Рӯзгоре, ки мо мактабхон будем, бисёр нозанин буд. Мардум осуда мезист, аз кораш роҳат медид. Мо аз хушиҳои рӯзгор ҳамеша бархурдор будем. Дар лаҳзаҳои фароғат бештар китоб мехондем. Ман ошиқи шеър будам. Боре ба дастам китоби шеъре афтид бо номи «Розҳои маҳтобшаб».
Соҳиби ин китоби нағз устод Баҳром Фирӯз буд. Пас аз ин ошноӣ бобату таронаҳои дилнишин асарҳои насрии устод ба дастам расиданд. Ёдам ҳаст, ки китоби «Рухсора» дар деҳи мо рӯйи даст мегашт. Ин китобро сахт дӯст дошта буданд. Дар мактабу кӯчаву хонаву чойхона сӯҳбат аз Рухсора мерафт. Рухсораи устод ҳамрози ошиқон буд…
Соле, ки донишҷӯ шудам, китоби нави қиссаву ҳикояҳои ин нависадаи арҷманд бо номи «Ту танҳо не» рӯйи чоп омад. Ин асар низ хонандаи бисёр пайдо кард.
Соли сеюми донишҷӯӣ бо устоди гиромӣ вохӯрдам. Дар Иттифоқи нависандагон курс- конференсия адибони ҷавон баргузор гардид. Дар бахши шеър устод ҳамроҳи шоири ҷавони он айём Камол Насрулло маслиҳатгари мо буданд. Устод аз кори қалам, аз рисолати қаламкаш сӯҳбати ширин орост. Чеҳраи хандони хотирмон дошт…
Пас аз ин ошноӣ борҳо аз сӯҳбати устод баҳравар гаштам. Ӯ дар нашриёти «Адиб» кор мекар. Роҳи ман аз назди коргоҳи ӯ мегузашт. Маро дида, хурсанд мешуд, насиҳат мекард, маслиҳат медод. Чеҳрааш ҳамеша хандон буд. Он чеҳраи ҳамеша хандон дар хотири ман ҳанӯз шодоб аст.
Солҳо рафтанд. Ин устоди азиз ҳам аз миёни мо рафт. Бо мо китобҳои рангинаш монду хотираҳои ширинаш.
Акнун ин китобе, ки аз устод рӯйи даст дорем, бе дасти ӯ ба чоп омода шуд. Агар худаш мебуд, шояд ҷое аз нав қалам мезад, андешаҳояшро обуранги дигар медод. Афсӯс, ки рафтааст.
Ҳикояҳои устод пора-пора сарнавишти инсонҳоро бозгӯ мекунанд. Як пора аз қаҳрамонашро бисёр таъсирбахш, зебо, табиӣ тасвир месозад. Ҳамин як пора дар сарнавишти каҳрамонаш аз оғоз то анҷом нақши нозудуданӣ дорад. Барои мисол, сарнавишти Саломея. Ин духтарак аз Олмон бо дӯстонаш Маскав меояд. Устод ҳам дар ин шаҳр меҳмони ҳамватани хеш аст. Дар ин меҳмонӣ бо Саломея шинос мешавад. Чун бо ӯ мерақсад, аз рақсу мавзуну маҳини бону дар ҳайрат мемонад. Ҳеч бовараш намеояд, ки кас бе ягон пайвастагӣ чунин тоҷикона бирақсад: дилнишини роҳатбахш. Ниҳоят ин розро аз дили нозуки он зебосанам берун меоварад. Падари Саломея тоҷик будааст. Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ Олмонро ватан карда, хонадору бачадор шуда, дар ҳамон ҷо то поёни умр зистааст. Дар он ғарибӣ аз дарду доғи ҳасрати Ватан дили ҳамеша хуншор доштааст. Духтари нозанинашро Саломат ном ниҳодааст. Ӯро ба олмонӣ Саломея мегуфтаанд. Фарзанд ҳама дарду доғи падари азизашро дар дил дорад, меҳри Ватани падариро дар сина мепарварад, диданашро орзу мекунад…
Шод бод рӯҳи устоди меҳрубон!
Сайёди Ғаффор шоир
июни соли 2009