Латофат: "СУХАНГУСТАР"

 Латофат: "СУХАНГУСТАР"

   Аввалбаҳори соли 1980 дар Кумитаи садо ва симои Тоҷикистон, дар идораи барномаҳои сиёсӣ кор мекардам. Дабири маҷаллаи бонувон «Фирӯза» будам. Дар гӯшаи «Гулғунча»–и барномаи мазкур шеърҳои Шоираи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймониро ҷой дода, барои сабти овозашон даъват намудам…

Аммо соле қабл як даста шеърҳои худамро ба Гулчеҳра Сулаймонӣ супорида будам, то фурсате пайдо карда, аз назар гузаронанд. Ростӣ, он замон рӯбарӯӣ ва  сӯҳбате бо бузургоне, мисли  Аминҷон  Шукӯҳӣ,  Убайд Раҷабу Гулчеҳра Сулаймонӣ сахт душвор буд. Гулчеҳра Сулаймонӣ зуд-зуд назди Иноят Рустамова, сардабири барномаҳои адабии садо меомаданду ҳангоми  кор дар ин шӯъба аз сӯҳбатҳояшон баҳравар будам…

Гулчеҳра–апа хомӯшона дафтари шеърҳоямро ба даст гирифтанду бо имои «маъқул» сар ҷунбонида, онро ба сумкаи дасташон гузоштанд…

Дигар чанд бор вохӯрдему аз пурсидан истиҳола мекардам. Ниҳоят дар интиҳои сабт, вақти гуселашон, ҷуръат карда пурсидам:

— Устод… ҳамон як дафтараке… Шеърҳои сирф шогирдона… Шояд, беҳуда вақти қиммати шуморо гирифта бошам?!

— Шеърҳо?! О, магар шумо назди Баҳром нарафтед?

Ман чизе нафаҳмида суоломез ба устод нигаристам. Дар посухи таҳайюри ман лаҳзае таваққуф карданд.

— Баҳромро мешиносед?

— Худашонро не, китобҳояшонро хондаам…

— Ман шеърҳоро ҳамон шабу рӯз хондам. Баъд ба ҳамсояамон Абдумалик Баҳорӣ супоридам, ки фикрашонро гӯянд. Баҳорӣ шеърҳоро хонда, ҳамаашро ба дасти Баҳром додаанд. Бояд чоп шавад…

Дилам сахт ба таппиш даромад. «О, чӣ хел? Шеърҳое, ки… Аз чопаш шарм мекардам. Эроди сахту маслиҳатҳои устодро интизор будам. Наход онро Абдумалик Баҳорӣ ҳам хонда… боз барои чоп ба…»

Гулчеҳра Сулаймонӣ нигаҳу ҳаяҷони ботини маро ба рамуз пай бурданд, ки ба таъкид хайрухуш карданд:

— Ӯ инсони хуб аст. Ҳатман Баҳромро бинед…

Мани моту мабҳут то дер аз пасашон гарм нигаристам.

Он рӯз дарк кардам, ки зиндагиро чунин инсонҳои соҳибфазилату некбин ба ҳама зебоияш дар назари ҷилвагар мекардаанд.  Эътимоди моро ба мавҷудияти ҳақиқати зебо, покӣ ва меҳри инсон сабз медоштаанд. Умеди мо ба раҳи фардо равшан буд. Хосса, гоҳи талоши сангин ва қадами усутувор ба роҳи пурмашаққати эҷод…

Ҳамин тавр, ҳафтае аз миён гузашт. Оғози ҳафтаи нав барномаро барвақттар омода сохта, ба ҷустуҷӯйи Баҳром Фирӯз рафтам.

Он кас дар нашриёти давлатии «Маориф», ки воқеъ дар километри ҳафти пойтахт буд, ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон кор мекарданд.

Аҷиб, ки Баҳром Фирӯз маро зуд шинохтанд. Аз дар ворид шудан ҳамон, аз ҷо бархоста бо табассум ба саломи ман алейк гирифтанд:

— Марҳамат, гузашта шинед, Латофатбону. Хуб шуд, ки худатон омадед. Рӯзҳои наздик занг заданӣ будам…

Ман ҳанӯз рост истода намедонистам суханро  аз чӣ сар кунам.

— Гулчеҳра Сулаймонӣ гуфтанд, ки… устод Абдумалик Баҳорӣ шеърҳои маро ба шумо…

— Ҳа. Дуруст. Шумо аввал нишинед, – сӯйи курсии муқобил ишора карданд. – Ҳозир ҳамаашро мефаҳмонам.

Баҳром Фирӯз хам шуда аз қуттии поёни миз чанд бастаеро бароварда, пеши худ гузоштанд. Аз миёнаш папкаеро ҷудо карда,  кушоданд.

— Ана, он шеърҳо. Муҳиммаш, бо тавсияи Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Абдумалик Баҳорӣ мо онро ба нақшаи чопи китобҳои нашриёт дохил кардем. Ин тарафаш боз заҳмати худи шумо… Бурди шумо, ки барои кӯдакон шеър навишта метавонед. Забону дунёи кӯдакро на ҳар кас мефаҳмад…

Сипас Баҳром Фирӯз як-як шеърҳои маро варақ гардонида, аз эроду баъзе нишондодаҳои ду устод батафсил сухан  карданд. Гуфтанд, ки баъзе шеърҳо таҳрирталабанд. Бояд аз сари нав бинам. Баъдан ин шеърҳо барои маҷмӯа каманд. Бояд шеърҳои нав илова кард.

— Саросема нашуда як китобаки хуб тайёр кунед. Майлаш?

— Кӯшиш мекунам.

Сухани нек боли парвоз дорад. Хосса, агар онро аз забони касе бишнавӣ, ки мардум эътирофаш кардаву дӯсташ медоранд. Бо сухан дардҳои зиндагиро дармон мебахшад. Бо навиштаву эҷодаш меҳмони азизи ҳар хонадон аст. Маҳбубият дорад миёни хонандагони сершумораш. Ва як сухани нек ба сони чашмаи мусаффое бошад, ки умре замини эътиқод ва орзуҳои инсонро шодоб созад.

Мамнун ва ба хотири болида аз пайи кор шудам. Пас аз се моҳ китобро ба нашриёт супоридам. Номи китобро устод Баҳром Фирӯз интихоб карданд.

— Лолаарӯсак–муждарасони баҳор аст. Муждаи баҳори эҷоди шумо ҳам, – дуои нек доданд Баҳром Фирӯз.

Охири сол китоби нахустини шеърҳои ман бо номи «Лолаарӯсак» нашр шуд.

Баъд маро барои кор ба маҷаллаи кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ «Машъал» даъват намуданд, ки то имрӯз сардабири ин маҷалла (алъон «Истиқбол» ном дорад) ҳастам.

Рӯзе устод Баҳром Фирӯз занг зада хоҳиш карданд, ки вақт ёфта ба нашриёт дароям.

— Ман чанд ҳикоя ва навиштаҳоятонро хондам. Маъқул шуд, – зуд сари мақсад омаданд. – Бисёр равон, сода ва самимӣ менависед. Медонед, аз Шумо тарҷумони хуб мебарояд.

Он вақт дар «Машъал» чанд ҳикояву афсонаҳои кӯчакро аз англисиву русӣ тарҷума карда будам.

— Ташаккур.  Лек аз ҳад зиёд лутф кардед, устод, – сахт дар хиҷолат мондам. – Тарҷумонӣ ҳунари ҳар кас нест…

— Медонам, – кӯтоҳак гуфтанд  устод. Барои ҳамин ба Шумо тарҷума пешниҳод карданӣ ҳастам. Чӣ гуфтед?

Дар ҳолати ногуворе монда будам. На «ҳа» гуфта метавонистам, на «не». Магар аз ӯҳдааш мебароям? Рад кардан ҳам, вақте ба ту бовар мекунанд, хуб нест.

Ҳолати ман аз чашми устод пинҳон намонд.

— Дар ибтидо як қиссаи хурдакаки Эно Рауд «Сипсик»-ро тарҷума мекунед, – китобчаи рангаеро сӯйи ман дароз карданд.

Китобро гирифтаму бо баҳонаи тамошо хеле андеша кардам.

«Эно Рауд – Нависандаи халқии Эстония, шинохтаи дунё. Яку якбора аз бузургон тарҷума кардан… Оё?..»

— Бисёр фикр накунед. Шумо метавонед… Хуб, барори кор!

Устод хушҳолона табассум карданд.

— Мебинед, ҳамааш хуб мешавад.

Аҷаб хушбовар, хушбину хушпиндор буданд устод Баҳром Фирӯз, ки ин фазилати инсонҳои бузург аст.

Кори тарҷумонӣ, бешак, заҳмати хорошикане дошт. Тарҷума ҳам эҷод аст. Тароват, фасоҳат, зебоии сухани муаллифро бояд нигаҳ дошт. Маъниро дар ойинаи сухан бояд нишон дод, на каму  на зиёд.

Интиҳои чандин шаби бехобӣ ниҳоят «Сипсик»-ро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардам. Гаштаву баргашта пухтаву таҳрир шуд, ба ҳар ҳол қарор додам, пеш аз мошиннавис дастхатро пеши устод барам, то худашон аввал як бор хонанд.

— Хуб аст, ки дастнавис овардед, – хурсандона гуфтанд устод. Ҳусни хати зебо доштед. Ман ҳатман мехонам, пас хабар медиҳам.

Рӯзҳо мегузаштанду аз занги устод дарак набуд. Ҷуръати сим заданро  намекардам. Чанд моҳ  паси сар шуд.

«Аниқ,  маъқул нашуд», – меандешидам ҳар гаҳе ин тарҷума ба ёдам расад.

Рӯзе пас аз сабти барнома ба ҳуҷраи корӣ даромада, дидам, ки устод бо  ҳамкоронам  Аҳмадҷон Мансуров, Бӯрӣ Икромов ва Наталия Левина сӯҳбати гарм доранд.

— Ана, худашон омаданд, – ба як овоз гуфтанд ҳамкорон.

Бо ҳолу аҳволпурсӣ як гӯшаи дилам таҳ кашид.

«Мабодо аз тарҷумаи ман гап кушода шаваду… Кошкӣ, кошкӣ розӣ намешудам», – худро дар дил сарзаниш мекардам.

— Барои сабт ба шӯъбаи адабӣ омада будам. Як сари қадам Шуморо ҳам хабар гирам, гуфтам. Дигар наомадед…

«Худо зад! – гуфтам ба худ. ҳамин ҳозир ҳама огоҳ мешаванд, ки ман чӣ тарҷумони беҳунаре будаам…»

— Латофатбону, аз сидқи дил табрик мекунам!– ду нусха китобро сӯям дароз намуданд устод.

Ба мани аз ҳайрат шах шуда нигариста, афзуданд:

— Марҳамат, гиред! «Сипсик»-и Шумо. Рӯзҳои наздик ба муҳосибот дароед, ҳаққи қалам медиҳанд…

Дертар фаҳмидам, ки ҳамчунин инсонҳои хайрхоҳу дурандеш, онҳое, ки барҳақ, пас аз сари худ дар маъбади дилҳо номи неку ёди нек боқӣ мегузоранд, аҳён-аҳён ба дунё меомадаанд. Инсонҳои покзамиру покандеше, ки амсоли борони тозаи баҳорӣ ҳавои ҳастиро аз гарди ҳасад ва ғубори кинаву бухл пок месозанд. Хосса, ки Худованд ба онҳо сеҳри сухан ва мағзи андеша дода бошад.

Ва ин ҳама чун гавҳари исбот дар асарҳои машҳури устод Баҳром Фирӯз – «Ту танҳо не», «Ғафлатзадағон», «Рухсора», «Муаллими сахтгир», «Пеш аз шаби арӯсӣ», ҳикояҳои дилпазири «Бобо», «Писарак ва бузғола», «Ҳақиқати талх», «Модари ранҷбари ман» ва дигар фурӯ рехтаанд.

То имрӯз он дастнависи тарҷумаи «Сипсик» дар дасти ман аст, ки дар ҳошияи баъзе саҳифаҳои он устод хеле озода ва эҳтиёткорона ислоҳҳои худро навиштаанд. Чунин муносибат ва дилсӯзӣ ҳар навқаламро  рӯҳбаланд месохт, то ба роҳи эҷод дилпурона қадам гузорад.

Баъдан асари дуюми Эно Рауд «Кинокамерае, ки ҳама чизро донистан мехост» аз чоп баромад, ки онро низ бо тавсияи устод ман тарҷума кардам. Сипас устод пешниҳод карданд, ки асари калонҳаҷми Эно Рауд – «Лаълиҳои паррон»-ро тарҷума намоям. Ба хушӣ пазируфтам.

Вале… ҳодисае сабаб шуд ва дар селоби ташвишу мушкилоти рӯзгор кори тарҷумониро фаромӯш кардам…

… Дар як хоначаи хурде зиндагӣ доштем. Дар ин хоначаи таърихӣ, ки ба садо тааллуқ  дошт, замоне мусаввири шинохтаи тоҷик Вафо Назаров, сипас Гулчеҳра Сулаймонӣ ҳам иқомат кардаанд. Вақти таъмир маҷбур шудем чизу чораҳои худро ба роҳрав барорем. Ду қуттии бузурги  китобу луғат ва дастнависҳоро низ берун кашидем. Чун ранги фарши хона ҳанӯз хушк нашуда буд, қарор додем, то субҳ интизор шавем. Саҳар ҳама чизро дар ҷояш пайдо кардем, ба ҷуз он ду қуттии бузурги китобҳо… Дастнавису китоби «Лаълиҳои паррон» низ он ҷо буданд.

Ва то охир устод Баҳром Фирӯз нафаҳмиданд, ки чаро сари ин асар тарҷумонии ман ин қадар «тӯл» кашид ва чаро дигар ин корро давом надодам.

— Афсӯс, – гуфтанд устод боре дар сӯҳбати сарироҳӣ, ки тасодуф рӯ ба рӯ омадем ва аз баҳонаи пешовардаи ман норозигӣ карданд.

— Кору бори зиндагӣ ҳеҷ охир надорад. Набояд ин корро аз даст монд. Тарҷумонӣ ҳунари волосту пурифтихор.

Баъд маро шодравон Мавҷуда Ҳакимова ба идораи маҷаллаи «Машъал» ба кор даъват намуданд, ки соле котиби масъул ва пасон сардабири маҷалла будам. Ва то имрӯз ҳам ин заҳмат ба дӯши ман асту танҳо номи маҷалла ба «Истиқбол» иваз шуда.

Нашриёти «Ирфон» ва «Маориф» низ аз ҷойи пештарааш кӯчиду аз қазо ҳамсоя шудем. Устод Баҳром Фирӯзро ҳамеша бо табъи болидаву авқоти хуш дучор меомадам. Мудом гарм аҳволпурсӣ мекарданд, ҳатман аз оила, фарзандон ва кору эҷод пурсон мешуданд.

Боре барои гирифтани шумораи нави «Машъал» ба назди ман омаданд. Чанд нафар ҳамкорон сари масъалае баҳс доштем. Устод бо чеҳраи хандон ворид шуданд ва узр пеш оварда пурсиданд, ки халал намерасонанд.

Ҳамагон бо хушнудӣ устодро ба давра хондем. Ва баҳси мо гӯё ҷӯши нав пайдо кард… Устод дар ҳеҷ даврае бегона набуданд. Хуб дар ёд дорам, интиҳои ин баҳс дар атрофи илми кафшиносӣ ҷамъбаст шуд. Устод гуфтанд, ки аз ин илм хабар доранд, ҳатто мутахассис ҳастанд. Корманди маҷаллаи мо Садриддин Ёров ба шӯхӣ изҳор доштанд, ки оё инро исбот карда метавонед?

— Албатта, – бепарвоёна гуфтанд устод. – Марҳамат, дастатонро нишон диҳед…

Навбат ба ман расид. Устод бодиққат ба хатҳои кафи ман синча карданд. Пас ба хати миёнаи каф ишоракунон гуфтанд.

— Ин хати умр аст. Бубинед, дароз аз кафи даст поён гузашта… Ин чунин маънӣ дорад, ки умри дароз ва бобаракат мебинед.

— Боз ҳам лутф кардед, устод. Хостед, ки хурсанд шавам.

— Не-не, чаро? Ин ҳама рост. Ана, кафи дасти маро нигаред… Мегӯяд, ки бохабар бош, умри ту кӯтаҳ аст! – хандиданд устод.

— Ин тавр нагӯед… Илоҳо умратон дароз бошад, – гуфт касе аз миён.

— Орзуҳо хубанд, вале чашми ҳақиқат ҳам ҳаст. Ҷое гурехта намешавад, – гӯё дар боби хариду фурӯши як чизи одӣ сухан мерафта бошад, ҳамоно  бепарвою хушҳол суханашонро идома доданд устод.

— Бузургтарин файласуфони ҷаҳон гуфтаанд, ки аз ҳаёт мисли занбӯри асал танҳо шаҳд гирифтан лозиму бас. Зебо зистан, ҳар дақиқа вақтро бояд оқилона истифода кард. Молу сарвати дунё андӯхтан, ин ҳама қасру кӯшку мансаб беҳуда… Умри зоеъ. Шукр, ман оилаи меҳрубону ғамхор дорам. Инсони хушбахтам. Рост. Умри эҷодкори асил ҳаргиз дарозу кӯтаҳ намешавад. Сухани баланд инсонро зинда медорад…

Дере нагузашта воқеаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандӣ сар заданд. Идораи маҷаллаи «Машъал» ба Маҷмааи табъу нашр дар хиёбони Саъдии Шерозӣ кӯчид. Ва дигар ман устодро надидам. Надонистам, ки захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ғами ноиттифоқии миллат, дардҳои ватани азияткашида барвақт ба дили ҳассосу нозуки устод кора карда… Аз Душанбеи азиз рафтаву бо алами мардуми азиз аз ҷаҳон гузашта…

Дар идора сари ҳалли масъалаи ногуворе маҳзун андеша доштам. Фарзандони носипоси як шоири шинохтаи тоҷик, ки барои чопи китобҳояш маблағ пардохтаву баъди як моҳи аз дунё гузаштани падарашон, китобҳоро нагирифта, ба суд даъвои пул карданд.

Ин ҳангом дар кушода шуду бо иҷозат бонуи ситорагарму боназокате вориди ҳуҷраи ман гардид. Бо пазироӣ рӯ ба рӯ биншонидам. Бо ҳаё ва истиҳолаи нозук, нарму оҳиста ба  сухан оғоз кард.

— Ман… Ман оилаи Баҳром Фирӯз. – Аз заҳматҳои шумо, ки ин қадар китобҳои зебо барои кӯдакон нашр мекунед, огоҳам…

Намедонам чаро, беихтиёр чашмонам нам гирифтанд. Тори ноаёни ёди инсони наҷибе дар дилам ларзид.

— Баҳром кӯдаконро зиёд дӯст медоштанд. Барои кӯдакон бисёр навиштаанд. Бо фарзандҳо маслиҳат кардем. Аз маош, аз рӯзгор сарфае намудем. Кам ҳам бошад, овардам. Як китоби Баҳромро чоп мекардед…

Нигоҳе ба умед ва меҳрубонӣ сӯям дӯхта шуд.

— Мо нашри китоби устодро дар нақша доштем. Вале азбаски ҳама китобҳо бо қарз чоп мешаванд, мӯҳлат тӯл кашид. Шумо пешдастӣ кардед, муаллимаи азиз. Хоҳишатон нури дида…,– гуфтам дар қиболи он андешае, ки ҳамзамон дар замири дил туғён мезад.

«Тасанно ба дили пурмуҳаббати Шумо, ҳамсари арзандаи устод, ки шамъи ёди нависандаи бузургро барои мардумаш чунин фурӯзон медоред. Тасанно ба фарзандони шоистаи падар, ки номи падар барояшон аз ҷамъи сарвату пули дунё азизтар аст. Чун нек фаҳмидаанд, ки идомаи умри падар дар китобҳои ӯст. Тасанно»…

Пас аз чор моҳи ин гуфтугӯ китоби «Ҳақиқати талх»-и Баҳром Фирӯз бо теъдоди 5000 нусха ба дасти кӯдакони кишвар расид.

Мутобиқи шартнома, чун китобҳо фурӯхта шуданд, хостем маблағи ҳамсари фарзонаи устод Саиданисо Бобоеваро баргардонем. Он кас ба исрор гуфтанд:

— Хоҳиш мекунам. Агар ба ҳамин маблағ китоби дигари Баҳромро ба нашр омода месохтед… хеле мамнун мешудем. Охир, агар имрӯз ҳамроҳи мо мебуданд, ҳафтодсола мешуданд. Тӯҳфаи фарзандон ба ҷашнашон…

Оре, китоби «Хотираи як муҳаббат», ки тавассути ТҶБ «Истиқбол» баъди ин сӯҳбат чоп шуд, ба хонандагони сершумори Баҳром Фирӯз армуғони арзандаи ҷашнист.

Бошад, ки рӯйи кушодаи ин китоб, рӯйи кушода, дасту дили кушода, орзуҳои кушодаи нависанда ба муштариёнаш бошад.

Сухангустарро умри ҷовид аз сухани сабз аст.

ЛАТОФАТ

сармуҳарриримаҷаллаи «Истиқбол»

сентябри соли 2009