Сайидалӣ Маъмур: "«БА СУХАН ЗИНДА ШАВАД...»"

Сайидалӣ Маъмур: "«БА СУХАН ЗИНДА ШАВАД...»"

   То ба ошноии бевоситаам бо Баҳром Фирӯз бо шеърҳояш шинос будам. Ӯ донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд буду навиштаҳояш тез-тез дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» рӯйи чопро медиданд. Ман он вақт хонандаи мактаби миёна будаму шеъргунаҳо менавиштам ва ба идораи рӯзномаҳо мефиристодам.

Дар рӯзномаи вилоятӣ низ ибтидои солҳои шастум намунаҳои эҷодам дарҷ гашта буданд. Махз дар саҳифаҳои ҳамин рӯзнома бори нахуст номи Баҳром Фирӯзро дидаму шеърҳояшро хондам. Ин шиносоии нахустини ман бо ӯ буд. Баъдтар, вақте ба Душанбе омаду дар идораҳои рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», радио ва телевизион, маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард, худашро аз наздик дидам, шинос шудам ва баъдтар шиносоии мо ба дӯстию бародарӣ табдил ёфт.

Як лаҳзаро ҳеч фаромӯш намекунам: тобистони соли 1967 ба идораи нашриёти «Ирфон», ки дар кӯчаи Шевченко воқеъ буд, рафтам. Дар он ҷо Баҳром Фирӯзро дидам. Ӯ як нусхаи маҷмӯаи нахустини ашъораш «Розҳои маҳтобшаб»-ро, ки навакак рӯйи чопро дида будааст, дар даст дошт. Чеҳраашро болида дидам. Ӯро бо нашри китоби нахустинаш самимона табрик кардам. Баҳром дар навбати худ маро ҳам бо чопи маҷмӯаи аввалам «Заврақи умед», ки ҳамон рӯз аз нашриёт гирифта будам, табрик намуд. Ҳар ду хурсанд ҷониби коргоҳи худ равон шудем. Ҳамин тавр, баъдтар мо дар майдони адабиёт солиёни дароз фаъолият намудем. Бояд иқрор шуд, ки майдони сухани Баҳром Фирӯз фарохтар буд, ӯ дар ду майдон - назм ва наср ҳунарнамоӣ мекард. Агарчи баъдтар ҳам шеърҳо навишт, бо номҳои «Силсила», «Тафти дил» маҷмӯаҳои ашъор ба табъ расонд, лек дар наср сермаҳсултар буд. Китоби ҳикояву қиссаҳояш пайиҳам нашр мешуданд. Солҳои охири ҳаёташ ба таълифи роман машғул буд.

Нисбат ба худ ва дигарон серталабӣ дошт. Ростравӣ, ростгӯйӣ, ҳақиқатталошӣ пешаи ӯ дар зиндагӣ буд. Агар навиштаҳояш, аз ҷумла китоби калонҳаҷми «Саҳнаи гардон»-ро бодиққат хонед, ин сифатҳоро ба хубӣ мушоҳида мекунед. Ман солҳои ҳамкориам дар нашриёти «Адиб» ва ҳамсоягиам дар хонаи зист ӯро беҳтару хубтар шинохтам. Баҳром ба қадри вақт мерасид, онро беҳуда намегузаронд, ҳамеша дар кор, эҷод ё мутолиа медидам. Солҳое, ки ӯ мудири шӯъбаи адабиёти муосири нашриёти «Адиб» буд, дар паҳлӯи худ муҳаррирони хубро гирд овард ва барои беҳтаршавии сифати китобҳо талошҳо кард. Ба ин васила аз худ номи неку кори нек боқӣ гузошт. Имрӯз фарзандони азизаш номбардори ӯянд.

Чунон ки бузургон гуфтаанд, суханварон таваллуд доранду мурдан не. Баҳром Фирӯз суханвари асил буд ва номи ӯ бо беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ- Сухан зинда хоҳад монд:

 

Ба сухан зинда шавад номи ҳама,

Ба сухан пухта шавад хоми ҳама.

Сайидалӣ Маъмур 

Шоири халқии Тоҷикистон 

с. 1999