Мирзо Шукурзода: "АДИБИ ХУШНОМ ВА ХУШМАЗҲАР"

   Ба ном ва эҷодиёти зиндаёд Баҳром Фирӯз ҳанӯз айёми таҳсил дар мактаби миёна ошно будам. Дар ибтидо шеър менавишт ва мо, шогирдони дабистон ашъори ошиқонаи эшонро аз саҳифаҳои рӯзномаву моҳномаҳо хонда, ба дафтари дил менавиштем. Баъдан гулчине аз эҷодиёти адиб бо номи «Розҳои маҳтобшаб» аз силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт» ба нашр расид, ки мамлув аз чакомаҳои ошиқона буд.

Саодати ошноӣ аз наздик ба устод Баҳром Фирӯз ҳамон вақт пеш омад, ки банда соли 1973 корманди бахши адабӣ ва ҳунарии садо ва симои Тоҷикистон будам. Ин бахшро он айём бонуи адабдӯст Иноят Рустамова сарварӣ мекард ва дар барномаҳои адабии мо шоирону нависандагони ҳамсинну сол бо Баҳром Фирӯз, амсоли устодон Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ, Бурҳон Ғанӣ, Мастон Шералӣ, ки ҳама акнун ҷеҳра дар ниқоби хок кашидаанд, зуд-зуд бо қироати шеър ё порчаҳои мансур ширкат мекарданд. Дар ин миён Баҳром Фирӯз чеҳраи дурахшон ва муаллифи фаъоли идораи мо маҳсуб мешуд. Эҷодиёти Баҳром Фирӯз бо тадриҷ ба шукуфоӣ рӯ овард. Ман ҳанӯз сюжети қиссаҳои марғуби ӯ «Рухсора», «Агар ӯ мард мебуд...» ва  чандин ҳикояҳои адибро дар ёд дорам. Хабари тарҷумаи намунаҳо аз осори нависанда ба забонҳои олмониву ҷопонӣ ва англисӣ моро ба ваҷд меовард. Дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи гузашта чунин рӯйдоде басо нодир буд.

Баҳром Фирӯз симои сирф тоҷиконаву нуронӣ ва ботини зебо ҳам дошт.  Маро бо гузашти айём саодати ҳамкорӣ бо эшон дар интишороти «Адиб» пеш омад. Ў мудири шӯъбаи адабиёти бадеӣ ва мо чанд тан дар ҳамин бахш вазифаи муҳарририро ба ӯҳда доштем, ки ин ба охирҳои солҳои ҳаштодум рост меомад.

Рӯзҳои аввал бим аз он доштам, ки ӯ ҳам мисли аксар мудирони корфармо ба хислатҳои хурдагириву бюрократӣ ба асаби мо, ходимон бозӣ хоҳад кард. Хушбахтона, ин гумони ман комилан ботил баромад: Баҳром-ако дар кори эҷодӣ ва таҳрири китоб мо, ходимонашро комилан озод гузошт. Ба масоиле, чун кам омадан ба кор ё зуд рафтан ва дигар корҳои хурду реза аслан таваҷҷӯҳ надошт ва одамияту одоби мудир моро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба эшон вомедошт.

Баҳром Фирӯз ошиқи табиат ва мафтуни зебоиҳои он буд. Аммо сайру саёҳати ӯ ба канори дарёчаву ҷангалу боғу роғ бо барномарезии хос сурат мегирифт. Яъне чун адиб ва роздони асрори табиат аз ҷилои сабзаву гул ва таровиши  обшорону  чашмасорон маъниҳо дарёфт мекард ва ин рангорангиҳои чаману боғу адирҳоро дар осори хеш ба устодии тамом истифода мекард. Ҷолиб он аст, ки адиби олиназар дар оғӯши табиат рӯзҳои фориғ аз кор машғули пешаи занбӯри асалпарварӣ буд. Бо назардошти ин шуғли пок ва шоирона боре ба эшон шӯхиомез гуфтам: 

Занбӯри дурушти бемуруватро гӯй,

Боре чу асал намедиҳӣ, неш мазан! 

Бо шунидани ин байт чеҳраи нуронияш дучандон шукуфт ва барқи чашмонаш бештар дурахшид. Мисраъҳоро дар кандуи дил ҷо кард, ба дафтарчааш навишт ва шӯхиомез гуфт:

—Мирзоҷон, Шумо, ойтӣ Сироҷова ва Тӯхфахон Расулиро ягон рӯз ҳатман ба сайргоҳи занбӯрҳоям мебарам, бо асали ноб зиёфат мекунам ва худатон мебинед, ки занбӯрҳои мо  нешзан не. Бо мурувват ва асалрезанд занбӯрҳои акотон.

— Мисли худатон, — ҳозирҷавобӣ кард Тӯҳфахон.

Мо, ходимони шӯъба чанде баъд дар тӯйи арӯсии фарзандони устод ширкат варзидем. Дар баробари дигар нозу неъматҳои дастурхони ғании Баҳро-ако асалҳои маҳсули дасти устодро нӯши ҷон кардем. Лаззати он асалҳо чун маъниҳои баланди осори адабии Баҳром Фирӯзи сухангустар аз ёди мо ва ҳазорҳо тан хонандагони осори он фарзанди сарафрози Самарқанди шӯҳраи даҳр нарафтааст ва нахоҳад рафт.

Хонаи охирати устод обод бод!

 

МИРЗО ШУКУРЗОДА

адиб ва муҳаққиқ,

барандаи Ҷоизаи адабии устод Айнӣ

августи соли 2009