба қадри муаллимат, устодат намерасӣ, хусусан заҳмату меҳнат ва тоқаташро дар тарбияи ҳар кадоме аз шогирдон ҳис намекунӣ …
Ба мо донишҷӯён дар чор соли таҳсил аз забони русиву адабиёти рус зани ниҳоят ҳалиму меҳрубон, ширинзабону ширинмуомила, устоди азиз М. А Хамперова. дарс мегуфт.
Ман ба ин бонуи меҳрубон эҳтироми вижа дорам. Ба мо донишҷӯёни аз ноҳияҳои тоҷикнишини гирду атрофи Самарқанд , ки бинобар набудани муаллими забони русӣ дар мактабҳо онро намедонистем, бо чӣ мушкиливу машаққат дарс мегузашт. Забон меомӯзонд ва ҳеч боре сухани тунде нагуфта. Натиҷааш чунин буд, ки мо дар соли охир ба забони русӣ озод ҳарф мезадем. Дар бораи ҳар кадоме аз адибони маъруфи рус маълумоти зарурӣ пайдо кардем, ки дар ин ҷода низ Баҳромҷон пешсаф буд. Аз эҷодиёти адибони рус пурра огоҳ гардида, асарҳои зиёдашонро мутолиа кард. Ба гумонам, дар китобхонаи омӯзишгоҳ асаре намонд, ки Баҳромҷон нахонда бошад…
Чаро курси чорро бад мебинам?
Рӯзе Баҳромҷон ба хобгоҳ хурсанд даромаду «Раҳматҷон, хез репетитсия мекунем» гӯён папкаи коғазини дасташро болои миз гузошта, рӯ ба рӯйи ман нишаст. Мани аз асли воқеа бехабар, ҳайрон ба ӯ менигаристам ва интизори шарҳи ботафсилаш будам, ки бо ин амалаш чӣ мехоҳад? Баҳромҷон ба ман як назар карду папкаи навакак болои миз гузоштаашро гирифта кушод ва аз даруни он навиштаҷотеро бароварда гуфт: «Ин матни намоишномаи якпардагӣ. Мо, аъзои маҳфили драмавӣ онро бояд тайёр карда бахшида ба якуми май ба саҳна гузорем. Устод матнро ба ман дода, гуфтанд, ки бо он шинос шавам ва матни нақши худро аз ёд кунам. Биё, аввал бо матн ҳамроҳ шинос мешавем, пас дар бораи нақши ман фикр мекунем».
Матнро хондем. Дар бораи нақши Баҳромҷон ҳам фикрамонро баён кардем. Ҳамин тавр дар вақти «репититсия» ба нақши Баҳромҷон ҳардуямон тайёр мешудем. Намоишномаро дар саҳни клуби омӯзишгоҳ, ба қавли Баҳромҷон чандин бор бо ҳамаи иштирокчиёнаш «репититсия» карданд. Репититсия пас аз дарс як-якуним соат давом мекард. Мо ба сифати тамошобин иштирок мекардем…
Рӯзе Баҳромҷон аз зодгоҳаш чӣ хабареро шуниду ба роҳбари маҳфили драмавӣ дар бораи хабари нохуш нақл карда, изҳори тез рафта, баргаштан кард. Ба саволи «намоиш чӣ мешавад?» гуфт, ки бо нақши ман Раҳматҷон шинос, маро иваз карда метавонад.
Баҳромҷон ба зодгоҳаш рафту дер баргашт. Намоиши идона хуб гузашт. Нақши ӯро ман иҷро кардам, ки ба тамошобинон гӯё маъқул шуд. Тамошобинон (донишҷӯёни омӯзишгоҳ) кафкӯбиҳои дуру дароз карданд…
Баҳромҷон бо сабабҳои объективию субъективии ҳамон сол таҳсилро дар курси чор қатъ карда ба зодгоҳаш рафт. Ба саволи «хондан чӣ мешавад?» соли оянда омада давом медиҳам гуфт…
Пас аз рафтани Баҳромҷон ба назари ман хобгоҳу синфхона ва кӯчаҳо, гӯё тамоми шаҳр холӣ менамуд. Эҳсоси ин ҳолатро каси маҳрум аз меҳрубониҳои рафиқи шафиқу дӯсти ҷониаш дарк карда метавонад…
Ман он айём курси чорро бад дидам, вале мо чандин сол баъд дар Душанбе боз ба ҳам омадем. Дар хонаи ҳамдигар, тӯю сур, маҳфилу шабнишиҳо он даврони пур аз нишоти зиндагиамонро ба хотир оварда, завқ мекардем. Ёди айёми пурҷӯшу хурӯши ҷавониро зинда мекардем…
Чӣ илоҷ, ки қисмат дар айни авҷи камолоти эҷодиаш моро аз Баҳромҷон ҷудо кард ва дидорро ба қиёмат гузошт…
ӯ дар дилу хотири ман ҳамеша зинда. Ёдашро гиромӣ медорам ва даст ба дуо мебардорам, ки Худованд хонаи охираташро обод дорад!.
РАҲМАТ ДАВЛАТОВ
Корманди шоистаи Тоҷикистон
августи соли 2009