Сотим Улуғзода: "БА ИСМИ НЕКУӢ"

Сотим Улуғзода: "БА ИСМИ НЕКУӢ"

   Нависандаи ин достон ба хонанда ба таври васеъ шинос  нест. Ва ин қобили дарк  аст. Танҳо ҳикояҳои ҷудогонаи ӯ бо забони русӣ дар маҷаллаҳо ва маҷмуаҳо нашр  мешуданд. Бо забони модарӣ ду китоби ӯ мунташир шуданд.

Баҳром Фирӯз фаъолияташро ҳамчун шоир ҳанӯз дар айеми донишҷӯи донишгоҳи педагогӣ буданаш шурӯъ карда буд.

 Пас аз фориғуттаҳсил шудан аз донишгоҳи педагогӣ, ӯ ба ҳайси муаллим дар кафедраи адабиёт бакор даромад ва тайи чанд сол ба донишҷуён аз адабиёти классикии тоҷик дарс мегуфт.

Аммо Баҳром Фирӯз муаллим, муаррихи адабиёт нашуд. Эҷодияти шахсиаш ӯро бештар ва бо ҷиддият ба худ ҷалбнамуд. Ӯ дар маҷаллаи адабӣ, нашриёт анҷоми вазоиф медод ва ҳамзамон эҷод мекард. Вале акнун нашеър, балки назм эҷодменамуд. Повесть, роман,  ҳикоя ба муаллиф имконияти комили баёни фикру мушоҳидаҳои оид ба зиндагиро дар сухан ва образҳои инсонҳое, ки онҳоро мешинохт, бо онҳо бузургшуда  ва бо онҳо иртибот дошт, медод.

Даврони кӯдакии Баҳром Фирӯз дар деҳаи кӯҳистонӣ сипарӣ шуданд. Ҳангоми эъломи Рӯзи Пирузӣ, ӯ  шаш сол дошт. Овони кӯдакӣ ва навҷавонии нависандаи оянда  ба солҳои душвор рост омаданд, ба замоне, ки кишвар ҷароҳатҳои дар ҷанггирифтаро  бартараф мекард. Ба ёди он солҳо Баҳром  мӯътақидшуда буд, ки ҳар мушкилӣ бардошт хоҳадшуд, агар онро  бо  якдилии тамоми мардум қисмат кунӣ.

Хотироти овони кӯдакӣ  -- барои тамоми ҳаёт абадӣмемонанд. Баҳром Фирӯз низ ба мисли ҳамсолонаш азхурдсолӣ даст ба меҳнат зад: чӯпонӣ мекард, нигаҳбонии боғро бар уҳда дошт, кӯмак ёри кӯбанда буд ва дар замини пахтазор  каландзанӣ мекард. Ҳатто замоне ҳамчун дастёри геологи иктишофи геологии тилло кор кардааст. Ҳамзамон таҳсилашро идомамедод. Пас аз итмоми  мактаби ҳафтсола,  Баҳром, мисли падараш - муаллими деҳа, барои идомаи таҳсил ба донишгоҳи педагогӣ мепайвандад.

Ӯ дар он ҷо, барои аввалин бор,  санҷиши ҷиддии зиндагиро таҷриба мекунад. Принципҳои баланди ахлоқӣ, ки  хонавода, мактаб ва комсомол ба ҷавони наврас  парварида буд,  аз имтиҳони ҳаёт гузаштанд. Баҳроми донишҷӯ ба таври ошкоро бар зидди инсони аз худаш бузургтар, зидди муаллим, ки шаъни баланди омузгорро поин оварда буд, баромад кард. Чуноне, ки  баъзан дар ҳаёт  ҳамин тавр мешавад,  ҳақиқат базудӣ пирӯз нашуд ва Баҳром маҷбуршуд, ки талхии шикасти  муваққатиро таҳаммулкунад.

Пас аз гузашти даҳсолаҳо таассуроти бачагӣ ва наврасӣ, дарси  аввалини ҳаёт дар ҳикояҳои нависанда инъикос мегарданд ( “Ҳақиқати талх”, “Дар роҳи деҳа”).

Баҳром Фирӯз мардуми кишвари худро хуб мешиносад ва дар асарҳояш хусусиятҳои зиндагии миллӣ ва урфу одатҳои тоҷиконро  бо ҳаққонияти тасвир  инъикос додааст (“Гӯштингирӣ–мусобиқаи паҳлавонон”). 

Нависандаро бештар ҷавонони муосири мо – характери ҳанӯз ташаккулнаёфта, он замоне, ки зиндагӣ инсонро созмон медиҳад, ба худ ҷалб мекунад. Қаҳрамонони ҷавони асарҳои Баҳром ҳанӯз худродарк ва дар худ қобилиятҳоро тахмин  накардаанд ва  дар баробари задухӯрд бо  ҳақиқати зиндагӣ худро дарёфтмекунанд ва мешиносанд.

Дар ин росто,  насри Баҳром Фирӯз ба адабиёти сермиллати шӯравии солҳои охир табиатан ворис мешавад, ки мавзӯи ахлоқӣ дар он аввалин дараҷа мебошад.

Повести “Ту танҳоне”  асари  шарҳиҳолӣ мебошад. Баҳром Фирӯз бо геологҳо низ  дар баланкӯҳҳои Помир кор кардааст.

Қаҳрамони асосии повесть – ҷавони оддӣ, соддалаҳв ва софдили деҳотӣ мебошад. Ӯ ҳанӯз зери таъсири анъанавияти  ҳукмдории бузургсолон  аст. Аммо ба ғайр аз одатҳои суннатии устуворшудаи ғайрирасмӣ  инчунин қувваи бузурги воқеъяти шӯравӣ, муносибатҳо ва арзишҳои дигар  вуҷуддоранд. Инак, Илҳом на як бор  дар ру ба руи зарурияти интихоб дучор гашт, балки мебоист тасмим гирифт, ки чи гуна зиндагӣкунад. Муаллиф сайъ намекунад, ки қаҳрамони худро дар шароитҳои фавқулодда бигзорад, то вазъияти густариши амалҳоро тезутунд кунад. Барои  ӯсюжети берунаи ҳаяҷоновар лозим нест. Муаллиф хонандаро даъват мекунад, ки ҳолати ботинии қаҳрамони асосиро пайгирӣкунад, то драматизм ва таниши повесть боз шавад.  Илҳоми зудбовари соддадил, майл ба ғарқи андеша, ки дунболи ҳамоҳангӣ дарҳама чизаст,  набардро бо ғоратгарӣ, пулпарастиву молпарастӣ  ва мубориза зидди нигориши масрафкунанда нисбат ба зиндагӣ  доштанро эълон мекунад.

Повести “Ту танҳоне” – дар ҳастаи худ тасдиқкунандаи зиндагӣ аст. Илҳом инсони фаъол бо шахсияти қавӣ ба воя мерасад, чун ӯ танҳо нест–  дар канори ӯ ҳам пайравонаш ҳастанд.

Дар повесту ҳикояҳои ин китоб барои муаллиф фикру андешаҳои арзишманд оиди инсон, замин, наслҳо, ки боҳам пайваст ҳастанд, дарҷ гардидаанд. Нависанда ақидаро  бобати масъул будани ҳар фард назди замин, ки дар он мо зиндагонӣ мекунем, тасвиб  мекунад. Ӯ бозтоби  худро, ки бояд нисбат ба зиндагӣ бо ҷиддият нигарист ва ба ҷавонон бо таҷдидиназар хитоб менамояд. Зиндагӣ кардан барои некуӣ –  ин  даъвати нависанда аст.

 Сотим Улуғ-зода,

1982 с.