Расул Шарифов: "ОРИФОНА МЕГУФТУ ОЛИМОНА МЕНАВИШТ…"

Расул Шарифов: "ОРИФОНА МЕГУФТУ ОЛИМОНА МЕНАВИШТ…"

   Дар яке аз кӯчаҳои хушманзару зебои таърихии Самарқанди бостонӣ – Даҳбед, таълимгоҳе бо номи Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикӣ фаъолият мекард. Дар омӯзишгоҳ донишҷӯён аз шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои гирду атрофи вилоят таълим мегирифтанд.

Роҳбарону омӯзгорон ва мутахассисони касбу кори гуногуни ин даргоҳи муқаддасу овозадор кордону донишманд ва соҳибҳунар буданд. Донишҷӯён бо гузашти айём пас аз шиносойӣ ба кори таълиму тарбия дар омӯзишгоҳ ва устодони ғамхору меҳрубони он ба хулосае меомаданд, ки даргоҳи илму маърифат аз донишгоҳҳои олӣ мондание надорад ва муаллимону мураббиён аз ҷиҳати дониши касбӣ, ҷаҳонбинӣ, фарҳангу маърифат ва таҷрибаи назарию амалӣ бе шакку шубҳа, аз докторҳою профессорони номӣ кам набуданд. Онҳо на танҳо дар инкишофи илму маърифат, таълиму тарбия ва усулҳои нав ба нави омӯзгорӣ саҳми зиёде доштанд, балки бо одобу ахлоқи ҳамида ва хислатҳои наҷиби инсонӣ ба дилу дидаҳо ҷой гирифта, ба фазилату истеъдоди ҷавонон илҳому нуру қувват мебахшиданд. Ба хусус устодони хирадманд дар донишу таҷриба нотакрору беҳамто буданд.

Агар мо имрӯз ному насаби покизаю симои дурахшони онҳоро вирди забон карда, хидматҳои шоистаашонро пеши назар оварда, ҳар қадар аз корнамоиҳояшон сухан гӯем, кам аст.

Директори омӯзишгоҳ Юнус Юсуфӣ марди миёнсолу миёнқади газгӯшт, забондони моҳир буд. Се забон - тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русиро ба дараҷаи олӣ медонист. Илова бар ин, нотиқи бурро буд. Мунозираву  мубоҳисаро  дӯст медошт. Азбаски дар дастгоҳи идора аз мусоҳиб то дафтари хоҷагии коргузорӣ мутахассисони рус ифои вазифа мекарданд, эшон ҳамроҳи онҳо ба забони софи русӣ ҳарф мезад, ба санъати забондониву суханронии ӯ қоил мешудем. Юсуфӣ на танҳо роҳбари ташкилотчию моҳир, балки донишманд, навовар ва сиёсатмадор буд. Дастоварду комёбиҳои илму маърифати устодону шогирдонро дар интизоми қатъӣ медид. Дӯстию бародарӣ, ростию адолат ва одоби ҳамидаи байни муаллимону донишҷӯёнро доимо талқин мекард. Ғамхорию меҳрубонӣ ва кӯмаку дастгирии хонандагонро вазифаи асосии хеш медонист. Сахтгир ҳам буд, дар караму навозиш низ саховати баланд дошт.

Мудири қисми таълимии омӯзишгоҳ Рофеъ Орифӣ адабиётшинос буд. Рафтору кирдор ва гуфтораш шоирона, орифонаву олимона. ҳатто гашту нишасташ намунаи ибрат буд. Либосро тозаву озода мепӯшид, ки шогирдон чунин тарзи либоспӯширо орзу мекарданд. Дарсҳои ӯ шавқовар мегузаштанд. Бо як тарзи хосе сухан мегуфт. Калима, ибора ва ҷумлаҳоро чида – чида возеҳу равшан ифода мекард. Ӯ таҷрибаи бойи омӯзгорӣ ва зиндагии ибратангезе дошт. Устод Орифӣ ҳамчун донишманди илму маърифати замон, зиёии нуктасанҷ  нозукиҳои фанни забон ва адабиётро ба дараҷаи баландаш медонист. Эшон шахсе буд, ки тамоми ҳаёти бошууронаашро ба инкишофи соҳаи маориф бахшидааст. Панду ҳикмати бузургони миллатро ҳамеша мадди назар дошт ва мегуфт:

Гар таваккал мекунӣ, дар кор кун,

Касб кун, пас такя бар  ҷаббор кун.

 Азимхон Солеҳов аз фанни забон дарс медод. Қиёфааш ҷиддӣ, ҳангоми сӯҳбат хеле хушгуфтор, ғамхору меҳрубон ва сӯҳбаторо буд. Дарсҳояш пурмазмун мегузаштанд. Ибораҳои рехта ва матнҳои классикиро барои омӯхтани донишҷӯён ҳамеша пешниҳод менамуд. Донишҷӯи қобилу боистеъдод ва бечораи боинтизомро бисёр дӯст медошт. Махсусан, ба ман ғамхорию меҳрубонии падарона ва устодона зоҳир мекард. Дар байни ҳайати муаллимон ягона шахсе буд, ки сигор мекашид. Аз кашидану кайфияти он лаззат мебурд. Тамокуи «Беломор канал» ва бӯйи хуши онро аз ҳамаи сигорҳои дигар боло медонист. Интизоми қатъӣ, дониши амиқу мукаммал ва таҷрибаи пешқадамро асоси пешравӣ меҳисобид. Дар натиҷаи меҳнати пурсамар ва хизматҳои шоиста сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гардида, дар тарбияи ҳазорҳо ҷавонони соҳибкасб саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Ӯ ҳамчун донандаи шеъри бисёр маҳорати суханварӣ ва забондониро дар дили хонандагон мепарварид. Доимо таълим медод:

 Ҳар касе, ки дониш фаромӯш кунад,

Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.

 Наберахӯҷа Валихӯҷаев устоди бузургвори устодони омӯзишгоҳ, математики машҳур, падари академики Академияи улуми Ҷумҳурии ӯзбекистон Ботур Валихӯҷаев, донишманди илмҳои дақиқ ва таҷрибакор. Ҳамон солҳо синну соли мубораки эшон тақрибан ба 80 мерасид. Аз чеҳрааш нури зиё меборид. Мисолу масъалаҳо ва формулаҳои математикӣ, геометрию алгебравиро азёд медонист, ки донишҷӯён суханони пурмӯҳтаво ва осонфаҳми ӯро зуд аз бар мекарданд. Устод хислатҳои аҷибе дошт. Аз каме бетартибии шогирдон зуд меранҷид. ҳамоно ғазабаш омада, синфхонаро тарк мекарду ба саҳни ҳавлии таълимгоҳ мебаромад. Пас аз дақиқаҳои тӯлонӣ сардори синф бо  сад узру тавба ва бахшишҳо аз номи хонандагон, устодро ба дарс меовард. Хидматҳои устод Валихӯҷаев дар инкишофи илму маърифат, таълиму тарбияи ҷавонон ва умуман пешравии соҳаи маорифи Ҷумҳурии ӯзбекистон бениҳоят бузург аст. Вай ҳамчун омӯзгори соҳибмаҳорат ва пуртаҷриба асоси дастовардҳои илму таълимро аз амали воқеӣ медонист. Бинобар ин шогирдонро даъват менамуд, ки дониши назарияшонро дар амал татбиқ созанд ва ҳамеша ба суханони бузургон такя карда мегуфт: Бузургтарин устод таҷриба аст.

Дар қатори чунин мӯътабарон даҳҳо муаллимони дигаре дарс мегуфтанд, ки дастпарварони омӯзишгоҳ ҳанӯз ҳам кори неку хизматҳои шоистаи онҳоро фаромӯш намекунанд. Он азизон Ҳ. Ҳодизода, Бозорбоев (ҷуғрофшинос), Ҳоҷиев (муаррих), Эгамбердиев (забоншинос), Раҳимова (педагог), Ҳамперова (адабиётшинос), Муллоқандов (физик), Қурбонов (биолог), Наимов (адабиётшинос), Иброҳимов (муаррих), Мӯҳтарамов (ҷуғрофидон), Ҳомидов (рассом ва санъатшинос) ва чанде дигарон буданд.

Дар оғӯши сарпарастии ҳамин устодони ғамхору меҳрубон, донишманду кордон, нотиқу суханвар ва ниҳоят тавонои эҷодкор, як гурӯҳ ҷавонон баъди хатми мактаби ҳафтсола дарси таълиму адаб мегирифтанд.

Баҳром Бобоев ном ҷавоне аз деҳаи Устуки ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд шарикдарси мо буд. Ӯ дар байни ҳамдиёрон аз ҳама хурд, вале серғайрат, чолоку зирак, ҳамеша бо як табассуми шинам сухан мегуфт. Чашмони сиёҳи уқобиаш, абрувони ғафси пайвастааш чеҳраю симои вайро боз ҳам дурахшону зеботар мегардонд. Китобхониро хеле дӯст медошт. Ба омӯхтани касбу ҳунар миён баст. Махсусан шавқи аз худ кардани мероси гузаштагон, шоирону нависандагони муосир ва адабиёти классикони ҷаҳон дар дилу дидааш ҷой дошт. Баҳроми ҷавон хислатҳои наҷибе дошт: дар нишасту сӯҳбатҳо беқарор менишаст, беҳуда гузаронидани вақтро нағз намедид. Он орзуву ҳавасе, ки дар айёми бачагиаш нисбат ба эҷодиёти нависандагони машҳур ва фарҳангу маориф дошт, аз устодони донишманд, ба хусус муаллимони ғамхору меҳрубон Ҳамперова ва Наимов баҳраманд шуд. Ба хондани китобҳои бадеӣ чунон меҳр баст, ки шабҳоро рӯз мекард. Дар як шабонарӯз як асари калонҳаҷмро мехонд. Дар омӯзишгоҳ  Баҳроми ҷавонро ҳамчун эҷодкор, донишмандро аз донишҷуён то устодон шинохтанд. Дар даврони бачагиаш, ҳарчанд ки шеърхонию шеъргӯӣ мекард ва худаш ҳам шеър менавишт, вале дар нашрияҳои шаҳру вилоят эҷодашро ба нашр намедод.

 Солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳ синну солаш нав ба 14-15 расида буд, ҳанӯз идораи рӯзномаҳову маҷаллаҳо ва нашрияҳо барояш ношинос буд, бо адибону Самарқанд ҳамкорӣ надошт. Мо як гурӯҳ ҳамдиёрон Ҷ. Содиқов, И. Файзиев, Ю. Самадов, Б. Ҳайдаров, Р. Давлатов, Ҳ. Шарифов, Ҳ. Қодиров бо ҳам чун додару бародар меҳру муҳаббати бепоён, сидқу вафо доштем. Азбаски Баҳром дар байни мо аз ҳама хурд буд, ӯро бештар дӯст медоштем. Дар назди мо эрка ҳам буд, чунки мисли фарзандони як оила будем. Солҳои 50-уми қарни бист эътиқоду эҳтиром нисбати устодону донишҷӯён дар сатҳи баланд буд.

Ёд дорам, ки соли 1953 донишҷӯёни курси моро ба Кумитаи комсомоли шаҳри Самарқанд даъват намуданд. Мехостанд ҷавонони пешқадамро ба сафи комсомол қабул кунанд. Баҳром, ки ҳамеша дар ҳама кор пешқадам буд, дар хондану корҳои ҷамоатӣ ва дар рӯйихати китоби синф низ дар қатори аввал меистод, дар сафи аввалинҳо ба сафи комсомол қабул гардид. Он рӯз хурсандиаш ҳадду каноре надошт. Интизому лутфу меҳрубониаш, инсонпарварию ватандӯстиаш ва имони қатъиаш аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар сӯҳбати намояндагони бонуфузи ҷомиа барои ҳаёти дурахшони мардум ва гулгулшукуфии кишвар ваъдаи ҷавонмардона дода буд, ки то ба охир ба он содиқ монд. Он рӯзҳо бо ҳам будем. Ҳамроҳ ба дарс мерафтем. Истироҳатро низ якҷоя мегузаронидем. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз тамошои саҳнаҳои театр бебаҳра намемондем. Ҳарчанд ки ҳунарпешагони номии онвақтаи Самарқанд Ғафурҷон ва Ойиша нақшҳоро ба забони ӯзбекӣ иҷро мекарданд, мо тоҷикбачаҳо забони ӯзбекиро надонем ҳам, санъати баланди ҳунармандии онҳо завқу ҳаваси моро дучанд мегардонд. Гӯянда ва наттоқи беҳамто, журналист ва Арбоби фарҳанги Тоҷикистон Субҳон Раҳматов ва завҷаи эшон Музаффара Рустамова ҳамчун дастпарвари омӯзишгоҳ нақшҳои асосии намоишномаҳои «Нурхон», «Олтинқул» ва драмаи мусиқии «Алишер Навоӣ»-ро ба дараҷаи баланди ҳунари касбӣ иҷро мекарданд, ки дар ин саҳми муаллими расм ва санъатшиносӣ Ҳомидов хеле назаррас буд. Баҳроми ҷавони адабиётдӯст, азбаски ҷаҳонбинии васеъ дошт, нозукиҳои санъати театрро хеле хуб медонист, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд медод ва худаш ҳам ғизои маънавӣ мегирифт, ҳатто баъзе ибора, ифода ва ҷумлаҳои таъсирбахши саҳнаҳоро аз бар мекард. Баҳром достонҳои шоирони ӯзбекро дар айёми бачагиаш аз ёд мегуфт. Истеъдоди табиӣ ва донишу санъати китобхонии Баҳромро пеш аз ҳама устод Наимов пай бурд ва аз ҳунари китобхонии ӯ бештар истифода мебурд, чунки чашмонаш камқуввату хира шуда буданд. Баҳроми хайрхоҳу саховатманд ба устоди азизу дӯстдоштааш ҳамчун рамзи ҳурмату эҳтиром китобҳои бадеиро мехонд. Дар муддати кӯтоҳ ҳамаи асарҳои шоирону нависандагони тоҷикро аз мероси ниёгон то замони нав, хонда ба охир расонд. Бо дастуру дастгирии устодони адабиётшинос Баҳром ба хондани асарҳои нависандагони машҳури ҷаҳон Толстой, Шекспир, Балзак, Байрон, Гёте, Такур, Бердӣ Карбобоев, Мухтор Авезов, Абдулло Қодирӣ ва чанде дигарон рӯ оварда, мутолиа кард ва аз онҳо як ҷаҳон маънӣ бардошт. Тамоми дилу дидаашро ба мутолиаю омӯхтани асарҳои безаволи нависандагону шоирони барҷастаи давру замон бахшид, ба онҳо ишқ баст ва аз дигар машғулиятҳо муваққатан даст кашид. Рӯзе ба маъмурияти омӯзишгоҳ бо аризае муроҷиат кард. Роҳбарият розигӣ надода бошад ҳам, таҳсилро муваққатан тарк кард ва дигар ба дарсҳо наомад. Дар назди худ вазифа гузошта буд, ки тамоми асарҳоро хонда, дониши маърифатию фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсиашро баланд бардорад. ҳамин тавр ҳам шуд. Ба мақсади асосиаш расид, ки, дар фаъолияти оянда ва ҳаёти рӯзмарра кор омад. Пас аз як соли расо падари бузургвораш, яке аз маорифпарварон, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ӯро барои идомаи таҳсилаш ба омӯзишгоҳ овард. Раҳбарият қобилияту истеъдоди Баҳроми ҷавонро ба назар гирифта, иҷозат дод.

Баҳром дар як муддати кӯтоҳ ба дигарон расида гирифт. Боз пешқадам буд. Дар дарсҳо мустақилона ва далерона сухан мегуфт. Бо муаллимон дар дарсҳои адабиёт, забон, санъату таърих баҳс мекард. Дар маҳфилҳои адабию бадеӣ, ҷамъомадҳои базму байтбаракҳо нисбат ба дигарон фаъол буд.

Ҳамин тавр, соли 1957 омӯзишгоҳро бо муваффақият хатм карда, барои таҳсили минбаъда ба Хуҷанд роҳхат гирифт. Ман роҳи Душанберо пеш гирифтам. Дипломи аъло насибам гардид. Бинобар ин дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон маро бе имтиҳон (ба тариқи сӯҳбат) қабул карданд.

Баҳром Фирӯз пас аз як соли омӯзгорӣ ба Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1962 ба охир расонд. Устодон қобилияту истеъдоди ӯро ба назар гирифта, тавсия карданд, ки дар кафедраи адабиёти донишкада ба кор оғоз намояд. Акнун вай ҳамчун устод ба омӯзиши дониши амиқи адабиётшиносӣ камар баст. Илму маърифати назарии хешро дар таҷрибаи омӯзгорӣ ва эҷодиаш самаранок истифода бурд. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият дар  кафедраи адабиёт  ба каломи бадеъ дил баста, бо шоҳасарҳои нависандагони машҳури ҷаҳон шинос шуд. Дар Хуҷанди бостонӣ бо арбобони илму санъат, адибону нависандагони баркамол, ба вижа, нависандаи маъруфу барҷастаи тоҷик Раҳим Ҷалил ҳамкорӣ кард. Маслиҳати онҳоро гирифта, шеърҳои нахустинашро эҷод мекард:

Наёбад мурод он ки ҷӯянда нест,

Ки ҷӯяндагӣ айни ёбандагист.

 Баҳром Фирӯз ҷӯяндаву ёбанда буд, ҳамеша дар ҷустуҷӯ буд. Осори тозаву нав меофарид. Забони асарҳояш тоза, мантиқаш баланд, қаҳрамони қиссаву ҳикояҳояш бофтаи хаёлӣ набуда, балки одамони ҳақиқии некному некбин мебошанд. Ӯ ишқу муҳаббати софу беғубор дошт ва ҳамин гуна ишқро тараннум мекард. Меҳру муҳаббат ба оила, зиндагӣ ва халқу ватан ба вай болу пар бахшид. Солҳои шастум ба духтари зеботарини Хуҷанд ошиқи шайдо шуд. Ҳар ду ба ҳамдигар дил бастанд. Аммо падару модар ва хешовандони духтар ба аҳду паймони онҳо монеа шуданд. Намехостанд ва намемонданд, ки ин ду ҷавони дилбар ба висоли ҳамдигар расанд. Солу моҳҳо гузаштанд. Ба кӯча баромадани духтарро манъ карданд. Баҳроми ҷавон як муддат мисли Маҷнун мушаввашу хотирпарешон гашт. Яке аз рӯзҳои баҳор мошини боркашро дарёфт ва ба он гулҳои беҳтарини тару тозаеро бор карда, ба ҳавлии маҳбубааш равон шуд. Аз остонаи дари ҳавлии кӯчаи тангу тор то хиёбони асосии мошингарди шаҳр як мошин гулро ҳамчун пояндоз пошида баромад. Ба воситаи нависандаи маҳбуби халқи тоҷик Раҳим Ҷалил ин ду ҷавони хушбахт ба висоли ҳамдигар расиданд. Хушбахт шуданд, фарзандони нозанин-Искандар, Парвона, Марворид, Ифтихорро ба камол расонданд. Ҳамсари меҳрубони Баҳром Фирӯз - Саиднисо Бобоева касби пуршарафи омӯзгориро пешаи худ кард ва то имрӯз яке аз устодони пешқадами Тоҷикистон мебошад.

Бо мурури замон ва амри тақдир адиби ҷавон ба Душанбе омад. Дар ин ҷо муддате дар рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизиони Тоҷикистон кор кард, сипас фаъолияташро дар нашриёти «Маориф» ва «Адиб» давом дод. Дар ин муддат таҳти роҳбарию назорати шоирону нависандагони маҳбуби Тоҷикистон, аз қабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ,  Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ ва чанде дигарон асарҳои зиёди назму наср офарид. Баҳром Фирӯз аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузошт. Ҳарчанд асарҳои ӯ «Рухсора», «Тафти дил», «Розҳои маҳтобшаб», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд», «Ҳақиқати талх», «Ғафлатзадагон», «Як рӯз не як рӯз», «Муаллими сахтгир» ва ғайра борҳо чоп шудаанд, аммо дӯстдорони адабиёт ҳанӯз ташнаи мутолиаи онҳо мебошанд. Ман ҳамчун як хонандаи қаторӣ, дӯсти деринаи ӯ, шарикдарси солҳои панҷоҳум дар Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии шаҳри Самарқанд аз хондани ҳикояву қиссаҳои вай лаззат мебарам, зеро образҳо, қаҳрамонҳои асарҳо аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудаанд. Илова бар ин, Баҳром Фирӯз забони асили тоҷикиро хуб медонист, адабиёту забоншинос, донишманди замон буд, орифона сухан мегуфту олимона менавишт. Аз айёми бачагиаш шеър менавишт, баъдтар ба навиштани қиссаву ҳикояҳо шурӯъ кард,  ки сабаби онро чунин шарҳ дод: «Шеър – эҳсос аст, шеър панд, ҳақиқат аст. Аммо наср зиндагист, ба зиндагӣ наздиктар аст. Агар хоҳед, ки симои одамони даврони моро тасвир кунеду ба авлодони оянда расонед, бояд ки наср нависед. Масалан, ҳазор сол пеш дар замони Сомониён насри реалистии имрӯза агар менавиштанд, мо имрӯз ҳаёту зиндагии тоҷикони асри Х-ро аз рӯйи онҳо равшан тасаввур карда метавонистем. Тасвири зиндагӣ дар наср комилтар аст, бинобар ин, ман хостам, ки ҳаёту зиндагии давронамонро аниқтар тасвир кунам».

Аз омадани Баҳром Фирӯз ба Душанбе мо як гурӯҳ дӯстони ӯ бениҳоят хурсанд шудем. Боз ҳамон дӯстии давраи бачагию ҷавониро, ки дер боз интизору ташнааш будем, боз ҳам ғамхорию меҳрубониро идома додем...

 Нашриёти «Маориф» ба муносибати 60-умин солгарди таъсиси Иттиҳоди шӯравӣ супориш гирифт, ки бо номи «Дар соҳили мурод» китоберо ба чоп тайёр намояд. Ба ин муносибат дар қатори адибони ҷумҳуриҳои дигар, ҳикояҳои ду нависандаи ӯзбек Саъдулло Шукур ва Назир ба номи «Духтаракони якрав», «Паррандаи саховатманд» дар ин китоб нашр гардиданд, ки тарҷумаи онҳоро бо пешниҳоди Баҳром Фирӯз ба банда супорида буданд. Очерки ҳуҷҷатии шоири маҳбуб Алӣ Бобоҷон дар бораи корнамоиҳои Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Неъмат Қарабоев ва завҷаи ӯ гурҷидухтар, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ паҳлӯ ба паҳлӯ бар зидди фашистон меҷангиданд, дар нашриёти мазкур бо кӯмаку дастгирии Баҳром Фирӯз рӯйи     чопро дид.

Баҳром Фирӯз табиатро дӯст медошт, аз обу ҳавои тозаи баҳорон лаззат мебурд. Дар оғози фасли арӯси сол – баҳори барвақт, ба ман занг зада мегуфт, ки «Расулҷон чӣ мешавад, агар ба оғӯши табиат бароему барои самбӯсаҳои алафин қоқую пудина чинем. Агар розӣ бошед, фарзандонамонро ҳам ҳамроҳ гирифта мебарем». Мо ҳам ба лутфи дӯсти меҳрубон чун ҳамешагӣ «Аз дӯст як ишора аз мо ба сар давидан» гӯён интизор мешудем. Дар талу теппаҳои водии Ҳисор сайругашт мекардем, майдонҳои киштро аз қаду бараш мегузаштем, қад-қади дарёҳои Варзобу Кофарниҳон ба гузашти айём назар меафкандем. Ҳамин тавр, ҳар баҳори сол бо тӯҳфаҳои табиати рангин ва садҳо орзуи ширини хеш ба хона бармегаштем, ки ба диламон қувват, ба чашмонамон нур ва ба касбу корамон илҳом мебахшиданд. Баҳром рӯзҳои шанбею якшанбе бо парвариши замбӯри асал машғул мешуд. Ӯ бар замми корҳои идораи давлатӣ, нависандагӣ, журналистӣ, олимӣ, омӯзгорӣ боз касбу пешаро, аз қабили кишоварзӣ, асалпарварӣ, табибӣ, ҳатто таъмири техникаро нағз медонист. Дар пухту паз ҳам ҳамто надошт. Маҳфилоро буд, ки аз сӯҳбати ширинаш ҳеч сер намешудем. Ростқавл, ростгӯй, якдилу якрӯ буд. Дар тӯю сури хешу табор ва дӯстон садри маҳфил буд. Бо олимони варзида, докторҳои илми филология Баҳром Шермуҳаммадов, Додоҷон Обидов, Абдусаттор Нуралиев, Маҳмудҷон Нурназаров, номзадҳои илм Раҳматҷон Давлатов, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Ҳамроқул Шодиқулов, Пайванди Гулмуродзода, Абдурафиқ Фузайлов, Неъматҷон Қудратов дӯстӣ дошт. Бештарин нишастҳои анъанавии мо дар ҳавлии Пайванди Гулмуродзода мегузашт. Дар ҳар чунин ҷамъомадҳои дилнишин хурсандии ҳар ду Баҳром (ёдашон ба хайр) ҳадду канор надошт, ки ба диламон мондааст.

Мо-дӯстону ҳамдиёрон эҳтирому хотираи абадзиндаи Баҳромро бо самимияти баланд пос дошта, суханони шогирди содиқу вафодораш Пайванди Гулмуродзодаро такрор бошад ҳам, рӯйи қоғаз меоварам: «Баҳром Фирӯз бо дили пур аз орзуву бо мақсадҳои аҷибу наҷиб умр ба сар мебурд, вале марги нобаҳангом нагузошт, ки он орзую умед ва мақсадҳояшро амалӣ созад… Боиси тасалливу шодмонист, ки аз шоири ширинихаёлу адиби нуктапардоз ёд монда, шеър монда, ҳикояту қисса монда, андешаву мулоҳиза монда. Дар тирамоҳи умраш барои ҳамдиёрону ҳамзамонон ва ояндагон номи нек монда».

 

РАСУЛ ШАРИФОВ 

Корманди шоистаи Тоҷикистон 

октябри  с. 2008