Сомонаи адиби баноми тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ фаъол шуд

     Муддатест сомонаи адиби маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ гардон аст. Тӯли ин муддат садҳо тан аз ҷумла ҳаводорони эҷодиёти адиб аз он дидан карданд ва китбҳояшро мутолиаву аз шарҳи ҳолат бохабар шуданд. Ин як сомонаи пурмуҳтавоест, ки ба муносибати ҷашни 80-солагии адиб бастагонаш фаъол намуданнд. Гуфта мешавад, ки сомона қаблан ҳам буд, вале онро дигарбора сохтанд, нав карданд, матолиби ҷолибу ҷадид ворид сохтанд. Акнун ин сомонаро шумо аз тариқи сомонаи Китобхонаи миллӣ низ бо ишора рӯйи БАҲРОМ ФИРӮЗ пайдо ва матолиби онро бихонед. 

Боздидкунандагон дар ин саҳифа метавонанд бо шеъру сурудаҳо,ҳикояву достонҳо, очерку мақолаҳо ва пахши куллии маҷмўаи осори адиб, ки дар бедории рўҳӣ  ва маънавиёти иҷтимоии мардуми тоҷик аз масири омўзиш ва тарбияи насли китобхону фарҳангдӯст саҳмгузор буд ва ҳаст, бо шунидани наворҳо аз мусоҳибаҳо, нишастҳои адабӣ , конфроннсҳои илмӣ -таҳқиқотӣ , бо шиносоии адабиёту фарҳанги муосир дар шакли Woқd, PDF ва AUDIO (савтӣ ) ва видео шиносо гарданд ва маводҳои дилхоҳашонро барои худ кашида гиранд.

Дар ҳоли ҳозир бештари таълифоти нависанда, ки то имрӯз дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳо нашр шудааст, дар шакли электронӣ  дар сомона ҷой дода шудаанд ва ё дар ҳоли омодаи нашранд. Вале баъзе навиштаҳо ва мақолоте, ки дар бойгонии нависанда маҳфуз буданд, онҳо низ дар ояндаи наздик дар ин сомона интишор хоҳанд гашт.

Ин саҳифа тавре бунёд гаштааст, ки хонандагон метавонанд ба куллӣ  аз ҳамаи маводҳои бахшҳои мавҷуда аз қабили «Асосӣ », «Зиндагинома», «Китобҳо», «Интишорот», аксҳо, назарҳо, филмҳо, мусиқӣ  истифода намоянд

Бахши «Китобҳо» – бахши хеле муҳим аст, ҳудуди беш аз сӣ  китобро доро буда, хонандагон барои дастраси васеътар бештари онҳоро метавонанд аз сомона кашида бигиранд ва дар дастгоҳҳои худ нигаҳ дошта баъдан бидуни интернет мутолиа намоянд.

Ҳамчунин канали тахассусии нависанда дар Youtube: Баҳром Фирӯз ва дар шабакаи иҷтимоии FACEBOOK: bahrom.firuz.tj фаъол аст, ки аз он ҳам ҳаводорони эҷодиёти нависанда метавонанд истифода баранд.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,

Шуъбаи адабиёт доир ба

фарҳанг ва ҳунар.