Нурмуҳаммад Одинаев: "Адиби тозаназар"

Previous Next

(ё нигоҳе ба эҷодиёти нависандаи тоҷик БАҲРОМ ФИРӮЗ)

   Соли 1994, соле, ки нависандаи шаҳири тоҷик Баҳром Фирӯз ин ҷаҳони пуршикаст ва пурмоҷароро падруд гуфта, дар дили хок манзили абадияти худро ихтиёр намуд, романи “Ғафлатзадагон”-и ӯ ба итмом расида, аввалин бор соли 1999 ва ниҳоят соли 2019 бахшида ба 80-солагии эшон бо ибтикороти пайвандони азизаш дастраси хонандагон гардид. Шояд дар ин муддати на он қадар тулонӣ порчаҳои ҷудогонаи ин роман дар ягон маҷалла ё рӯзномаҳои кишвар чоп шуда бошад, вале шакли пурраи онро соли 2019 нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд дастраси аҳли сухан гардонид. Мутаассифона, нависандаи маҳбуби мо дар авҷи каломи эҷодӣ ин романи пурмазмунро офарида, рӯйи чопи онро надид. Агар равоншод Баҳром Фирӯз то имрӯз ҷомаи сабзи ҳаётро дар бар медошт, асарҳои зиёде аз нуги хомаи сеҳрангези ӯ эҷод мешуд ва ё ин романи пурмуҳтаво борҳо бо таҳриру иловаҳои зиёд дастраси аҳли сухан мегардид. Зеро агар аз ҷараёни эҷодии ин нависандаи соҳибсухан ва соҳибсабк назар андӯзем, мебинем, ки ӯ аз соли 1967 ба майдони адабиёт бо маҷмӯаи шеърҳо бо унвони ”Розҳои маҳтобшаб” ворид шуда, то соли 1994 шонздаҳ асар бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод намудааст. Дар бораи маҳорати эҷодии ин адиби сермаҳсул аҳли илму адаб, аз ҷумла академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, устоди насри тоҷик Сотим Улуғзода, Гулчеҳра Сулаймонова, Кароматулло Мирзоев, Абдумалик Баҳорӣ, Гулназар, Додоҷон Раҷабӣ, Сайидалӣ Маъмур, Мирзо Шукурзода, Пайванди Гулмурод ва дигарон ибрози назар намуда, ба осори ӯ баҳои сазовор додаанд. Аз ҷумла, соли 1989 устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар маҷмӯаи ҳикояҳои “Пеш аз шаби арӯсӣ” доир ба эҷодиёти Баҳром Фирӯз тақризи муфассале бо унвонии “Зарраҳои одамият” нигошта, дар бораи вижагиҳои осори нависандаи маҳбуби мо мушоҳидаҳои ҷолиб ва муҳим баён намудаанд. Ин маҷмӯа, ки аз 34 ҳикояи хонданӣ иборат аст, рӯзгори пуртазоду носолими ҷомеаро дар пеши назари хонандаи имрӯз ба намоиш меорад Мо ба мутолиаи ин ҳикояҳо саргарм шуда, гумон мекунем, ки рӯйдодҳои он аз зиндагии воқеии ҳаррӯзаи мо гирифта шудааст ва ҳар як хонанда худро чун иштирокчии бевоситаи ин рӯзгорон мебинад. Зеро нависанда ба дараҷае ба ҳақиқати воқеии рӯйдодҳои рӯзгори имрӯза ғарқ мешавад, ки дар ягон ҷузъиёти он тасвирҳои ғайривоқеиро ба мушоҳида гирифтан ғайриимкон аст. Як вижагии хоси ҳикояҳои мазкур дар он аст, ки нависанда воқеаҳоро дар кадом гӯшаи дунё ё кишварҳои ҳамсоя ва ё минтақаҳои кишвари азизамон ба мушоҳида гирифта, ба онҳо аз рӯйи ҳунари эҷодкории худ хусусияти хоси тоҷикиро мепӯшонад. Ҳатто дар муносибатҳои одамон, расму русуми мардум ва либосҳои идонаю ҳаррӯзаи қаҳрамонҳо арзишҳои тоҷикиро меҷӯяд. Нависанда Саломеяро дар Олмон дар як ҳамоиши китобдӯстон вомехӯрад ва “ман”-нависанда “зӯр зада, таҳхонаи ноободи ҳофизаамро таҳу рӯ мекардаму ба ёд оварда мехостам, ки ин нигоҳи ошнои чашмони хаёлмасти меширо дар куҷо ва кай дида будам”, гӯён ба андеша меравад. Ва аз нақли Саломея маълум мегардад, ки падари ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муҳофизати меҳани азизаш омада, бо амри тақдир қисмати худро ба кишвари Олмон пайваста бошад ҳам, вале ёди ватан ҳамеша дар хонадони ӯ нафас мегирад.

Баҳром Фирӯз ба суннату ойни мардуми тоҷик бо эҳтиром муроҷиат менамояд ва ҳамеша дар ҳар анъанаю расму ойини ниёгон ҳикмате ё ҳимматеро меҷӯяд. Вале баъзе зиёдаравии ҳамзамонон дар нисбати суннатҳои аҷдодон нависандаро ба ҳайрат меоварад ва бо саҳнаҳои ҷолиб ифротгароии ҳамзамононро воқеъбинона ба риштаи тасвир мекашад. Дар ҳақиқат, дар байни мардуми мо баъзе расму ойинҳое роиҷ аст, ки онҳо василаи худнамоӣ ва намоишкории гурӯҳҳои алоҳида гардидааст. Масалан, меҳмондориҳои бемаврид ва ғайримаъмулии мардум гоҳо аз ҳадди эътидол берун рафта, то ба хонавайронии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Нависандаро ин воқеият маҷбур сохтааст, ки рӯзгореро дар мисоли зиндагии ду дӯст: Ризо ва Амин нишон диҳад ва оқибати ин гуна меҳмондориҳои бемаврид ва бемавқеъ ба ҷангҷоли оилавии Ризо оварда мерасонад.

Нигоштаҳои Баҳром Фирӯз ба тарзи нигориши дигар нависандагони соҳибқалам шабоҳате надорад, ӯ ба корхонаи эҷодии худ бо сабку услуби ба худ хос “ниқоб аз рухи андеша ” кушуда, “сари зулфи суханро” бо қалами сеҳрофаринаш “шона” мезанад. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ эҷодиёти Баҳром Фирӯзро ба мушоҳидаҳои амиқ ва саҳеҳ баррасӣ намуда, вижагии хоси осори ӯро бо чунин назар талхис менамоянд: “ Вай ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни фикру ҳисси қаҳрамон чашми диққат медӯзад, гоҳ нозуктарин нишонаҳои феълу атвори инсонро аз назар мегузаронад, аз ҳар кадоми онҳо як маънӣ мекашад. Мо ҳам аз асарҳои ӯ беҳтар фаҳмидани маънои рафтору гуфтори одамонро ёд мегирем. Ба рӯйдодҳои одӣ, ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни феълу атвори инсон бодиққат нигоҳ кардани нависанда боис мегардад, ки мо, хонандагон низ ба муҳит, ба мардумони атрофи худ бо диққат нигоҳ кунем, дар фаҳмидани маънои зиндагӣ ва одамию ноодамӣ чашми мо бинотар, ақли мо гиротар шавад” . Воқеан, аз ҳикоя, повест ва романи нависанда моҳияти ахлоқии рафтору гуфтори ҳамзамонони худро дарк карда, аҳамияти онҳоро дар ташаккул ва такмили муносибати ҳасанаи одамон ва эҳёи арзишҳои ахлоқӣ эҳсос мекунем. Аз ҳамин сабаб бошад, ки ағлаб муҳаққиқони насри муосир аз асарҳои Баҳром Фирӯз бештар рӯҳи поки инсонӣ, хулқи неки мардумӣ, дили софи беолоиш ва муҳаббати самимии одамонро меҷӯянд ва ба насли созандаи ҷомеа маънии зиндагии боарзишеро нишон медиҳанд. Бешак, ахлоқи поку хулқи неки одамӣ дар эҷодиёти адиб мақоми шоистаеро касб кардааст. Бесабаб нест, ки Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода дар миқёси адабиёти бисёрмиллати шӯравӣ дар осори ин нависандаи нозукхаёл мавзӯи ахлоқиро “аввалиндараҷа” ва муҳим арзёбӣ кардааст. Зиёда аз ин мавзӯи ахлоқ, ки дар ҳама давру замон ҳамчун василаи танзими муносибати ҳасанаи ҷомеа буда, дар эҷодиёти Баҳром Фирӯз, дар рафтору гуфтори қаҳрамонон ва дар мушоҳидаю мулоҳизаҳои ӯ хеле равшан, барҷаста ва ҷолиб тасвир ёфтааст. Ӯ қаҳрамонони созанда ва бунёдкори худро, ки ҳамеша дар ҷомеа бо хулқу рафтори некбинона бо атрофиён муносибат менамоянд, хеле дӯст медорад ва онҳоро дар ҳама вазъияти ногувор, ки сиёҳдилону носозгорон баҳри амалишавии ниятҳои нопоки худ ба вуҷуд овардаанд, раҳо менамояд. Масалан, дар повести “Агар вай мард мебуд...” нависанда Занҷир ном духтари зебо ва хушахлоқи деҳотиеро ба чандин иғвою туҳматҳои Бадалбек барин разилони зиёнкор рӯ ба рӯ меорад, вале боз ӯро бо дастгирии одамони накӯкор ва соҳибхирад аз вартаи бадгумонию ноадолатиҳои рӯзгор берун меорад.

Ҳамзамон Баҳром Фирӯз симоҳои манфур ва бадахлоқи ҷомеаро дар муқобили одамони нексиришт ва поквиҷдон мегузорад ва кӯшиш менамояд, ниятҳои бади бадхоҳонро фош намуда, ононро дар назди мардум шармсор созад. Масалан, нависанда дар ҳикояи “Ганҷи шойгон” аз рӯзгори ҷавононе, ки дар даштҳои Мирзочӯл заҳмати зиёд кашида, дар он ҷо ҳаёту зиндагии шоистаеро ба вуҷуд меоранд, нақл мекунад. Дар тасвири адиб зиндагӣ дар ин дашти бекарон бо заҳмати дандоншикан ва зиддияту рақобати пуршиддати одамон рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷаи фидокорию азхудгузаштанҳои сокинони он ба як замини сабзу хуррам табдил ёфт. Назокат бо шавҳараш Толиб ба ин дашти нообод меоянд ва дар кулбаи вайронаву ноободи он зиндагии худро оғоз мебахшанд. Мардуми атроф дар ҳайрат буданд, ки чӣ тавр Назокати ҷавону зебо дар ин кулбаи вайрона бо Толиб барин шавҳари камҳавсалаю бепарво зиндагӣ менамояд. Ҳатто Назокат шабҳои пурбиму торик дар сари замини пахтазор ба обмонӣ машғул асту шавҳари бепарвои ӯ дар хоби ноз аст. Ин вазъи зиндагии онҳоро баъзе мардони худхоҳ истифода намуда, мекӯшанд, дар байни зану шавҳари ҷавон иғво ангезанд. Вале Назокат дар ин вазъи ногувор садоқати худро дар назди шавҳари азизаш нишон дода, бо ақлу заковат худро аз туҳмату гумони нопоки носозкорон раҳо мебахшад. Нависанда аз ин рафтори оқилонаи Назокат ситоиш мекунад ва ӯро ба “ганҷи шойгон” ва бебаҳо ташбеҳ дода, бо ин васила эҳтироми зани бовиҷдон ва боиффатро дар ҷомеаи инсонӣ хеле баланд нишон медиҳад.

Дар тасвири ишқу муҳаббат ва лаҳзаҳои ширини он нависанда хеле бо сухани зебою дилнавоз шоҳкориҳо менамояд ва хонандаи худро дар он лаҳзаҳо бо худ мебарад, бо қаҳрамонҳояш ҳамнишин мекунад ва хотири неки дӯстдоронро дар сатрҳои тиллоии китоби ишқ ҳаккокӣ мекунад. Мо ин гуна саҳнасозии пурнишотро дар ҳикояҳои “Саломея”, “Хотираи як муҳаббат” повестҳои “Агар он мард мебуд...” ва “Рухсора” мушоҳида карда метавонем. Масалан, Наъно (дар ҳикояи “Хотираи як муҳаббат”) дар қатораи Москва-Душанбе бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик, ки ба таътил ба назди волидайн бармегаштанд, ҳамсафар мешавад. Бо шунидани суруди тоҷикӣ ӯ мефаҳмад, ки ин ҷавонон аз Тоҷикистон мебошанд ва ин вохӯрӣ сабаб мешавад, ки Наънои грузин аз муҳаббате, ки бо Неъмат ном тоҷикписар дошт, ёдоварӣ намуда, аз нав хотираҳои худро дар бораи муҳаббати аздастрафтааш пеши назар орад. Писари Неъмат, ки Нусрат ном дошт ва бо ин ҷавонон ҳамсафар буд, Наъноро мешиносад:

“- Ман шуморо шинохтам... Дар пеши бачаҳо нагуфтам. Сурататон дар албоми падарам буд. Аз холи болои лабатон шинохтам. Модарам замоне сурататонро аз албом кандан хостанду андаке як гӯшаашро дарронданд, падарам аз ин кори он кас сахт ранҷиданд”.

Баҳром Фирӯз бо ин як лаҳзаи гуфтугӯи ду қаҳрамон мекӯшад, нақши ишқу муҳаббати самимиро дар ташаккул ва тарбияи муносибати ахлоқии одамон барҷаста нишон диҳад.

Дар ҳикояҳои Баҳром Фирӯз мавзӯи зан ва рӯзгори пурмоҷаро ва нобасомони ӯ хеле воқеӣ ва дар навбати худ дарднок ва таъсирбахш ба ҷилва меояд. Дар ҳикояи “Дунёи қасос” нависанда рӯзгори занеро ба назар меорад, ки дар натиҷаи бадфеълию нобакориҳои шавҳар ӯ аз ҳаёту зиндагӣ безор шуда, оқибат бо дасти Фармон ва пайвандони ӯ ба коми оташ фурӯ меравад аз ба дунёи нестӣ истода, рӯзгори даҳшатноки худро як-як ба забон меорад. Хонандаро чунин суол пеш меояд, ки чӣ тавр зане, ки дар олами нестӣ маскан дорад, ба забони эътироз моро аз зиндагии беарзиш ва ҷоҳилонае, ки барои атрофиёни худ сохтаем, ҳушдор диҳад. Баҳром Фирӯз бо чунин тарзи тасвири зиндагии пурмоҷарои ҳамзамонон нишон додан мехоҳад, ки ҳатто мурдаҳо аз рафтору кирдори як қабил зиндаҳои бераҳм ва ҷоҳил ба дод омада, аз мо адлу инсофро мехоҳанд.

Дар фаҳмиши мардуми мо як қабил расму русумеро метавон ба мушоҳида гирифт, ки мардум, хосатан хурдсолону ҷавонон бо онҳо муросо кардан намехоҳанд ва ба онҳо назари нек надоранд. Бо тақозои қисмат ё ба таъбири мардумӣ “тақдири пешонӣ” зиндагӣ гоҳо равиши воқии худро тағйир дода, ба бадбахтии баъзе оилаҳо боис мегардад. Масалан, марди хонадон баъд аз даргузашти ҳамсар оилаи нав барпо мекунад ва ё баръакс зан хотири шавҳари марҳумашро як муддат пос дошта, барои таҳияи оилаи нав иқдом мекунад. Вале ин кӯшишҳо дар ҷомеаи мо боиси гапу калочаҳо гашта, фарзандони ин хонадонҳоро ба ҷангу даъво ва норостию носипосӣ нисбати волидайн мебарад. Дар ҳикояи “Палонҷи охирин” ва “Рамида” нависанда муносибати фарзандонро бо падари угай ва палонҷҳо ба тасвир мекашад. Зани дуюми Мирзо Сангин-Гулбону аз зани асосиаш Фотима дида, софдилу меҳрубон ва нисбати фарзандони хонадон ғамхору соҳибэҳтиром аст, гарчанде ӯ “бо нохуни фарзанд зор аст”. Вале ӯ ба қисмат тан дода тамоми меҳру муҳаббати модаронаи худро ба фарзандони хонадон мебахшад. Нависанда бо тасвири як ҷузъиёти зиндагии ин хонадон муҳаббату муруввати фарзандонро нисбати Гулбону нишон медиҳад. Ҳама фарзандону пайвандони Мирзо Сангин аз даргузашти яке аз занҳои ӯ мотамдор буданд. Ҳамагӣ аз ин фоҷеа либоси сиёҳ ба бар карда, гирёну нолон дар назди мардум азодории худро нишон медоданд. Ҳама гумон доштанд, ки зани якуми Мирзо Сангин дунёро тарк кардааст, ки фарзандон бо ин дараҷа гиряву нола худро обу адо мекунанд. Вале чун мардум донистанд, ки Гулбону–зани дуюми Мирзо Сангин аз дунё гузаштааст ва сӯзиши ҳашт фарзанд пайвандони баҳри ӯст, дар ҳайрат монданд. Нависанда дар ин лаҳза мехоҳад, фаҳмиши нодурусти мардумро нисбати модари угай нишон дода, хонандаро даъват менамояд, ки аз пиндорҳои ғайривоқеӣ канораҷӯӣ намоем.

Устод Шакурии Бухороӣ зимни таҳлили ҳикояҳо ва ҷамъбасти ғояву мавзӯи умумии онҳо Баҳром Фирӯзро “нависандаи маишатнигор” унвон медиҳад. “Баҳром Фирӯз нависандаи маишатнигор аст ва услуби ӯро услуби маишатнигории иҷтимоӣ гӯем, шояд саҳв нашавад. Диққати ӯ ба зисту маишати мардум равона гардидааст ва гоҳ онро ба кӯчактарин падидаҳояш мебинад, ба дақиқназарӣ ба мулоҳиза мегирад”. Масалан, дар ҳикояи “Товуси маст” нависанда ба рӯзгори ҷавонони булҳавас, ки бо дастаи ҳаваскоронашон ба тӯйгардию вақтхушӣ шуғл дорад, ворид мешавад ва онҳоро дар талоши пулу сарват ба риштаи тасвир кашида, нишон медиҳад, ки маҳз ҳирси молу чиз ҷавононро гумроҳ ва ба ҷинояткориҳои шадид оварда мерасонад. Дар ҳикояҳои ӯ масоили гуногуни ҷомеа қисмати духтарон ва занҳои поквиҷдон ва меҳнатдӯсти деҳот (“Пеш аз шаби арӯсӣ”, “Дунёи қасос”, “Ганҷи шойгон”, “Ошноӣ”), масъалаи муҳими ахлоқу одоб(“Гӯштингирӣ”, “Ҳақиқати талх”, “Муаллими сахтгир”, “Заҳри танҳоӣ”), ишқу муҳаббат (“Хотираи як муҳаббат”, “Саломея”, “Ғурури зан”), тасвири олами ҳайвонот (“Бӯйгир”, “Даканг”, “Ҳақиқати талх”), эҳтиром ба мероси ниёгон(“Китобҳои кӯҳна”) ва ғайра. Дар ҳикояи “Товуси маст” адиб масъалаи ахлоқи ҷавононеро, ки тамоми арзишҳои инсониро ба хотири манфиатҳои шахсӣ қурбон мекунанд, мавриди тасвир қарор медиҳад. Гулшан ном духтаре, ки аз рӯи ҳавою ҳавас ва ҳирси сарвату мол ба ин гурӯҳ шомил буда, маънии зиндагии худро дар раққосаи тӯйгард будан мебинад. Нависанда ин қаҳрамони худро, ки аз пайи ҳавасҳои ҷавонӣ афтода, дар зиндагиро гум кардааст, ба мушкилоти ахлоқӣ рӯ ба рӯ меорад. Гулшан ба чор сӯи зиндагӣ медавад, то аз доми фиребу найранги атрофиён раҳо ёбад ва барои халосӣ ба ҳар раҳгузар бо умеди раҳоӣ мадад мехоҳад. Вале ба имдоди ӯ касе намерасад ва ҳатто ронандаи машинаи “Камаз” аз ҳамсуҳбат шудан бо ӯ канораҷӯӣ менамояд. Хонанда дар ин ҳикоя ба қисмати Гулшани булҳавас ва худхоҳ барин духтарони гумроҳ шиносоӣ мешавад ва ба муҳите, ки онҳо ба сар доранд, нафрат пайдо менамояд. Ин гуна саҳнасозиҳои ибратбахшро дар ҳар ҳикояи нависанда ба назар овардан мумкин аст. Дар ҳар ҳикояи ӯ, ки дар маҷмӯаи “Пеш аз шаби арӯсӣ” 35 адад мебошад, хонанда як саҳнаи ҷолиб, ки дар ҳар рӯйдоди он зарраҳои одамият ба ҷилва омада, майдонҳои пурвусъати зиндагиро ба ҷунбиш оварда, дар рӯзгори мо арзишҳои инсониро барҷаста ва шоиста ба ҷилва меоранд. Абдумалик Баҳорӣ аз саҳнаҳои ахлоқии ҳикояҳои Баҳром Фирӯз хеле қаноатманд аст ва дар бораи онҳо чунин хулосабарорӣ менамояд: “Ман дастнависи асарҳои ӯро бодиққат мехондам. Аз образҳои мукаммали офаридааш ва аз бозёфтҳои бадеияш ба завқ меомадам”. Бешак, ҳар ҳикояи Баҳром Фирӯз назари хушбинӣ ба рӯзгори пуртаззоди мо ба мушоҳида мерасад. Ӯ ҳаргиз қаҳрамони худро, ки ба зиндагӣ назари хайрхоҳона дорад, ноумед ва дилмонда намесозад ва ҳамеша зиндагии худ ва қаҳрамоҳояшро бо орзу зинда медорад.

Дар ҳикояи “Ҳақиқати талх” нависанда масъалаи вафодорӣ ва посдориии дӯстию рафоқатро мавриди назари хонанда қарор медиҳад. Салим бо бародараш сагчае, ки аҳли хонадон бо муҳаббати беандоза нигоҳубин карда, чун як узви оила дӯст медоштанд, ба ивази як маблағи ночиз ба чӯпонҳои колхоз мефурӯшанд. Аз ин рафтори онҳо падар хабардор шуда, ба ғазаб омада:

«-Ноҷинс!...Гум шав, афтата набинам!... Агар дӯстатро фурӯхта бошӣ, ягон рӯз модаратро ҳам мефурӯшӣ!...”

Агар ба новеллаи “Матео Фалконе”-и нависандаи фаронсавӣ Проспер Мериме таваҷҷуҳ намоем, ин мазмун дар қисмати писарбачае, ки дар набудани падар низомиеро дар хона пинҳон карда, бо ивази як тӯҳфаи ночиз ба душманон мефурӯшад. Падар аз ин рафтори фарзандаш огоҳ шуда, ӯро бо силоҳи шикорӣ мепарронад. Нависанда ин манзараи ҳузнангезро пеши назар меорад, ки хеле таъсирнок аст:

“Хуб, ин фарзанд аз аввалин насле мебошад, ки хиёнат мекунад...

-Бигзор Худо туро бубахшад! Бача як талоши маъюсона намуда, зонуҳои падарро ба оғӯш гирифт, аммо кор аз кор гузашта буд. Матео оташ кушод ва Фортунато он замон ҷон дод...” .

Дар ин ҷо мо ҳаргиз Баҳром Фирӯзро ба таъсирпазирии ноҷо ва ё тақлидкор аз ин новелла эрод гирифта наметавонем. Зеро нависанда бо маҳорати эҷодӣ тавонистааст, ба саҳнаи офаридааш либоси хоси мардуми тоҷикро пӯшонад. Яъне, падар дар тасвири Баҳром Фирӯз фарзандашро бо ғазаб ва сухани таъсирнок ҷазо медиҳад, вале нависандаи фаронсавӣ бачаи наврасашро барои ин хиёнат бераҳмона ва ҳатто ваҳшиёна ҷазо медиҳад. Ба назари мо, дар ин масъала Баҳром Фирӯз арзишноктарин сарвати инсонӣ-ҳаётро муҳим медонад ва хиёнат ё хатоии бачаро бо роҳи тарбия ислоҳ кардан мехоҳад.

Дар ҳикояҳои Баҳром Фирӯз тасвири манзараҳои табиат мавқеи хоса дошта, барои барангехтани эҳсосоти хонанда ва барҷастатар таъсир расонидани ҳадафи асосии асар хизмат мекунанд. Нависанда вобаста ба мавзӯи асосӣ манзараи табиат ва вазъу ҳолати муҳити гирду атрофро пеши назар меорад ва хонандаро ба шинохти рӯйдодҳои воқеии зиндагӣ маҷбур месозад. Масалан, дар ҳикояи “Пирию ҳазор иллат” ба чунин манзараи ҷолиб рӯ ба рӯ меоем: “Гашти рӯз буд. Тафси ҳаво фуромада, сояҳо хеле дароз гашта буданд. Аз ҷониби кӯҳ насимаке аранг мевазид, вале он ҳам роҳи мумфарши тафсонро лесида гузашта, мисли тафбоди биёбон нафаси касро мегардонд”. Дар ин ҳикоя муаллиф аз рӯзгори вазнину пуриллати солхӯрдагон нақл карда, аз муносибати ноадолатии баъзе ҷавонон ба фарёд меояд. Дар ҳикояи “Ташнагӣ” бошад, нависанда вазъи ҳаворо ба зиндагии носолим ва бебарори ҷавонон ҳамоҳанг сохта, чунин манзараи дилгири табиатро ба ҳаракат меорад: “Офтоб аз паси лахта-лахта абрҳои сафед гоҳ рух менамуду гоҳ пинҳон мешуд. Ҳавои баҳор на гарм буду на сард, боди наҳиф арақи ҷабинщоро лесида, хушк мекард. Роҳи мумфарш, ки кайҳо мумаш рафта,чуқуриҳои беҳисоб пайдо карда буд, аз миёни киштзорон мегузашт. Ҷӯйбори хушки ду тарафи роҳро буттаҳои тути хасаке, ки барои пилладорӣ ҳар сол каллак мекарданд, ҳоло сар бардошта, ҳоло себаргаву чорбарга буд”. Басо ҷолиб аст, ки дар ин ҷо лаҳзаҳое мавриди таваҷҷуҳи муаллиф қарор гирифтаанд, ки рӯҳияи Раъно-қаҳрамони асосии асарро бозгӯӣ намоянд. Дар ҳикояи “Гуштигирӣ” бошад, манзараи тасвирнамудаи нависанда бозгӯйкунандаи расму одати мардумӣ дар мавриди маъракаи гуштингирӣ омадааст, ки он диққати хонандаро ҳам ба воқеоти он лаҳза ва ҳам ба рӯҳи идонаи ҳуззор ҷалб мекунад: “Дар миёнаҷои давра аз кундаю ғӯлаҳои яклухт гулхани бузурге афрӯхта буданд. Оташ баъзан баробари ду қадди одам баланд гашта, ҳезум часар-часаркунон ба атроф шарораву лахча мепарронд. Шуълаи гулхан атрофро равшан карда, рӯйи одамони дар қатори пеш нишастаро метафсонд. Онҳо гоҳ бо як даст, гоҳ бо дасти дигар рӯяшонро аз ҳарорати сӯзони оташ панаҳ мекарданд, аммо ҷойи тамошобобро аз даст намедоданд”. Баҳром Фирӯз бо тасвири ин манзаро хонандаи худро ба майдони зарбу муборизаи зӯрмандон мебарад ва барои ворид шудани кас ба ин маъракаи мардумӣ роҳнамоӣ менамояд. Ин гуна тасвирсозиҳоро мо дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуд Восифӣ ба мушоҳида гирифтан метавонем. Масалан, Восифӣ мавсими воқеъ шудани фасли зимистонро ба хотири таваҷҷуҳи хонандаро ба рафти воқеа ҷалб намудан чунин ба қалам медиҳад: “Дар таърихи санаи 919 буд, ки дар шаҳри Самарқанд зимистоне воқеъ шуд. Шоҳи чаҳорболиши торами чаҳорум ба хонаи қавс даромада, кураи заминро ҳадафи сиҳоми замҳарир гардонида буд. Ва аз чилаи камони вай суккони арзро тирборон менамуд”.

Ҷамъбаст ва талхиси ҳикояҳои адиб хеле ҷолиб ва воқеӣ буда, таъсироти онҳо эҳсосоти хонандаро ба ҷунбиш оварда, ҳисси раҳму шавқат ва шодиву сурурро дар вуҷуди кас боло мебарад. Ҳикояи “Китобҳои кӯҳна” новобаста ба мавзӯи асар бо чунин андеша ҷамъбаст мешавад, ки он бидуни сужет ҳам сухани таъсирнок ва ҷолиб аст: “Қоидаи бозӣ дар ҳаёт ҳамин аст: ҳар ки дар нисбати дигарон агар бештар мебинад ё бештар медонад, зиндагиаш осон нест”. Дар ҳикояи “Шиносоӣ” бошад, Нусрат ҳамсари худро аз даст дода, мехоҳад бо Дилбар ном ҷавонзани шаҳрӣ оила барпо кунад. Дилбар мехоҳад, фарзандони Нусратро ба холаи бефарзандаш бахшида, бо Нусрат зиндагии осуда ва оромиро гузаронад. Нусрат баробари шунидани ин тасмими Дилбар ба ғазаб омада, аз назди онҳо канора меравад. Хола ин вазъро аз дур мушоҳида карда, аз чунин ранг гирифтани шиносоии онҳо ва нияти ноадолатонаи Дилбар нисбати фарзандони Нусрат ба ғазаб омада, аламу дардашро ба сари Дилбар мерезад: “Рафтем...Вай ҷавобата дод, - гуфт холаи Дилбар ба роҳ афтода.- Дигар башараашро набинам гӯён бирафт. Фарзандонаш- ҷони дилаш. Инҳоро ту пушти по зада, чӣ хел ба вай зан мешавӣ? Худо агар одама занад, аз дили одам меҳру шафоатро мебардоштаст, - роҳ мерафту беором ғут-ғут мекард ӯ”.

Баҳром Фирӯз дар ҳикояҳои худ дар баробари офаридани сужети басо ҷолиб, ҳамзамон калимаю таъбироте месозад, ки он боиси хушгувортар шудани забони ҳикоёти ӯ гаштааст. Нависанда аз сохтани ибораҳои изофӣ худдорӣ мекунад ва онҳоро дар қолаби калимаҳои мураккаб меорад, ки ин гуна калимасозиро дар адабиёти ҳамзабонон хеле маъмул аст. Ин ҷо чун намуна аз баъзе калимаҳои сохтаи муаллиф меорем, ки имкон дорад, дар забони адабии тоҷик ҷойгоҳи худро пайдо кардани онҳо аз эҳтимол дур нест: тарлатта, сабзмайдон, даҳансахт, шумгиёҳ, навсокинон, назарбанд, таррамарг, рӯзи танг (рӯзи мабодо), рӯнобин, деҳаи Беғайр(ин ҷо деҳаи Беғари ноҳияи Варзоб дар назар аст, ки дар забони суғди вожаи “ғар” ба маънои кӯҳ аст.- ОН), пуштбора (дар кӯҳистони Фалғар ин вожа дар шакли пуштора меояд. - ОН), алафи наврез, гармсер(гармсел), таҳмон(тахмон), борикфаҳм, тарматарӣ, суфахок, коғазхалта, тирҷӯя, воти пахта, зиндаятим, хираханде, гушнамеъда, пайгум, ҷонҳавлӣ, давоҷот, димоғошуфта, модагов субайд монд (субай-нозо), давуғеҷ, нохушбинӣ, камэҳтиёҷ, қафогаштаравон, дасттанҳо, ханҷолид, шавгун(шавқун), руҳфишор, ангал, бафурҷа, хода, замини рӯидарича(замини хусусӣ), ғумой, дулча, падаршавҳар, зақум, ширинмақолӣ, деҳодеҳ ва ҳоказо.

Нависанда гоҳо ибораҳои маҷозии нав месозад ва ё зарбулмасалу мақолро бо каме тағйирот истифода менамояд, ки хеле ҷолиб аст: даст омад кард(кор омад кард), куртаи атлас дар танаш алав барин даргирифт, дар ошамон намак набудагӣ барин, ба идораи даст манъ кардан, ҳақиқат дар осмон бошад ҳам, нардбонаш дар червон, дар байни мардум гап хоб намекунад, ҳозир лаганди раис лаппидан дорад, худӣ касро кушад ҳам,мурдаатро дар офтоб намепартояд, ба занмурда зан те, ба занмонда санг те, агар аз худӣ гила кунӣ, меҳри бегона меравад, кафгираш ба таги дег бархӯрд, санг ба дари шикаста мезанад, дуди ҳар хонаро муриш медонад, об ба пастӣ меравад, чароғи ҳар кас ба сари худаш равшанӣ мекунад, шикамба гӯшт намешавад, бегона дӯст ва ғайра.

Вале дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум дар ҳикояю повестҳои нависанда баъзе ангезаҳои дилмондагӣ, фаъол ва дастболо шудани баъзе қаҳрамонҳои носипос ва сиёҳдил ба мушоҳида мерасид. Ин рӯҳияи шикастарӯзӣ дар солҳои 90-ум бештар дар нигоштаҳои нависанда ба назар меомад. Шояд ҳамин дилмондагии нависанда аз ҷомеаи онрӯза буд, ки дар солҳои охири умраш романи “Ғафлатзадагон”-ро навишт, ки он як оҳанги эътироз бо муҳити пурмоҷарои онрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистонро бозгӯӣ мекард. Гарчанде дар романи “Ғафлатзадагон” “воқеаҳои солҳои сиюм то шастуми қарни гузаштаи навоҳии Самарқанди шӯравӣ- ҳаёти сахту фақри аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати фимобайни табақоти иҷтимоӣ, сӯиистифода аз қудрату мансаб, фуқдони қонуну қавонини шаҳрвандии кишвар ва адами шинохти фард ба унвони инсонро бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихӣ...” таҷассум ёфта бошад ҳам, вале дар назар чунин асари калонҳаҷм ба амсоли эътирозе ба ҷомеаи онрӯзаи адибро ифода мекунад.

Азбаски ҳанӯз сохти шӯравӣ пурра аз мавҷудияташ ҳамчун қувваи сиёсии ҷаҳон даст накашида буд, бинобар ин нависанда воқеаҳоро дар солҳои 30-60-уми қарни ХХ ба риштаи тасвир мекашад. Дар ин ҷо чизе нависандаро водор сохтааст, ки нисбати ҷойи ҳодиса ва хусусиятҳои он эҳтиёткорона муносибат намояд.

Воқеаҳои романи “Ғафлатзадагон”, ки аз бисту ҳашт боб иборат аст, ба солҳои даврони шӯравии солҳои 30-60-уми қарни ХХ рост меояд. Дар ин замони мудҳиш Ҳукумати шӯравӣ дар сари мардуми он рӯз ҳар гуна бозиҳои сиёсиро таҳмил менамуд, то кишвари сермиллати болшевекиро дар вазъи тарсу ноумедӣ нигоҳ дорад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳадаф ва ғояи асосии романи мазкур аз ҳамин матлаб сарчашма мегирад ва Баҳром Фирӯз ва соири ҳамқаламони ҳамфикраш низ аз ҳамин мавқеъ ҷомеаи даврони гузаштаи шӯравиро шинохта, хонандаи худро ба ин назар расондан мехостанд. Аз охири солҳои 80-уми қарни ХХ дар нигоштаҳои бархе аз муҳаққиқон ва адибони алоҳида чунин фаҳмиш ва даъвоҳое сар мезад, ки бояд ҳодисаву воқеоти даврони шӯравӣ ва пешвоёни он аз нав бо диду нигоҳи нав бозназарӣ шавад. Ҳатто ҳаракатҳои зиддишӯравии босмачиёнро ҳамчун талошҳои миллии озодихоҳӣ шинохтан мехостанд. Тамоми музаффариятҳои даврони шӯравӣ, аз ҷумла сохти колхозҳо, дӯстии халқҳо, ғалабаи Ҷанги Бузурги Шӯравӣ, бадарғакунии сарватмандон ва соҳибони илми куҳанро аз нав, бо инобати манфиатҳои миллӣ баррасӣ кардан мехостанд. Гумон мекунам, чунин мавқеъгирӣ агар аз назари воқеият сурат мегирифт ва ё дар оянда пайгирӣ шавад, ба худшиносии насли ҷавон мусоидат хоҳад кард. Вале агар аз мавқеи фурсатталабӣ ва ё ниқоргирӣ пайгирӣ шавад, ба ҷуз ихтилофи назарҳо ва зиддиятҳои гурӯҳӣ манфиате нахоҳад овард. Чунон ки солҳои 90-ум дар нисбати мавқеи сиёсӣ ва эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода як гурӯҳ донишмандон иқдом намуда, ба мухолифатҳои шадиди ақидавӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар насри муосир ҳам ин назар мавқеъ пайдо карда истодааст. Як гурӯҳ адибон кӯшиш намуданд, ки таърихи 70-солаи замони Шӯравиро бозназарӣ намуда, нисбати ҳодисаю рӯзгори мардум дар замони Инқилоб ва то фурӯпошии Давлати Шӯравӣ воқеъбинона назар андӯзанд. Ин раванд аз солҳои 80-уми қарни ХХ дарнигоштаҳои аҳли сухан ва адаб ба мушоҳида мерасид.

Баҳром Фирӯз аз ибтидои солҳои 70-уми қарни ХХ дар нисбати баъзе ноадолатиҳои иҷтимоию сиёсии замони шӯравӣ нуқтаи назари интиқодии худро ба миён мегузорад. Ин гувоҳ бар он аст, ки нависанда мавзӯи романи “Ғафлатзадагон”, ки воқеаҳои солҳои 30-60-уми қарни ХХ-ро дар бар мегирад, якбора дар коргоҳи эҷодии худ ба вуҷуд наовардааст.

Романи “Ғафлатзадагон” аз бисту ҳашт боб иборат буда, он як асари аз ҳайси мавзӯъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳо тоза ва хонданибоб мебошад. Дар ин асар муаллиф ба воқеаҳое ба назари танқид менигарад, ки дар бораи онҳо дар замони шӯравӣ сухан гуфтан аз имкон берун буд. Ҳокимияти яккатози коммунистӣ ҷомеае барпо намуда буд, ки дар он мухолифат ба ғояҳои сиёсӣ ва нишон додани камбудиҳои иҷтимоӣ мамнуъ буд. Ҳар кӯшише, ки аз ҷониби пешравони ҷомеаи коммунистӣ андешида мешуд, мавриди ситоишу саногӯӣ қарор мегирифт, ки чунин муносибат дар ҳама давру замонҳо ба назар мерасад.

Баҳром Фирӯз дар ин романи худ аз иқдоми созандагию ободсозиҳои даврони Шӯравӣ қариб сухан ба миён намеорад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳар тадбире, ки дар он замон татбиқ мегардид, ба манфиати мардум созгор набуд. Яъне нависанда аз ҳар музаффарияти Ҳокимияти Шӯравӣ паҳлуҳои носозгор ва пурфоҷиа меҷӯяд. Ин кӯшишҳо дар ҳикоя ва повестҳои адиб ҳанӯз дар солҳои 80 –ум ба мушоҳида мерасад. Масалан, соли 1988 ҳикояи “Китобҳои кӯҳна” дар эҷодиёти нависанда пайдо гардид ва дар он масъалаи нисбати мероси гузаштагон беэътиноӣ кардани мансабдорон ба миён гузошта мешавад. Ҳамзамон адиб аз забони амаки Патапат аз ноадолатиҳои даврони шӯравӣ хеле боэҳтиёт лаб кушодааст: “Хулосаи калом, “мо-ҳама як колхоз, як хонадонем, ин гандумро нобуд кардан ҷиноят аст” гӯён хеле варсоқӣ хонда рафтааст. Фурсат нагузашта мудири анбораш чор бӯзбала катӣ омада гандумро ба ҷуволҳо бардоштанд. Дар он замон ғингӣ кунеду рӯзатона бинед!”. Ё дар ҷойи дигар нисбати ба ҳокимият расидани табақаи меҳнатии ҷомеа, ки шиори асосии Ҳокимияти Шӯравӣ буд, аз номи амаки Патапат эътироз ва норозигии худро чунин баён мекунад:”Инқилоб гӯён ноҷинсу нобакорон ҳам рӯи об баромаданд-дия. Дар он замон аз паст ба боло гуфта баъзан аҳмақтарин касон вазифа мегирифтанд”. Ин гуна андешаҳои зиддиятнокро мо дар аксари ҳикояҳои нависанда ба мушоҳида гирифтан метавонем. Романи “Ғафлатзадагон” давоми эътирозҳои нависандаро нисбати даврони шӯравӣ дар бар мегирад. Баҳром Фирӯз дар қисмати Мулло Мурод, ки синну солаш “аз шаст гузашта, ба мӯйи сару ришаш кайҳо сафедӣ панҷа задааст” ноадолатиҳои замони тираи шӯравиро дар кӯҳистони навоҳии Самарқанд ба риштаи тасвир кашидааст. Мулло Мурод дар замони барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ даврони ҷавониро ба сар мебурд. Вале “ғуруру бебокӣ ва дамиданҳои ҷавонӣ” ӯро гирифтори мушкилоти зиёд гардонд ва боиси бадарға шудан ба кишвари бегона гардид. “Он солҳое, ки ӯро барои якчанд таноб замину ҷуфти гов доштанаш, барои кор карда ба дигарон муҳтоҷ нагаштанаш ва асосан, барои ба заминдорони нав сар нафуроварданаш аз ин диёр ба мулки ноободе бадарға карда буданд, ба қавли мардум, вай аждаҳое буд, аз нафасаш алав мепарид”. Ҳокимияти нав ашхоси саркаш ва худшиносу саводнокро на фақат дар ҳокимият дидан намехост, балки дар ҷомеа будани онҳоро намехост ва ҳамеша аз пайи нест кардани онҳо буд. Мулло Мурод ҳам понздаҳ сол дар бадарға умр ба сар мебарад ва баргаштани ӯ ба диёри бобоӣ, ба деҳаи Гуҷумак ба аксари ҳамдиёронаш писанд намеояд ва ҳатто бархе бо ӯ сухан кардан намехоҳанд. Ҳатто дар намози ҷанозаи ҳамсараш Моҳинав ҳамдиёронаш тарсида-тарсида меомаданд, ки мабодо онҳоро бо “душмани халқ” ҳамфикр наҳисобанд.

Мулло Мурод ба диёри азизаш одат мекарду аз рафтору кирдори соҳибмақомон ба ғазаб меомад, вале чун ҷурми “душмани халқ” буданаш ба хотир меомад, хомӯш мемонд. Дар танҳоӣ хомӯшона ба неку бади ҳукумат менигаристу аз ноадолатиҳои замон худ ба худ ҳарф мезад: “Сараввал, “инқилоб замину обро ба ҳама баробар тақсим мекунад” гӯён мардумро умед карданду баъд ҳамаро кашида гирифта колхоз сохтанд, яъне ба давлат доданд. Қонуни инқилоб шиори он, давлати он бар ҳамин навъ дурӯғу дағо асос ёфт. Мулло Мурод ба ҳар беинсофӣ тан диҳад ҳам, ба моли мардум дасти тааддӣ ва таарруз дароз кардани Ҷавлонро ҳаргиз намебахшад”. Мулло Мурод бо ҳамин андешаҳои мағшуш ҳамеша ба шиору шиорпартоии шӯравиҳо бо нафрат менигарист. Масалан, ӯ аз ғалабаи Артиши Шӯравӣ бар фашизм хушбин нест ва ба сиёсатмадорони ҷангҷӯй лаънат мехонад. Мардум аз ин ҷанги хонумонсӯз ба танг омада, аз “ғалаба” не, балки аз “тамом шудани ҷанг” шодӣ мекарданд, гумонашон азоби гушнагӣ гузашту дигар ҷанге, ки то охирин донаи ғалларо барои он мефиристонанд, ба охир расидааст”. Қаҳрамони асари мазкур ба ҳама тадбирҳои ин даврон мухолиф аст ва дар онҳо фақат бадбахтию шикасти мардумро мебинад. “Колхоз дарахтро бурида метавонад, қариб бист сол даврон карда ҳанӯз ягон боғро обод накардааст, агар ниҳоле чанд шинонад ҳам, хушкида меравад”. Нависанда дар ташвиш аст, ки Ҳукумати Шӯро тамоми арзишҳои пешинро инкор карда, мардумро аз решаҳои гузаштаи худ баркандааст. “Ба ғайр аз ин, қонуни Ҳукумати Шӯро ду зан доштанро манъ кардааст. Хӯш, сипас ин ҳама беваҳои ҷавон ба фасод шурӯъ намекунанд? Қонуну қоидаҳои пешинро ҳам одамони донишманд аз чанд ҷиҳат андешида ҷорӣ кардаанд, онҳоро яку якбора бекор карда ҳолӣ хеле пушаймон мешавем” .

Воқеан, чаро дар романи “Ғафлатзадагон” ин қадар нуктаҳои мухолифатангези зидди Ҳукумати Шӯро зиёд аст. Нависанда зиндагии мардумро аз солҳои 20-ум то охири солҳои 60-ум, ки дар зери сиёсати ҳизби коммунистӣ ҷараён дошт, мавриди танқиди шадид қарор медиҳад. Ин гуна муносибати нависандаро чӣ гуна метавон арзёбӣ намуд? Баҳром Фирӯз фурсати чунин озодбаёниро истифода намуда, низоми шӯравиро мавриди таҳлилу танқид қарор додааст ва ё ин амри табиист, ки ҳар низом баробари завол ёфтанаш бояд аз ғалбери танқид гузаронд. Ба назари мо, муроҷиати нависанда ба ин мавзӯъ як дараҷа дуруст ва мантиқӣ мебошад, зеро он аз нигоҳи Мулло Мурод ном зиёии даврони гузаштааст, ки бо ҷурми озодандешӣ гирифтори ғазаби мансабдорони даврон гаштааст. Озурдагӣ ва ҷабрҳое, ки ин қаҳрамон аз зимомдорони вақт дидааст, намегузорад, ба ин низом нигоҳи мусбат дошта бошад. Воқеияти Мулло Мурод он аст, ки ӯ ба ин низом нафрат дорад ва ба ҳар қарору тадбири ин низом бо шубҳа менигарад. Фикри солим ва нигоҳи воқеӣ аз ин қаҳрамон ҷустуҷӯ кардан мувофиқи ҳадафи муаллиф нест. Ва ҳатто “Ғафлатзадагон” унвон кардани романи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки нависанда мардуми ба ваъдаҳои низоми шӯравӣ гӯлзадаро мехоҳад ба дараҷаи фаҳмиши Мулло Мурод бинад. Мехоҳад, чашми мардуми дар гумроҳӣ мондаро бикшояд ва нишон диҳад, ки “Аслан, диктатураи пролетариат фақат ниқобе буд, ки аз номи он фирқавиён амал мекарданд. Дар асл, кулли афроди қаллобу дасисаҷӯ, коҳилу беҳунар, иғвогарони беинсоф, масабталошони бевиҷдон худро аз хонадони коргару деҳқон қаламдод карда, дар талоши мансаб афтода буданд” .

Ба ин андешаҳои муаллиф розӣ шудан хеле мушкил аст, зеро Мулло Мурод наметавонад бинад, ки ин костагиҳои ахлоқӣ ва қонуншиканиҳои соҳибмақомон на аз сиёсати давлат, балки аз татбиқи ғояҳои сиёсати шӯравӣ бармеояд. Ба зимомдорони вақт касе ё дастуре набуд, ки сиёсати ҳокимияти вақтро тарзе ба роҳ монед, ки мардум қашшоқу дармонда бимонад ва мардуми доро бадарға ва аз байн бурда шавад. Фирдавсии бузург ҳам сабабҳои бадбахтии ин миллати тақдирсӯзро пайгирӣ намуда, ба чунин натиҷа мерасад:

Ба Яздон агар мо хирад доштем,

Куҷо ин саранҷоми бад доштем.

Нависанда ҳам Мулло Муродро боре ба андеша намеорад, то сабабҳои бадбахтии худашро ҷустуҷӯ намояд. Ҳамзамон Баҳром Фирӯз то солҳои наздик ҷомаи сабзи ҳаёт насибаш мекард, шояд назари қаҳрамони худро тағйир медод, чӣ хеле ки як гурӯҳ озурдагон бо чунин нафрат ба ҷанги шаҳрвандӣ даст зада, мардумро ба бадбахтӣ расода, имрӯзҳо аз кирдорҳои худ пушаймон мебошанд. Қаҳрамони Баҳром Фирӯз дар ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ мезияд ва ояндаи пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандиро чашмгир набуд. Ба вуҷуди ин, Баҳром Фирӯз тавонистааст, камбудию нуқсонҳои ҷомеаи шӯравиро аз нигоҳи Мулло Мурод баён кунад, то мо дар бунёди Давлати миллӣ ба ин гуна кутоҳбинию худхоҳӣ роҳ надода бошем.

Романи “Ғафлатзадагон”-и Баҳром Фирӯз бозгӯйи як марҳилаи нави адабиёти муосири тоҷик буда, барои ташаккули назари интиқодӣ нисбати ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳ кушод. Дар ин солҳо аз ҷониби баъзе адибон ягон-ягон асарҳо дар ин равиш ба назар мерасад, вале романи мазкур нисбати онҳо мукаммалтар ва қаҳрамони он вобаста ба шароити шахшудаи сиёсӣ фаъол ва боҷасорат мебошад. Мулло Мурод дар ҷомеа, дар паҳлуи соҳибдавронон зиста, назари худшиносии худро хеле бо ҷасорат ба миён мегузорад. Нависанда назари қаҳрамони худро марҳила ба марҳила ташаккул медиҳад ва онро дар ҳаёти иҷтимоии замон хеле фаъол нишон медиҳад.

Асарҳои Баҳром Фирӯз дар адабиёти муосири тоҷик дорои аҳамияти баланди бадеӣ дошта, қаҳрамонони он дар такмилу дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоии мардум хизмат карда метавонанд. Баҳром Фирӯз дар рафтору кирдор ва андешаҳои қаҳрамонони худ арзишҳои миллӣ ва ғояҳои инсониро тарғиб намуда, кӯшиш менамояд, ки ҳар андешае, ки ба мардум ва зиндагии одамон маънии тоза мебахшад, бо тарзҳои гуногуни тасвир барҷастатар тасвир намояд. Ин аст, яке аз вижагиҳои осори нависандаи маҳбуб Баҳром Фирӯз, ки ӯро аз дигар суханварон беҳтару барҷастатар нишон медиҳад.

 

Нурмухаммад Одинаев

“Адабиет ва санъат”

28.10.2021 №44 (2119), С. — 6