“САҲМИ БАҲРОМ ФИРӮЗ ДАР РУШДИ САНЪАТ ВА СИНАМО”

Previous Next

     “САҲМИ БАҲРОМ ФИРӮЗ ДАР РУШДИ САНЪАТ ВА СИНАМО” - чунин буд мавзӯи мизи муддавар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки намояндагони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иттифоқҳои нависандагон ва рассомони Тоҷикистон, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва кормандони китобхонаро ба ҳам пайваста боиси баргузории маҳфили адабии хотирмоне гардид. Гуфтанист, ки шоир, мунаққид, мутарҷим ва нависандаи номвари тоҷик Баҳром Фирӯз дар баробари муваффақ будан дар осори манзумиву мансурӣ боз ҳам дар рушди санъату фарҳанги кишвар низ нақши арзандае гузоштааст.

Салима Раҷабова - ҷонишини директори Китобхонаи миллӣ бо суханони ифтитоҳия нишастро оғоз намуда мухтасаран аз зиндагинома ва осори гаронарзиши адиби шинохта ҳарф зад: “Адиби маъруф, муаллифи беҳтарин повесту ҳикояҳо барои ҷавонон, таронасарои муҳаббати ҷавонӣ, шоир ва мутарҷим Баҳром Фирӯз ҳамагӣ 55 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ аз худ осоре ба ҷой гузошт, ки хонданиву суруданист”.

Доктори илмҳои филологӣ, професссори кафедраи филологияи Эрони факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар нигоҳе дошт ба масири эҷодии Баҳром Фирӯз ва бо таҳлили чанд намуна ва қироат аз сурудаҳои шоир, огоҳии хешро аз осори манзумии адиб сайқал дод.

Киношинос Ҷамшед Раҳматов маърӯзае дошт бо номи Баҳром Фирӯз –тарҷумони филмҳои ҳунарӣ, ки ҳамкории худро дар дубляж ва садобахшии беш аз 50 филномаҳое, ки Б.Фирӯз мутарҷимаш буд, ҳикоят намуда аз солҳои ҷавонии адиб ёд кард.

Сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино” Кароматулло Саидов аз боби инъикоси асарҳои Баҳром Фирӯз дар синамо суханронӣ карда аз таҷрибаи филмбардории филми “Барачаи хаёлӣ”-и коргардон Абдулҳай Зокиров, ки аз рӯи ҳикояи нависанда ба навор гирифта аз тарафи тамошобинон хеле хуб аз пазироӣ шуда буд ва аз нақшаҳои ҳамкории ояндаи “Тоҷикфилм” бо эҷодиёти адиб ҳарф зад. Ҳамзамон барои ширкаткунандагони мизи муддавар порчае аз филми “Рамида”-и коргардон А.Зокиров аз рӯи ҳикояи ин адиб низ пахш гардид.

Хуршед Иброҳимов – сарояндаи маъруфи тоҷик ширкаткунадагонро бо садои диловезаш, бо сурудани суруди “Ошиқам”, ки ба тозагӣ ба оҳанг даровардани шеъри Б.Фирӯзро анҷомида буд, ҳамагонро хушҳол намуд.

Ҳамчунин аз Ҳусейнҷон Юсуфов - устоди факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, роҳбари ансамбли “Навои ҷавонон”-и ДДХ -  суруди “Зан”, ки муаллифи он низ Б.Фирӯз мебошад, пешниҳод гардид.

Аз тарафи сарояндаи ансамбли ДМТ - Оминабону низ суруде аз ашъори шоир суруда шуд ва инчунин донишҷӯён бо қироати шеърҳо ба ин нишаст рангорангие ворид сохтанд.

Дар бахши мубодилаи афкори ин мизи муддавар аз ҷониби ширкаткунандагон дар ин мавзӯъ аз хотироту ёдоштҳо ёдоварӣ шуда боз ҳам аз гиромидошти чунин равшанфикрону зиёиён, ки бо пурунсурӣ ва гуногунрангии эҷодиёт саҳмгузор дар тарбияи насли навраси китобхон будаанд ва ҳастанд ва дар бедории рӯҳ ва маънавиёт аз масири таълим ва тарбияи ҷавонон эҷод намудаанд,  таъкид гардид.

Дар поёни нишаст рӯнамоии сомонаи нави нависанда пешниҳод гардид, ки дар фазои маҷозӣ бо нишонии www.firuz.tj қобили дарёфт аст.