Матлубаи Мирзоюнус: "НАВИСАНДАИ СОҲИБНАЗАР"

Previous Next

Барои Баҳром Фирӯз, ки зодаи ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд аст, Хуҷанд шаҳри ҷавонӣ, шаҳри орзуҳои наҷиб, шаҳри зуҳури истеъдод, паноҳгоҳ ва ниҳоят шаҳри видоъ бо зиндагӣ гардид. Дар ҳамин ҷо ӯ дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил кард, дар ҳамин ҷо аввалин шеърҳои худро аз имтиҳони устодон гузаронид, дар ҳамин ҷо чанд сол дар донишкада дарс гуфт ва пас аз фаъолияти густурдаи адабӣ дар идораҳои гуногуни шаҳри Душанбе дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дубора баргашт, маҷаллаи илмиву адабии “Сайҳун”- ро таъсис дод, чандин осори арзишманди бадеиву публитсистӣ навишт ва чун шамъи умраш хомӯш шуд, ҷисмаш дар оромгоҳи “Гумбази қошуқ”-и ҳамин шаҳр маскан ёфт.
Кам иттифоқ меафтад, ки шоире аз ҷодаи назм ба наср биравад ва ҳамешагӣ он ҷо бимонад. Баҳром Фирӯз ба майдони адабиёт чун шоири умедбахш омад ва бо фотиҳаи неки устод Раҳим Ҷалил нахустин шеъри ӯ дар саҳифаи адабии “Ҳақиқати Ленинобод” интишор ёфт. Дере нагузашта пайи ҳам ду маҷмӯаи ашъори ӯ “Розҳои маҳтобшаб”(1967) ва “Силсила” (1973) руйи чопро дида, аз ҷониби устодони шеъри замон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода баҳои баланд гирифтанд. Дар ин ашъори пурэҳтироси шоири ҷавон муҳаббат ба хоку оби Ватан, нозуктарин эҳсосҳои қалби ошиқ, таровишҳои зебои ҳисси инсонпарварӣ ва башардӯстӣ бо диду дарк ва тарзи баёни хос ба қалам омада, ба ояндаи неки муаллиф бовар мекунониданд. Аммо ҳикояи “Бобо”, ки соли 1972 дар маҷаллаи "Садои Шарқ" ба табъ расид, аз истеъдоди нодири муаллиф дар насрнависӣ башорат дод ва марҳалаи наверо дар зиндагии Баҳром Фирӯз боз намуд. Баъд аз чопи маҷмӯаи “Тафти дил”, ки фарогири шеъру тарҷумаҳои манзуми ӯ буд, Баҳром Фирӯз комилан ба наср рӯ овард. Сабаби чунин гардишро худи ӯ чунин шарҳ додааст: “Чи шуд, ки ман ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гӯё аз шоирӣ истеъфо додам ва руйи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам?.. Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзӯъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барниҳодааст. Шеър ҳикмат аст, сӯз аст, оҳанг аст, панди рӯзгор аст, хулосаест аз зиндагӣ, вале он ба ҳеч ваҷҳ, тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон”. Пас, маълум мешавад, ки нависанда моҳияти адабиётро дар “тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ” дарёфта, минбаъд тамоми неруву тавони худро барои адои ҳамин рисолат сарф намудааст. Албатта, дар адабиёт намунаҳоеро пешорӯямон дорем, ки адибон назмро бо гузашти замон ба наср иваз кардаанд, мисли устод Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил, Аъзам Сидқӣ ё Гулрухсор, ки имрӯз дар ҳарду ҷода муваффақ аст. Аз адабиёти рус А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, И.Бунин ва дигаронро метавон мисол овард.
Фаъолияти нависандагии Баҳром Фирӯз ба он рӯзгоре мувофиқ омад, ки дар насри тоҷик нависандагони хушсалиқае мисли Ф.Муҳаммадиев, Ҷ.Одина, С.Турсун, Кӯҳзод, Сорбон, А.Самадов бо ҷустуҷӯҳои ахлоқӣ ва маънавӣ як ҷараёни тавонманди адабиро ташкил доданд. Баҳром Фирӯз бо силсилаи ҳикояву қиссаҳои ибратомӯзи худ мисли маҷмӯаҳои “Пайи ситора”, "Ганҷ дар вайрона”, “Ҳақиқати талх”, повестҳои “Рухсора”, "Ту танҳо не” ба ин ҷараён ворид шуд. Аз ҳамон ҳикояи аввалини “Бобо”, ки бо ҷузъиётпардозии бешабеҳ имтиёз дорад, таваҷҷуҳ ва диққати адиб ба ҷаҳони ботинии инсон, ба падидаҳои хурдтарини зиндагӣ ва аҳволи мардум нигаронида шуд. Зоҳиран дар ин ҳикоя воқеае рух намедиҳад, низоъву ҳалли он ба дид намеояд. Аз оғоз то охир бобову набера тайи роҳ сӯҳбат мекунанд ва аз нақли бобо писарак як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Ровии ҳикоя ҳамин писарак аст, ки бо шавқу шӯри кудакӣ ба манзараҳои атроф, ба кӯҳу дашти паҳновар, ба шаху зовҳо, ба сойю кӯлмакҳо, ба парандагони бешумор, гунҷишкакони сабзу нилобӣ, ба калхоти сахтчангол, ба рӯбоҳе, ки ногаҳон дар селроҳа пайдо шуд, менигарад, нақли боборо дар бораи гург ва аскарбачаро хӯрдани он бо диққат ва ҳаяҷони риққатангез мешунавад, раҳораҳ дар бораи падари ҷанговараш, зиндагии аҳли деҳа ва рӯзгори пурмашаққати бобои заҳматкашаш андеша мекунад. Тағйир ёфтани хулку хӯи раиси колхоз Хушвақт, ки замоне барои ӯ бодбарак месохт ва қандҳои ширин ҳадя мекард, аммо имрӯз дар мансаби раисӣ бобои ӯро таҳқир мекунад ва он шодие, ки аз тамошои манзараҳои баҳор дар оғози ҳикоя дар дили кӯдак мавҷ мезад, дар поёни ҳикоя гум мешавад. Нависанда камол ёфтани ҷаҳони маънавии кӯдак ва таҳаввули шуури ӯро ба беҳтарин ваҷҳ нишон медиҳад.
Баҳром Фирӯз муаллифи беш аз шаст ҳикоя аст ва дар ҳар кадоми он ҳиктате барои хонанда арз шудааст. Худи нависанда бо истинод ба адиби англис Сомерсет Моэм итминон дорад ки ҳикоя як лахти ибратомӯзи зиндагӣ аст. Ба пиндори ӯ, “ҳар як воқеа ба сари худ ҳикоят нест. Қаламкаш дар асоси ҳикоят воқеаи одӣ, вале ибратомӯзро бояд гузорад. Зиёда аз он, вай бояд воқеаи зиндагиро аз хаёл ва таҷрибаи рӯзгори худ такмил диҳад, иловаҳо бандад, ба мақсад мувофиқ созад. Он гох, воқеа равшан, симои каҳрамонҳо таъин ва барҷастаю мушаххас хоҳад буд”. Дар тамоми ҳикояхри Баҳром Фирӯз масъалаи асосӣ - ҳалол зистан, неку бадро фарқ кардан, нафрат ба бадӣ ва муҳаббат ва некӣ парваридан ба миён гузошта мешавад. Масалан, дар ҳикояи “Хамсафарон” тасодуфан вохӯрдани ду ҷанговари собиқ, ки яке аз майдони ҷанг аз пой маҳрум шудаву дигаре рӯяш сӯхтааст, ба қалам омадааст. Ин ҳарду аз оташи ҷанг гузаштаанд ва ба қадри зиндагӣ, ба қадри ҳамдигар мерасанд, бинобар ин, мехоҳанд пайвандҳои маънавии худро қавитар гардонанд. Дар ҳикояи “Оғоз” сухан аз тавлиди нахустин падидаи эҳсоси ишқ миёни ду ҷавон аст, ки бо тамоми зебоиву назокат зуҳур кардааст.
Баҳром Фирӯз ҳамчунин муаллифи ҳафт повест, романи “Ғафлатзадагон", як силсила мақолоти танқидиву тақризҳо, мусоҳибаву очеркҳо мебошад. Ба қавли устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, “Ӯ аз повести “Тору пуд”(1985) cap карда, ба насри андешапарварӣ рӯ овард, ки дар он натанхо ҷузъиётбандии психологӣ, инчунин андешаҳои доманадору ҳаяҷономези публитсистӣ ва ҳофизаи маданӣ (таҷрибаи маънавию ахлоқии гузаштагон) воситаи асосии таъин кардани моҳияти иҷтимоии рӯйдодҳои атроф ва рафтору гуфтори мардум, хусусан ҳодисаҳои ногувори замон аст”. Зимнан, нишонаҳои насри андешапарвариро дар ҳамаи повестҳои нависанда, аз ҷумла “Рухсора”, “Тарма”, “Тору пуд”, “Ту танҳо нестӣ”, “Агар вай мард мебуд”, “Ситораи думдор”, “Номаи пеш аз шаби арусӣ” метавон мушоҳида кард. Ин хусусият дар романи “Ғафлатзадагон" боз ҳам бештар зуҳур кардааст. Зимни тасвири воқеаҳои баъди Ҷанги бузурги Ватанӣ дар деҳаи Гуҷумак, нақли capнавишти хонаводаи Мулло Мурод, зиндагии ӯ дар бадарға ва марги ҳамсараш Моҳинав, рӯзгори мардуми деҳа, моҷароҳои раиси колхоз Парчабону, Худоёру Зевар, қиссаи ошиқӣ ва номуродии Ислом ва ғайра муаллиф масъалаҳои одамгарӣ ва ноодамӣ, адолат ва беадолатӣ, ҳалолу ҳаром, сулҳу ҷанг, ишқу фироқ, муҳаббат ва нафрат, садоқат ва хиёнатро ба миён мекашад, гоҳе аз забони ровӣ, гоҳе аз забони персонажҳо паҳлухои мухталифи масоили иҷтимоиву ахлоқӣ ва таърихиву фалсафиро ба маърази таваҷҷуҳ мегузорад. Ин мушоҳидаҳо ва борикбинии нависанда ба мо, хонандагон, низ беасар намемонад, ӯ нигоҳи моро ба ҷузъиёти муҳимми зиндагии маишӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, масоили мубрами иҷтимоӣ, фалсафаи буду набуд, зиндагиву марг ҷалб мекунад.
Тавассути нақду публитсистикаи нависанда мо ба олами андешаҳои ӯ амиқтар ворид мешавем, аз талошу муборизаҳои ӯ, тавфиқу бебарорӣ, назари ӯ ба шеъру шоирӣ ва нависандагӣ, муносибат ба китоб ва хонанда, ба забони модарӣ бештар огоҳ мешавем. Андешаҳои ӯ дар бораи нақди адабӣ, мунаққид ва рисолати ӯ аз ҷасорати адабии муаллиф дарак медиҳанд ва бо далелҳои мӯътамад собит шудаанд. Дар мусоҳибаҳо, сӯҳбату мулоқотҳо ва анҷуманҳо низ ӯ аз баҳсу мунозираҳо худро канор намегирад, ҳамеша фикри шахсии худро гуфта, онро бо асноду шавоҳид аз гуфтори бузургони илму адаби чаҳон мудаллал мегардонад, ки донишу заковат ва вусъату паҳнои андӯхтаҳои ӯро нишон медиҳад.
Ошноӣ бо рӯзгору осори Баҳром Фирӯз, ашъори диловезу самимӣ, ҳикояву повестҳо, роман, мақолаву очереҳо, нақду публитсистика, тарҷумаи осори манзуму мансур ва кинофилмҳо, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин адиби пурҳунар ва соҳибназар дар як давраи пурпечутоби зиндагии миллати мо зиста, ба иллати носозгориҳои айём дар айни камолоти адабӣ аз чаҳон рафтааст. Шахсияти ӯро ба унвони зиёии асиле, ки тамоми умр барои камолоти маънавии худ ва ҷомеа талош варзид ва дар кулли осораш ахлоқи ҳамидаи инсониро дар меҳвари афкори бадеӣ қарор дода, устоди муваффақи мактаби одамгарӣ дар як марҳалаи адабиёти тоҷик гашт, бояд шинохт.

 

Матлубаи МИРЗОЮНУС

профессор