Мирзо Насриддин: "ДАРСИ ОДАМУ ОДАМГАРӢ"

Мирзо Насриддин: "ДАРСИ ОДАМУ ОДАМГАРӢ"

Чунин ном дошт охирон мулоҳизаҳое, ки нависандаи  соҳибзавқ Баҳром Фирӯз ба рӯйи сафҳа меовард.  Вале умр вафо накарду сухани одамият дар лаб аз ин саҳрои ваҳшат парида рафт. Аз он рӯз панҷ сол сипарӣ шуда. Ва ҳоло хотираҳо боқӣ монданду халос. Хотираҳои ғамангезу тассалобахш.

Аз он ки дигар он чеҳраи пурнурро нахоҳӣ дид, сӯҳбатҳояшро нахоҳӣ шунид,  дилатро кӯҳи ғам зер мекунад. Аммо бо хондани шеъру ҳикояҳо, қиссаву андешаҳояш тасалло меёбӣ.

Ҳазорон ғунча месӯзад дар ин боғ, ки то во мешавад як гул бад-ин ранг. Воқеан, Баҳром Фирӯз шахсе буданд мисли шиша нозук, аз андак ғашиву ғиромӣ дилмонда мешуданд. Пастфитратону дурӯяҳоро бад медиданд. Ва худ табиатан серғайрату назарбаланд, дилсофу дилёб. Ҳам пуркор буданду ҳам зиндагии ширину босафо доштанд. Ба орзуву ҳавасҳои зиёд умр ба сар мебурданд. Ғарами китобҳоро мехонданд. Табиату тинати одамиро меомӯхтанд. Бисёр мехостанд ҷомеаи хуб дошта бошем,  ҳамватанҳоямон баномус, худшиносу меҳнатдӯст бошанд. Мисли миллатҳои пешрафта аз рӯйи илму амал зиндагӣ кунанд. На бо хурофоту андешаҳои зангзадаву дақиюнусӣ. Дар қиссаву ҳикояҳо ҳам чунин роҳу равишро, чунин арзишҳои маънавии инсонро, ки аз таҷрибаҳои ҳаёт гузашта, суфта шудаанд, гӯшрас мекунад.

Ман ин ҷо ду ҳикояи Баҳром Фирӯзро мисол меорам. Дар ҳикояи «То соли дигар» мардуми деҳаро ба водиҳо кӯчонданду ин ҷо ду хонавода мондааст ва ҷавонзане аз зиндагии беҳамсоя, бе нуру бе наво дилгир аст. Ва ба шавҳаре, ки волидайн ба зӯрӣ бораш кардаанду бодимиҷоз аст ва ӯ ҳам ба куҷо ғайб задааст, куллан дилбастагӣ надорад.

Боре ҷавоне дар сари чашма аз ӯ чизе пурсиданӣ мешавад, зан ҷавоб надода меравад, вале баъд мефаҳмад, ки ҷавон низ таҳҷоӣ несту ҳоло ду-серӯза дамгирӣ омадааст, дар сӯҳбат мешавад. Пас ҷавонзан ҳар рӯз сари чашма баҳри об меояд, сӯҳбат мекунанду ҳамдигарро нағз мебинанд. Аммо ба зориву таваллоҳои ҷавон, ки ӯро бурданӣ мешавад, бо меҳрубонӣ мегӯяд: «Ман ба шумо муносиб нестам. Шавҳар дидаам...» Ана ҳамин суханҳои маҳрамона ва меҳрубона ба дили хонанда, ба ёду хотираш мисли суруди дилпазир мечаспад. Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Тухми покиву вафодорӣ мекорад.

Дар ҳикояи «Ганҷи шойгон» ин маънӣ равшантар ва бо тундӣ таҷассум ёфтааст.

Ба  Назокати таърифӣ бештари ҷавонони деҳа одам мемонанд. Аммо падар Назокатро ба Толиби сағира медиҳад. «Ман ба падари ин дӯст будам, - мегӯяд. - Мо қавл карда будем. Вай барвақт аз дунё гузашт. Ман ҳақ надорам оби чашми ин сағираро раҳо кунам. Ва Назокат  шавҳари  бепадар калоншуда, сода ва  коргурезашро ба ҷидду ҷаҳд мехоҳад ба қатори мардум дарорад. «Дигарон Мирзочӯл рафтанд, соҳиби обрӯ шуданд» гӯён шавҳарашро  мебарад. Ба шавҳар, ки тарбияи падарро нагирифтааст, «акнун шумо бача не, камтар сахтиро ба худ гиред», мегӯяд. Вале худаш бештар дар замини пахтазор кор мекунад. Боре шабона, ҳангоме ки пахтаро об медод, мебинад, ки ҳамсояаш (ӯ ҳам замин об медод) фонус ба даст меояд. Назокат шавҳари болои суфахок хоббурдаашро хезонда мегӯяд: «Фонуса гиреду поении  ҷӯйҳора хабар гиред, пас омада хоб меравед». Зан ҳама азобу машаққатро ба худ мегираду намехоҳад номи шавҳараш байни ҳамсояҳову ҳамкорон паст бошад. Ҳарчанд кайҳо ҳама медонанд. Ва агроном, ки Назокатро нағз мебинад, рӯйирост Толибро беақлу бероҳ гуфта наҳ мезанад. Ба ин ширинии зиндагиро намечашӣ мегӯяд. Ва баъд боре дари муҳаббаташро мекушояд, ки Назокат бо тундиву нафрат ҷавобашро медиҳад: «Ҳазор беақлу бероҳ бошад ҳам, ман то мурданам аз они ваям. Бо пулу мансабат маро аз роҳ зада наметавонӣ!», фалсафаи хоси мардуми меҳнаткаш. Аз рӯзе, ки волидайн, хешу табор онҳоро ҷуфт карданд, дигар ба шавҳар, ба молу чизи дигарон ҳавасу орзу надошт. Аз пайи ҳавову ҳавас номашро байни мардум паст намезанад. Ана ҳамин покдоманиву покандешӣ орзуву омол ва ормони нависанда - тарбиятгари ҷомеа мебошад. Фикр мекунам, агар мо – нависандаҳо - низ хонандаро ба ҳамин роҳу равиш талқин карда тавонем, ҳам худамон бурд мекунему ҳам ҷомиа. Ва маълум, ки дар аксари ҳикояҳо рӯзгори на чандон дури бародаронамонро мушоҳида мекунем. Ба сӯҳбати деҳқонони он айём ҳамроҳ мешавем. Хуллас, манзараҳои айёми гузаштаи кишвари азизро тасаввур мекунем. Ишқу ҳаваси даврони донишҷӯӣ ба ёдамон меояд. 

Шом аз сояҳои нилобӣ,

Хайма ба рӯйи пахтазорон зад.

Бар машомам аз насими бегоҳӣ

Накҳати кокулони ҷонон зад. 

Қаҳрамонҳоеро мебинем, ки аз як зарра некӣ мисли кӯдак хурсандӣ мекунанд…

Дӯстии ман ҳам бо Баҳром Фирӯз аз андаке ёрии беғаразона сурат гирифт.

Солҳои аввали ҳафтод дар автобаза кор мекардам. Боре ҳангоми корбаро назди дарвоза марди бануру гармнигоҳ пурсиданд, ки «оё устое ёфт мешавад, ки мошинаамро як назар бинад?» Ман усторо аз роҳ баргардондаму дар муддати ҳафт ё ҳашт дақиқа мошинро ба роҳ даровардем.

Баҳром ба усто пул дароз карданд.

«Мо дар дафъаи аввал пул намегирем» гуфтам бо оҳанги шӯхӣ ва ба усто нигаристам, ки маро дастгирӣ кунад.

Акаи Баҳром бо табассум ба ман зеҳн монда гуфтанд:

— Пула гиред, вагарна ин исқот боз дар роҳ мемонад.

Ва баъди ба роҳ даромадан афзуданд, ки «гап дар сари ду ё се сӯм не. Назарбаландӣ касро хурсанд мекунад. Меҳратро бедор мекунад». Сӯҳбаткунон то даруни шаҳр омадем. Ҳангоми хайрухуш бо оҳанги дӯстӣ гуфтанд:

— Аз сӯҳбататон маълум, ки китоби бадеӣ мехонед, мулло. Ҷойи коратон ҳам ҷойи хуб. Ба қавли шоирҳо «дар ҷӯши зиндагӣ». Дар аввали кор як дафтари хотирот кунеду ҳар рӯз ё ҳафтае  пас воқеаҳое, ки ба худатон маъқул  аст, айнан нависед. Кӣ медонад, ягон рӯз китобатонро мехонем.

Ҳамин тариқ  дӯстии мо дар тӯли зиёда аз бист сол новобаста аз он ки он кас аз ман даҳ сол калон буданд, бо эҳтироми тарафайн ҳамчунон софу беғубор давом кард.

Боре тобистон аз деҳа омадаму дар хона ба кадом сабабе ситеза кардам. Занам табассум карду пурсид:

— Хонаи акаи Баҳром кай меравед?

— Чӣ буд?

— Аз он ҷо биёед, одами дигар барин мешавед. Гӯё меҳрубон, андешаманд.

— Ин тавр бошад, ҳатман бегоҳӣ меравам, - гуфтам ва раҳораҳ фикр кардам, ки дар ҳақиқат сӯҳбату меҳмоннавозии дилнишин, рӯзгори ширин, озодагии он хонадони шариф ҳар каси боре он ҷо бударо ҳам бетараф намегузорад. Дар хона муҳити озоду адабӣ барқарор буд. Фарзандон дар хониши адабиёти беҳтарину олӣ тарбият меёфтанд. Парвона фарзанди миёнаи хонадон дар синфи ҳафтум мехонаду бо падар аз қаҳрамонҳои Балзаку Достоевский гуфтушунид мекунад. Дӯстоне, ки ҷамъ меомаданд, аз пешравии илму адабиёти гузаштаву имрӯза сӯҳбат меоростанд. 

Шамъи ин маҳфил маро бар сӯхтан парвона кард,

Ҳар чи бошад ибрат аз ҳампеша пайдо мекунад. 

Янгаи Саида завҷаи акаи Баҳром бо ханда маро пешвоз гирифтанд. Акаи Баҳром дар даст кафгир аз ошхона намоён шуда гуфтанд:

— Мо палав пухта телефон ба телефон шуморо мекофтем.

— Палав бошад, каромат карда худам меоям.

— Ман ҳам гуфтам, ки овора нашавед, худашон меоянд! – афзуданд янгаи Саида.

Зану шавҳар бо шодмонӣ ба якдигар нигаристанд.

Ба онҳо чашмам афтиду аз дилам гузашт, ки аз ҷазбу муҳаббати ду тараф дилат хурсанд мешавад. Ва пеши назарам дафъае, ки даставвал ҳамакаса хонаашон рафтем, омад. Он ҷо ду-се нафар ҳамсояҳои русзабон низ буданд. Янгаи Саида дамубадам хӯрокҳои тоза меоварданд. Ва ҳар лаҳза меҳмонҳоро ба гап мегирифтанд. Акаи Баҳром якчанд шеърҳои Евтушенкоро аз ёд хонданд. Сипас кадоме аз занҳо аз он кас хоҳиш кард, ки ягон шеъри ба арӯсашон бахшидаро бихонанд.

— Барои арӯсам як шеър не, даҳто мехонам, - гуфтанд акаи Баҳром ва онҳо ба ҳам нигаристанд. Чашмонашон лаҳзае саршори меҳру навозиш шуд ва акаи Баҳром бо овози ширину дилнишин ба хондан шурӯъ карданд:  

Ман ин бода нӯшам барои гуле,

Ки ӯ дар муҳаббат фидокор монд.

Ҳамеша ба рӯям нахандид ӯ

Валекин ба меҳраш вафодор монд. 

Янгаи Саида сурх шуда гуфтанд:

— Ин касро монед, то саҳар шеър мехонанд.

Акаи Баҳром табассум карда афзуданд.

— Ҳанӯз дар айёми наврасиам барои ин кас як китоб шеър навиштам. Чандин маротиба хешу табор омаду рафт карданд, падарашон ба додан ҳеҷ розӣ намешуданд. Ҳамкорон, муаллимони донишгоҳ ба мобайн даромаданд, не-дия, ба бегона намедиҳам, вассалом. Аз сӯзи дил субҳи зодрӯзашон як таксӣ гула бурда аз раҳи калон то назди дарвозаашон  андохтам. Мӯйсафед пагоҳӣ ин аҳволро дида,  оташи якравиашон паст шуд.

Янга бо табассум ба ман нигариста савол карданд:

— Кӣ ҳам фарзандашро ҳаждаҳсола карда, гул барин расонда, ба каси ношинос дарҳол бароварда медиҳад? Ё суханам нодуруст, Мирзоҷон?

Мо мардҳо кайҳо сархуш будем.

— Рост, рост, - гуфтам бо ҷиддият, - ба хусус ба мардуми Самарқанд. Ҳанӯз ҳашт аср пеш шайх Камол гуфтаанд: 

Гӯйӣ ҳам ҳар дам зи шаҳри мо бурун рав, эй Камол,

Ин самарқандигариҳо бо хуҷандӣ то ба кай? 

Ҳама бо шавқ хандиданд. Фақат занам ба маломат ба ман менигарист...

Аз он айём хеле солҳо гузаштанд. Боре ҳангоми сӯҳбат акаи Баҳром хурсанд гуфтанд, ки Искандар дирӯз охирон имтиҳон супурд. Бо меҳнати худаш ба донишгоҳ қабул шуд. Имсол зиёда аз чил иншо навишт. Худам назорат кардам. Парершаб ба кӯрпа даромадаму аз дилам гузашт, ки ба мавзӯи «Шаҳри ман» иншо нанавиштааст. Мабодо ҳамин мавзӯъ биёяду надонад гуфта тоқат накарда хестам. Искандарро ҳам хезонидам. Дукаса нақшаи корӣ тартиб додем. То бевақтӣ навишт. Пагоҳӣ равад, ҳамин мавзӯъ. Баҳои 4 гирифт.

— Ҳам Искандари бечораро азоб додеду ҳам худатон. Ягон шиносатона мегуфтед, баландтар баҳо мемонд.

— Баҳо мемонд. Лекин ман мехоҳам фарзандон аз таҳкурсӣ ба роҳи рост раванд. Бо меҳнати худ пешравиро омӯзанд. Ҳам худ баҳраманд мешаванд, ҳам ҷомиа...

Як сол пас, тобистон ба ноҳияи Айнӣ рафтем. Бегоҳӣ зиёиён, ҳаводорони адабиёт ба ҳавлӣ ҷамъ омаданд. Акаи Баҳром бештар ба гуфтугӯйи нишастагон гӯш меандохтанд. Яке бинам ба марди сухангӯе гӯшу ҳуш буданд.

— Эътибор диҳед, - гуфтанд, - сухангӯйиашон мисли одамони даврони Рӯдакӣ.

Гӯш кардам.  Ғайри он ки оҳиста, бо лаҳни дӯстонаву бештар деҳотинамо гуфтугӯ мекард, дигар нишонае пай набурдам.

— Дигарҳо ин тавр не, - гуфтанд акаи Баҳром. - Дигарҳо калимаҳои арабӣ ё русӣ ҳамроҳ мекунанд.

— Шояд аз он сабаб, ки ин одам дар умраш аз деҳа берун нарафтааст.

Ин дам кадоме «меҳмонҳо ҳам сухан кунанд» гуфт. Акаи Баҳром, чунон ки одаташон буд, маҳин табассум карданд, андешаманд шуданд, пас аз «Маснавӣ» шеърҳо хонданд. Аз рӯзгори Мавлонову Шамси Табрезӣ нақл карданд. Ҳамчунон аз зиндагии Толстой ва аз нақшу мақоми ин ду бузургмард ба наслҳои баъдина қисса карданд. Меҳмонҳо аз сӯҳбат хушҳол рафтанд.

Пагоҳӣ чашм кушода дидам, ки акаи Баҳром бо  хушҳолӣ  аз ҷониби кӯча меоянд.

— Деҳаро давр зада омадам, - гуфтанд он кас. - Аз ҳар тараф овози бузу гӯсфандон, ҳар гуна мурғон меояд. Дар ҳар бом ё ҳавлӣ радио мехонад. Поёни деҳ назди мактаб боғи хушбоду ҳавое будааст. Аз бӯйи гулу себаргааш мегӯйӣ аз назди заводи атриёт мегузарӣ. Наварӯсон назди дарвозаашонро об зада рӯбучин доранд. Кӯчаҳо озода. Оби ҷӯйборон тоза. Баъзе мардҳо хару хингил карда аз пайи рӯзгор. Бо меҳмон шиноси дерин барин пурсупос мекунанд. Лаҳни суханкуниашон мардуми Шероз барин.

— Эҳ, устод, деҳи моро хуб ба осмон бардоштед-дия, - гуфтам ва худ ҳам кӯчаҳои тангу нав об задаро тасаввур карда ҳавасам омад.

— Мо аз рӯйи тақозои касби нависандагӣ куҷое равем ба гуфтугузори мардум, ба тарзи зиндагиашон эътибор медиҳем ва дасташонро бо меҳр ба танаи дарахти зардолу монда афзуданд: - Ташаккур ба ту. Чӣ қадар одамона хурсанд мекунӣ.

Ба ёдам омад, ки дирӯз аз мевааш тановул карданд ва ҳоло миннатдорӣ мекунанд.

Ду-се рӯзе, ки он ҷо будем, пай бурдам, ки акаи Баҳром ба ҳама мавҷудот ба чашми дигар, гӯё ба пазмониву эҳтиром менигаранд. Дар пояи кӯҳҳои баланд ба ҳавас ба шахҳову регзорҳо зеҳн мемонанд. Ба рӯдҳои обҳояшон сап-сафед ҷорӣ чун ба дӯсташон сухан мекарданд. Дар ҳаққашон шеърҳо мехонданд. Мо боғ ба боғ мегаштему номи гиёҳҳоро аз мо мепурсиданд. Баъзеашро ба дафтарчаашон сабт мекарданд. Боре андешаманд гуфтанд: «Русҳо ҳар гиёҳро дар китобҳо номаш фалон гуфта навиштанд ва акнун аз Маскав то Камчатка ҳама онро як хел  ном мегиранд. Ин нишони пешравии миллат аст. Дар мо, ҳар деҳа ба ғайри номи худаш ниҳода, дигареро қабул намекунад».

Дар мудатте, ки он ҷо будем, мардуми деҳа он касро нағз диданд ва бештаринашон илтиҷо мекарданд, ки меҳмонашон бошем. Ва минбаъд, ҳар вақте мерафтам, мепурсиданд, ки «акаи Баҳрома наовардед?»

Боре дар бозор вохӯрдему ҳамроҳ хонаашон омадем. Раҳораҳ қарор додам, зиёд наменишинам, то ки беҳуда вақташонро нагирам. Ҳарчанд медонам, ки аз лутфи меҳмоннавозии янгаи Саида гурехтан намешавад. Дар болои мизи кориашон аксари журналҳои адабие, ки он замон дастрас буд, паҳну парешон мехобиданд. - «Новый мир», «Наш современник», «Дружба народов» ва ғайра.

Янгаи Саида дарҳол дастархон оварданд.

— Ташвиш накашед, кори зарур дорам.

— Майлаш, як пиёла чой мегиреду меравед.

— Чой ҳам наоред. Бояд равам.

— Аз хонаи дӯст хушк намераванд, - гуфтанд ва хонаводаро як-як пурсида, маро андармон карда дастурхони пурнеъмат густурданд.

Он шабу рӯз романи Чингиз Айтматов «Дуроҳаи бӯронӣ» нав чоп шуда буду акаи Баҳром бо ҳавасу таҳсини беандоза аз лаҳзаҳои дилнишин, андешаву афкори каҳрамонҳо нақл карданд.

«Тарзи фикрронии Айтматов дигар аст, - мегуфтанд. - Масъалаҳоеро меёбад, ки ба ҳама шинос аст. Образи манқуртро дар адабиёт, дар гуфтугӯйи мардум ҷорӣ кард. Номаш дар қатори классикҳо меистад. Ин мард ба мукофоти «Нобелӣ» сазовор аст».

Боре сӯҳбати мо атрофи нависандаҳои рус қарор гирифт ва он кас гуфтанд:

— Русҳо истода-истода як бузурге медиҳанд. - Ва асарҳои Василий Шукшинро таъриф карданд. - Баъди Мопассану Чехов Шукшин қимати ҳикоятро баландтар бардошт. Ҳар ҳикоя ҳадафе дорад. Баъзан барои як ҷумларо гуфтан як ҳикоя сохтааст. Агар аз асарҳои Шолохов зиндагӣ, орзуву андешаҳои солҳои бистум ва сиюмро пай барем, аз ҳикояҳои Шукшин неку бади рӯзгори мардуми солҳои панҷоҳу шастро мефаҳмем.

Баъдтар мо балкон сигоркашӣ баромадему зимни сӯҳбат гуфтам:

— Ҳикояи «Духтари падар»-и шумо ҳам мисли ҳикояҳои Шукшин аст. Салими Шайтон як умраш ба гапу кори деҳа гӯшак монда мардумро мефурӯшаду дар пирӣ майзадаву бесаробон мемонад. Ҳатто фарзандон ҳам аз ӯ рӯ мегардонанд ва шумо барои ҷумлаи «чунин одамонро ҳукумат нигоҳубин мекунад» гуфтан, як ҳикоя сохтед ва аз ин ҷумла хонанда бисёр чизҳоро пай мебарад.

Акаи Баҳром ба нимтабассум ба рӯям нигариста оҳи чуқур кашида гуфтанд:

— Вале мунаққидҳо ба даҳон об гирифтаанд. Нависанда асар эҷод мекунад, аммо мунаққид асарро рӯйи даст гирифта ба хонанда нишон медиҳад. Неку бадашро мегӯяду дилашро гарм мекунад. Баъзе мунаққидон шеъраке ё навиштаҳои ҷӯраву ҳамшаҳриашро таърифу тавсиф мекунанд. Муддате пас вай инро ба осмон мебардорад. Матбуот ҷойи сафсатафурӯшӣ шудааст. Вақте расидааст, ки худи нависандаҳо ин корро анҷом диҳанд. Ба наздикӣ Муҳаммадҷон Шукуров нисбати асарҳои ман андешаҳояшонро навиштанд, маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳатто ҳамонро чоп намекунад.

Ман фикр кардам, ки ҳикояҳои акаи Баҳром тахмин аз панҷоҳ бештаранду то ҳол дар бораашон мақолае нахондаам. Бетарафиву бетафовутии ҳамнишину ҳамсолон касро алам мекунад. Аммо акаи Баҳром аз шеър ё ҳикояи хуби дигарон хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки аз адибони насли мо ҳеч кадоме мисли Лоиқ забонро хуб намедонад. Ё аз ҷавонон Низом Қосим шеърҳои дилнишин менависад. «Китоби Фарзонаро чоп кардем. Ман мудири шӯъба. Лекин як калимаро ҳам дигар накардам. Баъзан китоби шоирони номдорро сип-сиёҳ карда ба дасташон бармегардонем. Ана пас аз ақиб айб кофта мегарданд. Лекин ман аз онҳо наметарсам. Мард асту майдони адабиёт. Фисҷералду Ҳеменгуей чунон баҳсҳо, чунон гуноҳҳое ба сари ҳамдигар мерехтанд ё Камю ҳамроҳи Сартр. Хонед дилмонда мешавед...»

Пас яке пурсиданд:

— Худатон ягон чиз менависед?

— Не-е! Ман куҷову навиштан.

— Агар нанависед, танҳо ба хондан мақсуд ба даст намеояд. Бисёр нозукиҳоро пай намебаред.

Ду-се ҳафта гузашту ҳикояе бо номи «Фурӯғ» овардам. Ҷумлаи аввалро хонда ҷеҳраашон гирифт.

— «Ба ҳарб» мерафт гуфтед. Калимаи «ҳарб»-ро ҳангоми ҷанг истифода мекунанд. Ба шитоб мерафт гӯед. - Ба ҷои «шунавид» «шунид» навиштанд. Хуллас,  варақро сип-сиёҳ карда андешаманд гуфтанд: - Чаро аломатҳои китобиро намондед? Бубинед, дар ҷое «ӣ»-и зада нест. - Ва номи як нафар нависандаи русро гирифта афзуданд: - Ҳикояашро ба рӯзнома  мебарад. Ҳикоя маъқул намешавад. Аломатҳо намонда... Аммо сармуҳаррир пай мебарад, ки ҳикояи хуб асту ба он чизе намерасад. Чун аломатҳоро гузошта чоп мекунад, яке аз ҳикояҳои беҳтарини замонаш меҳисобанд.

Мани аз нодонӣ  дар хиҷолат гуфтам:

— Ҳоло монед, ҳамаашро дурусттар ба тартиб биёрам, пас меорам.

— Ҳа, ҳоло ду-се маротиба рӯйнавис мекунед. Чун фаҳмидед, дигар ҳеҷ илова карда наметавонед, биёред чоп мекунем.

Ман, ки кори нависандагиро осон мегирифтам, ҳам аз нодониам, ҳам аз талабу нуқтагириҳо дар хиҷолат шудам. Аз дилам гузашт, ки аз афташ, нависандагӣ  кори ман нест...  Ва то ин ки худро аз ваъзияти ногувор бираҳонам, гуфтам:

— Фолкнер романашро ба Андерсон медиҳад, то ки таҳрир кунад. Вай ҳам мисли шумо маслиҳат медиҳад, ки «вақте тамоми қувватро сарф кардӣ ва ҳис кардӣ дигар чизе илова кардан наметавонӣ, гирифта биёр, чоп мекунем».

— Фолкнерро хондед?

— Ҳамаашро не.

Сипас аз дур сухан сар карданд.

— Шумо, ки донишгоҳи техникӣ хондеду аз нозукиҳои ҷумлабандӣ бехабаред, як муддат азоб мекашед. Ҳеҷ гап не, ёд мегиред. Адабиётшиносон, номдорони илм мақола меоранд. Ҷумлабандиашон саропо хато. Шумо кӯшиш кунед, китобҳои тоҷикӣ бештар хонед, чунки тарзи фикррониатон русӣ аст.

Баъде, ки дубора навишта овардам, аз аввала сахттар халлоҷӣ карда фармуданд, ки аз нав дида бароям ва ҳарчи бештар кӯтоҳ кунам. Аммо дафъаи сеюм нахонда фармуданд, ки ҳикояро ба рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» супорам. Ман пай бурдам, ки ҳоло ҳам ҳикоя маъқул нест. Вагарна ба рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», ки худашон мудири шӯъбаи бадеӣ ҳастанд, мегирифтанд. «Ҷавонон» ҳикояро дарҳол чоп кард. Аммо баъди гузаштани солҳо китоб чоп кардам ва ҳикояро аз нав хондаму хиҷолат шудам.

Баъд майдонҳои касофатбор оғоз ёфтанду дигар оромиву осудагии мардум, сӯҳбату нишастҳои беғамона ба якбора барҳам хӯрданд. Донишмандону таҷрибадорон аз рӯзҳои нахуст ҳис мекарданд, ки як балои мисли кӯҳе, ки аз ҷояш канда шудаст, ба сари мардум хоҳад омад ва дар изтироб буданд. Акаи Баҳром низ аз рӯзи аввал ба ин ҳаёҳу зид буданд. Мегуфтанд, ки «гирдиҳамоиро дар ҳама кишварҳо мекунанд! Лекин талабу дархостҳояшонро байни як-ду соат гуфта мераванд! Ин чӣ гап: шабу рӯз талаби маро иҷро кун гуфта, аз ҷо наҷунбӣ! Демократия ин нест, ки мисли гови сар дода девонагӣ кунӣ ва ҳар каси пеш омадаро шох бизанӣ. Демократия ба андешаву ба маданият будан аст. Он кореро, ки ба худат раво намедорӣ, ба дигарон низ написандӣ. Меҳнатро бештар ба худ бигирӣ. Аз гуфтору рафторат дар назди ҷомиа, дар оянда ҷавобгарӣ ҳис кунӣ». Баъдтар бо оҳанги дигар дарди дил карданд. «Фарзандонро илму маърифат, ростӣ меомӯзем. Аммо дар кӯча ё байни ҷомиа бештар ба дӯғу дағалӣ бармехӯранд. Дар ду-се соли охир зӯроварӣ, афкору андешаҳои номатлуб боло меравад...»

Баъде, ки ҷангу кӯб, куштори рӯйирост сар шуд, сахт дилмондаву ноумед шуданд. Мегуфтанд, ки дасту дилам ба кор намеравад, ҳайфи ин кишвари обод. Дар замине, ки аз ҷаҳолату гумроҳӣ хуни ноҳақ рехт, ҳафт- ҳашт сол оромиву осудагиро намебинад...

Ва дере нагузашта гуфтаи акаи Баҳром шуд. Кишвар ба ҷанги ҳамдигаркушӣ печид. Деҳа ба деҳа, ҳамсоя ба ҳамсоя, бародар ба бародар даст ба гиребону гулӯи ҳамдигар шуданд ва ниҳоят хонаву дарашонро партофта рафтанд. Дар раҳонидани ҷону луқмаи нон саргардону дарбадар шуданд.

Мо ҳам аз сабаби дурӣ  ду сол ҳамдигарро надидем. Боре дар сафари ноҳияи Ғончӣ ният доштам Хуҷанд рафта акаи Баҳромро мебинаму пас ба Душанбе бармегардам. Бегоҳӣ атрофи дастархон нишаста будем, ки дар ахбор яке сураташонро нишон дод. Ва хабари марг... Ман шах шуда мондам. То саҳар ҳазорон андешаҳои ғамангез аз сарам мегузаштанд. Кош, аввал акаи Баҳромро медидам, гӯр бар сари ҳамин зиндагии бенизом. Саҳарӣ ҷониби Хуҷанд мошин мерондаму дашту дарахтони зардолуди тирамоҳ ба назарам бенуру дилгир ва нодаркор менамуданд. 

Нола боле мезанад дигар мапурс аз ҳоли дил,

Ришта дар хун метапад, гавҳар намедонам чӣ шуд. 

Хонаи акаи Баҳром ҳоло парешону кулфаткада буд. Янгаи Саидаро кӯҳи ғам дар як шаб дигаргун сохтааст. Сархаму кулфатзада. Бо дидани ман сӯхтани дилашон бештар шуд. «Баҳром мегуфтанд, кошкӣ Мирзо як шаб меомаданду сӯҳбат мекардем». Шаб дар ҳуҷраи кории акаи Баҳром ба ман ҷойи хоб андохтанд. «Ҳамин ҷо хоб мекунед, рӯҳи акаатон шод  мешавад» гуфтанд. Вале магар хоб мебарад? Ҳама чизи ин хона ба ман шинос.. Болои мизи корӣ мақолаи фақат як рӯйи варақ навиштаи «Одаму одамгарӣ» мехобид, ҳамчунин қалам, як даста коғази сафед. Назарам ба рафъи китобҳо афтид. Мо гоҳ-гоҳ бозори китоб мерафтем. Ҷавоне ҳашт ё нӯҳ китоби нашрияи «Дружба народов»-ро якҷоя мефурӯхт. Акаи Баҳром барои китоби нависандаи гурҷӣ Амираҷибӣ ҳамаашро хариданд. Ва чӣ қадар хурсандӣ мекарданд. Дар ҳар китобе, ки ин ҷо ҳаст, чунин хурсандиву орзуҳо ниҳон аст.

Эҳ одамӣ, чӣ қадар нодону сода аст. Ҳар лаҳзааш бо орзуву умеде мегузарад. Ва оё ин ҳама орзуву умедҳои дил ҳамроҳи рӯҳат ба осмон меравад? Кадом донишманде гуфтааст: 

Беруни ин биёбон пар мезанад ғуборе,

Эй маҳрамон, бубинед, умеди мо набошад?! 

Субҳидам ҳамроҳи Искандар сари қабр рафтем. Қабрро дидаму дилам таҳ зад. Наход он марди чамандӯст, ошиқи зиндагӣ, китобнавис ин ҷо хуфта бошад? Болои қабрро гулчанбарҳои ҳанӯз гулашон тоза пӯшондааст. Инҳо нишони садоқати зиндаҳо. Ба роҳи охират бо гулҳо гусел мекунанд. ҳамчунон дар болои сар ниҳоли сершохест, ки гулҳои зард дорад. Искандар лабонашро газида худдорӣ мекунад, то ки оби дидааш ҷорӣ нашавад. Аслан, қабристони «Гумбази Қошуқ» сердарахту сергул аст. Аз байни анбӯҳи дарахтоне, ки қисман сабзанду қисман заб-зард шудаанд, навои ҳар гуна мурғон меояд. Ман дар ҳар гулу гиёҳ чеҳраи пуртабассуми Баҳромро мебинам ва дили баргаштан намекунам. Вале чанд меистӣ? Раҳораҳ аз дилам гузашт, ки дар ин гулшан навои Баҳром ҳам мисли навои мурғоне, ки онҳоро намебинам, танинандоз аст ва ба гӯши наслҳое, ки баъди мо меоянду мераванд, низ хоҳад расид. 

Баъд аз сари мо низ ҷаҳон хоҳад буд,

Ин гиряву ханда ҷовидон хоҳад буд.

Обе, ки ба ҷӯй меравад нолон аст,

З-ин ҷӯй гузаштан ормон хоҳад буд.

 

Мирзо Насриддин

нависанда

с.  1999