ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ

Previous Next

     Аз саргузашти рӯзҳои бачагиам бисёр воқеаҳоро ҳикоя кардаам, аммо ин ҳодисаро ҳаргиз ба ёд овардан намехоҳам. Вале чӣ кор кунам, ки он мудом дар нӯги забонам, шабу рӯз дар сарам ҷӯлидагеш, ҷӯлидагӣ. Шояд, то онро нагӯям, маро аз ин шиканҷа халосӣ нест. Агар гуфтанаш осон мебуд, кайҳо онро мегуфтам, лекин... Ҳар як кори чигил ана ҳамин хел “лекин” дорад. “Лекин”-и ин воқеа як сири намегуфтагӣ. Ҳар сире, ки онро ба кас гуфтед, сир нест. Хуллас, имрӯз ман ин сирро гуфта, аз бори гароне, ки қариб чоряк аср ба дӯши дили бечораам бардошта гаштам, халос мешавам. Хато ва гуноҳ ҳаргиз виҷдони одамиро осуда намегузорад: гӯй, барои чӣ пинҳон мекунӣ гуфта, дилро харошидагеш, харошидагӣ. Ман аз гуфтани ҳақиқат, ҳарчанд ки бисёр талх аст, наметарсам ва шарм ҳам намекунам. Одати ман ҳамин аст: ҳама гапро бояд гӯям. Агар баъзе чизҳоро нагӯям, он ҳам бесабаб не: ё ҳамон воқеа ба гуфтан намеарзад, яъне, ҳақиқати ба мардум нодаркор аст ва ё чунон ки Шайх Саъдӣ овардааст, рости фитнаангез ва зарарнокест, ки аз гуфтан ногуфтани он авло. Қисса кӯтоҳ, он саргузашти нохушамро мегӯям. Ба ҳар ҳол, он ба ман сабақи зиндагӣ гашта буд.
Аввал бояд гӯям, ки дадаам он солҳо ҳозира барин пири хушҳолу чақчақӣ набуданд. Ман агар дадаам гӯям, шумо як марди хода барин дарозу лоғар, чашмонаш дар косахона шиштагӣ, коркун, камгап ва хеле ҷиддию вазнин, ҳатто аз ҳад зиёд ҷиддиро пеши назар оред. Инро ба ман бачаҳо ҳам мегуфтанд. Онҳо ҳаминро ҳам таъна мекарданд: “Дадаат одами бадҷаҳл барин” мегуфтанд. Аммо ман хуб медонам, ки дадаам ҳеч гоҳ бадҷаҳл набуданд, фақат кам механдиданд, ҳатто ки қариб намехандиданд. Сабаби кам хандиданашонро худам ҳам намедонам. Балки солҳои баъди ҷанг талабот аз мардумон ҳамин хел буд, кӣ медонад? Барои намозу рӯза, барои хатна кардани бачаашон баъзеҳоро ҷазо медодаанд-ку! Тағоии очаамро барои он ҳабс карда будаанд, ки дар хонаашон китоби кӯҳнаро нигоҳ медоштаанд.
Он солҳо дадаам бегоҳӣ аз кори саҳро димоғашон гирифтагӣ, хастаю шалпар меомаданд. Қавоқашонро накушода болои кундаи ҳезумкафонӣ амонат менишастанду як бор уф кашида мондагиашонро мебароварданд. То дӯғоб оварда додани очаам бо мо саволу ҷавоб карда, як-ду супориш медоданд. Баъди дӯғобро дам кашидан, каландашонро гирифта ба замини рӯйидаричаамон мерафтанд. Дар он ҷо то шом кор мекарданд. Очаам мегуфтанд, ки ҳамин як порча замини рӯйидарича хонаводаи моро ба по рост медорад. Албатта, ман он солҳо маънии ин гапро дуруст намефаҳмидам.
Аслан, чандон хурд ҳам не, дувоздаҳсола будам. Ҳанӯз дуруст каланд зада натавонам ҳам, дигар корҳоро хуб ӯҳда мекардам: киштро об додан, ба молҳо алаф овардан, хошок даравидан, аз кӯҳ ҳезум овардан. Ҳатто ду-се бор додарам катӣ ба осиёб ҷуворӣ бурда, орд карда омадам. Додарам — Салим он солҳо дар синфи сеюм мехонд. Ман аълохон гуфта баъзан аз худ мерафт. Ҳар чизе биёранд, вай нағзашро мегирифт. Каҷу килеб сурат мекашиду рассом мешавам, мегуфт. Доим дар кисааш ангишт ё бӯр, тахтасангҳои сари роҳро кажу маж хат кашида, пур мекард. Ҳатто сурати Алопарро дар санг оҳан катӣ канд, он сурат дигар намеравад. Баъди Алопарро аз даст доданамон Салим ҳар бор ҳамин суратро нишон дода, ба ҷароҳати дили ман намак мепошид.
Худи Салим бачаи бад не, аммо гоҳ-гоҳ зӯъмию якравӣ дорад. Азбаски ӯ харобу лоғару рангпарида аст, очаам баъзан аз ман пинҳонӣ ба вай саршир медиҳад. Гурбаи шум барин чанд бор аз хонаи дарун саршир хӯрда, лабонашро лесида баромаданашро дидам. Бо вуҷуди ин, думчаи мурӯд барин гардани борикаш, каллаи ошкаду барин калонашро базӯр дошта истодааст. Амакам мегӯянд, ки биниашро кашӣ, ҷонаш мебарояд. Қувваташ нест, пуф кунед, меғалтад.
Рӯзе ману Салим ба кӯҳ барои ҳезум рафтем. Аз хонаи мо кӯҳ дур не, агар пиёда, бебор равед, яксоата роҳ аст. Сагчаамон Алопар ҳам афтону хезон аз қафоямон рафт. Сагча ҳанӯз хурд буд – думоҳа ё семоҳа. Вақти таваллуди онро намедонем, чунки мо онро аз лойхандақи қафои идораи колхоз ёфтем. Чунон ба лой ҷӯлидагӣ буд, ки чӣ махлуқ будани онро дониста намешуд. Ҳамсояамон Гулсумхола онро “бачаи шағол барин” гуфтанду очаам ҳам ба фикри он кас шарик гаштанд:
— Аз кадом гӯр ёфтӣ, гӯрков? Охир ин шағол... 
— Ман не, Салим ёфт, сонӣ ман даромада гирифтам, — аз эҳтиёт ба ин гуноҳ шарик будани додарамро гӯшзад кардам. Кӣ медонад, кор оқибат чӣ ранг мегирад? Баногоҳ ягон гап хезад, гуноҳро тақсим кардан хуб аст. Аълохонӣ ва нимҷонии Салимро дар назар дошта, ҷазоро сабуктар мекунанд ва ё тамоман мебахшанд.
— Агар ин бачаи шағол бошад, шаб очааш кофта мебиёду якта ҳам мурғ намемонад, — тарсонданд очаам. Баъд ба ҷонвари дир-дир ларзида истодагӣ раҳмашон омад магар, гуфтанд: — Ба пеши бобот бар, ку бинанд, чӣ махлуқ аст. Холаи Гулсум бачаи шағол гуфтанд, гӯй.
Ман он ҷонварро бардошта, ба тарафи ҳавлии бобоям давидам. Салим аз қафоям метохт. Ҳавлии бобоям дур не, дар он дасти сой, пеши замини рӯйидаричаамон.
Бобоям дар офтобрӯ ҷули харашонро дӯхта менишастанд. Он кас ҷонвари ёфтагиамонро пасу пеш гардонда диданду гуфтанд:
— Кучукбача-ку.
— Ура, кучукбача! — Ман онро гирифта сӯйи ҳавлиамон тохтам.
Салим бо фиғону ҳаёҳу аз қафо омад, ки сагча азони вай аст, чунки онро вай ёфт. Мо аз ин хусус зуд ба сари муросо омадем: сагча аз ҳардуямон. Медонистем, ки аздусар онро ду ҳис карда намешавад ва ягонтаамон аз он даст намекашем. Ҷое, ки ба ғайр аз муросо дигар чора нест, талош бефоида буданашро мо нағз медонистем.
Сагбачаро дарҳол шуста пок-покиза кардем. Ало будаст, Алопар ном додем. Ҷонвар аз гушнагӣ қариб ба мурдан расидаст. Мо аз лойдон гирифта ҷойи он, ки хӯрокаш диҳем, ба муқаррар кардани зоту зурриёти он машғул будем. Бечора чунон ба ширу нон дарафтод, ки...
Баъд барои Алопар дар ҳавлӣ аз сангу лой хонача сохта, ба тагаш пахоли мулоим андохтему аз болои пахол як порча пӯстаккӯҳна партофтем.
Ману Салим ба куҷо равем, чӣ кор кунем, Алопар ҳамроҳ буд. Афтону хезон мерафт, агар бишинем, мешишт, тозем, метохт, баъзан аз ягон чиз хурсанд, баъзан аз рӯбарӯшавӣ бо ягон ҳайвон дар тарсу ҳарос. Ҳамроҳи мо Алопар ҳам кам-кам калон мешуд.
Як моҳ нагузашта вай одамони атрофамонро аз бегонагон фарқ мекард. Агар аз ҳамсояҳо касе ё хешу табори наздик ба ҳавлӣ дароянд, як-ду бор аккос зада, моро хабардор мекарду бас. Не, агар ягон одами бегона ё ба вай ношинос дарояд, то аз хона баромада «хап шав» нагӯем, ором намешуд. Алопар ҳатто молҳои моро аз моли бегона фарқ мекард. Ҳар бегоҳӣ чун рама омад, модагов ва чор бузи мо ҷудо шуда ба ҳавлӣ медаромаду моли сиёҳ ба сари мехаш, моли реза ба қӯтанча мерафт. Агар ягонта мол қоидаро вайрон карда, ба тарафи дархона ва гӯшаи ниҳолу гулзор гузаштанӣ шавад, Алопар валвала сар мекард. Махсусан, агар ба ҳавлӣ моли бегонае дарояд, то онро аз дарвоза берун наронад, Алопар ором намегашт. Аккосзанон, баъзан тарсону ҳаросон аз қафои он мол метохт, таҳдид мекард, зорӣ менамуд, то ки зудтар аз ҳавлӣ барояд. Шаби аввали як сар гӯсфанди ҳисорӣ хариданамон саги бечора шаби дароз хоб накард, хавотир буд. Гумонаш, ин моли бегона моро фиреб дода ба ҳавлӣ даромадасту қасде дорад, нимишаб ё вақти саҳар, ҳангоми хоби ғафлати мо ягон нобакорие карданист.
Алопар ба очаам бағоят маъқул афтода буд. Хусусан, баъди як воқеа ғамхории он кас ба сагча афзуд, ҷонвараки дастнигарро назарашон гирифт ва ҳароина ҷонибдорӣ мекарданд. Воқеа ин тавр рух зад: он солҳо дар деҳаи мо на электр буду на яхдон. Мо ҳатто номи яхдонро нашунида будем. Не, хато кардам, бибиам ҳикоя карда буданд, ки пеш аз инқилоб ва колхозӣ дар деҳа баъзе давлатмандон ва ҳалвопазон таҳхонаи чуқури зеризаминӣ кофта, зимистон дар он барфро ғун мекардаанду аз болояш хок мепошидаанд. Он барф дар тобистон кам-кам об шавад ҳам, тамом намегаштаст. Таҳхонаи барфдор вазифаи яхдонро иҷро мекардаст. Ба ғайр аз ин, дар саратон аз барфи он яхобу яхмос, ҳалвою нишаста месохтаанд... Сари суханам чӣ буд?.. Ҳа, дар деҳаи мо он солҳо на яхдон буду на электр. Дӯкони гӯштфурӯшӣ ҳам набуд. Одати мардуми мо чунин аст: ҳар хонавода ягон буз ё гӯсфандашро кушта, гӯшти онро хушк карда мегираду муддатҳо воситаи дегҷӯшӣ месозад. Очаам барои дам наоварда хушк шудани гӯшт онро намак зада, шабҳо шаддавор ба чӯб мегузаронданду дар шамолгаҳ меовехтанд... Шабе аз шамоли сахт як лахти калони гӯшт канда гашта ба замин афтодаст. Алопар то саҳар дар сари он пораи гӯшти ба замин афтода посбонӣ карда, гурбаҳоро раҳ надодаст. Саҳар очаам аз хоб хезанд, Алопар дар назди гӯшти афтодагӣ фукаш ба рӯйи ду пояш, аз гӯшт чашм наканда менишастаст. Очаамро дида, ба назди он кас тохтаст, баъд ғишингос зада боз ба сари гӯшт рафта воқеаро фаҳмондаст. Аз таҷрибаи солҳои дароз мо медонистем, ки агар Алопар набошад, аз гӯшти ба замин афтодагӣ ному нишон намемонд. Ҳатто баъзе гурбаҳои ганда ҷаҳида гӯштро аз тор гирифта мебурданд.
Алопар саги боақл буд, аммо ман беақлӣ карда онро аз даст додам. Аслан, аз даст доданам беақлӣ не, баръакс, пионер бояд ки айнан ҳамин хел амал кунад, мегӯянд муаллимон. Хайр, рости гап, андаке аз ман ҳам гузашт... Барои ин то ҳол виҷдонам маро гоҳу бегоҳ дар шиканҷа гирифта, азоб медиҳад. Ман дигар саг напарвардам. Сагу сагбача гӯянд, Алопар ба ёдам мерасаду дар як дам вуҷудам таб мебарорад.
Ҳамон рӯз ману Салим арғамчину табарча гирифтему ба кӯҳ ҳезумкунӣ рафтем. Алопар ҳам ҳамроҳ буд. Мо ду пуштора ҳезуми хушкро баста, акнун ба роҳ медаромадем, ки аз пушти ёлаи кӯҳ рамаи колхоз баромаду ду саги хирс барин барзангӣ аккосзанон ба сӯйи мо тохтанд. Аз тарс саросема ҳар ду ҳам ба як дарахти арча баромадаем. Бечора Алопар дар бехи дарахт тарсону ларзон, беҷуръатона ак-ак карда, он ду балоро пешвоз гирифт. Мо бо доду фарёд чӯпонро ба ёрӣ ҷеғ задем.
Сагҳои рама бо фукҳои ғафсу ваҳмангези худ Алопарро бӯй-бӯй карда диданду аз афти кор, боварӣ пайдо карданд, ки ин ҷонварак аз авлоди гург ё шағол не, бо он шӯхию бозӣ оғоз намуданд. Аз ҳаракатҳояш маълум буд, ки Алопари шӯр чандон рағбати бозӣ надошт ва аз ҳазлу шӯхиҳои онҳо метарсид, илоҷе ёфта канортар гурехтан мехост, аммо он ду хирси барзангӣ ду-се ҳаллос зада, сари роҳи вайро мегирифтанд.
Хайрият, чӯпон расида омаду сагҳоро аз сари мо дур андохт. Ману Салим аз дарахт фуромадем.
— Ягон дуогӯятон аз таҳти дил дуо мекардаст... Ба шарофати дуо... ин арча будаст, — изҳори мамнунӣ кард чӯпони якдаста.
Бинии ин марди навчаи сурхрӯ айнан ба мисли минқори уқоб хамидагӣ буд.
— Набошад, исқотҳо нагазанд ҳам, сахт метарсонданд.
— Барои чӣ нагазанд, мегазанд, — гуфт Салим, ки ашки чашмаш ҳанӯз хушк нашуда буд. Ман акнун пай бурдам, ки ҳангоми ҳамлаи сагон вай фарёд зада гириста будаст.
— Бачара намегазад. Агар худат кордор шавӣ, гапи дигар ё ба мол расӣ... — чашми чӯпон ба Алопар афтоду онро баҳ-баҳ гуфта доштанӣ шуд, аммо сагбача нияти ӯро пай бурду дур гурехт.
— Ҷеғ зан, сагата як бинам, – хоҳиш кард вай. Баъд гуфт: — Зотӣ барин.
Ман Алопарро доштам. Вай дандонҳояшро гиз карда, таҳдидкорона ар-ар мекарду чӯпонро наздик омадан намемонд. Аммо даҳмарда ба вай эътиное накарда чанг заду аз ёли Алопар бардошт. Сагча ғишингос заду бо ғазаб ба чӯпон дарафтод ва аз чанги ӯ раҳоӣ ёфта он сӯтар гурехт. Баъд ҳимоятҷӯёна ба назди Салим рафту кинахоҳона ба тарафи чӯпон ак-ак задан гирифт.
— Сагбачаро ба мо те, пеши сагои мо калон шавад, — гуфт чӯпон ба ман хитобан бо як оҳанги омирона.
— Худамон ҳам калон мекунем, — гуфтам ман бепарво ва ба содадилии чӯпон дар дилам хандидам.
— Ҳайф мекунӣ. Саг — саги рама. Миёни мардум вайрон мешавад. Ма, — вай як панҷоҳсӯмии сабзро аз кисабағалаш бароварда ба ман дароз кард.
— Не-е, даркор не, — гуфтам ман хиҷолат кашида. Ба ман чунин намуд, ки панҷоҳсӯмиро дида, чашмам сиёҳӣ зад. Ташвишомез ба рӯйи Салим нигаристам. Вай гаранг барин ба даҳони воз ба чӯпон менигарист.
— Гир. Ту боз дигараша меёбӣ. Дар қишлоқ чӣ пур, сагбача пур. Ина ба рамаи колхоз те. Ту пионер-ку!.. Шарм намедорӣ?
— Не, ман ба шумо дигараша оварда медиҳам, — бе қатъият сухан гуфтанамро худам ҳам ҳис кардам. Ба панҷоҳсӯма дилам кашол буд, ҳатто метарсидам, ки чӯпон мабодо аз нияташ гашта, онро ба кисааш андозад.
— Ана, ма, гир... Инаш барои додарат, — чӯпон ин дафъа аз ҷайбаш як сисӯмии сурхи шараққосиро бароварда ҳамроҳи он панҷоҳсӯмӣ ба кисаи ман андохт. Дигар эътироз баён накардам. — Бихез, ту дор, ман баста мегирам. Пионер бояд ки ғамхори моли давлат бошад...
Ман Алопарро доштам. Чӯпон чолокона бо чилбур онро басту ба фукаш ҳалқа гузаронд. Сипас, ба тапар-тапару ғишинг-ғишинги сагбача эътиборе надода бардошта бурд.
Сагча чунон вовайло бардошт, чунон чингос зада аз мо мадад мехост, ки ман тоб оварда натавониста, рӯямро гардондаму хостам гӯшамро ба карӣ занам, аммо муяссар намегашт. Зории Алопар аз дуродур ҳам ба гӯшам мерасид.
Фарёди имдодхоҳонаи он аз миён солҳо гузашта бошад ҳам, то ҳол дар гӯши ман садо медиҳад ва диламро мефишорад.
Ман он рӯз аз ин муомила хурсанд будам. Ҳазл не, ҳаштод сӯм-а! Албатта, пули он солҳо беқурб буд, аммо дадаам рӯзҳои ид ҳам идипулӣ гӯён ба мо ин хел пули калон надодаанд.
Ба роҳ афтодему дарҳол бо Салим пулро тақсим кардем. Ба вай — сисӯмии сурх, ба ман — панҷоҳсӯми сабз, рангаш қурбоққаи нақшин барин. Мо ба ин пулҳо чиҳо хариданамонро ҳам маслиҳат кардем.
— Аттор ояд, ман чангаки моҳидорӣ мехарам. Боз аз шофёрҳо якта гупсари резинӣ мехарам. Сонӣ, дам мекунаму ба оби сой партофта, ба болояш савор то худи ҳавзи Ҷонварсӯз меравам, — гуфтам ман.
— Не, ман ба ин пул қалами ранга мехарам. Сонӣ, чунон суратҳое кашам, ки даҳоната кушода монӣ! — нияташро изҳор кард Салим.
Вай сисӯмии сурх дар даст, гоҳ онро аз чашмаш дур, гоҳе наздик оварда менигарист, баъд ба монанди байрақ ба сараш баланд мебардошт.
— Ман савори гупсари резинӣ ба осиё ҳам меравам, ба ҳезум ҳам.
— Ҳой каллагаранг, чӣ хел аз поён ба боло меравӣ? Оби сой ба поён мебараду сонӣ аз обпар чунон гирифта мезанад, ки хари бобом барин парча-парча мешавӣ!.. 
Ба пули Алопар чиҳо хариданамонро раҳораҳ расо муҳокима кардем, аммо ин гуфтугузор ҳеч ба диламон намезад.
Ҳамин ки ба ҳавлӣ наздик расидем, диламонро як хавфи номаълум оҳиста-оҳиста туман барин зер кардан гирифт. Аз ваҷҳи Алопар як тарафи диламон торик буд.
— Алопара ба чӯпон доданата агар дадаам фаҳманд, тура мекушанд! — Оқибат Салим худдорӣ карда натавонисту буғзи дилашро кушод.
— Барои чӣ? Мо барои рамаи колхоз додем! Чӯпон гуфт-ку агар дар рама калон шавад, саги ҳақиқӣ мешавад... Мумкин Алопари мо ягон вақт рамаро аз ҳамлаи гургон халос кунаду сонӣ... сонӣ ном барорад. “Ин саг аз куҷо?” — гуфта пурсанд, номи моро мегӯянд. Сонӣ Раис-бобо мумкин ба мо таърифнома диҳанд. Ба мактаб омада, дар пеши саф... Ин кори ҳазл не. Лекин ҳозир ин сира бояд ба касе нагӯем.
— Ту ба чӯпон гуфтӣ, ки сагча аз ҳардуямон?
— Ҳа... Худат дидӣ, ба ҳар дуямон пул дод-ку!
— Хайр, агар ин хел бошад, барои чӣ пула ба кисаи ту андохт?
— Ҳамту, андохт-дия. Сонӣ, ҳар ду тақсим мекунанд гуфта...
Аз он ки Алопар рамаи колхозро посбонӣ мекунад, Салим ҳам ба ваҷд омад. Вай чунон ба ин гап часпида гирифт, ки тайёр буд ҳозир рафта аз дадаам барои ин корамон шодиёна гирад.
— Лекин ҳушёр шав, мабодо аз даҳонат барояд... Дадаам ин гапҳоро нағз намебинанд. Ҳозир дар ин хусус гап намезанем. Агар пурсанд, мегӯем, ки аз паси мо ба кӯҳ рафт, сонӣ чӯпон дошта гирифту ина барои рама диҳед, гуфт, додем, мегӯем. Пул гирифтем нагӯй, ҷанг мекунанд. Агар надиҳед, шуморо аз пионерӣ мебароранд гуфт, мегӯем.
Салим розӣ шуд.
Аз ваҷҳи пул табъам ночоғ буд. Пушаймон будам, ки чаро пули чӯпонро гирифтам. Хоҳ-нохоҳ, агар рӯзе дадаам фаҳманд, ҷанг мекунанд.
Дар ҳавлӣ аз наомадани Алопар аз ҳама пеш бибии пир хабардор гаштанд. Сонӣ очаам пурсиданд. Мо воқеаро, чунон ки маслиҳат карда будем, гуфтем. Очаам бо қаҳр даст афшонданду рафтанд. Ман ба рӯйи бибиам нигариста, дараҷаи гуноҳамро фаҳмидан хостам, аммо фикри он касро ҳаргиз дониста намешавад: ягон оҷинги рӯяшон намеҷунбад.
Ман андаке хотирҷамъ гаштам. Баъзан калонсолонро фаҳмида намешавад: барои арзан барин гуноҳатон замину осмонро ба ҳам мезананду аз гуноҳи калон чашм мепӯшанд. Шояд, аҷаб не, дадаам аз ин кори мо хурсанд бошанд?.. Ё мумкин қаҳрашон омадагисту лекин ба хотири Раис-бобо моро ҷанг накардагистанд? Раис-бобо агар фаҳманд, ки барои сагча моро ҷанг кардаанд, мегӯянд-дия: “Барои моли колхоз як кучукчаатро дареғ доштӣ?! Одамон дар ҷанг ҷон доданд, хун рехтанд...”
Аз байн як моҳ гузашт. Дили ман тамом таскин ёфт. Аммо ногоҳ Салим корро расво кард.
Ҳамон рӯз ман таъинот гирифтам ба осиёб як ҷувол ҷуворӣ бурда, орд карда биёрам. Ба Салим фармуданд, ки барои молҳо аз лаби сойҳо алаф даравида орад. Дадаам саҳарӣ супориш доданду ба кор рафтанд. Бобояму очаам ҷуволи ҷувориро ба хар бор карда доданд. Ман ба болои бор савора ба роҳ афтодам. Салим бошад “ман ҳам ба осиёб меравам” гуфта хархаша кард. Очаам розӣ нашуданд. Салим ғишингос зада аз паси хар равон гашт. Сонӣ аз думи ҳайвон сахт дошта кашида истоду нагузошт, ки хар раҳ гардад. “Сар те” гӯям, сар надод. Дар дастам химчаи тар буд, дарозу борик, саҳл ба сараш расондам ё не, вай аз алам мушт барин санга аз замин бардошту ба сари ман зад. Хун чашма барин ҷорӣ шуд. Очаам тохта омада маро аз хар фуроварданду ба хона бурда хобонданд, ба ҷароҳат зуд намад сӯхта зер карданд.
Салим ба ким-куҷое гурехта рафту бо ҳамин то ба шом гум шуд.
Дадаам аз кор омаданду воқеаро фаҳмида, пеш аз он ки ба сари полез раванд, ба боми зинхона баромада Салимро ҷеғ заданд:
— Салим!.. Ҳой, Салим!.. Салим!..
Дар ин хел мавридҳо овози дадаам монанди раъд гулдуррос мезад ва аз тарафи сой акси садо медод. Фурсате нагузашта Салим пайдо шуд.
— Ҳозир ҷазоята мебинӣ! — гуфтам ҳамчун мазлуми адолатхоҳ бо андаке овози озурда. Вай аз замин чашм набардошта омаду дар рӯ ба рӯйи дадаам гунаҳкорона истод. Дадаам хомӯш ба сар то пойи вай нигариста, барои бетамизиаш ҷавоб талаб доштанд. Аммо Салим гардани дарозаша ба дарун кашида хомӯш буд. Ҷазои ҳасадхӯр ва нобинам ана ҳамин гуён, дар дил шодӣ кардам.
— Ҳа, гап зан! — дадаам суханашонро аз зиҳи дандон бароварда, бо ғазаб ба тарафи вай як қадам монданд.
Дадаам моро назананд ҳам, чунин ваҷоҳаташон басанда буд, ки дигар он номаъқулиро такрор накунем.
— Вай... вай Алопара... а-а, ба чӯпон фурӯхт, пулаша гирифта... — ногаҳон канда-канда эълон кард Салим.
Нафаси ман ба дарун заду на ба рӯйи дадаам нигаристам, на ба тарафи Салими хоин.
— А-а? Чӣ? — дубора пурсиданд дадаам.
— Чӯпон аввал панҷоҳ сӯм дод... сонӣ... сонӣ боз... сӣ сӯм...
Салим суханашро ба поён нарасонда “ҳаққашро” бигирифт. Аз падар як торсакии обдор хӯрданашро ба гумонам худаш ҳам нафаҳмида монд.
— Нокас!.. Дар зоти мо иғвогар набуд, ту аз куҷо ин “ҳунарро” ёд гирифтӣ?!
Салим бо фиғон аз ҳавлӣ берун рафт.
— Чӯпон... чӯпон... гуфт, ки... ту чи хел пионерӣ... ин сагча а-а.... барои рамаи колхоз...
Ман худро сафед кардан хостам, вале падар гӯш кардан нахостанд.
— Ноҷинс!.. Гум шав, афтата набинам!.. Агар дӯстатро фурӯхта бошӣ, ягон рӯз модаратро ҳам мефурӯшӣ!..
Падар ба рӯйи ман чунон бо қаҳру нафрат нигаристанд, ки агар ин лаҳза замини зери поям кафад, рост худро ба роғи он меандохтам. Ҳурмати нон, қасам ба ҷони ҷавонам, агар як не, даҳ торсакӣ зананд, аз ин хел нигаристанашон сад раҳ авлотар буд. Чунин нигоҳи падарро ман дигар ҳаргиз надидам. То ба ҳол, агар нигоҳи ҳамонрӯзинаи он касро ба хотир оварам, баданам виҷиррос мезанад.
Баъд аз ин воқеа ман як ҳақиқати оддиро дарк кардам: табаҳкориро бо нияти нек пардапӯш кардан кори беҳуда будаст. Аз ин мебарояд, онҳое, ки мулкеро хароб карда, мо онро наҷот додем, мегӯянд, як рӯз не, як рӯз рӯсияҳӣ мекашанд.

Баҳром Фирӯз

соли 1976.