МЕҲМОН БАХТӢ: "АДИБИ ХУШНОМУ ХУШКАЛОМ"

МЕҲМОН БАХТӢ: "АДИБИ ХУШНОМУ ХУШКАЛОМ"

   Дар адабиёти ҷаҳон монанди Баҳром Фирӯз адибони зиёде дар овони ҷӯшу хурӯши эҷодӣ ин ҷаҳони орзую омолро падруд гуфтаанд. Яъне онҳо метавонистанд бештар аз пештар осори рагину пурғановатро ба ҳаводорони адабиёт пешниҳод намоянд. Дӯсти шодравони ман, адиби хушсалиқа ва соҳибистеъдод Баҳром Фирӯз аз зумраи ҳамин адибон буд. Ӯ уқоберо мемонд, ки дар авҷи парвоз сайёди бераҳм- аҷал болу парашро бишкаст.

Баҳром Фирӯз фаъолияти эҷодии худро аз шеър оғоз намуд. Пасон самара ва лаззати заҳмати эҷодашро дар наср чашид. Дар ин бахши офарандагӣ ба комёбиҳои намоён ноил гардид.

Баҳром баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд миёни шоирони ҷавони вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ ном бароварда буд. Ҳар бор, ки аз роҳи телевизон барои сабти ин ё он муносибати хуш ба Хуҷанд сафар мекардам, ҳатман ба Баҳром вомехӯрдам. Вақти зиёде нагузашта Баҳроми ҷавон ҳамроҳи арӯси нозанинаш ба Душанбе кӯчиданд ва дар домани шаҳр ҳавличаеро соҳиб шуданд. Нахустмеҳмони ин Лайлию Маҷнун, яъне Саиднисо ва Баҳром шодравон Лоиқ ва ман будам. Лайливу Маҷнун ишора кардани ман сабаби воқеӣ дорад, зеро хонадоршавии онҳо низ қиссаи аҷоибе дорад ва шояд дар ин китобе ёддошт аз ҷониби шоҳидони дигар ин ҳангомаи шавқангез ишора ёфта бошад.

Бо Баҳром Фирӯз миёнаи солҳои ҳафтодуми асри пешин ҳамроҳ дар телевизион кор кардем. Ман ба ҳайси сармуҳаррири бахши адабию драма ва Баҳром муовини сармуҳаррир. Пасон барои мо шодмонии дигаре созгор омад ва мо дар бинои нав ҳамсоя шудем ва то имрӯз ба аҳли хонаводаи азизу мӯҳтарами шодравон ифтихори ҳамсоягӣ дорем.

Ба хушномии адабиёти тоҷик Баҳром Фирӯз аз хеш асарҳои шоёну намоёне, амсоли «Пайи ситора», «Рухсора», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд», китобҳои ашъор «Розҳои моҳтобшаб», «Тафти дил» ва ғайраро ба ёдгор гузошт ва бовар дорам ин осори ба хидмати адабиёт бигзошта номи ӯро дар радифи адибони хушному хушкалом ҷовидон нигаҳ хоҳад дошт.

Меҳмон Бахтӣ