Ҷумъақул ҲАМРОЕВ: "Нигоҳе ба ҳикояҳои Баҳром Фирӯз"

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ: "Нигоҳе ба ҳикояҳои Баҳром Фирӯз"

     Баҳром Фирӯз сабаби ба наср рӯ оварданашро дар сарсухани яке аз китобҳояш чунин шарҳ дода буд: “Чӣ шуд, ки ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гӯё аз шоирӣ истеъфо намудам ва рӯи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва ҳаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваҷҳи тангии чорчӯбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзӯъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барниҳодааст. Шеър ҳикмат аст, сӯз аст, оҳанг аст, панди рӯзгор аст, хулосаест аз зиндагӣ, вале он ба ҳеҷ ваҷҳ тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Агар дар замони Рӯдакӣ таълифи қиссаву романҳои воқеӣ расм мебуд, мо имрӯз ҳаёту зиндагӣ, андешаву омоли ниёгонамонро нисбат ба ахбори ҷамъи китобҳои дигар равшантар қиёс мекардем...”
Баҳром Фирӯз дар таърихи якуми ноябри соли 1939 дар шаҳраки бостонии Нуратои Самарқанди бостонӣ ба дунё омад. Айёми наврасиаш дар деҳаи Устуки ҳамин ноҳия сипарӣ шуда, дар ҳамон ҷо мактаби ҳафтсоларо хатм кардааст. Шавқу ҳаваси беандозааш ба касбу ҳунар ӯро ба Самарқанд меоварад ва дар омӯзишгоҳи омӯзгории ин шаҳр ба таҳсил мепардозад. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1962 хатм мекунад ва муддате дар кафедраи адабиёти ҳамин донишгоҳ фаъолият менамояд. Нахустин шеърҳояшро дар Хуҷанд таълиф карда, аз нависандаи тоҷик Раҳим Ҷалил маслиҳату машварат гирифтааст ва он раҳнамоиҳо дар фаъолияти минбаъдааш бетаъсир ҳам набудаанд.
Дар Хуҷанд дер намонд, сарнавишти минбаъдааш ӯро бо Душанбе пайваст. Бо муҳити илмиву адабии ин шаҳр унс гирифта, бо устодони маъруфи адабиёти тоҷик – Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон аз наздик ошноӣ пайдо кард. Ҷустуҷӯйи паиҳамӣ ва таъсирпазирӣ аз суннатҳои неки адабии гузаштагону муосирон ӯро ёру ёвар шуд ва оҳиста-оҳиста мавқеашро дар адабиёти тоҷик муайян кард. Дар ибтидо шеър мегуфт. Шеърҳое, ки хонандаро даму нафаси тозааш ба шавқ меовард. Баъдтар шоириро гузошту ба наср рӯ овард ва аввалин ҳикояашро бо номи “Бобо” соли 1972 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба чоп расонд. Дар ибтидо ин кори ӯ дар назари баъзеҳо санҷиши қалам ва ҳавас намуд. Вале насри шоир мавриди таваҷҷӯҳи адибони маъруф ва мунаққидони нуктасанҷ, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ қарор гирифт.


Баҳром Фирӯз сабаби ба наср рӯ оварданашро дар сарсухани яке аз китобҳояш чунин шарҳ дода буд: “Чӣ шуд, ки ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гӯё аз шоирӣ истеъфо намудам ва рӯи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва ҳаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваҷҳи тангии чорчӯбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзӯъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барниҳодааст. Шеър ҳикмат аст, сӯз аст, оҳанг аст, панди рӯзгор аст, хулосаест аз зиндагӣ, вале он ба ҳеҷ ваҷҳ тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Агар дар замони Рӯдакӣ таълифи қиссаву романҳои воқеӣ расм мебуд, мо имрӯз ҳаёту зиндагӣ, андешаву омоли ниёгонамонро нисбат ба ахбори ҷамъи китобҳои дигар равшантар қиёс мекардем...”
Аз ин баёнот бармеояд, ки Баҳром Фирӯзро ҳадафҳои ҳунари нависандагӣ ба майдони ҳунар кашида будааст.
Баъдтар нависандаи маъруфи тоҷик Абдумалик Баҳорӣ ба наср рӯ овардани Баҳром Фирӯзро ҳодисаи табиӣ дониста, дар бораи равиши ҳунарии ӯ навишта буд: “...қаҳрамонони повесту ҳикояҳои Баҳром Фирӯз бофтаи хаёли адиб не, балки одамони зиндаю заминианд. Муаллиф аз масъалаҳои сарпеч ва мушкили ҳаёт ҳаргиз рӯ натофтааст.Ӯ хуб медонад, ки сӯҳон кардани теғаҳои сартези ҳаёт дар адабиёт худфиребӣ аст, зеро инсон хоҳу нохоҳ, бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад ва онгоҳ нохушии андаке ба сари ҷавони ширинхаёл фоҷиаи азиме хоҳад буд. Бинобар он ҳам, адиб қаҳрамонони худро ҳамеша дар умқи зиндагӣ тасвир мекунад ва бо ҷузъиёти ҳаёт қонеъ намемонад. Баҳром Фирӯз ба ҷодаи адабиёт бо кулвори вазнини таассурот рангин қадам ниҳодааст”
. Таҷрибаи эҷодии нависанда собит сохт, ки ӯ дар арсаи насри бадеӣ тасодуфан қадам наниҳода будааст. Ӯ бо силсилаи ҳикояҳои ҷаззоб, қиссаҳои дилангези “Рухсора”, “Тарма”, “Ситораи думдор”, “Ту танҳо не”, “Тору пуд”, “Агар вай мард мебуд” ва романи “Ғафлатзадагон” тавонист, ки номаш ва корашро дар таърихи адабиёти навини тоҷик ҷовидона сабт созад.
Муҳаммадҷон Шакурӣ навишта буд, ки “арзишҳои маънавии ҷовид бунёди одамиятро ташкил менамояд. Онҳоро бодиққат омӯхтан, дар рафти дигаргуниҳои пурсуръати замони тӯфонии мо муҳимтарин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият маҳфӯз доштан вазифаи бузурги гуманистӣ мебошад. Адабиёт ҳам дар ин роҳ хидмат мекунад. Аҳамияти аксарияти асарҳои Баҳром Фирӯз низ дар ҳамин аст”.
Дар эҷодиёти Баҳром Фирӯз аз аввал ҳикоя ҷойгоҳи хосро ишғол мекард ва бесабаб набуд, ки фаъолияти насрнависиашро аз ҳикоя оғоз намуд. Маҷмӯаҳои ҳикояҳои “Пайи ситора” ва “Ҳақиқати талх” маҳсули заҳмати нависанда дар инкишофи жанри ҳикоя буда, арзёбии он баъзе паҳлуҳои ҳунари нависандагии ӯро ошкор менамояд. Аз ин ҷиҳат мо хостем дар атрофи ҳикояҳои нависанда баъзе андешаҳои худро баён созем. Ин осор чеҳраи инсонӣ ва ҳунарии нависандаро барои хонандаи огоҳу маънирас бо тамоми маънӣ ошкор менамояд.
Чунон ки ишора шуд, нависанда бо таълифи ҳикояи “Бобо”, ки аввалин қуввасанҷиаш дар соҳаи наср буд, собит сохт, ки ҳарфи мегуфтагӣ ва ҳунари менамудагӣ дорад. Заминаи тасвир дар ин ҳикоя қавӣ буда, ҷузъиёт низ барои ифодаи дарунмояи асар ва нишон додани хислати шахсияти ҳикоя мусоидат кардааст. Аз нақл ва хотираҳои бобои раҳмдил ва ҳақшинос манзараҳои мухталифи зиндагӣ, одамони гуногунхилқат пеши назари набераи бобо пайдо мегарданд. Роҳи ноҳамворе, ки миёни шаҳр ва қишлоқ тӯл кашидааст, барои наврас аз роҳҳои пурпечу хами зиндагӣ ёдоваранд. Писарак агар дар оғоз тағйиротеро дар зиндагӣ ва хулқу хӯйи одамон танҳо аз ҳикоятҳои бобо донист, сонитар бо чашми худ дид, ки чӣ гуна одамони хуб ҳам бунёди ахлоқиашонро аз даст медодаанд.


Дар ҳикоя нависанда ба тасвири шахсияти мўйсафед диққат дода, зина-зина хислату хӯйи ӯро менамояд. Зоҳиран аз диди аввал ӯ нисбат ба ҳама чиз бепарвост. Гӯё аз сарнавишташ, аз воқеаҳои дидаву шунидааш дар омади гап сухан мекунад. Вале ботинан ӯ бо рӯҳи худ, бо бобои ҳалолкору одамшинос ва ба зиндагиву одамон дилсӯз муроқиба дорад. Мунозираҳои ботинии ӯ чеҳраи азизу шарифи мўйсафеди оддиро, ки дар роҳи зиндагӣ “сахтиву сустии бисёр дида”, дар ҳама ҳолу замон “дастёри беминнати хурду калони деҳа” будааст, пеши назар меоварад. Ӯ бо рафтор ва кирдори нек бо Ҳосилкаҷова барин шахсиятҳои ҳаромкору ҳаромхӯр, ки роҳи фиреби ҷомеаро ихтиёр кардаанд, муқобилат мекунад.
Баҳром Фирӯз дар ин ҳикоя тавонистааст, ки моҳияти ҳақиқати оддиро ба василаи тасвири бамуддаъо ба хонанда намояд. Ӯ ҳукм ва тафсир намекунад, балки хонандаро (қаҳрамони кӯчакро) ба андеша водор мекунад. Натиҷаи ҳамин аст, ки ба василаи симои мӯйсафед ва писарак мо қиёфаи иҷтимоии садҳо одамони оддиро дар замони ҷанг ва баъди он ба ёд меорем. Дар ин ҳикоя ҷузъиёт ва тасвир барои ошкор кардани хислати қаҳрамонон нақши созанда дорад. Тасвир воқеияти зиндагии баъдиҷангии мардумро ба сароҳат менамояд, ки ҷузъе аз ҳунари нависандагии ӯст. Чунончи, пораи зер ёдовари фоҷеаҳои ҷанг ва таъсири он ба зиндагии мардуми ақибгоҳ мебошад, ки ҳунармандона ва таъсиргузор ба қалам омадааст: “Заминҳои нав аз хоби зимистон бедоршудаи деҳа, боғҳо, тавораҳои аз санги қайроқи сой чидагии заминҳои рӯйидарича, сафедорҳои қатори сари роҳ, қуруқу чашмаву сой, шаху зовҳо ба ман ошно буданд, гӯё ҳеҷ дигар нашудаанд. Аммо онҳо пештар барин хушрӯй ва аҷиб набуданд. Чӣ хел ба назар оддӣ ва хурд менамуданд. Бомҳои деҳа аз пештара пасттар, дарахтони азим гӯё хурдтар, одамон ҳам гӯё дигар шуда буданд. Балки ин таъсири сахтии солҳои ҷанг буд ё худ ман акнун калон шуда ва ҳар чизро аз канор истода мушоҳида карданро омӯхта будам, кӣ медонад?” (“Бобо”). Нависанда дар ҳикоя талош кардааст, ки тағйири дидгоҳҳои наврасро вобаста ба синну солаш нишон диҳад ва ба ин муваффақ ҳам шудааст.
Ҳикоя дар эҷодиёти Баҳром Фирӯз ҷойгоҳи хос дошта, нависанда хостааст ба ин васила паҳлуҳои тозаи зиндагӣ ва орзуву омоли ҳамзамононашро ба сароҳат тасвир кунад. Аз ин ҷиҳат ҳикояҳои ӯ бештар хусусияти айнӣ касб карда, ҳақиқати аслиро дар шакли аслиаш ба хонанда менамояд.
Дар ҳикояи “Ҳақиқати талх” муаллиф чанд лаҳзаи ҳаёти Салим, акои ӯ ва муносибату алоқамандии онҳоро бо калонсолон ва муҳит нишон медиҳад. Салим, ки ҳанӯз миёни неку бад ҳад намегузорад, ба ҳар чӣ дар атрофаш мегузарад бепарво менигарад. Ӯ дар муҳити андеша ва тахайюлоти кӯдаконаи худ зиндагӣ дорад. Бародари бузургаш, баръакс, ба ҳар ҳодисае, ки рух медиҳад, бо нигоҳи моҳиятҷӯёна менигад ва баҳо медиҳад. Бинобар ин, ӯ аз он ки боре сагчаеро аз кӯча ёфту онро ба чӯпони колхоз фурӯхт, ранҷ мекашад, чунки муҳити хонаводагие, ки дар он тарбия ёфтааст, чунин хатокориҳоро намепарварад. Махсусан, падараш “ин гапҳоро нағз намебинад”. Ниҳоят, рӯзе сирри он воқеаи нангин, ки ӯро тазйиқ медод, назди падар кушода мешавад. Падар ӯро ҷанг накард, носазо нагуфт, вале як нигоҳи ӯ кифоя буд, ки писар гуноҳашро ҳис кунад: “Ман аз он нигоҳи падар як ҳақиқатро дарк кардам, ки табаҳкориро бо ҳазор нияти нек пардапӯш кунед ҳам, боз як рӯз не, як рӯз рӯсиёҳӣ меоварад”.
Аз ин ҳикоя нияти эҷодии Баҳром Фирӯзро фаҳмидан душвор нест. Ӯ аз ҳар рӯйдоде, ки тасвир кардааст, сабаб ва натиҷа меҷӯяд. Назари ӯ ҷузъиётро дар тасвир ва таҳқиқи амалу андеша ва хислати инсонҳои гуногунназар ва гуногунхислат истисно намекунад. Нависанда беш аз ҳама хислатҳои бади инсон, ҳодисаҳоеро, ки ба пешрафти ҷомеъа монеъ мешаванд, маҳкум менамояд. Дар қиёси ҳамин ҳақиқат ӯ ба афроде, ки олами покиза ва андешаҳои коршоям доранд, бо муҳаббат ва самимият менигарад, сарнавишти одамони оддӣ, воқеаҳое, ки дар назари аввал чандон қобили таваҷӯҳ нестанд, нависандаро ба андеша мебаранд. Ӯ аслан ҳадафи хонандаро ҳайрон кардан надорад. Ба қавли Вафодор (қаҳрамони повести “Рухсора”) нависанда имкон фароҳам меоварад, ки “ин ҳақиқати оддиро ҳар кас бояд ба тарзе ки худаш метавонад, кашф кунад”.


Аз ҳамин дидгоҳ ҳақиқати воқеие, ки нависанда дар ҳикояи “Шаҳрӣ” ба тасвир кашидааст, қобили мулоҳиза мебошад. Бунёди ахлоқӣ ва маънавии инсон дар ҷомеъа, дар муҳите, ки бо одамони зиёд робита дорад, нависандаро ба андеша бурдааст. Дар ҳикоя симои зане тасвир шудааст, ки одамиятро бо чиз ва мол андоза мекунад. Муносибаташ ба кӯдакон гувоҳи он аст, ки шафқати модариро низ кайҳо аз ёд бурдааст. Қаҳрамони дигари ҳикоя-ҷавоне, ки аз деҳа ба шаҳр омадааст, ин ҳама ноҷӯриро дар рафтор ва кирдори Тӯтӣ-хола мушоҳида карда, ба хулосаи носолим меояд. Ӯ аз забони апааш мақоли “сабил монад рӯйи чиз гарм”-ро шунида ба андеша меравад: “Ман ин мақолро нашунида будам. Дар ҷойҳои мо “рӯйи одам гарм аст” мегӯянд. Ин кас баръакс”. Дар ин сурат хулосаи қаҳрамон ҳукми муаллиф аст. Аслан барои “ин ҳама ноодамӣ, пастӣ, ғуруру худписандӣ ва ғайра”, ки инсонро ба роҳи худфурӯшӣ мебарад, шаҳр айбдор нест. Илова ба ин ҳанӯз дар деҳа ҳам мақоли “рӯйи чиз гарм” мавриди истифода аст. Масалан, дар ҳикояи “Бобо” амаки Хушвақт маҳз дар муҳити қишлоқ одамияташро ба молу чиз гарав монд. Ба қавли истеҳзоомези Бобо ӯ амаки Хушвақти қадима не, балки “акнун раисбобо шудагӣ”. Маълум мешавад, ки “аз канор истода мушоҳида кардан”-и воқеият бунёди иҷтимоии тасвирро мекостааст. Модоме ки ҳадафи аслии нависанда ислоҳи ахлоқи иҷтимоист, ҳукм ва хулосаҳои ӯ низ бояд заминаи иҷтимоӣ дошта бошанд.
Баҳром Фирӯз дар ҳикояи дигараш – “Як рӯз не, як рӯз” дар роҳи таҳқиқи бамуддаъои олами рӯҳӣ, ахлоқӣ ва маънавии инсон қадаме ба пеш гузоштааст. Заминаи тасвир дар ҳикоя устувор буда, муаллиф ба василаи нақли ботааннӣ ва ҳамчунин худифшоии қаҳрамон симои ӯро меофарад. Зиндагии ноороми Азимро пеши назар оварда, ҳикмате ба ёд мерасад: худкардаро даво не! Дар ҳақиқат, Азим аслан одами бад набуд. Ба қавли худаш “агар дар корхона нописанд намекарданд”, арақ намехӯрд ва “курсии мулоими саринженер” ҳам аз они ӯ буд. Нависанда дирӯзро бо имрӯз пешорӯи Азими майзада мегузорад. Ӯ бояд худашро дар оинаи таассуроти кӯдакӣ ва моҷароҳои зиндагии нобасомони имрӯзааш софкорӣ кунад. Муаллиф сабабҳои фосидии ахлоқи Азимро ба муҳит ва ҷомеъае, ки ӯ он ҷо кор мекунад, вобаста медонад. Дар ҳикоя масъалаҳои муҳимми ташаккули шахсият, муносибати мутақобилаи шахс ва ҷомеъа ба миён гузошта шудааст. Ин матлабро аз оҳанги нақли муаллиф низ ҳис кардан душвор нест: “Овози одами мусибатзада ба садои косаи чинии дарзхӯрда монанд аст. Мардум косаи шикастагиро аз садояш зуд фарқ мекунанд; аммо садои дили шикастаи якдигарро на ҳамеша зуд пай мебаранд”.
Симои Азими офатзада ва дар муҳити худ танҳоро нависанда табиӣ ба қалам дода, хатои умр, моҳияти зиндагии беҳуда ва аҳмақонаи ӯро равшан нишон медиҳад. Азимро ӯ маҳкум накард, балки раҳоӣ бахшид. Вале рафтор ва зиндагии бемаънии ӯро маҳкумшуда бояд донист. Ҷиҳати омӯзандаи ҳикоя низ дар ҳамин аст.
Баҳром Фирӯз дар бештарини ҳолатҳо на ба тасвири бамуддаъо, балки ба таъкиди моҳияти воқеаҳо ва рафтори одамон майл дорад. Ҳатто номи қисме аз ҳикояҳо низ мақсади муаллифро қаблан таъкид мекунанд. Масалан: “Муаллими сахтгир”-зиндагӣ; “Падар ва писар”-назарҳои мухталиф; “Ғурури зан”- ба рағми носипосӣ; “Ганҷи шойгон”-зани порсо ва ғайра. Дар баъзе ҳикояҳо хулосаи ошкорои муаллиф низ ба назар мерасад. Ҳамин ҳолат дар ҳикояи “Кабкҷанг” рух додааст.Дар як ҷумла (“...башариятро ҳам ана ҳамин хелҳо ба ҷанги бародаркушӣ меандохтагистанд”) моҳияти масъала барои хонанда равшан мегардад.
Дар ҳикояи “Кабкҷанг” нависанда масъалаи муҳим – муносибати инсонро бо табиат ба миён гузошта, заминаҳои дағалбозиҳо инсонро нисбат ба мавҷудоти зинда тасвир мекунад. Ҳикояро хонда хонанда ба дилкӯрии инсонҳое монанди Мардон, ки “башараи сангин ва беҳаё” дорад, Сайфӣ, ки дар чеҳрааш “табассуми мор гӯё нақш бастааст”, афсӯс мехӯрад. Вале симои ахлоқию маънавии ин гуна ашхос аз ҷониби нависанда танҳо таъкид мешавад, бояд тасвир ҷойи таъкидро бигирад.
Дар ҳикояҳои Баҳром Фирӯз мо бо ашхоси мухталифназар ва гуногунхилқат дучор мешавем. Аз ин ҷиҳат назари ӯ ба шахсияти инсон заминаи воқеӣ дорад. Исломи Хидир ва Сайфиддин амак мардони зиндагидида ва коршиносу одамдӯст, ки ҳастанд, фарзандонашон низ ба онҳо рафтаанд (“Ҳамсафарон”). Чанор-кампирро, ки ҳатто номи аслиашро ҳамсояҳо аз ёд бурдаанд, касе рӯйи дидан надорад, духтараш низ дар бадиву носипосӣ аз модар мегузаронад (“Чинор-кампир”). Амаки Худойдод меъёри оламиятро фақат дар поси хотири анъанаҳои аҷдодӣ ва эҳтироми одамон мебинад. Барои писараш, баръакс, меъёри ҳама гуна зебоӣ ва хулқи хушу одамият фақат дараҷаи коршоямии он аст (“Падар ва писар”). Назокат “зани зебову хушгил” (“Ганҷи шойгон”), Гулшан дӯшизаи раҳношинос аст ва намедонад, ки “бетолеъӣ ва ё бебарории мунтазам меваи як бех ниҳоли хато нест, балки самари силсилаи хатоҳо ва беэътиноиҳо ба афкори омма аст”.
Ҳикояи “Пайи ситора”-ро нависанда дар мавзӯи муҳаббати поки инсонӣ эҷод карда, зимни ин мавзӯъ масъалаҳои муносибати волидайн ба тақдири духтарон, никоҳи маҷбурӣ ва беҳадафии инсонро дар роҳи зиндагӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Симои Матлуба бо ҳама беҷуръатӣ, тандеҳӣ ва ҷафоҳое, ки аз бахт дидааст, хотирнишин аст. Ӯ пастиву баландиҳои ҳаётро аз назари ақл санҷида, муҳаббати поку беолоиш ва тодараҷае соддалавҳонаи ҷавонро (номи ӯ дар ҳикоя зикр нашудааст) рад мекунад. Ҷавон мехост ин ҷавонзани сайибаро, ки саропояш зебоист, раҳоӣ бахшида ба ӯ зиндагии шукуфо ва саъодатмандӣ ҳадя оварад. Вале Матлубаро виҷдонаш намегузошт, ки ба ин кор ҷуръат кунад. Матлуба ҷавонзани пок ва садоқатманд аст.
Баҳром Фирӯзро дар ибтидои ба насри бадеӣ рӯ оварданаш танқиди адабӣ аз ҷумлаи нависандагоне дониста буд, ки барои наврасон асар эҷод мекунад. Мунаққидон ҳикояи ёдшудаи “Бобо”-ро барои исботи фикрашон далел меоварданд. Сонитар А. Баҳорӣ навишта буд, ки “Муаллиф (Баҳром Фирӯз-шарҳи мо) баъзан аз хотир мебарорад, ки ҳикояро барои бачаҳо навишта истодааст. Маслан, ҳикояҳои “Падар ва писар”, “Пайи ситора”, ки яке аз никоҳи маҷбурӣ, дигаре аз тавлиди ишқи ҳақиқӣ нақл мекунанд, ба фаҳмиши бачаҳо чандон мувофиқ набаромадаанд”.
Аслан дар асарҳое, ки барои бачаҳо эҳдо мешаванд, дар бораи чӣ ва ё кӣ навиштан аҳамият надорад, балки моҳияти масъала дар он аст, ки “асар чӣ гуна навишта шудааст” (А.С.Макаренко). Ба ин далел, ҳикояҳои “Бобо”, “Шокири Сибир”, “Оғоз”, “Ҳақиқати талх”, “Бераҳм” ва “Бузғола ва писрак” аз навиштаҳои хуби Баҳром Фирӯз барои бачаҳост.
Дар ҳикояи “Шокири Сибир” набера ба сарнавишти ибратомӯзи мӯйсафед таваҷҷӯҳи хос дорад. Муҳаббати софу беолоиш, олами орзуҳои бачагии Сабо ва Ромиш (аз ҳикояи “Оғоз”) ҳамчунон хотирангез ва рӯҳбахш тасвир шудааст. Қаҳрамони ҳикояи “Бераҳм” ба ҳама коре, ки калонсолон мекунанд, аз нигоҳи худаш баҳо медиҳад. Дар ин гуна ҳикояҳо тасвир ба талаботи адабиёти бачаҳо мувофиқ буда, эътидол миёни андеша ва гуфтори калонсолон ва қаҳрамонони хурдсол низ риоя шудааст.
Муаллиф дар ҳикояҳои дигарш, аз ҷумла “Гӯштигирӣ”, “Бузғола ва писарак”, “Даканг”, “Рамида “, “Муаллими сахтгир” “Чӣ сон аълохон гаштам?” ҷавҳари одамият, адлу инсоф, имону виҷдон, андешамандиву таҳаммулписандиро аз пояҳои асосии ахлоқи инсон дониста, хонандаро ба худҷӯйиву худшиносӣ даъват мекунад. Дидори сездаҳсола аз ҳикояи “Бузғола ва писарак” баъди бе розигии ӯ фурӯхтани бузғолаи Сиёҳаки бо меҳр парвариш намудааш ва онро куштани қассоби деҳаи ҳамсояашон дигар гӯшт намехӯрад. Адиб дар ин ҳикоя бо тасвири амалу рафтори Дидор симои навраси раҳмдилу меҳрубонро офарида, дар баробари ӯ хилқати калонсолони кӯтаҳандешу бешафқатро нишон медиҳад, ки арзиши фаровони ахлоқӣ дорад.
Қаҳрамони ҳикояи дигари нависанда “Чӣ сон аълохон гаштам?” хонандаи мактаб буда, дар як муддати кораш дар дӯкони зарфғундорӣ дар симои амаки Ғулом хислатҳои ношоями инсонӣ – дурӯғу фиреб, ноустуворӣ ба аҳди худ, дурӯягӣ ва сӯйиистифода аз мансабу номеҳрубонӣ нисбат ба кӯдакону бечорагонро мушоҳида мекунад. Ин қабил одамон на фақат худашон бадахлоқанд, балки дигаронро низ ба амалу кирдорӣ номатлуб раҳнамоӣ мекунанд. Масалан, Амаки Ғулом аз кори бача розӣ бошад ҳам ҳамеша ӯро ташвиқ мекард, ки миқдори шишаҳои ҷабулкардаашро ба мизоҷ кам нишон диҳад. Ба дастёраш насиҳат мекард, ки “ду – сеташа чиркин гӯй, биста шиша биёрад, ту ҳам одам барин ҳаждаҳта ё нуздаҳта гӯй, ин қадар метарсӣ! ...Хайр, бача хато кард-дия мегӯяд, баъзеҳо пешакӣ нашумурда мебиёранд... Кай ту одам мешавӣ, намедонам...”. Вале дар муқобили чунин раҳнамоиҳои ғалати Амаки Ғулом қаҳрамони хурдсоли нависанда дурӯғ гуфта наметавонисту истодагарӣ мекард ва дар фикри роҳи наҷот аз ин вартаи нобудӣ мешавад. Аз соли нави таҳсил оҳиста-оҳиста ба сафи аълохонон дохил шуда, мехоҳад коргар, духтур, инҷенер ё профессор шавад.
Қаҳрамонони ҳикояҳои Баҳром Фирӯз дар аксар ҳолатҳо наврасони қобилу боғайрат, хушахлоқу некўкор буда, дар гирудорҳои зиндагӣ ба камол расидаанд. Аз ин ҷиҳат сарнавишти онҳо ибратангез буда, хонандаи огоҳу ҳолшиносро ба роҳи рост ва созанда ҳидоят менамоянд. Дар акси ҳол чун Шодӣ (аз ҳикояи “Муаллими сахтгир”) ба ҷазои муаллими сахтгир – зиндагӣ гирифтор мешаванд. Ҳадафи аслии нависанда аз эҷоди ин гуна ҳикояҳо наврасонро ба роҳи рост ҳидоят кардан асту бас.
Баҳром Фирӯз боре гуфта буд, ки “нависанда чӣ дар ҳикоя ва чӣ дар қиссаву румон мазмуни аслиро аз ҳаво намегирад, балки аз зиндагии худ ва атрофиёну касоне, ки бар ӯ асар гузоштаанд, мегирад. Вале мумкин аст вақте вориди маҷрои асар шавад, мушаххасоти дигареро ба мазмуни аслӣ биафзояд, тағйироте ба он диҳад ва ё мазмунҳои дигаре ба асараш изофа кунад. Ба таври куллӣ фикр намекунам, ки дар навиштаҳои ман шахсияти аслие вуҷуд дошта бошад, ки аз беруни сарнавишт ва зиндагонии аслии ман омада бошад. Аксар навиштани ман бо итифоқоте, ки барои ман иттифоқ афтода ва касоне, ки манро такон додаанд ба наҳве бастагӣ дошта. Маргу мир, некиву бадӣ, адлу дод ва монанди инҳо ангезаҳои шадиде буданд, маро ба навиштан водор мекарданд. Бо вуҷуди ин ҳикоя метавонад худашро иваз кунад. Дар таҷрибаи эҷодии ман ин корҳо бисёр рух додааст. Барои мисол дар ҳикояи “Чӣ сон аълохон гаштам?” дар ибтидо намехостам фарзанди Амаки Ғулом ба ҳалокат расад. Бисёр мехостам писарро дар рӯйорӯйӣ бо падар тасвир кунам ва ғолибаш ба қалам диҳам. Вале барои ман муҳим намуд, ки падарро сабабгори аслии марги писар муаррифӣ кунам, ки таъсири равонӣ ва ахлоқии ин ҳодиса зиёдтар аст”.
Ин андешаи нависанда далолат бар он дорад, ки Баҳром Фирӯз дар сари навиштаҳояш ҳамеша дар андеша будааст. Ба ин далел, аксари навиштаҳояш сода буда, аввалу охири мушаххас ва дарунмояи комил доранд ва дар зиндагии хонандаи имрӯз ба кор мераванд. Ин гуна нависанда ҳампою ҳамрои мардум новобаста ба замону макон аст. Ҳикояҳои Баҳром Фирӯз дар зиндагии ҳар яки мо ҳамин гуна мавқею ҳамин гуна нақш доранд.


Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
Мудири кафедраи забон ва адабиёти
тоҷики донишгоҳи давлатии Самарқанд,
доктори илмҳои филологӣ, профессор