ГУЗОРИШ АЗ МАҲФИЛИ ИЛМИИ "ФУРӮҒ"-И ПРОФЕССОР МАТЛУБАИ МИРЗОЮНУС

Previous Next

     ГУЗОРИШЕ КӮТОҲ АЗ МАҲФИЛИ ИЛМИИ "ФУРӮҒ"-И ПРОФЕССОР МАТЛУБАИ МИРЗОЮНУС ДАР КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИКИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ин маҳфили ҳармоҳаи пажӯҳандагон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамеша бо муаррифии навгониҳои илму адаб шурӯъ мешавад.
Дар нишасти навбатии "Фурӯғ" шогирди хуби мо Рустамҷони Абдуқодир дар баробари чандин китобҳои навтарин нашри дувуми асари нависандаи маъруфи тоҷик, шодравон Баҳром Фирӯзро муаррифӣ кард. Дар ин роман воқеаҳои солҳои 30-60-уми қарни гузашта дар ноҳияҳои Самарқанди шӯравӣ - ҳаёти сахти фақри аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати байниҳамдигарии табақоти иҷтимоӣ, сӯиистифода аз қудрату мансаб, беқонунӣ ва қонунношиносии шаҳрвандони кишвар ва адами шинохти фард ба унвони инсон бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихӣ таҷассум ёфтаанд.
Романи "Ғафлатзадагон" аз бисту ҳашт боб иборат аст ва сабки хеле матину хонаднӣ дорад. Ба китоб ҳамзамон аксҳои ҷолиб аз бойгонии нависанда ва зиндагиномаи комили нависанда пайваст шудаанд.
Ин китоб бо сифати дилчасп ва чашмнинише дар нашриёти "Хуросон"-и шаҳри Хуҷанд чоп шуда, эҳдои азишманде ба 80-умин солгарди нависандаи шодравон аст.
Ба муносибати ҷашни нависанда китоби мунтақиди маъруфи тоҷик, профессор Умар Сафар низ таҳти унвони "Торикравшани шинохт" бо пешгуфтори академик Муҳаммадюсуф Имомзода "Зодани мард..." нашр шудааст. Ин китоби хурд нигоҳе ҷолибу олимона ба зиндагӣ ва масири эҷодии Баҳром Фирӯз аст, ки дидгоҳҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи муаллифро дар бар мегирад. Дар китоб чанд шеър ва осори мансури нависанда низ ҷой дода шудааст. Ношири китоб ҶДММ "Эр-граф"-и шаҳри Душанбе мебошад...

https://facebook.com/